Илҳом Алиев барои севвумин бор пирӯзи интихоботи риёсати ҷумҳурии Озарбойҷон шуд

Илҳом Алиев бо касби ҳудуди 80 дарсади оро дар ҳоле пирӯзи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шуд, ки аҳзоби опозисиюни ин кишвар мегӯянд, дар фароянди раъйгирӣ тахаллуф сурат гирифтааст.

Ба гузориши Euronews, пирӯзии Алиев, ки бисёре аз аҳрумҳои қудрат ва расонаҳои Озарбойҷонро дар ихтиёр дорад, барои бисёре бадеҳӣ буд ва агарчи опозисиюни парокандаи ин кишвар ин бор ҳамагӣ аз як номзад пуштибонӣ карданд, аммо натиҷаи кор тағйири чандоне накард.

Шомгоҳи дирӯз (11.04.2018) даҳҳо худрав дар ҳоле, ки сарнишинони онҳо буқ мезаданд ва парчамҳои Озарбойҷон ва ҳизби Алиевро дар даст доштанд, дар хиёбонҳои маркази Боку ба ҳаракат даромаданд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки наздик ба 9 милюн тан ҷамъият дорад, бо такя бар иқтисоди нафтӣ дар як даҳа, рушди ногаҳонӣ доштааст, аммо давлате, ки аз Ҳайдар Алиев ба писари вай расида, дар баробари мухолифон камтар мулойимате аз худ нишон медиҳад.

Оқои Илҳом Алиев дар суханони телевизиюнии худ гуфт: “Ман аз мардуми Озарбойҷон сипосгузорам, ки ба ман раъй доданд ва ба тавсиъаи ояндаи кишвар эътимод карданд.”

Аз он ҷо, ки тазоҳуроти мухолифони давлат дар Озарбойҷон фавран саркӯб мешавад ва шумори зиндониёни сиёсӣ афзоиши чашмгире ёфтааст, Илҳом Алиев чӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва чӣ дар дохил, бо интиқод рӯ ба рӯ будааст.

Ихтилофи табақотӣ миёни фуқаро ва сарватмандон дар ин кишвар рӯ ба рушд аст ва фасод ба гуфтаи бархе шаҳрвандони Озарбойҷон, дар тамоми сатҳҳои зиндагӣ нуфуз карда.

Реклама


Рубрики:ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: