Шарҳи Маснавӣ (270)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (14)

* * *

Насиҳат кардани мард мар занро, ки дар фақирон ба хорӣ мангар ва дар кори Ҳақ ба гумони камол нигар ва таъна мазан дар фақру дар фақирон ба хаёлу гумони бенавоии хештан (2)

* * *

Молу зар сарро бувад ҳамчун кулоҳ,

Кал бувад ӯ, к-аз кулаҳ созад паноҳ.

Дороӣ ва тило дар масал барои сар, кулоҳро мемонад. Он ки бо кулоҳ айби сарашро мепӯшонад ва кулоҳро ҳаргиз аз сараш дур намекунад, маълум мешавад, ки кал аст.

Он ки зулфи ҷаъду раъно бошадаш,

Чун кулоҳаш рафт, хуштар оядаш.

Вале касе, ки зулфони муҷаъад (чингила) ва зебо дошта бошад, агар кулоҳ аз сараш биафтад ё аз дасташ биравад, ин бештар шодмонаш мекунад. Зеро вақте кулоҳ аз сараш биафтад, тоза зулфони зебо ва гесувони раънояш ошкор мешавад.

Нукта: Шахси дунёдор мехоҳад бо дороии зоҳирӣ, надориҳо ва нақсҳои худро бипӯшонад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.707)

Марди Ҳақ бошад ба монанди басар,

Пас бараҳна беҳ, ки пӯшида назар.

Марди ҳақ низ дар масал монанди чашм аст, зеро бараҳна ва ошкор будани чашм беҳтар аст аз ин ки ниҳону пӯшида бошад.

Вақти арза кардан он бардафурӯш

Барканад аз банда ҷомай айбпӯш.

Бардафурӯш барои арза кардани асиру бардаи хеш ба харидор, либоси он асирро меканад, то маълум шавад, ки ӯ айбу нақсе надорад.

В-ар бувад айбе, бараҳнаш кай кунад?

Бал ба ҷома худъае бо вай кунад.

Вале агар он барда маъюб бошад ва айбе дар ӯ вуҷуд дошта бошад, кай соҳибаш ӯро бараҳна мекунад? Ҳаргиз чунин намекунад. Балки он бардаи айбнокро бо ҷомаҳои рангину фохир мепӯшонад, то ӯро ба харидор биқабулонад.

Гӯяд ин шарманда аст аз неку бад,

Аз бараҳна кардан ӯ аз ту рамад.

Он фурӯшандаи маккор ба харидор гӯяд: ин барда аз ҳама кас, хоҳ неку хоҳ бад, шармгин аст ва хеле хиҷолат мекашад. Ва агар ӯро бараҳна кунам, ӯ аз ту хоҳад рамид.

Хоҷа дар айб аст ғарқа то ба гӯш,

Хоҷаро мол асту молаш айбпӯш.

Хоҷа ва соҳиби мол мумкин аст дар зиштӣ ва девсиратӣ ғарқ шуда бошад, вале чун молу дороӣ дорад, маъойиби ӯро аз назари зоҳирбинон мепӯшонад.

К-аз тамаъ, айбаш набинад томеъе,

Гашт дилҳоро тамаъҳо ҷомеъе

Озманде, ки бар дороӣ ва моли он соҳиби мол чашми тамаъ дӯзад, айби хоҷаро намебинад, зеро озмандӣ бар ҳамаи дилҳо қоҳир аст.

Томеъ: тамаъкунанда, озманд.

В-ар гадо гӯяд сухан чун зарри кон,

Раҳ наёбад колаи ӯ дар дукон.

Масалан, агар гадо ва бенаво суханоне ҳамчун кони ноби тило бар забон оварад, колои ӯ дар мағоза роҳе надорад. Яъне касе харидори ҳарфи ӯ намешавад. (Ин абёт абёти пешинро тавзеҳ медиҳад.)

Кола: матоъ ва асбоби хона.

Кори дарвешӣ варои фаҳми туст,

Сӯйи дарвеше бимангар суст-суст.

Ҳақиқат ва гавҳари машраби дарвешӣ, аз зарфи зеҳни ту берун аст, пас бо нигоҳи ҳақоратбор ба мақоми дарвеше ҳақиқӣ мангар.

З-он ки дарвешон варои милку мол

Рӯзие доранд жарф аз Зулҷалол.

Зеро ки дарвешон, бартар аз молу манол, рӯзии бузурге доранд, ки аз боргоҳи илоҳӣ ба онон мерасад.

Зулҷалол: дорандаи шукӯҳу ҳишмат, ишора ба зоти Ҳақ Таъоло.

Ҳақ Таъоло одил асту одилон,

Кай кунанд истамгарӣ бар бедилон?

Ҳақ Таъоло додгар аст, ва додгарон кай бар дарвешон бедод раво доранд?

Бедил: маҷозан бесабр, беқарор.

Он якеро неъмату коло диҳанд

В-ин дигарро бар сари оташ ниҳанд.

Ба яке неъмату дороии фаровон медиҳанд, ва дигареро бар оташи фақру риёзат менишонанд.

Оташаш сӯзад, ки дорад ин гумон,

Бар Худойи холиқи ҳар ду ҷаҳон.

Ҳар кас гумон кунад, ки Худованди ду ҷаҳон, дар тақсими рӯзиҳо, ситаму бедод кардааст, оташ ӯро фаро гирад.

Нукта: Ҳақиқати дарвешӣ бениёзӣ аз халқ ва ниёзмандӣ ба Ҳақ аст, ки самараи он, истиғно ва тавонгарии воқеӣ ва ростин аст. Мардум ба ҳукми ҳисс ва он чи дар маъишати рӯзона бо он рӯ ба рӯ ҳастанд, тасаввур мекунанд, ки тавонгарӣ он аст, ки молу маноли бештар ба даст оваранд, дар сурате, ки бешии сарват муваллиди ҳоҷати афзунтар аст; аз нигаҳдории мол ва нигаронӣ аз табоҳи он, ва ғами он ки дузд бибарад ва вомдор бозаш надиҳад ва назоири он. Бад-ин ҷиҳат, сӯфиён тавонгариро аз сифоту аҳволи қалб мешуморанд ва фузунии сарватро далели ғинои қалб намеангоранд. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.1004)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: