Адли илоҳӣ (43)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (5)

Ихлос, шарти қабули аъмол

Масъалаи дуввум аз масоиле, ки дар бораи арзиши имон тарҳ кардем ин аст, ки оё имон чӣ дахолате дар қабулии аъмол метавонад дошта бошад?

Қаблан дар зимни нақли далоили касоне, ки мегӯянд, аъмоли хайри куффор мақбули даргоҳи Худост, гуфтем, ки онҳо мегӯянд: чун ҳусну қубҳ ва неку бади амал, зотӣ аст, амали нек, чӣ аз мӯъмин бошад ё аз кофир, моҳияташ нек аст ва қаҳран бояд мавриди қабули Ҳақ Таъоло воқеъ гардад; зеро хуб, аз ҳар кас хуб аст, ва бад, аз ҳар кас бад аст, ва нисбати Худои Мутаъол ҳам бо ҳамаи бандагон яке аст.

Акнун мегӯем, он чи дар истидлоли мазкур оварда шудааст саҳеҳ аст, вале як матлаби асосӣ ин ҷо мавриди ғафлат қарор гирифтааст ва мо барои баёни он, ночорем яке дигар аз истилоҳоти фанни усулро баён кунем ва он истилоҳ ин аст, ки ҳусну қубҳ бар ду гуна аст: феълӣ ва фоилӣ.

Ҳар амале ду ҷанба ва ду буъд дорад ва ҳар як аз ду ҷанбаи он аз назари хубӣ ва бадӣ ҳисоби ҷудогона дорад. Мумкин аст як амал аз лиҳози як буъд нек бошад, вале дар буъди дигар нек набошад. Акси он низ мумкин аст, ва низ мумкин аст як амал аз лиҳози ҳар ду буъд нек ё бад бошад.

Ин ду буъд иборат аст аз: 1) таъсири амал (судманд ва ё зиёнбор) дар хориҷ ва иҷтимои башар, ва 2) ангезаҳои нафсонӣ ва руҳии анҷомдиҳандаи он, ки мӯҷиби он амал шудааст ва анҷомдиҳанда хостааст ба воситаи амал ва бо васила қарор додани амал, ба он ҳадафҳо ва ангезаҳо бирасад.

Аз назари аввал, бояд дид, асари судманд ва ё зиёнбори амал то куҷо кашида шудааст? Ва аз назари дуввум бояд дид, ки анҷомдиҳанда, дар низоми руҳӣ ва фикрии худ, чӣ сулуке карда ва ба сӯи кадом мақсад мерафтааст?

Аъмоли башар аз назари шуоъи асари судманд ё зиёнбор, дар дафтари таърих сабт мешавад ва таърих дар бораи он қазоват мекунад, онро ситоиш ё накӯҳиш менамояд; вале аз назари шуоъи интисоб бо руҳи башар, танҳо дар дафтарҳои малакутӣ сабту забт мешавад. Дафтари таърих, амали бузург ва муассир мехоҳад ва чунин амалеро ситоиш мекунад; вале дафтарҳои малакутии илоҳӣ илова бар ин ҷиҳат, дар ҷустуҷӯи амали ҷондор аст.

Қуръон мефармояд:

الَّذِي خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيَاةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا

“(Худованд) касе аст, ки маргу зиндагиро падид овард, то шуморо дар имтиҳони “некӯтарин амал” қарор диҳад…” (Сураи Мулк, ояти 2)

Фармуд: “некӯтарин амал” ва нафармуд “бештарин амал”; зеро умда ин аст, ки бидонем он гоҳ, ки таҳти таъсири ангезаҳое руҳӣ амале анҷом медиҳем, гузашта аз пайкари амал — ки як силсила ҳаракоту саканот аст ва дорои асарҳо ва арзишҳои хосси иҷтимоӣ аст — аз назари маънавӣ воқеан ва ҳақиқатан ба сӯе меравем ва тайи тариқе мекунем?

Матлаб ба ин соддагӣ нест, ки ҳар чӣ ҳаст “амал” аст, кор аст, энержии азулонӣ аст, ки масраф мешавад, ва аммо андешаҳо ва ниятҳо фақат арзиши муқаддамотӣ дорад барои амал, ва инҳо ҳама зеҳният аст ва ҳама муқаддима аст ва амал зилмуқаддима, асос зилмуқаддима аст, муқаддима ҳар тавр буд, буд. Чунин нест. Асолати фикру ният, аз асолати амал камтар нест. Ин гуна тафаккури “асолатуламалӣ”, ки андеша ва ниятро “асил” намешуморад ва таҳти унвони “айният” ва “зеҳният” сирфан арзиши муқаддамӣ барояш қоил аст, як тафаккури моддӣ аст. Гузашта аз ин ки бутлони ин мактаб дар ҷои худ равшан аст, қадри мусаллам ин аст, ки маорифи Қуръонро бо ин гуна тарзи тафаккурҳо натавон тавҷеҳ кард.

Аз назари Қуръон, шахсияти воқеии мо ва “ман”-и ҳақиқии мо, ҳамон руҳи мост; руҳи мо бо ҳар амали ихтиёрӣ, аз қувва ба сӯи феълият гом бармедорад ва асар ва хоссияти мутаносиб бо ирода ва ҳадаф ва мақсуди худ касб мекунад. Ин осор ва малакот ҷузъи шахсияти мо мешавад ва моро ба олами мутаносиби худ аз аволим (оламҳо)-и вуҷуд мебарад.

Пас, ҳусну қубҳи феълӣ, ё хубӣ ва бадии аъмол аз назари буъди аввал, бастагӣ ба асари хориҷии он амал дорад; ва ҳусну қубҳи фоилӣ ё хубӣ ва бадӣ аз назари буъди дуввум, бастагӣ ба кайфияти судури он аз фоил (анҷомдиҳанда) дорад. Дар ҳисоби аввал, қазовати мо дар бораи як амал аз лиҳози натиҷаи хориҷӣ ва иҷтимоии он аст, ва дар ҳисоби дуввум, қазовати мо аз назари таъсири дохилӣ ва равонии амал дар шахси фоил аст.

Вақте як фард бемористоне ба вуҷуд меоварад ё иқдоми некӯкоронаи дигаре дар умури фарҳангӣ ё беҳдоштӣ ё иқтисодии як кишвар анҷом медиҳад, шак нест, ки амали ӯ аз назари иҷтимоӣ ва дар миқёси таърих, хайр аст, яъне кори муфид ва нофеъ барои халқи Худост. Дар ин ҳисоб тафовуте намекунад, ки ҳадафи фоил (анҷомдиҳанда) аз эҷоди бемористон ё муассисаи хайрияи дигар чӣ бошад? Хоҳ ҳадафаш риёкорӣ ва тазоҳур ва сероб кардани ғароизи нафсонӣ бошад ё инсонӣ ва олӣ ва ғайрифардӣ ва мофавқи моддӣ, дар ҳар сурат аз лиҳози иҷтимоъ як муассисаи хайрия ба вуҷуд омадааст. Қазовати таърих дар мавриди аъмоли мардум ҳамеша аз ҳамин ҷанба ва дар ҳамин буъд аст. Таърих ҳаргиз ба нияти ашхос коре надорад. Вақте сухан аз шоҳкорҳои ҳунар ва санъат дар Исфаҳон ба миён меояд, касе коре надорад, ки масалан падидоварандаи масҷиди Шайх Лутфуллоҳ ё масҷиди Шоҳ ё 33 пул чӣ нияте ва ҳадафе доштааст; таърих пайкарро мебинад ва номи амалро “амали хайр” мегузорад.

Аммо дар ҳисоби “ҳусни фоилӣ” назар ба асари иҷтимоӣ ва хориҷии феъл нест; дар ин ҳисоб, назар ба навъи иртиботи амал бо фоил аст. Дар ин ҳисоб, муфид будани амал кофӣ нест барои ин ки амал “амали хайр” маҳсуб гардад, (балки) дар ин ҷо ҳисоб ин аст, ки фоил бо чӣ ният ва чӣ манзур ва ҳадафе ва барои вусул ба чӣ мақсаде иқдом кардааст.

Агар фоил (анҷомдиҳанда) дорои нияту ҳадафи хайр бошад ва кори хайрро бо ангезаи хайр анҷом дода бошад, кораш хайр аст, яъне ҳусни фоилӣ дорад ва амалаш дубуъдӣ аст, дар ду имтидод пеш рафтааст: дар имтидоди таърих ва зиндагии иҷтимоии башарӣ, ва дар имтидоди маънавӣ ва малакутӣ. Вале агар онро бо ангезаи риё ё ҷалби манфиати моддӣ анҷом дода бошад, кораш якбуъдӣ аст, танҳо дар имтидоди таърих ва замон пеш рафта, вале дар имтидоди маънавӣ ва малакутӣ пеш нарафтааст ва ба истилоҳи исломӣ, амалаш ба олами боло суъуд накардааст. Ва ба таъбири дигар, дар ин гуна маворид, фоил ба иҷтимоъ хидмат карда ва онро боло бурдааст, вале ба худаш хидмат накардааст, балки аҳёнан хиёнат кардааст, руҳаш ба ҷои ин ки бо ин амал таъолӣ ёбад ва боло равад, таназзул ёфта ва суқут кардааст.

Албатта мақсуд ин нест, ки ҳисоби “ҳусни фоилӣ” аз “ҳусни феълӣ” ба куллӣ ҷудост ва инсон аз назари низоми руҳӣ ва такомули маънавӣ набояд коре ба корҳои муфиди иҷтимоӣ дошта бошад, (балки) мақсуд ин аст, ки кори муфиди иҷтимоӣ он гоҳ аз назари низоми руҳӣ ва такомули маънавӣ муфид аст, ки руҳ бо анҷоми он амал як сайру сафари маънавӣ карда бошад, аз манзили худхоҳӣ ва ҳавопарастӣ хориҷ шуда ва қадам ба манзили ихлосу сафо гузошта бошад.

Нисбати ҳусни феълӣ ба ҳусни фоилӣ, нисбати бадан ба руҳ аст. Як мавҷуди зинда, таркибе аст аз руҳ ва бадан; бояд дар пайкари амале, ки ҳусни феълӣ дорад, ҳусни фоилӣ дамида шавад, то он амал зинда гардад ва ҳаёт ёбад.

Бинобар ин, далели ақлии ба истилоҳ “равшанфикрмаобон” — мабнӣ бар ин ки “Худованд бо ҳамаи махлуқоташ нисбати мутасовӣ ва яксон дорад, ва аз тарафи дигар ҳусну қубҳи аъмол, зотии аъмол аст, пас амали хайр аз ҳамаи мардум яксон аст ва лозимаи ин ду “яксонӣ” ин аст, ки подоши ухравии мӯъмин ва ғайримӯъмин яксон бошад…” — махдуш аст (ва қобили қабул нест). Дар ин истидлол, амалҳо ва нисбати яксони Худованд бо махлуқот дар назар гирифта шудааст, аммо “омил” (анҷомдиҳанда) ва шахсияти ӯ ва ҳадаф ва ангеза ва сайри руҳӣ ва маънавиро, ки ҷабран ва қаҳран мӯҷиби нояксонии амалҳо мешавад ва фосилае дар ҳадди фосилаи мурда ва зинда миёни онҳо ба вуҷуд меоварад, фаромӯш кардаанд. Мегӯянд: барои Худо чӣ фарқ мекунад, ки он ки амали хайр анҷом медиҳад, ӯро бишносад ё нашиносад? Бо ӯ ошно бошад ё ошно набошад? Амалро барои ризои ӯ анҷом дода бошад ё барои мақсуди дигар? Қасдаш тақарруб ба Худо бошад ё набошад? Посух ин аст: барои Худо фарқ намекунад, вале барои худи он шахс фарқ мекунад, ӯ агар Худоро нашиносад ва бо ӯ ошно набошад, як навъ сулуки руҳӣ мекунад, ва агар ошно бошад, навъе дигар. Агар ошно набошад, амали якбуъдӣ анҷом медиҳад, амалаш танҳо ҳусни феълӣ ва ҳусни таърихӣ меёбад, вале агар ошно бошад, амали дубуъдӣ анҷом медиҳад ва амалаш ҳусни фоилӣ ва ҳусни малакутӣ низ пайдо мекунад ва дубуъдӣ мегардад. Агар ошно бошад, худаш ва амалаш ба сӯи Худо боло меравад, ва агар ошно набошад, боло намеравад. Ба иборати дигар: барои Худо фарқ намекунад, аммо барои амал фарқ мекунад. Дар як сурат, амал, амале мешавад зинда ва суъудкунанда ба боло, ва дар сурати дигар, амале мешавад мурда ва ҳубуткунанда ба пойин.

Мегӯянд, Худои одилу ҳаким ҳаргиз ба ҷурми ин ки бандае бо ӯ робитаи дӯстӣ надорад, хатти бутлон бар рӯи аъмоли некаш намекашад.

Мо ҳам мӯътақидем, ки Худованд хатти бутлон намекашад, аммо бояд бибинем оё агар касе Худошинос набошад, амали хайри воқеӣ, ки ҳам ҳусни асар дошта бошад ва ҳам ҳусни иртибот, ҳам аз назари низоми иҷтимоӣ хуб бошад ва ҳам аз назари руҳии анҷомдиҳанда, аз ӯ сар мезанад ё сар намезанад? Ҳамаи иштибоҳҳо аз он ҷо пайдо шудааст, ки мо муфид будани иҷтимоии як амалро барои ин ки он амал “хайр” ва “солеҳ” маҳсуб гардад, кофӣ фарз кардаем. Мусалламан, агар ба фарз (албатта фарзи маҳол) касе Худоро нашиносад ва бо амали худ ба сӯи Худо боло равад, Худо ӯро бознамегардонад, аммо ҳақиқат ин аст, ки касе, ки Худоро намешиносад, ӯ ҳиҷоберо (яъне парда миёни инсон ва Худоро) пора намекунад, тавре аз атвори нафсро тай наменамояд ва ба сӯи малакути Худо боло намеравад, то амалаш онҷаҳонӣ гардад ва ҷанбаи малакутӣ биёбад ва сурате пайдо кунад, ки дар он ҷаҳон мояи беҳҷату лаззат ва суруру саодати ӯ гардад. Мақбулияти амал назди Парвардигор ҷуз ин нест, ки амал инчунин бошад.

Як тафовути асил дар миёни қонунҳои илоҳӣ ва қонунҳои башарӣ ҳамин аст, ки қонунҳои илоҳӣ дубуъдӣ аст ва қонунҳои башарӣ якбуъдӣ. Қонунҳои башарӣ ба низоми руҳӣ ва такомули маънавии фард коре надорад. Вақте, ки як давлат барои масолеҳи кишвар, иқдом ба вазъи молиёт мекунад, ҳадафаш фақат ба даст овардани пул ва таъмини ҳазинаи кишвар аст. Давлат назаре надорад, ки пардохткунандаи молиёт чӣ нияте дорад? Оё бо ризояти хотир ва аз рӯи алоқамандӣ ба давлат ё кишвар молиёт медиҳад ё аз рӯи тарс? Ҳадафи давлат танҳо пул гирифтан аст, ҳатто агар пардохткунанда дар дилаш фуҳш ҳам бидиҳад, боз ҳам манзури давлат амалӣ шудааст.

Ҳамчунин вақте, ки барои дифоъ аз кишвар, сарбозонеро ба зери парчам эҳзор мекунад, ба нияти сарбозон коре надорад; ӯ мехоҳад сарбоз дар майдони ҷанг бо душман набард кунад; барои давлат тафовуте надорад, ки сарбоз бо ризо ва майл биҷангад ё аз рӯи тарс аз мусалсале, ки пушти сараш қарор дорад, набардаш худнамоӣ бошад, ба ангезаи ҳамосаҳо ва таъассубҳои аҳмақона бошад, ё аз барои дифоъ аз ҳаққу ҳақиқат?

Вале дар қонунҳои илоҳӣ чунин нест. Дар ин қонунҳо, молиёт ва сарбозӣ ба таври мутлақ хоста нашудааст, балки тавъам бо нияти холис ва қасди қурбат хоста шудааст. Ислом, амали боруҳ мехоҳад, на амали беруҳ. Ба ҳамин хотир агар мусалмоне закоти худро бидиҳад, вале шоибаи риё дар он бошад, пазируфта нест. Агар ба ҷиҳод биравад, вале барои худнамоӣ бошад, қабул нест. Қонуни илоҳӣ мегӯяд, сарбози иҷборӣ ба дарди ман намехӯрад, ман сарбозе мехоҳам, ки руҳан сарбоз бошад, сарбозе мехоҳам, ки нидои:

إِنَّ اللّهَ اشْتَرَى مِنَ الْمُؤْمِنِينَ أَنفُسَهُمْ وَأَمْوَالَهُم بِأَنَّ لَهُمُ الجَنَّةَ

Дар ҳақиқат, Худо аз мӯъминон ҷону молашонро ба баҳои ин ки биҳишт барои онон бошад, харидааст…” (Сураи Тавба, ояти 111)-ро пазируфта бошад ва самимона ба он лаббайк бигӯяд.

Аз Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ривояти мутавотир миёни шиъа ва суннӣ расидааст, ки:

انما الاعمال بالنيات

Ҳамоно корҳо вобаста ба ниятҳост.”

 لكل امرئ ما نوى

Барои ҳар кас ҳамон аст, ки онро қасд кардааст.”

لا عمل الا بنية

Ҳеч амале бидуни ният пазируфта нест.”

Дар ҳадисе ба ин шакл ривоят шудааст:

إِنَّمَا الأعْمَالُ بِالنِّيَّاتِ وَإِنَّمَا لِكُلِّ امْرِئٍ مَا نَوَى فَمَنْ كَانَتْ هِجْرَتُهُ إِلَى دُنْيَا يُصِيبُهَا أَوْ إِلَى امْرَأَةٍ يَنْكِحُهَا فَهِجْرَتُهُ إِلَى مَا هَاجَرَ إِلَيْهِ

Ҳамоно аъмол вобаста ба ният аст; барои инсон ҳамон аст, ки қасд карда ва ҳадаф қарор додааст. Ҳар кас ба хотири Худо ва Расул ҳиҷрат кардааст, ҳиҷраташ ба сӯи Худо ва Расул аст; ва ҳар кас ба хотири зане, ки бо ӯ издивоҷ кунад ва ё ба хотири сарвате, ки ба чанг оварад ҳиҷрат кардааст, ҳиҷраташ ба сӯи ҳамон хоҳад буд.” (Ривояти Муслим ва дигарон аз Умар ибни Хаттоб (р))

Имом Содиқ (а) фармуд:

Коратонро барои Худо қарор диҳед, на барои мардум, зеро ҳар чӣ барои Худост, барои Худо (ба сӯи Худо) аст, ва ҳар чӣ барои мардум аст, ба сӯи Худо боло намеравад.” (Васоил, 1/11-12)

Ният, ҷони амал аст ва ҳамон тавре, ки тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, шарофати амали одамӣ низ бастагӣ ба ҷони он дорад. Ҷони амал чист? Ҷони амал, ихлос аст. Қуръони Карим мефармояд:

وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ

Маъмурият наёфтанд ҷуз ин ки Худоро аз рӯи ихлос бипарастанд.” (Сураи Байина, ояти 5)

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: