“Твиттҳои ҳоливудии Тромп меҳвари муқовиматро наметарсонад”

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо ишора ба таҳдидҳои ахири раисиҷумҳури Омрико алайҳи Сурия гуфт: “Твиттҳо ва таҳдидҳои ҳоливудии Тромп на Эронро метарсонад ва на Сурияро ва на меҳвари муқовиматро.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайидҳасан Насруллоҳ асри ҷумъа (13.04.2018) дар суханронии худ дар ҳамоише дар Бейрут, пойтахти ин кишвар, бо ишора ба таҷовузи “Исроил” ба пойгоҳи ҳавоии Т-4 дар Сурия, гуфт: “Исроил амдан ба дунболи қатли аъзои Сипоҳи Посдорони Эрон буд, ва ин дар ҳафт сол ҷанги Сурия бесобиқа буд, ки набояд аз канори он ба роҳатӣ гузашт.”

Вай афзуд: “Албатта эрониҳо дар бораи чигунагии посух ба ин таҷовуз, худашон тасмим хоҳанд гирифт, аммо ман ба исроилиҳо мегӯям, ки муртакиби як иштибоҳи таърихӣ ва ҳамоқати бузург шуданд ва худро ба вартаи рӯёрӯии мустақим бо Эрон афканданд.”

Насруллоҳ дар идома бо ишора ба таҳдидҳои Омрико алайҳи Сурия гуфт: “Тромп шурӯъ кард ба твитт кардан… Он чи акнун бо он мувоҷеҳем, намунаи айнии истикбори Омрикост. Омрико ба танҳоӣ тасмим гирифт, ки худ қозӣ, ҳайъати мунсифа ва муҷрӣ бошад. Тасмим гирифт, ки дар Думо ҳамлаи шимиёӣ сурат гирифтааст! Ин дар ҳоле буд, ки Созмони манъи таслеҳоти шимиёӣ дар ин хусус ҳеч чизи қатъӣ эълом накарда буд.”

Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард: “Твиттҳои ҳоливудии Тромп на Эронро метарсонад ва на Сурияро ва меҳвари муқовиматро.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ хотирнишон кард: “Беназмии давлати Омрико як масъала аст ва падидае ба номи Тромп, масъалае дигар. Ӯ вокунишгаро ва эҳсосӣ аст, вориди Твиттер мешавад ва шурӯъ ба таҳдид мекунад. Ӯ новшикан ба Куреи шимолӣ мефиристад, таҳдид мекунад ва баъд ҳеч иттифоқе намеафтад, баҳси музокира пеш меояд.”

Насруллоҳ дар мавриди нақши саудиҳо дар бӯҳрони Сурия низ гуфт: “Онҳо эълом кардаанд, ки омодаанд бе ҳеч тардиде пулҳои худро ба давлати Омрико ва Тромп бидиҳанд, то нерӯҳои ин кишвар дар Сурия бимонанд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: “Омрикоиҳо замоне, ки таҳдид мекунанд, гумон мекунанд, ки ҳамаи мардум аз онҳо метарсанд ва Эрон ва меҳвари муқовимат ҳам метарсанд. Дар ҳоле ки ин Омрико ва Тромп ва на меҳвари муқовимат аст, ки аз Ироқ то Лубнон, ва аз Сурия то Яман, бо шикастҳои мутаъаддид рӯ ба рӯ аст.”

Насруллоҳ афзуд: “Онҳо мудом шикастҳои пушти сар ҳамро мутаҳаммил мешаванд ва мо ба самти пирӯзиҳо меравем. Давлати Омрико бояд бидонад, ки ҷанг дар минтақа бо артишҳо ва неруҳо нест, балки ҷанг бо ҳамаи миллатҳои минтақа аст.”

Вай натиҷаи воқеии муқобилаи Омрико бо миллатҳои минтақаро “шикаст ва хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ ба сурати зиллатбор ва ноком» донист.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: