Тромп аз оғози ҳамалоти муштарак бо Фаронса ва Ангилис ба Сурия хабар дод

Раисиҷумҳури Омрико бомдоди шанбе (14.04.2018) эълом кард, дастури ҳамла ба Сурияро содир кардааст.

Вай гуфт: “Андаке пеш ман ба нерӯҳои мусаллаҳи Омрико дастури оғози ҳамалот ба мавозеъе дар Сурияро, ки бо тавонмандиҳои шимиёии Башшор Асад муртабит ҳастанд содир кардам.”

Тромп изофа кард: “Ҳамлаи низомии муштарак бо Фаронса ва Ангилис дар ҷараён аст. Мо аз ин ду кишвар ташаккур мекунем. Имшаб мехоҳам дар бораи далели ин ҳамла сӯҳбат кунам.”

Вай дар бахше аз изҳороташ гуфт: “Аз Эрон ва Русия мепурсам: чӣ навъ кишварҳое мехоҳанд худашонро бо қатли омми мардон, занон ва кӯдакони бегуноҳ муртабит кунанд?

Тромп гуфт: “Умед аст рӯзе битавонем бо Русия ва шояд ҳатто Эрон канор биёем. Шояд ҳам ин иттифоқ наафтад.”

Ҳамзамон бо ин изҳорот, манобеи хабарӣ аз шунида шудани садои инфиҷорҳои қавӣ дар Димишқ хабар доданд. Манобеи сурӣ ба нақл аз телевизиюни Сурия эълом карданд, падофанди ҳавоӣ бо чанд мушаки Томҳоук муқобила кардааст.

Тромп дар бахши дигаре аз изҳороташ гуфт: “Афзоиши ҳамкориҳои дӯстони мо аз ҷумла Арабистон, Қатар ва Аморот замонат хоҳад кард, ки Эрон аз нобудии Доъиш мунтафаъ намешавад.”

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: