Назари ҷолиби Чомски дар бораи Тромп ва атрофиёнаш

Нуом Чомски (Noam Chomsky), назарияпардоз, муаррих, файласуф ва забоншиноси барҷастаи омрикоӣ, мегӯяд, ки тарафдорони мутаъассиби Тромп мӯътақиданд Исо (а) мегӯяд, бояд аз Тромп пуштибонӣ кунед.

Вай дар гуфтугӯ бо хабарнигори рӯзномаи Эрон ҳамчунин гуфт, Тромп комилан дунболарави хатти “Исроил” ва Арабистони Саудӣ аст.

Дар идома машрӯҳи ин мусоҳибаро мехонед:

— Назароти шумо дар бораи сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида барои ҳама ошност. Ҳатто дар замони риёсати ҷумҳурии Борок Убомо шумо мунтақиди бахшҳое аз сиёсати хориҷии ӯ будед. Бо таваҷҷӯҳ ба истиқрори давлати Тромп, назари шумо дар бораи сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба вежа дар робита бо Ховари Миёна чист?

— Тромп комилан дунболарави хатти Исроил ва Арабистони Саудӣ аст ва ин ба таври куллӣ иттиҳоде бисёр кинатӯзонае алайҳи Эрон аст. Ники Ҳилӣ, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милал, борҳо дар бораи тахаллуфоти Эрон аз тавофуқи ҳастаӣ дар Созмони Милал сӯҳбат кардааст. Агарчи Омрико тамомвақт дар ҳоли тахаллуф аз тавофуқи ҳастаӣ ва “Барҷом” аст, вале ҳеч кас дар ин бора сӯҳбат намекунад.

Тавофуқи ҳастаӣ — Барҷом — дар заминаи таъаҳҳуди имзокунандагон сареҳ аст ва ҳеч тарафе ҳаққи дахолат дар равобити иқтисодии Эрон бо соири кишварҳо надорад, вале Омрико ба таври мудовим ин тахаллуф аз тавофуқро анҷом медиҳад. Ба назари ман, Тромп тамоми талоши худро барои нобуд кардани Барҷом мекунад, ҳарчанд урупоиҳо саъй мекунанд иқдомҳои боздоранда барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи комили Тромп аз Барҷом анҷом бидиҳанд, вале ман тардид дорам, ки талоши боздорандаи онҳо дар ислоҳ ва таваққуфи сиёсатҳои Тромп натиҷа бидиҳад.

Сиёсати хориҷии Омрико мунсаҷим нест. Дар чанд моҳи гузашта Тромп ба шиддат мунтақиди сиёсатҳои Покистон буда ва Покистон ҳам бо кӯмак ба ташдиди фаъолияти Толибон дар Афғонистон, аксуламал нишон додааст.

— Ба назарам меояд, ки лозимаи дарки хатти машйи Тромп дар саҳнаи диплумосӣ, доштани шинохти равшан аз шахсият ва пойгоҳи иҷтимоии ӯст. Ҳанӯз ҳолае аз муаммо даври шахсияти ӯро фаро гирифтааст. Ба ёд дорам, ки пас аз интихоби Тромп ба риёсати ҷумҳурӣ, шоки бузурге ба дунё ворид шуд. Ҳатто бархе шаҳрҳои Омрико ҳам дар шок ва нобоварӣ фурӯ рафтанд. Дар Чикогу мардум бемуҳобо ашк мерехтанд. Ман фикр мекунам ҳанӯз ин суол ба таври ҷиддӣ матраҳ аст, ки чаро ва чӣ тавр Тромп ба қудрат расид ва асосан абзорҳо ва аносури қудрати ӯ чист?

— Далоили бисёр мухталифе вуҷуд дорад. Ҳамон тавр, ки гуфтам, бахше аз пойгоҳи нуфузи ӯ ҷараёнҳои бунёдгарои масеҳӣ ҳастанд. Гурӯҳҳои мазҳабӣ 25 дар сади ҷамъиятро ташкил медиҳанд, онҳо фақат ба далели ҳимояти раҳбарони онгликон (англиканство) ба Тромп раъй доданд. Далели ҳимояташон аз Тромп ин аст, ки ӯро намояндае муносиб барои расидан ба аҳдофашон мебинанд. Аҳдофе монанди “тадриси Инҷил дар мадорис”, “ҷилавгирӣ аз тағйир дар қавонини аслиҳа”, “зиддият бо қавонини сиқти ҷанин” ва ғайра. Ин масоил барои бисёре аз ҷамъияти Омрико муҳим аст. Албатта раҳбарони ҷумҳурихоҳ ҳеч аҳаммияте ба қавонини аслиҳа, ҳаққи сиқти ҷанин барои занон ё ҳар чизи дигар, ки барои пойгоҳи раъйдиҳандагонашон муҳим аст, намедиҳанд. Ин шиорҳо фақат текнике аст барои ҳифзи пойгоҳи тарафдорони оммаашон, дар ҳоле, ки онҳо машғули хидмат ба сарватмандони як дарсадӣ ва қудратмандони пурнуфуз ҳастанд.

Бинобар ин, ду пойгоҳи ҳимояти сарсахт аз Тромп вуҷуд дошта ва дорад. Як гурӯҳи ҳомӣ, ҷомеаи мазҳабӣ аст, ва гурӯҳи дигар сарватмандон ва мудирони ширкатҳои бузург, ки имтиёзҳои бисёре аз даврони риёсати Тромп бар Кохи сафед мебаранд. Аз сӯи дигар, нажодпарастони сафедпӯст ҳам, ки бисёр қобили таваҷҷӯҳ ҳастанд. Ин гурӯҳ зиддияти хоссе бо ҷомеаи занон дорад. Дар Иёлоти Муттаҳида то даҳаи 60, мо қавонини занситез доштем. Қавонини он даврон бисёр ифротитар аз Олмони нозӣ буд. Занситезӣ решаи амиқе дар Иёлоти Муттаҳида дорад ва ҳанӯз бисёр қавӣ аст.

Ба ҳар ҳол, Тромп чунин пойгоҳи иҷтимоӣ дорад, ҳар расвоӣ ҳам, ки ба вуҷуд биёварад, онҳо аз ӯ ҳимоят мекунанд. Албатта сарвати азим ва ҳимояти расонаӣ монанди системи расонаии Фокс-нюз ва бархе родиюҳои ҳомии ӯ вуҷуд дорад. Истгоҳҳои родиюии маҳаллӣ нақши муҳим ва таъсиргузоре бар мардум доранд, ва дар бисёре аз маворид муҷриёни ин родиюҳо бисёр мутаъассиб ва албатта маҳбуб ҳастанд. Таъассуби шадид дар ҷомеа вуҷуд дорад, ки бовараш сахт аст. Доманае васеъ аз теуриҳои тавтиъа дар ин кишвар вуҷуд дорад. Барои мисол, баъд аз куштори Поркленд дар Флуридо, яке аз муҷриёни матраҳи родиюӣ, Алекс Ҷунз, билофосила тақсири кушторро ба гардани демукротҳо андохт ва гуфт, онҳо мехоҳанд бо ин кор ба ҳаққи моликияти аслиҳа маҳдудият эъмол кунанд. Милюнҳо нафар аз мардуми Омрико ба ин барномаҳо гӯш медиҳанд ва ҳар чиро мешунаванд, бовар мекунанд, чун иттилооти дигаре надоранд.

Албатта шикоятҳои мардум ҳам аз вазъи мавҷуд, беасос набуд. Бахши бузурге аз ҷамъияти Омрико солҳо канор гузошта шудаанд. Неулиберолҳо ва сиёсатҳояшон ба аксарияти ҷомеа осеб расондааст. Ҳеч кас ба ин қисмат аз мардум аҳаммият намедиҳад. Убомо аҳаммияте ба онҳо надод, Клинтун ҳам аҳаммияте надод. Ҳеч кас таваҷҷӯҳе ба онҳо намекунад. Онҳо арзише барои касе надоранд, вале бахши бузурге аз ҷамъиятро ташкил медиҳанд. Ҳуқуқҳояшон барои 4 даҳа рокид мондааст. Вазъи зиндагиашон бадтар аз 1979 аст, замоне, ки неулиберолҳо қудрат гирифтанд. Тӯли умри табақаи сафедпӯсти коргар коҳиш ёфтааст. Мизони маргу мир дар ҳоли афзоиш аст. Ин дар кишварҳои пешрафта ё ҳар ҷои дигаре иттифоқ намеафтад, магар ин ки кишвар даргири ҷанг бошад. Далели асосии ин шароити афсурдагӣ, эътиёд ба алкул, маводди мухаддир ва ояндаи торик аст. Бахши аъзаме аз ҷамъияти рустоӣ комилан нодида гирифта шудаанд. Онҳо ба Тромп раъй медиҳанд, барои ин ки фикр мекунанд ӯ ноҷии онҳост. Аммо ӯ бештарин зарбаро ба онон зада ва хоҳад зад. Аз сӯи дигар, бояд таваҷҷӯҳ кунем, ки ҳар бор, ки расонаҳо Тромпро сарзаниш ва эълом мекунанд ӯ дар бораи мавзӯе дурӯғ мегӯяд, ин як ҳадия ба ҳизби ростиҳо (ҷумҳурихоҳон) аст.

Ростҳои Вошингтун ва ҳомиёни сиёсии Тромп, ошиқи ин ҳамлаи расонаҳо ҳастанд. Ман фикр мекунам ҳар чӣ бештар расонаҳо Тромпро масхара кунанд, тарафдоронаш бештар аз ӯ ҳимоят мекунанд.

Бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки Тромп ҳам сиёсатмадори зираке аст. Албатта асосан бояд бигӯем кулоҳбардори муассире аст, ки аз эҳсосоти бархе аз мардум бештарин истифодаро мекунад.

— Баргардем ба баҳси сиёсати хориҷии Тромп дар минтақа ва ба таври хосс дар қиболи Эрон, чӣ арзёбӣ аз рафторҳо ва тасмимҳои ахири вай дар саҳнаи Ховари Миёна ва Эрон доред?

— Баъзе муфассирони огоҳ монанди Никулос Ну мегӯяанд, ки ҷанги ҷиддӣ шурӯъ хоҳад шуд. Ин мавқеияти бисёр тарснок аст. Дар саҳнаи Ховари Миёна ҳамакнун дар Яман Омрико ва Исроил бо пуштибонии Бритониё дар ҳоли нобуд кардани ин кишвар ҳастанд. Онҳо ангушти иттиҳомро ба самти Эрон нишона мераванд, вале муқассири аслӣ Омрико ва бомбборони Арабистони Саудӣ аст. Дар дигар сӯи Ховари Миёна, Туркия ба Сурия ҳамла кардааст, то гурӯҳҳои курдро то ҷое, ки метавонад аз марзҳояш дур нигаҳ дорад. Чанд ҳафта пеш Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия ба як духтари 6-сола гуфт, агар кушта шавад, бояд ба худ ифтихор кунад. Ман наметавонам тасаввур кунам, ки дар зеҳни ин афрод чӣ мегузарад. Инҳо афроди бисёр ғайриқобили пешбинӣ ва хатарнок ҳастанд. Дар ҳамин росто дар Исроил ҳам шароити сиёсӣ субот надорад. Бенёмин Натонёҳу, нахуствазир бо мушкилоти бисёр ҷиддӣ мувоҷеҳ аст ва эҳтимол дорад барои халосӣ аз вазъи бӯҳрониаш ва фирор аз иттиҳомоти фасоди молӣ, як амалиёти хушунатборро оғоз кунад. Ҳамаи сенориюҳо бисёр хатарнок аст ва ман фикр мекунам Лубнон ба эҳтимоли зиёд қурбонии бузург мешавад.

Бидуни шак агар ҷанги дигаре шурӯъ шавад, бисёр бадтар аз ҷанги қаблӣ (ҷанги 2006) хоҳад буд. Чаро ки дастикам бар асоси гузоришҳои мутаъаддид, Ҳизбуллоҳ то кунун зарфияти мушакии чашмгире ба даст оварда, ки Исроил қодир ба муқобила бо он нахоҳад буд.

— Ман моил ба сӯҳбат дар бораи ояндаи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (Барҷом) ҳастам. Дунолд Тромп борҳо гуфтааст, ки ин тавофуқро канор мегузорад. Ӯ ҳамчунин мамнӯияти сафари шадиде барои эрониён ба Омрико эъмол кардааст, ки албатта ман таҷрибаи шахсӣ дар ин замина дорам. Давлати Тромп ҳамчунин ба Урупо барои бозбинии равобиташ бо Эрон, фишор меоварад. Бо ин ҳама ва бо таваҷҷӯҳ ба тағйироти ахир дар кобинаи Тромп, фикр мекунед гоми баъдии ӯ чӣ хоҳад буд?

— Сарони урупоӣ саъй мекунанд дастикам бахше аз Барҷомро наҷот диҳанд. Ман ба шиддат шак дорам Эрон пешниҳодҳои ҷадиди эъломшуда тавассути давлати Тромпро бипазирад. Бисёр баъид ба назар меояд. Ба ин тартиб агар Омрико ҳамчунон аз қабули шароити мавҷуд худдорӣ кунад, ки бисёр имконпазир аст, як натиҷаи пеши рӯ ин хоҳад буд, ки Омрико аз қарордод хориҷ шавад ва боқимондаи гурӯҳи 5+1 робитаеро бо Эрон ҳифз кунанд. Албатта Урупо дар айни ҳол саъй хоҳад кард робитаи худро бо Иёлоти Муттаҳида қатъ накунад. Бинобар ин, сарони урупоӣ дар мавқеияти сахте қарор доранд. Аз сӯе моил ба раҳо кардани Эрон нестанд ва аз сӯи дигар аз рафтори Омрико бимнок ҳастанд. Русия ва Чин равобиташон бо Эронро ҳифз мекунанд, вале наметавонанд камбуди равобити ғарбиро ҷуброн кунанд.

— Дар бораи ояндаи давлати Тромп баҳсҳои доғе дар маҳофили сиёсии Омрико ҷараён дорад, дар чанд ҳафтаи гузашта Дунолд Тромп масъули корзори интихоботии 2020-и худро интихоб кард. Ба назар мерасад ӯ ба пирӯзӣ дар даври баъдии интихоботи Омрико умедвор аст. Оё ба назари шумо Тромп шонси пирӯзии дубора дар интихоботи 2020 дорад?

— Табақаи иҷтимоии ҳомии ӯ бисёр мутаъассиб ҳастанд ва худро вақфи ӯ кардаанд. Ҳар иттифоқе биафтад, аз пуштибонӣ аз Тромп даст барнамедоранд. Бисёре аз онон масеҳиёни инҷилӣ ҳастанд. Давлати секулор барои онон арзише надорад. Ба бовари онҳо, Исо мегӯяд бояд аз Тромп пуштибонӣ кунед. Эҳтимолан тарафдорони масеҳиёни инҷилӣ 25 дар сади омрикоиҳоро ташкил медиҳанд. Сарватмандон ҳам аз Тромп ҳимоят мекунанд. Давлати Тромп дар ду сатҳ идора мешавад. Дар як сатҳ, нақши Тромп барои расонаҳо аст ва итминон аз ин ки ӯ ҳаррӯза дар сархатти хабарҳост. Номи “Тромп”, нахустин чизе аст, ки ҳар рӯз дар телевизиюнҳо мебинанд. Аз ҳамин рӯ, ӯ ҳамвора ҷанҷолҳои девонавореро яке баъд аз дигаре барпо мекунад. Барои ӯ муҳим нест, ки чӣ ҷанҷоле бошад. Аз сӯи дигар, расонаҳо аз Тромп интиқод мекунанд ва ин пойгоҳи тарафдоронашро ба шиддат таҳрик мекунад. Онҳо раисиҷумҳури мунтахаб ва маҳбуби худро таҳти ҳамлаи расонаҳои либерол мебинанд. Бинобар ин аз ӯ ҳимоят мекунанд ва дар ниҳоят, Тромп аз ин бозӣ суд мебарад ва дар он ширкат мекунад. То вақте ин вазъият ҳаст, эҳтимоли муваффақияти Тромп дар даври оянда низ дур аз интизор нест.

Реклама


Рубрики:Гуфтугӯ, Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: