Оё Тромп ба ҳадафаш расид?

Таҳлили Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Натиҷае, ки метавон аз боқимондаҳои мушакҳое, ки Омрико, Ангилис ва Фаронса ба Сурия шиллик карда ва бахши қобили таваҷҷӯҳе аз онҳо сарнагун шуд, ба даст овард ин аст, ки ин ҳамла на танҳо дар таҳаққуқи бештари аҳдофи худ ноком монд, балки натоиҷи комилан маъкус барҷо гузошт.

Муҳимтарин натоиҷи ин ҳамла ин аст, ки маҳбубияти Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурияро дар дохили ин кишвар ва хориҷи он афзоиш дод ва ба ҳампаймонии ӯ бо Русия, Эрон ва Ҳизбуллоҳ ҷону пӯёии тозае бахшид ва бар истодагии артиши Сурия мӯҳри таъйид зада ва сабаби тазъифи Дунолд Тромп шуд.

Дар тавзеҳи бештари ин мавзӯъ бояд гуфт, муттаҳиди рус бо қудрати тамом ва хештандорӣ ин бӯҳронро мудирият кард ва ин ҳамларо ба унвони як “намоиши” самбулик қарор дод, ки ҳадаф аз он, ҳифзи обрӯи Тромп аст.

Аммо ин иқдоми Русия дар бисёре аз маҳофили арабӣ ва байналмилалӣ бо интиқодҳои шадид рӯ ба рӯ шуд бо ин меҳвар, ки бо ин таҷовуз он тавр, ки бисёре умедвор буданд, муқобила накард.

Ин интиқодҳо то ҳудуде саҳеҳ аст, бо ин ҳол, бархе дар ин хусус ин баҳсро матраҳ кардаанд, ки посухи Русия ғайримустақим ва аз тариқи мушакҳои сурӣ буд, ки сохти Русия аст.

Ба ҳар ҳол, ба ду далел хасоратҳои низоми Сурия маҳдуд буд:

1) Аввал ин ки: бештари пойгоҳҳо ва фурудгоҳҳои низомӣ қаблан тахлия шуда ва ҳавопаймоҳои ҷадид ба пойгоҳҳои русӣ дар Ҳамимим ва Тартус мунтақил шуда буд.

2) Дуввум: бештари мушакҳо ё сарнагун ва ё аз мавозеъи мавриди назар мунҳариф шуд.

Изҳороти сафири Русия дар Вошингтун мабнӣ бар ин ки ин таҷовузи сеҷониба тавҳин ба шахси Владимир Путин буда ва Русия ба он вокуниш нишон хоҳад дод, шояд меъёре барои нақшаи таҳаррукоти Русия дар ояндаи бӯҳрони Сурия ва соири бӯҳронҳои ҷаҳонӣ бошад, зеро Путин билофосила ба иқдоми Туркия дар сарнагунии як ҳавопаймоии ҷангии рус дар наздикии марзҳои Сурия вокуниш нишон надод ва бо зиракӣ тавонист Туркияро амалан аз паймони Отлонтики шимолӣ (НАТО) хориҷ карда ва онро ба ҷабҳаи рус мулҳақ кунад.

* * *

Агар ба нақшаи ояндаи Сурия ва минтақа нигоҳе дақиқ дошта бошем, метавон мавориди зерро пешбинӣ кард:

— аввал: баҳона қарор додани истифодаи силоҳи шимиёӣ барои ҳамалоти низомӣ шабеҳи ҳамалоте, ки имрӯз рух дод, дигар фоидае надорад, зеро зиёни зиёде ба виҷҳа ва эътибори Омрико ва ҷабҳаи он ворид овард ба вежа ин ки ин ҳамла дар рӯзе рух дод, ки қарор буд коршиносони Созмони манъи густариши силоҳи шимиёӣ таҳқиқоти худро дар саҳнаи фарзии ҷурм оғоз кунанд, ва омилони ҳамлаи имрӯз бо иқдоми худ ин бардоштро эҷод карданд, ки ин ҷабҳа ба дунболи нобудии маъмурияти ин коршиносон қабл аз оғози он буданд.

— дуввум: чи басо интиқоми сурӣ, эронӣ ва русӣ аз тариқи ҳамалоти чарикӣ алайҳи нерӯҳои Омрико дар Сурия ва Ироқ сурат бигирад, ки теъдоди онон болиғ бар 8 ҳазор нафар шомили сарбозон ва ғайринизомиёни бознишаста аст.

— севвум: иқдоми артиши Русия ба муҷаҳҳаз кардани артиши Сурия ба сомонаи падофанди ҳавоии ҷиддӣ шомили мушакҳои S-300 ва S-400 барои муқобила бо ҳар гуна мушак ё ҳавопаймои ҷангие, ки Сурияро дар оянда ҳадаф қарор диҳад, ки ҳавопаймоҳои исроилӣ дар садри он қарор дорад.

— чаҳорум: пас аз он ки равшан шуд Исроил дар ҳамла ба Сурия мушорикат дошта ва аз қабл, аз замони он бохабар буд ва ахбори иттилоотӣ дар мавриди мавозеъи сурии мавриди назари Омрико, Ангилис ва Фаронсаро дар ихтиёрашон қарор дод, равобити Русия ва Исроил ба поинтарин сатҳ таназзул меёбад.

— панҷум: эҳтимоли ин ки Русия дар вокуниш ба ҳамалоти Омрико ва муттаҳидонаш ба Сурия, бо тамоми қудрат аз ҳар гуна талоши артиши Сурия ва муттаҳидонаш дар оянда барои бозпасгирии бархе манотиқ ҳимоят кунад, ин манотиқ шомили Идлиб ва манотиқи ҷануби ғарб дар Диръо дар наздикии марзи Ӯрдун хоҳад буд.

— шашум: пас аз бомбборони фурудгоҳи низомии Тайфур дар наздикии Ҳимс ва ба шаҳодат расидани ҳафт эронӣ дар байни қурбониёни ин ҳамла , Эрон ба кишваре табдил шуд, ки рӯ дар рӯи режими ишғолгари Исроил аст, ки аз Лубнон даст ба ин ҳамла зад ва миллати Эрон раҳбарони кишварро ба посух ба ин таҷовуз фаро хонданд.

— ҳафтум: ҳамалоти имрӯз ба Сурия, ки аз пойгоҳҳое дар Қатар ва Арабистон сурат гирифт ва ин ду кишвар ба суръат ҳамалоти мазбурро таъйид карданд, аз чеҳраи воқеии муттаҳидони араби Омрико ва нақши онон ва ҷо гирифтани онон дар ҷабҳаи Омрико ва ширкат дар ҳар гуна ҳамалоти он дар минтақа ба вежа алайҳи Эрон дар оянда парда бардошт.

— ҳаштум: афзоиши эҳтимоли шикасти Омрико дар Ироқ, ки зиёнҳои он дар ин кишвар ҳудуди панҷ трилюн дулор баровард шудааст, зеро давлати Ироқ аз таъйиди ҳамлаи имрӯз ба Сурия ва ҳимоят аз он худдорӣ кард ва бештари мардуми Ироқ низ бо Сурия эъломи ҳамдардӣ карданд.

* * *

Ҳар кас шоҳиди ҷашну шодмонии суриҳо ба далели истодагӣ ва муқовимати кишвар ва давлат дар рӯёрӯӣ бо ин таҷовуз буд, метавонад ба ҳаҷми шикасти Омрико ва Исроил пай бибарад, ва илова бар ин, мутаваҷҷеҳ шавад, ки Башшор Асад дар ҷойгоҳи худ боқӣ аст ва кишварҳои абарқудрат ва муттаҳидони арабаш аз сарнагунии ӯ ва тағйири низомаш нотавон мондаанд.

Ин таҷовузи сегона сабаб шуд, нишасти сарони араб, ки қарор буд фардо якшанбе дар шаҳри Заҳрон ташкил шавад, пеш аз оғоз поён ёбад ва сарони ширкаткунанда дар онро дар тангнои ҷиддӣ қарор диҳад; зеро кишваре, ки узвияти онро дар Иттиҳодияи Араб ба таълиқ дароварданд, ба ин далел ҳадафи ҳамлаи Омрико ва Исроил қарор гирифтааст, ки дар меҳвари муқовимат қарор дорад, на ба ин далел, ки аз силоҳи шимиёӣ истифода кард, ва ин чизе аст, ки расонаҳои ғарбӣ ва арабӣ ривоҷ медиҳанд.

Баъид нест Тромп бо эътироф ба шикаст ва низ ба манзури коҳиши мутаҳаммил шудани зиёнҳои бештар, дар масири берун бурдани нерӯҳои омрикоӣ аз Сурия ва шояд Ироқ қадам бардорад ва аз ҳамлаи имрӯз ба унвони дастовезе барои тавҷеҳи ин тасмими худ истифода кунад.

Тромп ба дунболи ин буд, ки дар мавзеъи қудрат зоҳир шуда ва азамат ва шукӯҳи кишварашро бозгардонад, аммо дар ҳар ду маврид шикаст хӯрд ва ба унвони касе, ки пойи худро бо гулӯла нишона рафт, зоҳир шуд.

Ба ҳар ҳол, ҳамлаи сеҷонибаи дигаре, ки ба пирӯзӣ барои меҳвари муқовимат ва шикаст барои Омрико хатм шуд, дар таърихи арабӣ ба сабт расид ва бояд гуфт, агар ҳамлаи аввал сабаби поёни имперотурии Ангилис шуд, ҳамлаи дуввум чи басо ба унвони оғози хуруҷи Омрико аз минтақаи Ховари Миёна ва эътироф ба шикаст ва низ пирӯзии Сурия алайҳи тавтиъа ва бозёфтани саломат ва ҳокимияти худ бар саросари ин кишвар ба сабт бирасад.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: