Чаро Тромп то кунун дастури ҳамла ба Сурияро содир накардааст? // Се фарз

Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Tabnak

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, рӯзи душанбе эълом карда буд, ки зарфи 24 то 48 соати оянда ба ин кишвар ҳамла хоҳад кард. Ин таҳдиди мустақим ва ғайримунтазираи Тромп ҷиҳати ҳамла ба Сурия, хеле зуд мавриди таваҷҷӯҳи тамоми расонаҳо, нозирон, таҳлилгарон ва мақомоти бисёре аз кишварҳои ҷаҳон қарор гирифт.

Бо ин мавзеъгирии сареҳи Тромп, теъдоди дигаре аз кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Фаронса ва Бритониё низ омодагии худ барои мушорикат дар ин ҳамларо эълом карданд ва ҳатто Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ низ аз омодагии Арабистон барои ҳамроҳӣ бо Омрико дар ҳамла ба Сурия хабар дод.

Дар идома, аксарияти қариб ба иттифоқи нозирон, ҳамлаи Омрико ва муттаҳидонаш ба Сурияро қатъӣ қаламдод карданд ва мунтазири дастури Тромп барои ҳамла буданд ва ҳастанд.

Бо ин ҳол, ҳар чи замон ҷилавтар мерафт, Тромп аз мавозеи худ ақибтар менишаст; ба тавре, ки ибтидо дар вокуниш ба таҳдиди русҳо, дар твитте ба русҳо эълом кард, ки омодаи мушакҳои зебо, ҳушманд ва ҷадиди Омрико бошед! Сипас як соати баъд, бо лаҳне оромтар дар Твиттери худ навишт: “Равобити мо бо Русия ҳамакнун бадтар аз ҳар замони дигаре, аз ҷумла ҷанги сард, қарор дорад. Ҳеч далеле барои ин (вазъият) вуҷуд надорад. Русия ба мо барои кӯмак ба иқтисодаш ниёзманд аст; чизе, ки хеле роҳат метавонад анҷом шавад ва ба ҳамкории ҳамаи кишварҳо бо якдигар ниёз дорем. Мусобиқаи таслеҳотиро мутаваққиф кунед?

Ин лаҳни ороми рӯзи гузашта, табдил ба ақибнишинии Тромп аз мавозеъи зоҳиран қотеъи худ шуд ва бар хилофи он ки эълом карда буд то 48 соати оянда тасмими худ дар мавриди Сурияро хоҳад гирифт, ҳанӯз тасмиме иттихоз накардааст ва рӯзи панҷшанбе дар твитте навишт: “Ҳеч вақт нагуфтам, ки ҳамла ба Сурия кай хоҳад буд. Ин ҳамла метавонад ба зудӣ бошад ва шояд ҳам аслан ба ин зудиҳо набошад!..

Ҳол суол ин аст, ки чаро бар хилофи тасаввури ҳамагон, Тромп алорағми мавозеъ ва замонбандии худ, то кунун ба Сурия ҳамла накардааст?

Дар ин бора метавон се фарзи умдаро матраҳ кард:

1) Фарзи аввал он ки: Тромп тасмими ниҳоии худ барои ҳамла ба Сурияро иттихоз карда буд, аммо дар идома ба далоили зерин мунсариф шуд:

а) Аввал: мунсариф кардани Тромп тавассути бархе аз мақомоти ин кишвар дар вазорати хориҷа, CIA ё Пентогун бо гӯшзад кардани паёмадҳои эҳтимолии ин ҳамла барои манофеъи Омрико.

б) Дуввум: ибҳом дар навъи посухҳои мутақобил тавассути Русия ва Эрон. Дар воқеъ, Омрико дар як фазои ибҳомолуд қарор дошт ва ҳеч бароварде аз навъи вокуниши бозигарони рақиб аз ҷумла Русия ва Эрон, дар ихтиёр надошт.

в) Севвум: адами ҳамроҳии кофӣ ва густурда бо Омрико тавассути соири бозигарон. Яъне, агарчи Фаронса ва Бритониё омодагии худ бо ин ҳамларо эълом карданд, аммо тибқи гузориши бархе аз манобеъи хабарӣ, дар пушти парда, аз сӯи ин давлатҳо фишорҳое барои мунсариф кардани Тромп дар ҷараён буд ва ҳамчунин ҳеч давлати дигаре ҳозир ба ҳимоят аз тасмими Тромп ё ҳамроҳӣ бо ӯ нашуд.

2) Фарзи дуввум: Тромп тасмиме барои ҷанг ва ҳамла ба Сурия надошта ва надорад, ва эъломи ӯ мабнӣ бар ҳамла ба Сурия, сирфан як ҷанги равонӣ ва таблиғотӣ бо аҳдофи зайл буд:

а) Аввал: таҳтушшуоъ қарор додани пешравиҳои артиши Сурия дар саҳнаи майдонӣ. Бо ин таҳдид, Тромп ба дунболи барҳам задани тамаркузи амалиёти артиши Сурия ва пароканда кардани нерӯҳои меҳвари муқовимат буд, то монеъ аз идомаи амалиётҳо ва тақвияти муъоризон шавад.

б) Дуввум: коҳиши фишорҳои дохилӣ ва таҳтушшуоъ қарор додани гузориши Роберт Мулер, бозраси вежаи парвандаи мудохилаи эҳтимолии Русия дар интихоботи 2016-и Омрико бо нишон додани як мавзеъи зоҳиран сифту сахт дар муқобили русҳо дар Сурия.

в) Севвум: имтиёзгирӣ дар музокироти пушти парда. Дар воқеъ, Омрико ибтидо ба гумони худ бо эъломи қасди ҳамла ба Сурия, дар садади ҳарос ва фишор бар давлати Сурия, Русия ва Эрон буд, то балки битавонад дар як фазои равонии пур аз ҳаросу тарс, имтиёзоте дар музокироти пушти парда бо тарафайни муқобил ва аз ҷумла Русия, бигирад. Имтиёзоте ҳамчун хуруҷи нерӯҳои таҳти ҳидояти Эрон аз Сурия, канор задани Башшор Асад ва ғайра…

г) Чаҳорум: яке дигар аз аҳдофи эҳтимолӣ, гиҷ кардани Русия, Эрон ва артиши Сурия дар идомаи бӯҳрон аст. Коркарди ин ҳадаф, ба гумони омрикоиҳо, метавонад ин бошад, ки муттаҳидони Сурия аз ин пас барои пайгирии иқдомоти ҷадид дар Сурия боэҳтиёттар амал хоҳанд кард, ки ин худ боиси мухтал шудани пешравии сареъи онҳо хоҳад шуд.

д) Панҷум: касби эътибори байналмилалӣ бо илқои ин тасаввур, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳама ҷо ва ҳамаи замонҳо ва таҳти ҳар шароите, бо силоҳҳои мамнӯъа муқобила хоҳад кард.

3) Фарзи севвум: фарзияи охир ба мо мегӯяд, таҳдиди Омрико барои ҳамла ба Сурия амалӣ хоҳад шуд ва лаффозиҳои Тромп дар чанд рӯзи ахир, муқаддимае барои як ҳамлаи густурда алайҳи Сурия хоҳад буд. Дар воқеъ, Омрико қасд дошт ибтидо вокуниши муттаҳидони худро арзёбӣ кунад, то дар сурати итминон аз пуштибонӣ аз сӯи муттаҳидони худ аз ҷумла Фаронса ва Бритониё, дар як мавқеияти муносиб, тасмими худ барои ҳамла ба Сурияро амалӣ кунад. Аз сӯи дигар, Тромп ба дунболи он буда, то бо санҷиши вокуниши Эрон ва Русия дар муқобили таҳдидоти Омрико барои ҳамла ба Сурия, маҳдуд ё номаҳдуд будани таҳоҷуми худро мушаххас кунад.

Tabnak

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: