Перейти к содержимому

Паёмҳои ҳамлаи Тромп ва муттаҳидонаш ба Сурия

Ёддошти Амруллоҳи Низом

Зӯр бо зӯр намеҷангад. Зӯрҳо ба хотири худнамоӣ заъифтарҳоро мезананд, то чашми дигарҳо битарсад.

Ҳамлаи бомдоди имрӯзи Амрико ва муттаҳидонаш ба Сурия филмномаи ҷанги филҳо бо мӯрчаҳоро ба намоиш гузошт.

Зӯрҳо хонаву кошона ва мулку дороиҳои милливу табиъии заъифҳоро барои худ макони озмоиш медонанд.

Амрико ва муттаҳидонаш аз як тараф ва Русияву ёронаш аз дигар тараф дар ҳамлаҳои ахири ба кишварҳои ҷангзадаи мусалмоннишин аслиҳа ва ҷангафзорҳои ҷадиди худро дар олами исломӣ таҷруба карданду бозорҳои силоҳу муҳиммимоти ҷангиашонро тавсеъа бахшиданд.

Аз ҷониби дигар, раҳбарони аҳмақу аблаҳи баъзе аз кишварҳои исломӣ, ки аксари онҳоро метавон душмани инсоният ва «ҷангталаб» низ тавсиф кард, бо харҷи миллиардҳои пули мардум силоҳҳои он абарқудратҳоро харидорӣ карданд ва ҳоло ҳам чунин корҳоеро анҷом медиҳанд.

Амрико ҳеч гоҳ намехоҳад ба мавозеъе, ки ҳузури нерӯҳои Русия ва ягонҳои он дар кишварҳои саввум вуҷуд дошта бошад, ҳамла кунад. Зеро аз ҷангидани «тан ба тан» бо Русия метарсад.

Русия ва Амрико ҳамеша дар тақсими қудрати минтақавӣ ба зоҳир чун душман бо ҳам менигаранд, аммо дар хафо ҳампаймони ҳамдигаранд. Онҳо аз қоидаи машҳури «ихтилоф биандозу ҳукмронӣ бикун» истифода карда, дар кишварҳои дигарон ба баҳонаи манофеъи худ «ҳукмронӣ» мекунанд.

Амрико бо раҳбарии Тромп, ки ин қадар дар ҷаҳон зӯргӯӣ мекунад, бо ҳама он дағ-дағҳое, ки то чанд моҳи пеш Тромп дар ҳаққи Кореаи Шимолӣ мекард, чун дид он ҳам зӯр аст, чашмаш аз ҳамла ба Кореаи Шимолӣ тарсид. Зеро хуб медонад, ки Кореаи Шимолӣ дорои пешрафтатарин силоҳҳои ҳастаӣ аст, ба ин хотир ҳамла накард. Аммо вақте дид, ки Сурия баъд аз 7 соли ҷанг заъифу нотавон ва қудрати муқобаларо надорад, бо камоли ҳамоқат бо муттаҳидонаш ба он карданд.

Таърих гувоҳ аст, ки то кунун ҷомеаи ҷаҳонӣ дар умум ва бахусус Шӯрои амнияти миллии Созмони Миллали Муттаҳид ҳар тасмими қотеъе бар зидди ҷиноятҳои зиддибашарии режими ишғолгари Исроил гирифтаанд, Амрико гоҳ ба танҳоӣ ва гоҳе дигар ҳамроҳи ҳамин муттаҳидонаш: Бритонияи Кабир ва Фаронса онҳоро маҳкум кардаанд ва ё ин, ки ба иқдомҳои мушобеҳе ё камтар аз он ризоят надодаанд.

Ба иборати соддатар гӯем, Амрико ва ҳамин ҳампаймонҳои ғарбӣ ва муздурони шарқиаш дар Ховари Миёна дасти кам муддати 70 соли охир ҳамроҳи мардуми минтақа ва миллатҳо набудаанд ва ҳоло ҳам дар фикри онҳо нестанд, тамоми ҳамму ғамашон тиҷорату сармояғундорӣ буд ва ҳаст.

Биноан, пас аз ин ҳамла, акнун кишварҳои исломӣ низ ба мисли Эрон, Покистон ва Малайзия, бар иловаи Туркия, ки узви НАТО ҳам ҳаст, чун инҳо низ қудрати минтақаӣ дониста мешаванд, бидуни ризоияти Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид бояд як эътилофи низомӣ ташкил кунанд, ва ба оғози ҳамалоти низомии гусутурда ба сари «саратони Ховари Миёна», ки 70 сол ин ҷониб дар Фаластини ишғолӣ ба зарбу қатлу куштори занону кӯдакони фаластинӣ машғул аст, режими Саҳюнистиро ба тамом аз ин минтақа решакан кунанд. Зеро ҷиноёти ҷангие, ки дар тӯли 70 сол ин режим анҷом додаасту дунё ҳама хуношом будани онро медонад , дар баробари ҷиноёти ҷангии режими Башшор Асад, ки Аирико ва мутташидонаш иддаъо мекунанд, ба маротиб зиёдтару мудҳиштаранд.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: