Перейти к содержимому

Паёмбар (с); он ҳама азамат ва ин ҳама соддагӣ

Ба баҳонаи солрӯзи Исро ва Меъроҷи Паёмбари Акрам (с)

Имшаб (шаби 27 раҷаб), шаби Исро ва Меъроҷи ҳазрати Расули Акрам (с) аст. Ба ҳамин муносибат, лозим дидам порае аз гуфтори марҳум дуктур Алӣ Шариатиро, ки дар бораи он ҳазрат (с) аст, ба самъи хонандагони азизи пойгоҳи Кимиёи саодат қарор бидиҳам:

* * *

Ҳеч женероли румӣ, оромӣ, юнонӣ ва ориёнӣ, дар таърих, ба андозаи пайғамбари мо наҷангида… (аммо) тамоми ёронаш дар чеҳраи ӯ, як марди низомиро намедиданд: фалон зан ба хотири ин ки шавҳараш бо ӯ носозгорӣ дорад, дарди дилашро меоварад ва бо ӯ дар миён мегузорад. Он қадр дар дастраси мардум аст, ки ӯ назди пайғамбар меояд ва ҳеч эҳсос намекунад, ки фосилааш чӣ қадр аст! Меояд ва як соат пайғамбарро муъаттал мекунад ва хусусиёти шавҳарашро (ҳикоят мекунад), ки “хона, ки меояд чӣ ҷур аст; авқоташ талх аст; ман чӣ мегӯям, ӯ чӣ мегӯяд: ӯ дишаб чӣ гуфта; чанд шаб аст нахобида; бо ман чӣ ҷур рафтор мекунад; харҷӣ медиҳад, намедиҳад…” Ин мард менишинад ва маълум аст, ки тавре ба ӯ гӯш медиҳад, ки ӯ фардо ҳам меояд. Пасфардо ҳамаи занҳои дигар меоянд. Маълум мешавад, ки тавре рафтор намекунад, ки як мартиба ҳис кунанд, ки “иштибоҳ кардем; набояд ин ҷо меомадем”. То вақте, ки реҳлат кард, ҳеч кас мутаваҷҷеҳ нашуд, ки ин корро, ки мекарда, иштибоҳ буда.

Ҳамеша салобат, азамат ва ҳайсияти ҷаҳонии ин мард, касонеро, ки ӯро надида буданд, мегирифт; душману дӯст фарқе намекард. Вале онҳое, ки медиданаш, дар ӯ як марди маҳбуби ошнои маънус меёфтанд; дуруст баръакси бузургони дунё, ки аз дур кучак ва ҳақиранд, ва аз наздик ҳавлноку ваҳшатнок.

Пиразане бо ӯ кор дорад; як мартиба мебинад, ки пайғамбар аз утоқ берун омада ва дар баробари ӯст. Пайғамбар ҳис мекунад, ки ӯ ба пата-пата афтода ва дасту пояшро гум карда (шахсияти пайғамбар ӯро гирифта). Меравад ва мегӯяд: модар! Аз кӣ метарсӣ? Магар ман кистам? Ман писари он зани қурайшӣ ҳастам, ки шир медӯшид. Ту аз кӣ ваҳшат дорӣ?

Ин аст, ки системи тозае аз арзишҳо халқ шудааст; системи арзишҳоро иваз карда. Мо боз ба ҳамон арзишҳои ашрофиамон баргаштаем; боз мо ҳатто аз пайғамбарамон, ки сӯҳбат мекунем, бо арзишҳои зиддипайғамбарӣ арзёбиаш мекунем… Имом Содиқ мегӯяд:

 كان رسول الله (صلى الله عليه وآله) يأكل أكل العبد، ويجلس جلسة العبد، ويعلم انه عبد

(Яъне) нишасту бархосташ мисли як банда, хӯрду хӯрокаш мисли як банда; аслан адо дарнамеовард; воқеан ҳис мекард ва медонист, ки як банда аст (ин, чизи аҷибе аст).

Ашрофият, ғайр аз ин ки як ҳайсияти иҷтимоӣ аст, самбулҳои худашро дорад: либоси худашро дорад, ороиши худашро дорад, маркаби худашро дорад, васоили зиндагии хосси худашро дорад, алқоби хосси худашро дорад. Инҳо нишонаи ашрофият аст…

Дигар (аз нишонаҳои ашрофият), либосҳои баланд, остинҳои баланд, алқобу асб аст. Асб яке аз хусусиёти шевалегарӣ дар Урупо, асворон дар Эрон… Ашрофро дар Урупо “шевале” (chevalier) мегӯянд, cheval яъне асб, ва дар Эрон асвор мегуфтанд, яъне саворкор (хонаводаҳои ашрофиро мегуфтанд “асворон”)… Самбули ашрофият дар Чин ва ҳамчунин дар Урупо ин буд, ки раъият ҳаққи савор шудан бар асбро надошт, на аз лиҳози ин ки пулаш намерасид, агар пулаш ҳам мерасид, ҳақ надошт, барои ин ки шамшеру асб аз хусусиёти ашроф аст, ки фақат ин хонаводаҳо бояд дошта бошанд.

Дар ҳоле ки пайғамбар, ҳатто вақте ки ба ҷанг меравад, савори шутур мешавад ва дар мусофиратҳо ҳамвора ноқа ё астар дорад. Худи ҳазрати амир (Алӣ ибни Абӯтолиб) мегӯяд, ки (пайғамбар) савори улоғ мешуд. Улоғ (хар), ҳақиртарин маркаби тӯдаи бисёр беҳурмати иҷтимоӣ аст. Ва аз он ҳақиртар он аст, ки “ҷул” (полон) надошта бошад (ба қавле, мисли дучархае, ки тӯқа надошта бошад ва касе савор шавад). Ин дигар аломати он аст, ки ин одам ҳеч чиз нест, одами мӯҳтарам ва муъанване (унвондоре) нест. Ва аз он ҳақиртар (ин ки) якеро ҳам пушташ савор кунад. Ва пайғамбар ғолибан дӯст дошт дар шаҳр ин гуна ҳаракат кунад… Ҳатто даст ба маҳосинаш (ришаш) мекашид ва доиман дастур медод ва лаън мефиристод ва мегуфт, ки ”ҳар чи аз ин қабза бурун омад, дар оташ аст!” Ва бо таъассуби хоссе дастур медод, ки қабоҳои дарозро қайчӣ кунанд ва ҳеч мусалмоне ҳақ надорад аз зону ба поин бипӯшад. Ва мо мебинем дар системи ашрофӣ, ба мизоне, ки ашрофият муъанвантар (боунвонтар) аст, домани либосҳои зану мард ҳам бештар аст, ба тавре, ки дар Чин қабоҳоро чанд метр изофа бар по дуруст мекарданд ва баъд чун наметавонистанд ҳаракат кунанд, (қаборо) ҷамъ ва дар сабад мегузоштанд (ва зери сабад чаҳорчарх мегузоштанд) ва ғуломон мебурданд. Дар ин ҷо маълум мешавад, ки қайчӣ кардани қабо як кори бунёдӣ, инқилобӣ, қотеъ, амиқ ва маънидор аст. Инҳо ҳама арзишшикании ашрофият аст.

Аз байн рафтани ҳамаи алқоб: ҳатто пайғамбар амд дошт, ки исмҳоро ҳам тасҳеҳи инқилобӣ кунад: (масалан, исми) касе Абулъос буд ва (пайғамбар) гуфт, на, Абумутиъ, ва аз он пас исмаш Абумутиъ шуд.

Гоҳе лақаб медод. Алъон ҳам ба лақабҳое, ки дар деҳот ба ашхос медиҳанд, одат дорем. Аммо ин лақабҳое, ки дар деҳот медиҳанд, бештар ҷанбаи масхара, бадҷинсӣ, ё ашрофият, нажодпарастӣ дорад. Вале лақабҳое, ки пайғамбар мегузошт, дар айни ин ки (баъзан) шӯхӣ буд, лутфе ҳам дошт. (Масалан) якеро дид, ки гурба дасташ буд, гуфт: Абӯҳурайра, ва исмаш монд. Вориди масҷид шуд ва дид Алӣ рӯи хокҳо хобида, гуфт: бархез бибинем. Баландаш кард. Ӯ ҳам бархост, дид, сару сурату либосҳояш ҳама (хок)… Гуфт: ин чӣ ҳайкале аст Абӯтуроб? Ва баъд ҳазрати Амир хеле дӯст дошт, ки фақат ба ин ном биномандаш. Арзишҳо комилан иваз шудааст ва нишон медиҳад, ки (дорои) ҷиҳате комилан зидди он лақабҳое аст, ки алъон барои ашроф ва риҷол метарошанд.

* * *

Тарбияти пайғамбар

Яке аз хусусиёти дигари пайғамбар, оммӣ будани пайғамбар аст. Ин, бад истилоҳе аст, вале аз ин дақиқтар истилоҳе вуҷуд надорад; мутлақи мутлақ, уммии холиси холис.

Тарбият яъне чӣ? Маънии тарбият, «шакл додан ба як вуҷуд» аст. Чӣ авомиле инсонро тарбият мекунанд?

Ба назари ман, панҷ омил як фардро месозад: аввал, модар аст, ки аввалин абъоди вуҷудии як тифлро месозад. Дуввум, падар. Севвум, мактаб ва мадраса ва фарҳанг аст. Чаҳорум, тамаддун аст. Панҷум, асосан руҳи замон аст. Масалан шумо; модаратон шуморо тарбият карда. Тарбияти дуввум, падар аст. Тарбияти севвум, дарс (аст), ки хондаед. Тарбияти чаҳорум, (ин аст, ки) дар қарни бистум ҳастед… Ин (шуд) панҷ омил.

Пайғамбари ислом ҳеч як аз ин панҷ омили дастандакори сохтмони фардро (ба як маъно) надорад. Падараш, ки қаблан рафта (ин яке ҳеч). Тарбияти дуввум, модар: то мутаваллид мешавад, билофосила ба унвони шир ба саҳро мебарандаш. Ду сол (барои) ширхорӣ он ҷо мемонад. Баъд аз ду сол бояд ба домони модар биёрандаш… Тоъун мешавад, ва то баччаро бармегардонанд, ба хотири тоъун боз дубора ба саҳро пасаш мефиристанд. Тоъун аз ин ки ӯ “модарпарвар” шавад, ҷилавгирӣ мекунад. То панҷсолагӣ на падар (мебинад) ва на модар. Дар панҷсолагӣ ӯро бармегардонанд. Модар, ки шавҳараш мурда ва фақат баччае дорад, ӯро барои аввалин бор бармедорад ва мехоҳад ба Мадина назди доиҳояш, назди падари худаш ва назди хонаводаи хеш бибарад. (Модари пайғамбар маданӣ ва аз Банӣ Наҷҷор аст). Дар миёни роҳ мемирад, ва бачча таку танҳо васати биёбон (мемонад).

Омили севвум, тамаддун аст, ки пайғамбар аслан дар бадавитарин қавми он аср зода шуда. Шибҳиҷазира, ҳам аз лиҳози тамаддун шибҳиҷазира аст ва ҳам аз лиҳози ҷуғрофиёӣ. Аз лиҳози ҷуғрофиёӣ шибҳиҷазира аст, яъне сарзаминест, ки даври он аз се тараф об аст, аммо як зарра об ба дохили ин саҳро нуфуз намекунад, як ҷазираи хушк. Аз лиҳози тамаддун ҳам шибҳиҷазира аст: тамаддуни Юнон он тараф, Фаластин он сӯ, Эрону Ироқ ин тараф, Ҳинд ин вар муҳоташ кардаанд. Аммо ҳеч як аз ин осори тамаддунӣ, ки атрофаш ҳаст, дар дохилаш нуфуз накарда, ва бинобар ин пайғамбар дар кавири бикре аз тамаддуну фарҳанг ва дар халаъи тамаддуну фарҳанг рушд мекунад.

Омили панҷум, замон аст: дар ин мавқеъ, замон дар ихтиёри тамаддуни Рум аст, дар ихтиёри тамаддуни Искандария аст, дар ихтиёри тамаддуни Эрон аст. Замон дар ихтиёри онҳост. Замон дар қарни ҳафтуми мелодӣ дар шибҳиҷазира вуҷуд надорад. Мо дуруст аст, ки алъон дар қарни бистум ҳастем, аммо дар қарни бистум зиндагӣ намекунем. Алъон қабоили бадавие ҳастанд, ки либос ҳам надоранд, тақвимашонро, ки нигоҳ кунӣ, хаёл мекунӣ моли қарни бистуманд, вале қарни бистум дар он ҷо ҳузур надорад. Онҳо дар қарни бистуми пеш аз мелод зиндагӣ мекунанд.

Мебинед, ки пайғамбар вуҷуде аст, ки кучактарин асаре ва рангеро аз ин панҷ омили тарбиятии фард напазируфтааст; озоди озод рушд мекунад, ва барои ҳамин ҳаст, ки истеъдоди фаҳму пазириши мафоҳим, маъонӣ ва арзишҳоеро дорад, ки башарият наметавонад бифаҳмад, наметавонад бипазирад ва наметавонад дошта бошад. Ин аст, ки метавонад ҳамаи арзишҳо ва тамаддунҳо, ҳамаи системҳои таълиму тарбиятӣ ва ҳамаи эътиқодоту муқаддасот (-и хурофӣ)-ро хароб кунад. Агар тарбиятшуда буд, қатъан таҳти таъсири арзишҳои замон қарор мегирифт.

Бинобар ин, уммӣ будани пайғамбар ба маънои “бакорати вуҷудӣ” аст: замон, хонавода, таърих, фарҳанг ва қолабрезии ахлоқӣ кучактарин нақше рӯяш надорад, ва ин аст, ки метавонад маъонии инқилобии комилан бесобиқаро ба соддагӣ дарк кунад, ҳамон тавр зиндагӣ кунад ва ҳамон тавр бошад ва ҳамон тавр ҳам бисозад ва ҳамон тавр ҳам хароб кунад. Ва ҳамаи ин корҳоро ба роҳатӣ мекунад. Файласуфе, ки дар Искандария ё дар Отен (Афина) ё дар Ҳамадон фалсафа хонда, чунин истеъдоде надорад.

Дуктур Алӣ Шариатӣ

Манбаъ: вебсойти Шафақатуно

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: