Вокуниши раҳбари Эрон ба ҳамла ба Сурия

Раҳбари Эрон ҳамлаи бомдоди имрӯз ба Сурияро як ҷиноят хонд ва афзуд: “Банда сареҳан эълом мекунам, раисиҷумҳури Омрико, раисиҷумҳури Фаронса ва нахуствазири Ангилис ҷинояткор ҳастанд.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раҳбари Эрон, субҳи имрӯз (шанбе, 14 апрел) Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори масъулони ин кишвар, сафирони кишварҳои исломӣ ва қишрҳои мухталифи мардум, ҳамлаи саҳаргоҳи имрӯзи Омрико ва ду кишвари ғарбӣ ба Сурияро ҷиноят донист ва таъкид кард: “Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчун гузашта дар канори гурӯҳҳои муқовимат ҳозир хоҳад буд ва Омрико низ қатъан дар аҳдофи худ дар минтақа шикаст хоҳад хӯрд.”

Дар ин дидор, ки ба муносибати Иди Мабъас баргузор шуд, раҳбари Эрон зимни табрики солрӯзи беъсати паёмбари ислом (с), бозгашт ба тавҳид ва ҳоким шудани илму қудрат ва файзу ҳидояти илоҳӣ бар зиндагии инсон ва муқобила бо маният ва диктотурӣ ва истибдодро аслитарин паёми беъсат донист ва гуфт: “Тавҳид дарбардорандаи куллиёт ва усули мубориза бо зулму зӯргӯӣ аст ва бар ҳамин асос, ҷабҳаи ҳақ бояд ҳамвора бо ботил мубориза кунад ва дар ин мубориза сарнавишти маҳтуми ботил ақибнишинӣ аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, муҳимтарин вазифаи уммати исломиро “бозгашт ба паёми беъсат” баршумурд ва хотирнишон кард: “Агар ба тавҳид эътиқод дошта бошем, зери бори зулм намеравем ва аз мазлум ҳимоят мекунем ва ба ҳамин далел аст, ки ҳар ҷо мазлуме ниёзманди ёрӣ бошад, Ҷумҳурии Исломӣ дар он ҷо ҳозир хоҳад буд.”

Вай, фалсафаи исрори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз мавзӯи Фаластинро дар ҳамин чорчӯб арзёбӣ кард ва афзуд: “Истодагӣ дар муқобили золим, қатъан мунҷар ба пешрафт хоҳад шуд, ки намунаи боризи он, миллати Фаластин аст, ки дар ибтидо миллате заъиф буданд, аммо бар асари истодагӣ, акнун он миллати заъиф ба як Фаластини қудратманд табдил шудааст, ки режими саҳюнистиро таҳдид мекунад ва ин режим дар муқобили миллати Фаластин эҳсоси заъфу аҷз мекунад.”

Раҳбари Эрон таъкид кард: “Дар ин рӯёрӯӣ, бидуни тардид, фаластиниҳо бар саҳюнистҳо ғолиб хоҳанд шуд ва сарзамини Фаластин ба миллати он бозхоҳад гашт.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи ғарби Осиё ва дар канори гурӯҳҳои муқовимат ва дар Сурияро дар чорчӯби ҳимоят аз мазлум донист ва гуфт: “Ин ки гуфта мешавад Ҷумҳурии Исломии Эрон тавсиъаталаб аст, сухане дурӯғ ва хилофи воқеъ аст ва Эрони бузург ва обод ва якпорча, қасди тавсиъаталабӣ дар минтақа ва ҳеч нуқтае аз дунёро надорад.”

Вай афзуд: “Иллати ҳузури Эрон дар Сурия ва дар минтақаи ғарби Осиё, ёрӣ расондан ба муқовимате буд, ки дар муқобили зулм вуҷуд дошт ва ҷабҳаи муқовимат ба баракати ёрӣ ва кӯмакҳое, ки шуд ва бо шуҷоати нерӯҳои сурӣ тавонист бар теруристҳое, ки ба василаи Омрико ва ғарбиҳо ва муздурони онҳо ҳамчун Саудӣ ба вуҷуд омада буд, ғалаба кунад ва онҳоро шикаст диҳад.”

Раҳбари Эрон бо ишора ба суханони бомдоди имрӯзи раисиҷумҳури Омрико, ки муддаии муқобила бо ДОЪИШ ва шикасти он дар Сурия шуда буд, гуфт: “Ин суханон як дурӯғи ошкор ва фазоҳатбор аст, зеро омрикоиҳо бо пули Саудӣ ва амсоли он, ин мавҷудоти хабисро дар Ироқ ва Сурия ба вуҷуд оварданд ва ҳар ҷо, ки лозим буд аз теруристҳо ҳимоят карданд ва ҳангоме ҳам, ки аносури аслии ДОЪИШ дар муҳосира буданд, онҳоро наҷот доданд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: “Ба рағми ҳимоятҳои Омрико ва авомили онҳо, аммо ҷабҳаи муқовимат тавонист Сурия ва Ироқро наҷот диҳанд.”

Вай, ҳамлаи бомдоди имрӯз ба Сурияро як ҷиноят хонд ва афзуд: “Банда сареҳан эълом мекунам, раисиҷумҳури Омрико, раисиҷумҳури Фаронса ва нахуствазири Ангилис ҷинояткор ҳастанд.”

Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки омрикоиҳо ҳамчун сарнавишти Ироқ ва Афғонистон, аз ин гуна ҷиноёт дар Сурия, суде нахоҳанд бурд, гуфт: “Раисиҷумҳури Омрико чанде пеш эълом кард, ки дар минтақаи ғарби Осиё, ҳафт трилюн дулор ҳазина кардаанд ва чизе оиди онҳо нашудааст. Ин сухан, саҳеҳ аст ва аз ин пас ҳам Омрико ҳар қадр талош ва ҳазина кунад, чизе оиди он дар минтақа нахоҳад шуд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, лузуми ҳушёрӣ ва бедории миллатҳо, кишварҳо ва давлатҳои исломиро дар муқобили ин ҳаводис гӯшзад кард ва афзуд: “Ҳадафи омрикоиҳо, фақат Сурия ва Ироқ ва Афғонистон нест, балки онҳо ба дунболи зарба задан ба уммати исломӣ ва ислом ҳастанд, бинобар ин, давлатҳои исломӣ набояд худро дар хидмати аҳдофи Омрико ва бархе кишварҳои мутаҷовизи ғарбӣ қарор диҳанд.”

Вай хотирнишон кард: “Барои як кишвари исломӣ ҳамчун Саудӣ ифтихор нест, ки раисиҷумҳури кунунии Омрико дар таблиғоти интихоботиаш аланан дар мавриди онҳо бигӯяд: “гови ширдеҳ!” Зиллат аз ин болотар намешавад, ки пули як кишварро бигиранд ва бо чунин таъбире онро хитоб кунанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба дурӯғгӯии раисиҷумҳури Омрико мабнӣ бар ин ки ҳамла ба Сурия барои муқобила бо бакоргирии силоҳҳои шимиёӣ будааст, афзуд: “Онҳо бо бакоргирии силоҳи шимиёӣ ва ё ҳар силоҳи дигар зидди миллатҳои исломӣ ва миллатҳои мазлум мухолифате надоранд, ҳамчунон ки аз бомбборони рӯзона алайҳи мардуми Яман ҳимоят мекунанд ва дар даврони ҷанги таҳмилӣ низ аз Саддоми ҷинояткор, ки бо истифода аз силоҳи шимиёӣ ҳазорон нафар аз мардуми Эрон ва Ироқро ба шаҳодат расонд ва ё масдум кард, ҳимоят карданд.”

Раҳбари Эрон, рафторҳои Омрико ва бархе кишварҳои ғарбиро ношӣ аз аҳдофи истеъморӣ ва “диктотурии байналмилалӣ”-и онҳо донист ва хотирнишон кард: “Албатта диктотурҳо дар ҳеч куҷои дунё комёб нахоҳанд шуд ва Омрико низ қатъан дар аҳдофи худ дар минтақа, шикаст хоҳад хӯрд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба истодагии миллати Эрон ва пойдортар шудани он ба далели таҷрибаи 40-солаи муқовимат ва истодагӣ, гуфт: “Ин таҷриба ба мо омӯхтааст, ки ақибнишинӣ мушаввиқи душман аст, ва истодагӣ мӯҷиби ақибрафти он хоҳад шуд.”

Вай дар поён бо таъкид бар ин ки ақибнишинии истикбор ва зӯргуёни олам ба далели истодагӣ ва муқовимат дар муқобили онҳо, як “суннати илоҳӣ” аст, ибрози умедворӣ кард миллатҳои Ироқ, Афғонистон, Сурия, Фаластини мазлум, Миёнмор ва мардуми Кашмир дар ояндаи начандон дур, бо муқовимати худ, душманонро ба ақиб биронанд.

Тасовире аз ин дидор:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: