Перейти к содержимому

Тромп аз Арабистон хост, ба душманӣ бо Қатар барои ташкили ҷабҳаи муттаҳиди араб алайҳи Эрон, поён диҳад

Раисиҷумҳури Омрико дар ростои ташкили ҷабҳаи муттаҳиди арабҳои ҳошияи халиҷи Форс дар муқобили Эрон, аз подшоҳи Арабистон хост, ба душманӣ бо Қатар поён диҳанд.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар тамоси телефонӣ бо Малик Салмон, подшоҳи саудӣ, хостори поёни фаврии шикоф дар миёни кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс шуд.

Дунолд Тромп аз Малик Салмон хост, ки подшоҳии саудӣ ва муттаҳидони арабаш фавран ба муноқишаи наздик ба як сол бо Қатар, ки ба шикоф миёни муттаҳидони Омрико дар минтақа мунҷар шуда, поён диҳанд.

Бар асоси ин гузориш, як мақоми давлати Омрико зимни эъломи ин хабар гуфт: “Тромп қасд дорад бо аз байн рафтани ихтилоф, иттиҳод миёни арабҳои халиҷи Форс эҷод шавад ва ҷабҳаи муттаҳиде алайҳи Эрон ташкил диҳад.”

Ин мақоми омрикоӣ гуфт: “Тамаркузи раисиҷумҳур ҳамеша бар Эрон ва барномаҳои атомӣ ва мушакиаш аст, ки тамоми кишварҳои халиҷ (-и Форс) ва Исроилро таҳдид мекунад ва таъкид дорад, ки душмании саудиҳо ва аморотиҳо бо Қатар, ҳеч маъное надорад.”

Бар пояи гузориши хабаргузории Форс, ҳудуди як сол пеш, Арабистон, Миср, Аморот ва Баҳрайн бо муттаҳам кардани Қатар ба ҳимоят аз теруризм, мудохила дар умури кишварҳои арабӣ ва таҳдиди амнияти миллӣ ва паноҳ додан ба ифроти‏ҳо ва терурист‎ҳо, эълом карданд, ки робитаи худро бо ин кишвар қатъ намуданд.

Дар он замон, бархе расонаҳо изҳоротеро ба нақл аз Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар бораи Эрон мунташир карданд, ки гуфта буд: “Эрон қудрати исломӣ аст ва ҳеч ақлонияте дар душманӣ бо Эрон вуҷуд надорад. Эрон як қудрати аслӣ барои ҳифзи субот дар минтақа аст.” Сипас ахборе мабнӣ бар филтери шабакаҳои Алҷазираи Қатар ва пойгоҳҳои иттилоърасонии рӯзномаҳои қатарӣ аз сӯи Арабистон мунташир шуд.

Ҳудуди як моҳ қабл, Холид бен Муҳаммад Алатия, вазири дифои Қатар, дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазираи Қатар гуфта буд, эътилофи зидди қатарӣ ба раҳбарии Арабистон барои азсаргирии равобит бо Дуҳа бояд шартҳои Қатарро пазируфта ва онҳоро иҷро кунанд. Вай таъкид карда буд, кишварҳои муҳосиракунанда ибтидо бояд аз Қатар узрхоҳӣ карда ва ба муҳосира поён диҳанд ва пас аз он роҳии Кувайт барои музокира шаванд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: