Перейти к содержимому

Муаррифии нусхаҳои хатии нодири гузаштагони мо дар китобхонаҳои Ҳиндустон тавассути як ҷавони тоҷик – видео

Амонулло Муҳаммедов, як ҷавони тоҷик, ки феълан дар Ҳиндустон ба сар мебарад, бо таҳияи филме дар Youtube, ба муаррифии нусхаҳои хаттии нодири гузаштагони мо пардохтааст, ки ин кор дар навъи худ, бесобиқа аст.

Бо ин ки ҷаноби Амонулло Муҳаммедов дар зери филми таҳиякардаи худ тасреҳ мекунад, ки дар “суханонаш хатогиҳое ҳаст” ва аз бобат узр ҳам хостааст, вале бо ин ҳама, ба назари ман, кораш бисёр арзишманд аст.

Аввал, матни навиштаҳои ӯро меоварам ва сипас филмеро, ки ин ҷавони барӯманд омода кардааст, мегузорам:

“Ин навор хатогиҳо дорад, барои он маъзарат мехоҳам. Дар суханрониҳоям хатогиҳо ҳаст, чунки бе ягон хел тайёрӣ гап зада будам. Ҳангоми ба танзимдарорӣ якчанд аксҳо тоб хӯрдаанд. Аз бинандагон хоҳиш мекунам, ки наворро то охираш тамошо кунед ва ҳамчун ҳар як тоҷики асил бояд донем, ки забони модарии мо 800 сол дар Ҳинд (Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш) забони расмӣ, давлатӣ, дарборӣ буд, вале ҳоло танҳо асараш мондаасту халос.

Танҳо дар як донишгоҳ ва як осорхона тақрибан 5-6 хона китобҳо ва дастхатҳои форсӣ ҳастанд, ки дар ин навор ҷой додаам. Дар тамоми Ҳинд бошад, тонна-тонна китобҳову дастхатҳои форсӣ нобуд шуда истодаанд, чангу тӯпаланг зер карда, кирм хӯрда, тосидаанд ва ман бо чашми худ дидам. Ҳамаро бо телефон аксбардорӣ кардаам. Баъзе расмҳо ва наворҳо пинҳонӣ гирифта шудаанд, зеро ки истифодаи телефон дар бисёр ҷойҳо манъ буд.

Агар Худо хоста бошад, наворҳои дигар ҳам пурратар карда омода мекунам. Аксҳои китобҳои дар ин навор гузошташуда 95% дастхатҳо буда, қариб ҳама бо забони модарии мо ҳастанд ва ҳоло аз пойтахти Тоҷикистон дар масофаи 3700 км дур хуфтаанд.

Ин китоҳо дар ҳаминҷо навишта шудаанд, чунки онҳо бобокалонҳои мо буданд ва дар замони зулму ситами дар Осиёи Миёна рух дода (1100-1850) аз солҳои баъди давлати Сомониён оғоз карда ба тарафи Ҳиндустон сафар карда буданд. Дастхатҳо таърихи аз 100 то 1250 сола дорад.

Марҳамат тамошо кунед ва аз сурудҳои асили шашмақом лаззат баред ва аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба канали ман обуна шавед.

Ташаккури Зиёд! Амонулло Муҳаммедов.”

* * *

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: