Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (188)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (21)

Худои ҳастӣ ҳамаи камолоти ҳастиро дорад (1)

Аз ин ҷо баҳси сифоти Худованд оғоз мешавад. Баҳс дар ин аст, ки Худовандро бо чӣ сифоте бояд тавсиф кунем? Чӣ сифотеро бояд аз ӯ салб кунем? Миқёси мо дар исбот ва ё нафйи порае аз сифот чист?

Ин масъала низ ба навбати худ аз масоили муҳимми илми илоҳӣ аст. Дар масъалаи сифоти Ҳақ мабоҳиси зиёде ҳаст; аз қабили тақсими сифот ба субутӣ ва салбӣ ва изофӣ, ва ба сифоти зот ва сифоти феъл, ва ин ки оё сифоти Ҳақ Таъоло айни зот аст ё зоид бар зот?

Вале қабл аз ҳамаи инҳо, лозим аст як баҳси дигар, ки қаблан ҳам ба он ишора шуд тарҳ шавад, ва он ин ки: оё ақл ва андешаи башар қодир аст аз пеши худ бифаҳмад, ки зоти Худованд дорои чӣ сифоте ҳаст ва дорои чӣ сифоте нест? Чӣ сифоте лоиқ ва шоистаи зоти ӯст ва чӣ сифоте ин тавр нест? Ва ё қодир нест ва ҳар чӣ дар ин замина бигӯяд, “раҷми билғайб” (яъне аз рӯи гумону занн ва бидуни бурҳон) аст (ва) башар мукаллаф нест вориди ин майдон бишавад, балки ақлан ва шаръан мамнӯъ аст аз хавз (ворид шудан) ва баҳс дар ин масъала ва монанди он (ва) шоҳбози андешаи башар нотавон аст, ки бар қуллаи сифот ва асмои илоҳӣ уруҷ кунад ва ба парвоз дарояд?

Пас, қабл аз вуруд дар баҳс, лозим аст қувваи ақлу андешаро наққодӣ ва баррасӣ намоем ва ҳудуди тавоноии онро бисанҷем.

Баъзе аз донишмандони исломӣ мӯътақиданд, ки улувв (баландмартибагӣ) ва шумух (баландӣ) ва бартар будани зоти ақдаси илоҳӣ аз хиёлу қиёсу гумону ваҳм, эҷоб мекунад, ки ҷилави парвози мурғи андешаро аз аввал бигирем ва роҳи “танзеҳ” (танзеҳ яъне пок донистани Худо аз авсофи башарӣ) бипӯем, ва агар на, дар вартаи хатарноки “ташбеҳ” (ташбеҳ яъне монанд донистани Худованд ба махлуқ) хоҳем афтод.

Зоти Худовандро ба ҳеч махлуқе дар ҳеч ҷиҳате наметавон ташбеҳ кард:

لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ

(Сураи Шӯро, ояти 11). Аз тарафи дигар, ҳар сифате аз сифот, ки мо мешиносем, сифати махлуқ аст, на сифати холиқ, зеро онро аз махлуқе гирифтаем. Мо мустақиман фақат бо махлуқот сару кор дорем ва ҳар сифате, ки дар зеҳни мо нақш мебандад ва онро камол мепиндорем, камоле аст, ки аз тариқи мушоҳидаи он камол дар як махлуқ, дар зеҳни мо роҳ ёфтааст. Пас, агар холиқро низ муттасиф ба он сифат бидонем, сифати муштарак миёни ӯ ва махлуқот қоил шуда ва махлуқотро бо ӯ дар он сифот шабеҳ ва шарик сохтаем. Аз ин рӯ, дар ҳадис ворид шудааст:

كُلُّ مَا مَيَّزْتُمُوهُ بِأَوْهَامِكُمْ فِي‌ أَدَقِّ مَعَانِيهِ، مَخْلُوقٌ مَصْنُوعٌ مِثْلُكُمْ، مَرْدُودٌ إلَيْكُمْ، وَلَعَلَّ النَّمْلَ الصِّغَارَ تَتَوَهَّمُ أَنَّ لِلَّهِ تَعَالَي‌ زُبَانَيَيْنِ 

(Дар робита бо зоти Худованд) шумо ҳар маъноеро, ки дар зеҳни худ бо диққат ва латофати фаровон тасаввур кунед, ниҳоятан ин мафҳум махлуқе монанди шумо ва сохтаи зеҳни шумост. Шояд мӯрчаҳои рез тасаввурашон ин бошад, ки Худованд монанди худи онҳо ду шохак дорад.(Биҳор, 66/293)

Дар ин ҳадис бо латофат ва зарофати хоссе зеҳни башар — аз назари ин ки худи башарро ҳамвора улгу қарор медиҳад ва зоти муназзаҳи Худовандро аз худаш қиёс мегирад — интиқод шудааст.

Пас, мо ба ҳеч сифате аз сифоти Худованд роҳ надорем, на метавонем бигӯем ӯ алим (огоҳ) аст, ё қадир (тавоно) аст, ё ҳай (зинда) аст, ё мурид (соҳиби ирода) аст, ё самеъ (шунаванда) аст, ва ё басир (бино), ва на метавонем чизи дигар дар бораи ӯ бигӯем. Ӯ воқеан мумкин аст бархе сифот дошта бошад, вале мо ба ҳеч ваҷҳ ба маърифати он сифот роҳ надорем, ҳамин қадр медонем, ки он сифот — ба фарз, ки сифоте дар кор бошад — сад дар сад бо сифоте, ки мо мешиносем ва ҳама ё ғолиби онҳоро аз худамон қиёс гирифтаем, муғойиранд, пас, зоти парвардигор барои башар зотест маҷҳулулсифот аз ҳар ҷиҳат.

Афроде, ки чунин назаре доранд, мегӯянд, агарчи дар Қуръони Карим асмо ва сифоте барои Худованд зикр шудааст — аз қабили алим ва қадир ва ғайра — вале мо бояд ин номҳоро аз маъоние, ки ба зеҳни мо меояд, муҷаррад созем. Маъонии ин алфоз дар зеҳни мо ҳамонҳост, ки аз махлуқот иқтибос шуда ва зоти аҳадият аз онҳо муназзаҳ аст. Маъонии воқеии инҳоро Худо медонаду бас.

Бархе дигар танзеҳ ва нафйи ташбеҳро ба ин поя намерсонанд; онҳо мегӯянд, мо сифоти салбии Худовандро метавонем дарк кунем, аммо сифоти субутии ӯро наметавонем дарк кунем. Ташбеҳ он гоҳ воқеъ мешавад, ки барои холиқ як сифати субутӣ исбот кунем, зеро он сифати субутӣ хоҳ нохоҳ як сифати муштарак миёни холиқ ва махлуқ хоҳад буд, аммо нафйи сифат аз холиқ монеъе надорад, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ҷиҳат, ки ғайри Худованд мавҷуде нест, ки ин нафйҳо ба таври мутлақ дар борааш содиқ бошад.

Бинобар ин, метавонем ба Худованд, “алим”, “қадир”, “ҳай”, “мурид” ва амсоли инҳо итлоқ кунем ва маъонии хоссе аз ин алфоз дар назар бигирем, вале бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки маъонии ин алфоз салбӣ аст, на эҷобӣ: “алим” яъне ҷоҳил нест, ва “қадир” яъне оҷиз нест, ва “ҳай” яъне майит нест, ва “мурид” яъне фоъили биттабъ нест, ва амсоли инҳо.

Бинобар ин, тамоми ин сифот, ҷалолӣ ва танзеҳӣ аст, на ҷамолӣ ва исботӣ.

Бархе дигар назари севвуме доранд. Инҳо муддаӣ ҳастанд, ки аз назари танзеҳ ва ташбеҳ, монеъе надорад, ки як сифати муштарак агарчи он сифат субутӣ ва ҷамолӣ бошад, барои Худованд ва махлуқ қоил бишавем. Сирфи ин ки масалан Худоро олим бидонем ва Зайдро ҳам олим — бо ин ки илми Зайд ҳодис ва маҳдуд ва омехта ба ҷаҳл ва ношӣ аз ғайр аст, ва илми Худованд қадим ва номаҳдуд ва орӣ аз ҷаҳл ва муқтазои зоти парвардигор аст — мусталзими ташбеҳ нест.

Инҳо мегӯянд, ишколи баҳс дар сифоти Ҳақ Таъоло аз ҷанбаи танзеҳ ва ташбеҳ нест, ишкол аз ҷанбаи дигар аст. Ишкол ин аст, ки мо бо ақли худ наметавонем ташхис диҳем, ки кадом сифат сифати камол аст ва зоти Ҳақ муттасиф ба он сифат аст, ва кадом сифат сифати нақс аст ва зоти Ҳақ муназзаҳ аз он аст. Ҳаддиаксари фаҳми мо ин аст, ки бигӯем, ӯ дорандаи ҷамиъи сифоти камолия аст ва аз ҳар нақс муназзаҳ аст, аммо аз куҷо метавонем бифаҳмем, ки кадом сифат лоиқи зоти муқаддаси парвардигор аст ва кадом сифат инчунин нест? Ташхиси сифати камол аз сифати ғайри камол, барои башар муяссар нест.

Аз ин рӯ, вазифаи мо ин аст, ки дар ин гуна масоил тобеъи шаръи муқаддас бошем. Ҳар сифате, ки дар китоби Худо ва ё гуфтаи паёмбари Худо ва авсиёи паёмбар барои Худо исбот шуда, мо низ исбот мекунем, ва ҳар сифате, ки дар Қуръону суннат исботан ё нафян дар борааш баҳсе нашудааст, мо ночор бояд сукут кунем.

Дар миёни оёти Қуръон оёте ҳаст, ки Худовандро аз тавсифи башар танзеҳ мекунад аз қабили:

سُبْحَانَ رَبِّكَ رَبِّ الْعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ

Муназзаҳ (пок) аст парвардигори ту — парвардигори шукӯҳманд — аз он чи васф мекунанд.” (Сураи Соффот, ояти 180)

سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى عَمَّا يَقُولُونَ عُلُوًّا كَبِيرًا

Ӯ (пок ва) муназзаҳ аст, ва аз он чи мегӯянд басе волотар аст.” (Сураи Исро, ояти 43)

Ба таври куллӣ, ҳамаи оёте, ки калимаи “Субҳон” ва ё “Таъоло” дар он ҷо ба кор рафта, ҳамин мафҳумро дорад, аз қабили:

فَتَعَالَى اللَّهُ الْمَلِكُ الْحَقُّ

Пас, баландмартиба аст Худо фармонравои ҳақ…” (Сураи Тоҳо, ояти 114)

Дар ахбор ва аҳодис низ зиёд ворид шудааст, ки ҷоиз нест Худовандро тавсиф кунем, магар ба он чӣ худи Худованд худашро тавсиф кардааст. Дар “Кофӣ” мабҳаси “Тавҳид” бобе дорад таҳти унвони:

باب النهي عن الصفة بغير ما وصف به نفسه جلّ وتعالى

(Боби наҳй аз тавсиф ба ғайри он чи Худованд ҷалла ва таъоло худ ба он хештанро тавсиф кардааст). Ва аз ҳамин рӯ, уламои исломӣ иддао кардаанд, ки “асмоуллоҳ тавқифӣ аст”, яъне мо фақат он асморо метавонем исми Худо бидонем ва бар Худованд итлоқ кунем, ки аз тарафи шореъ расидааст, ва аммо ғайри он асмо ҳарчанд аз назари ақли мо саҳеҳ ба назар бирасад, ҷоиз нест бар Худованд итлоқ шавад.

Аз он чӣ гуфта шуд, маълум шуд, ки маҷмӯан се ишкол дар миён аст:

1) Яке ин ки: “танзеҳ” эҷоб мекунад, ки Худованд ҳеч сифати муштарак бо махлуқот надошта бошад, ва чун ҳар сифате, ки мо бар Худованд итлоқ кунем, аз навъи сифоти муштарак аст, пас ҳар тавсифи мо “ташбеҳ” аст, пас бояд аз тавсиф худдорӣ кунем ва ҳатто агар аз ноҳияи шаръ ҳам тавсиф расидааст, мо бояд онҳоро аз маъониашон таҷрид кунем ва ё таъвил ба сифоти салбия намоем.

2) Ишколи дуввум ин аст, ки: иштироки сифат миёни холиқ ва махлуқ ба худии худ монеъе надорад, умда ин аст, ки ақли мо қодир нест сифоти Ҳақ Таъолоро кашф кунад. Пас, мо бояд дар тавсифи Худованд сад дар сад муқаллиди шаръ бошем: агар аз ноҳияи шаръ васфи хоссе расидааст, ҳарчанд муштарак бошад миёни махлуқ ва холиқ, мо Худовандро ба он сифат тавсиф мекунем, ва агар аз тарафи шаръ нарасидааст, бояд худдорӣ кунем ва ба ақли худ эътимод накунем.

3) Ишколи севвум, ҳурмати шаръии хавз (ворид шудан) дар ин масоил аст. Бархе аз Аҳли ҳадис аз ривоёт ва ахборе, ки дар ин замина ворид шудааст, инчунин истинбот кардаанд.

Акнун, мо ҳар се ишколро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

1) Аммо ишколи аввал: ин матлаб ақлан ва шаръан саҳеҳ аст, ки Худовандро монанде нест:

لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ

(Сураи Шӯро, ояти 11), ӯро ба ҳеч чиз ва ҳеч чизро ба ӯ наметавон ташбеҳ кард, хокро бо олами пок нисбате нест. Ва ҳам ин матлаби дигар саҳеҳ аст, ки башар қодир нест ба кунҳи зот ва сифоти Ҳақ пай бибарад:

Анқо шикори кас нашавад дом бозгир,

К-он ҷо ҳамеша бод ба даст аст домро.

Вале ин ҷиҳат эҷоб намекунад, ки имтиёз ва тафовути махлуқу холиқ дар ин ҷиҳат бошад, ки ҳар маънӣ ва сифат, ки дар бораи махлуқ сидқ мекунад, дар бораи холиқ сидқ накунад ва билъакс. Тафовути холиқу махлуқ дар вуҷубу имкон, ва дар қидаму ҳудуси зотӣ, ва дар таноҳӣ ва лоятаноҳӣ, ва дар биззот ва билғайр будан аст. Филмасал, Худованд олим аст ва инсон ҳам олим аст, илм ҳам ҷуз ба маънии огоҳӣ ва иҳота ва кашф нест, тафовут дар ин аст, ки Худованд олими билвуҷуб аст ва инсон олими билимкон, ӯ қадимулилм аст ва инсон ҳодисулилм, ӯ олим аст ба кулливу ҷузъӣ ва гузаштаву ҳозир ва ба ғайбу шаҳодат:

لَا يَعْزُبُ عَنْهُ مِثْقَالُ ذَرَّةٍ

(“Ҳамвазни заррае аз вай пӯшида нест…” (Сураи Сабаъ, ояти 3)) ва инсон олим аст ба қисмати бисёр маҳдуде. Илми Худованд биззот аст ва илми инсон билғайр. Тафовути он илму ин илм тафовути номутаноҳӣ (бепоён) бо мутаноҳӣ (поёндор) аст, балки ҳукамо исбот кардаанд, ки Худованд фавқи лоятаноҳӣ аст бимо лоятаноҳо.

Пас, саҳеҳ аст, ки Худованд монанди махлуқот, ва махлуқот монанди холиқ нестанд ва бояд нафйи мислият ва ниддият кард. Вале нафйи мислият мусталзими исботи зиддият нест. Ин гуна танзеҳ, ки бигӯем ҳар чӣ дар махлуқ аст муғойир ва мухолиф ва мубойин аст бо он чӣ дар холиқ аст, исботи навъе зиддият аст миёни холиқ ва махлуқ, ва ҳол он ки ҳамчунон ки Худовандро мисле нест, зидде низ нест; махлуқ зидди холиқ нест, махлуқ партави холиқ ва ояти холиқ ва мазҳари холиқ аст.

Ин гуна танзеҳ ва нафйи ташбеҳ, ки сар аз тазодди махлуқу холиқ берун меоварад, аз он ҷо ношӣ мешавад, ки мафҳум ва мисдоқ бо якдигар халт шудаанд, яъне вуҷуди хориҷии махлуқ монанди холиқ нест, на ин ки ҳар мафҳуме, ки бар махлуқ сидқ мекунад, бар холиқ набояд сидқ кунад.

Аз ин гузашта, агар муқтазои танзеҳ ва нафйи ташбеҳ ин бошад, ки ҳар маънӣ, ки бар махлуқ сидқ мекунад, бар холиқ сидқ накунад, пас бояд дар мавриди “мавҷуд” будан ва “воҳид” будани Худованд низ ҳамин матлаб гуфта шавад. Яъне агар мегӯем, Худованд мавҷуд аст ва воҳид аст, тибқи ин асли танзеҳӣ бояд он ду лафзро аз маънии худашон таҷрид кунем ва лоақал бигӯем, маънии “Худо мавҷуд аст” ин аст, ки Худованд маъдум нест, аммо наметавонем бигӯем, Худованд воқеан мавҷуд аст. Ва маънии “Худованд воҳид аст” ин аст, ки Худованд мутакассир ва мутаъаддид нест, вале наметавонем бигӯем, ки Худованд воқеан ягона аст, зеро мусталзими ташбеҳ аст.

Бадеҳӣ аст, ки чунин назаре на танҳо мусталзими таътили Ҳақ аз сифот, ва мусталзими таътили ақл аз маърифат ва мусталзими иртифоъи нақизайн аст, навъе инкори Худо ва ягонагии ӯст.

Аммо ишколи дуввум…

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: