Шарҳи Маснавӣ (269)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (13)

* * *

Насиҳат кардани мард мар занро, ки дар фақирон ба хорӣ мангар ва дар кори Ҳақ ба гумони камол нигар ва таъна мазан дар фақру дар фақирон ба хаёлу гумони бенавоии хештан (1)

* * *

Гуфт: эй зан, ту занӣ ё булҳазан?

Фақр фахр асту маро бар сар мазан.

Булҳазан: мояи ҳузну андӯҳ. Бар сар задан: накӯҳиш кардан, сарзаниш намудан.

Нукта: Мисроъи дуввум ишорат аст ба ҳадисе, ки мансуб ба ҳазрати Хатмимартибат (с) аст:

الْفَقْرُ فَخْرِي وَبِهِ أَفْتَخِرُ

Фақр мояи мубоҳот ва нозиши ман аст ва бад-он меболам.” Манзур аз фақр дар ин ҳадис надорӣ нест, балки “ниёзманд будан ба Худо” аст, чунонки дар ояти 15 сураи Фотир омада:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ أَنتُمُ الْفُقَرَاء إِلَى اللَّهِ وَاللَّهُ هُوَ الْغَنِيُّ الْحَمِيدُ

Эй мардум! Шумо ба Худо фақиред (ниёзмандед) ва Худост, ки бениёзи сутуда аст.”

Фақр, аз ҷумлаи мақомот ва мароҳили сайру сулук аст ва нахустин гоми тасаввуф ба шумор меравад. Фақр дар бидоят тарки дунё ва дар ниҳоят фаност. Фақир он аст, ки аз сари ҳама чиз гузашта бошад. (Луббул-албоб, с.383)

Фақр ба таври куллӣ бар ду навъ аст: яке, “фақри зотӣ” ва дигаре, “фақри сифотӣ”. Манзур аз “фақри зотӣ” ин аст, ки ҳамаи мавҷудот ва мумкинот, барои падидор шудан ва зуҳур дар арсаи ҳастӣ, ниёзманди зоти Борӣ Таъоло ҳастанд, ҳамон тавре, ки ояти фавқ ба он ишорат мекунад. Ва манзур аз “фақри сифотӣ” ин аст, ки ҳамаи мавҷудот пас аз зуҳур омадан, бояд роҳи камол бипӯянд ва ороста ба ахлоқи илоҳӣ ва мазҳари асмо ва сифоти ӯ шаванд:

قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى

Парвардигори мо он касе аст, ки биёфарид офаридагонро ва он гоҳ ба роҳи камол раҳ бинмуд.” (Сураи Тоҳо, ояти 50)

Дар истилоҳи тасаввуф, фақр аз ҷумлаи мақомот аст ва на аҳвол. Дар таърифи фақр гуфтаанд: фақр дар оғоз тарки дунё ва мофиҳост, ва дар анҷом фано шудан аст дар зоти аҳадият. Бинобар ин, фақир касе аст, ки ҳеч надорад, яъне аз сари ҳама чиз гузашта, то ба ҳама чиз расидааст. (Луббул-албоб, с.383)

Ҳамин тавр гуфтаанд: фақри ҳақиқӣ танҳо фуқдони (надоштани) ғино (бениёзӣ) нест, балки фуқдони майлу рағбат ба ҳар гуна ғиност. Яъне фақр бояд аз ҳар фикру ангезае, ки ӯро аз Худо ғофил ва ба дунё машғул медорад, орӣ ва тиҳӣ бошад. (Таърихи тасаввуф дар ислом, с.277)

Пас, барои он ки ба фақри ҳақиқии авлиё расид, бояд аз хеш берун омад ва ҳар чи “ҳаст” ва “буд” аст, аз Ҳақ Таъоло донист ва ҳатто барои худ низ мавҷудият қоил нашуд; чунонки Абдурраззоқи Кошонӣ гӯяд: “Ҳар ки барои Худо аз худаш бурун наёяд ва ба ҳақиқати маънои “асламту ваҷҳия лиллоҳ” нарасида бошад, ҳанӯз муддаии мавҷудияти худ аст. Ва ин шахс ҳанӯз ба мақоми фақр нарасидааст.” (Шарҳу манозилис-соирин, 129-130)

Ҷомӣ низ гӯяд: “Фақрро расме аст ва ҳақиқате. Расми ӯ адами имлок аст, ва ҳақиқати ӯ хуруҷ аз аҳкоми сифот ва салби ихтисоси чизе ба худ.” (Нафаҳотул-унс, с.8)

Боз гуфтаанд: “Дарвешӣ, шиъори авлиё буд ва пирояи асфиё ва ихтиёри Ҳақ Субҳонаҳу ва Таъоло хоссагони хешро.” (Рисолаи Қушайрия, 403)

Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ дар каломе пурмаъно мегӯяд: “Ҳар гоҳ фақри ҳақиқӣ ба ниҳоят расид, ғинои ҳақиқӣ аст, ва убудияти ҳақиқӣ ба камол расид, мавлавияти ҳақиқӣ аст ва дар ҳадис аст, ки:

العبودية جوهرة كنهها الربوبية

(Шарҳи асрор, с.67)

Дар бораи фақри ҳазрати амири мӯъминон Алӣ (а) гуфтаанд: ӯ, илова бар доро будани буъди ирфони ботинӣ ва маънавӣ, дорои буъди иҷтимоӣ ва маданӣ буд, ки гӯяд:

إِنَّ اللَّهَ تَعَالَى فَرَضَ عَلَى أَئِمَّةِ (الْحَق) الْعَدْلِ أَنْ يُقَدِّرُوا أَنْفُسَهُمْ بِضَعَفَةِ النَّاسِ، كَيْلَا يَتَبَيَّغَ بِالْفَقِيرِ فَقْرُهُ

Худованд бар пешвоёни ҳақ ва адолат воҷиб гардонида, ки худро бо фақирон (ситамдидагони иҷтимоъ ва ба яғморафтагони ҳуқуқ) баробар ниҳанд, то он ки фақру тангдастӣ ононро ниёзорад.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 209) Бинобар ин, фақри авлиё бо фақри омма фарқ дорад. Фақри авлиё ҳокӣ аз камоли руҳонӣ аст, вале фақри омма ҳокӣ аз сайтараи зулму бедодгарӣ дар равобит ва муносиботи иҷтимоӣ ва аз ин рӯ ҳовии ҳеч гуна камоле нест, балки айни нақсу зиштӣ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.706)

Нишони фақри сиддиқон ва фақирони содиқ, гила нагзоридан ва ниҳон доштани осори сахтӣ ва балост, чунонки Иброҳими Хавосс гуфт, ки аломати фақири содиқ:

ترك الشكوى واخفاء اثر البلوى

аст. (Китобул-лумаъ, с.49)

Ва боз дар бораи нишону аломати фақр гуфтаанд: “Номи фақир дар забони аҳли тасаввуф бар касе афтад, ки худро бад-ин сифат бинад ва ин ҳолат бар вай ғолиб бошад, ки бидонад, ки ҳеч чиз надорад ва ҳеч чиз ба дасти вай нест дар ин ҷаҳон ва дар он ҷаҳон, на дар асли офариниш ва на дар давоми офариниш.” (Кимиёи саодат, ҷ.2, с.420)

Ва билохира, Мавлоно роҳи фақрро душвор тавсиф мекунад: “Ин роҳи фақр, роҳе аст, ки дар ӯ ба ҷумла орзуҳо бирасӣ, ҳар чизе, ки таманнои ту буда бошад, албатта дар ин роҳ ба ту расад. Ҳеч кас дар ин роҳ нарафт, ки шикоят кард, ба хилофи роҳҳои дигар, ҳар ки дар он роҳ рафт ва кӯшид, аз сад ҳазор якеро мақсуд ҳосил шуд ва он низ на чунонки дили ӯ хунук гардад ва қарор гирад.” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.145)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: