Вокуниши Эрон ба ҳамлаи Омрико ва муттаҳидонаш ба Сурия

Вазорати умури хориҷаи Эрон таҷовузи мушакии Омрико ва муттаҳидонаш ба хоки Сурияро ба шиддат маҳкум кард ва нисбат ба осор ва паёмадҳои минтақаӣ ва фароминтақаии он ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, матни ин баёния ба шарҳи зерин аст:

Ин таҷовуз нақзи ошкори қавонин ва мавозини байналмиллаӣ ва нодида гирифтани ҳаққи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Сурия аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси мавозини шаръӣ, қонунӣ ва ахлоқӣ мухолифи корбурди силоҳҳои шимиёӣ аст ва дар айни ҳол, баҳонатарошӣ барои таҷовуз ба кишваре мустақилро ба шиддат ғайриқобили қабул ва маҳкум медонад.

Бешак, Омрико ва муттаҳидонаш, ки бидуни вуҷуди ҳеч гуна санад ва мадраки исботшудае ва қабл аз эъломи назари ниҳоии Созмони манъ ва густариши силоҳҳои шимиёӣ, алайҳи Сурия иқдоми низомӣ кардаанд ва худро дар ҷойгоҳи қозӣ ва пулиси ҷаҳонӣ фарз кардаанд, масъули паёмадҳо ва авоқиби минтақаӣ ва фароминтақаии ин моҷароҷӯӣ ҳастанд ва бояд посухгӯи паёмадҳои он бошанд.

Шароити замонии иттиҳомзанӣ ва иқдоми низомии Омрико дар ҳар ду мақтаъи таҷовуз ба Сурия, ба хубӣ нишон медиҳад, ки ҳар ду иқдом пас аз шикасти теруристҳо дар Ҳалаб ва инак дар Ғутаи шарқӣ сурат пазируфта ва ин таҷовузи ошкоро иқдоме барои ҷуброни нокомӣ ва шикасти теруристҳо ва ҳимоят аз онҳост, ки бетардид миллати муқовими Сурия, ҳамчун 7 соли гузашта, тавтиъаҳое, ки бо ҳадафи тағйири муъодилоти майдонӣ ба нафъи теруристҳо сурат мегирад, ноком мегузоранд.

Таҷовузи низомии ахири Омрико ба Сурия дар шароите аст, ки ин кишвар чанд рӯз қабл монеъи ҳатто маҳкумияти режими саҳюнистӣ, ки тайи ҳафтаҳои ахир ҳазорон тан аз мардуми мазлуми Ғаззаро ба хоку хун кашид, шуд, то бори дигар сиёсати ҷонибдорона ва стандартҳои дугонаи худро беш аз пеш барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор созад.

Созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мустақилли ҷаҳон бояд ин иқдоми худсарона ва якҷониба алайҳи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии як кишвари мустақилли узви Созмони Милали Муттаҳидро, ки дар таъорузи ошкор бо мавозини ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ ба вежа маншури ин созмон қарор дорад ва бидуни тардид мунҷар ба тазъифи ҳарчи бештари бунёнҳои сулҳ ва амнияти ҷаҳон ва мӯҷиби бесуботӣ ва нооромиҳои ҳарчи бештар дар минтақа ва низ тақвияти ифротгароӣ ва теруризм хоҳад шуд, қавиян маҳкум карда ва ба рисолати таърихии худ дар қиболи ин гуна рафторҳои ҳарҷу марҷгароёнаи байналмилалӣ, амал кунанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: