Вилоятӣ дар Сурия; аз дидор бо Башшор Асад то боздид аз Ғутаи шарқӣ (тасовир)

Алиакбари Вилоятӣ, мушовири умури байналмилали раҳбари Эрон, зимни дидор ва гуфтугӯ бо Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия, аз минтақаи озодшудаи Ғутаи шарқӣ дидан ба амал овард.

Ба гузориши Khabaronline, Вилоятӣ рӯзи чаҳоршанбе (11.04.2018) дар минтақаи Ғутаи шарқӣ бо нерӯҳои мустақар дар ин минтақа дидор кард. Ғутаи шарқӣ ҳудуди 7 сол дар ихтиёри гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия қарор дошт ва ҳафтаи ҷорӣ озод шуд.

Бар асоси ин гузориш, Вилоятӣ ба манзури ширкат дар конфронси байналмилалии “Алқудсу виҷҳатуно” (Қудс, рӯйкард ва мақсади мо) ва дидор ва гуфтугӯ бо раисиҷумҳури Сурия, ба Димишқ, пойтахти Сурия рафтааст.

Вай дар дидор бо Башшор Асад изҳор кард: “Ҳафт сол аст, ки ҷанги тамомаёре бо мушорикати даҳҳо кишвар алайҳи миллат ва давлати Сурия ба ҳидояти мустақими Омрико шурӯъ шудааст.”

Вилоятӣ афзуд: “На Сурия имрӯз заъифтар аз ҳафт сол пеш аст ва на Омрико қавитар аз ҳафт сол пеш.”

Вазири умури хориҷаи асбақи Эрон ҳамчунин баён кард: “Имрӯз миллат, давлат ва артиши Сурия омодатар аз гузашта аст.”

Вай изҳор кард: “Мавозеъи Тромп дар оғози интихобаш боиси шигифтии дигарон буд, алъон мӯҷиби истеҳзои дигарон аст.”

Раисиҷумҳури Сурия дар дидор бо Алиакбари Вилоятӣ гуфт: “Бо ҳар пирӯзӣ, ки Сурия муҳаққақ месозад, садоҳои кишварҳои ғарбӣ барои тағйири раванди рухдодҳо баландтар мешавад.”

Башшор Асад тасреҳ кард: “Бо пирӯзиҳое, ки дар Сурия сурат мегирад, талошҳое аз сӯи бархе аз кишварҳои ғарбӣ барои тағйири раванди рухдодҳо анҷом мешавад ва ин садоҳо ва ҳар гуна таҳарруки эҳтимолӣ танҳо ба барҳам хӯрдани бештари субот дар минтақа меанҷомад ва сулҳ ва амнияти байналмилалиро таҳдид хоҳад кард.”

Раисиҷумҳури Сурия хотирнишон кард: “Пас аз озодсозии Ғутаи шарқӣ, ин таҳдидҳои бархе аз кишварҳои ғарбӣ мабнӣ бар ҳамла ба Сурия, ки бар асоси дурӯғҳои сохта ва пардохташудаи худашон ва дастнишондаҳояшон дар байни гурӯҳҳои теруристӣ сурат мегирад, матраҳ шуд, чаро ки бори дигар онҳо дар масъалае, ки бар он дар ҷанг алайҳи Сурия ҳисоб боз карда буданд, шикаст хӯрданд.”

Тасовире аз ин сафар:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: