Адли илоҳӣ (44)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (6)

Кайфият ё каммият?

Аз баҳси гузашта натиҷаи ҷолибе ба даст меояд, ва он ин ки: он чи дар ҳисоби Худо мояи арзиши аъмол аст, кайфият аст, на каммият. Таваҷҷӯҳ накардан ба ин нукта сабаб шуда гурӯҳе аз мардум дар бархе аз аъмоли фавқулъода боарзиши авлиёи Худо — вақте, ки ҳаҷми иҷтимоии онҳоро кучак дидаанд — афсонасозӣ кунанд. Масалан, дар бораи ангуштаре, ки Амири мӯъминон Алӣ (а) дар ҳоли рукӯъ ба фақир доданд ва оят дар борааш нозил гашт, (афсонасозон) гуфтаанд, арзиши он муъодили хироҷи Сурия ва Шомот будааст. Ва барои ин ки мардум бовар кунанд, шакли ривоят ба он додаанд. Ба назари инон, шигифт будааст, ки дар бораи инфоқи як ангуштари ҳақир, ояте азим аз Қуръон нозил шавад. Ва чун натавонистаанд ин маъниро бовар кунанд, афсонасозӣ карда, баҳои моддии онро боло бурдаанд. Фикр накардаанд ангуштаре, ки муъодили хироҷи Сурия ва Шом бошад, дар Мадинаи фақиру бечора зинатбахши дасти Алӣ (а) нахоҳад буд. Фаразан, чунин ангуштаре дар дасти Алӣ (а) мебуд, ӯ онро ба як гадо намедод, балки бо чунон ангуштаре Мадинаро обод мекард ва ҳамаи бенавоёни шаҳрро наҷот медод.

Ақли афсонасозон дарк накардааст, ки амали бузург дар назди Худо, ҳисобе ғайр аз ҳисобҳои моддӣ дорад. Гӯӣ эшон пиндоштаанд, ки гаронқимат будани ангуштар, чашми Худоро – маъозаллоҳ! — хира карда ва ӯро водор ба таҳсин кардааст, ки офарин ба Алӣ, чӣ кори бузурге анҷом дод!

Намедонам, ин кӯтаҳфикрон дар бораи қурсҳои ҷавине, ки Алӣ (а) ва хонадонаш инфоқ карданд ва сураи “Ҳал ато” дар шаъни онон нозил шуд, чӣ фикре кардаанд? Лобуд, дар он ҷо ҳам мегӯянд, орди он нонҳо аз ҷав набуда масалан аз тило будааст!

На, чунин нест. Аҳаммияти амали Алӣ (а) ва хонадонаш аз ҷанбаи моддӣ, ки назарҳои моро ҷалб мекунад, нест; аҳаммияти амали онон дар ин аст, ки амале пок ва сад дар сад холис барои Худо будааст, дар он ҳад аз ихлос, ки барои мо қобили тасаввур ҳам нест; ихлосе, ки дар малакути аъло инъикос ёфта ва аксуламали тамҷиду таҳсин ба вуҷуд овардааст. Ба қавли шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ:

Гузашта з-ин ҷаҳон васфи синонаш,

Гузашта з-он ҷаҳон васфи се нонаш.

Аҳаммияти амали онон дар ин будааст, ки Қуръон нақл кардааст:

إِنَّمَا نُطْعِمُكُمْ لِوَجْهِ اللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمْ جَزَاء وَلَا شُكُورًا

Мо фақат ба хотири рӯи Худо ба шумо инфоқ мекунем, ва подош ё ташаккуре аз шумо таваққӯъ надорем.” (Сураи Инсон, ояти 9)

Ин, забони дили эшон аст, ки Худои огоҳ фош намудааст. Яъне онҳо бо он исору он гузашт, аз Худо ҷуз Худо намехостанд.

Ин ки Қуръони Карим аъмоли кофиронро ҳамчун саробе пуч ва беҳақиқат донистааст, аз ин ҷиҳат аст, ки аъмоли онон зоҳире ороста ва фиребанда дорад, вале чун барои ҳадафҳои пасти моддӣ анҷом шуда, на барои Худо, чеҳраи малакутӣ надорад.

Зубайда, зани Ҳорунуррашид, наҳре дар Макка ҷорӣ сохтааст, ки аз он замон то кунун мавриди истифодаи зоирони Байтуллоҳ аст. Ин кор, зоҳире бисёр солеҳ дорад. Ҳиммати Зубайда ин наҳрро аз санглохҳои байни Тоиф ва Макка ба сарзамини беоби Макка ҷорӣ сохт ва қариб 12 қарн аст, ки ҳоҷиёни тафтидадили ташналаб аз он истифода мекунанд.

Аз назари чеҳраи мулкӣ, кори бас азиме аст, вале аз назари малакутӣ чӣ тавр? Оё малоика ҳам монанди мо ҳисоб мекунанд? Оё чашми онон ҳам ба ҳаҷми зоҳирии ин хайрия хира мешавад? На, онҳо тавре дигар ҳисоб мекунанд. Онон бо миқёси илоҳӣ, абъоди дигари амалро месанҷанд. Ҳисоб мекунанд, ки Зубайда пули ин корро аз куҷо овард? Зубайда ҳамсари як марди ҷаббору ситамгар ба номи Ҳорунуррашид буд, ки байтулмоли мусалмононро дар ихтиёр дошт ва ҳар тавр ҳавас мекард, амал менамуд. Зубайда аз худ сарвате надошт ва моли худро сарфи амали хайр накард. Моли мардумро сарфи мардум кард. Тафовуташ бо соири заноне, ки мақоми ӯро доштаанд, дар ин ҷиҳат буд, ки дигарон моли мардумро сарфи шаҳватҳои шахсӣ мекарданд ва ӯ қисмате аз ин молро сарфи як амри оммулманфиъа кард. Тоза, мақсуди Зубайда аз ин кор чӣ будааст? Оё мехоста номаш дар таърих бимонад? Ё воқеан ризои Худоро дар назар доштааст? Худо медонаду бас.

Дар ин ҳисоб аст, ки гуфта шуда Зубайдаро дар хоб диданд ва аз ӯ пурсиданд, ки Худо бо ин наҳре, ки ҷорӣ сохтӣ бо ту чӣ кард? Ҷавоб дод, тамоми савобҳои онро ба соҳибони аслии пулҳо дод.

* * *

Масҷиди Баҳлул

Мегӯянд: масҷиде месохтанд, Баҳлул сар расид ва пурсид:

— Чӣ мекунед?

Гуфтанд:

— Масҷид месозем.

Гуфт:

— Барои чӣ?

Посух доданд:

— Барои чӣ надорад, барои ризои Худо.

Баҳлул хост мизони ихлоси бониёни хайрро ба худашон бифаҳмонад, маҳрамона суфориш дод, санге тарошиданд ва рӯи он навиштанд: “Масҷиди Баҳлул”. Шабона онро болои дари масҷид насб кард. Созандагони масҷид рӯзи баъд омаданд ва диданд болои дари масҷид навишта шудааст: “Масҷиди Баҳлул”, нороҳат шуданд. Баҳлулро пайдо карда ба боди кутак гирифтанд, ки заҳамоти дигаронро ба номи худат қаламдод мекунӣ?! Баҳлул гуфт:

— Магар шумо нагуфтед, ки масҷидро барои Худо сохтаем? Фаразан, мардум иштибоҳ кунанд ва гумон кунанд, ки ман масҷидро сохтаам, Худо, ки иштибоҳ намекунад.

Чи басо корҳои бузурге, ки аз назари мо бузург аст ва дар назди Худо пашизе намеарзад.

Шояд бисёре аз биноҳои азим аз маъобиду масоҷид ва зиёратгоҳҳову бемористонҳо ва пулҳову корвонсароҳо ва мадрасаҳо чунин сарнавиште дошта бошанд…

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: