Тибқи гузориши Reuters, ба дунболи ҳушдори аввалияи Русия, Димишқ чанд рӯз қабл марказҳоеро, ки бомдоди рӯзи шанбе тавассути Омрико ва муттаҳидонаш ҳадаф қарор гирифт холӣ карда буд.
Дар идомаи интишори хабарҳо дар бораи ҳамалоти Омрико, Фаронса ва Ангилис ба чандин ҳадаф дар хоки Сурия, як манбаи наздик ба эътилофи ҳомии давлати Башшор Асад дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters, аз ҳушдори ахири Русия ба Димишқ барои холӣ кардани бархе манотиқ хабар дода.
Тибқи ин гузориш, чанд рӯз қабл ва ба дунболи ҳушдори аввалияи Русия, давлати Сурия ва муттаҳидонаш марказҳоеро, ки Омрико, Фаронса ва Ангилис дар ҳамалоти бомдоди имрӯз ҳадаф қарор доданд, тахлия ва холӣ карда буданд.
Ин манбаъ ба Reuters гуфт: “Мо пешопеш аз сӯи русҳо ҳушдор дарёфт карда будем ва чанд рӯз қабл ҳамаи пойгоҳҳои низомӣ тахлия шуда буданд.”
Бомдоди имрӯз (14.04.2018) ба баҳонаи ҳамалоти иддаоии шимиёӣ дар Думои Сурия, Омрико, Фаронса ва Ангилис ба бархе манотиқи ин кишвар ҳамалоти мушакӣ карданд.
Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон
Добавить комментарий