Тумос Фридман: “Ҷанги баъдӣ дар Сурия, байни Эрон ва Исроил хоҳад буд”

Тумос Фридман, сутуннависи саршиноси омрикоӣ, иддао кардааст, Эрон ва Исроил пештар бе сару садо бо якдигар муқобила мекарданд, аммо ин марҳила аз рӯёрӯӣ поён ёфтааст. Дар натиҷа, Эрон ва Исроил ба сӯи сатҳи дигаре аз рӯёрӯӣ пеш мераванд.

Фирдман дар ёддоште дар рӯзномаи New York Times, зимни баррасии вазъияти Сурия навишт: “Агар инро қаблан шунида будед, манро мутаваққиф кунед: Сурия қарор аст мунфаҷир шавад. Медонам, ки қаблан инро шунидаед. Аммо ин бор манзурам ин аст, ки воқеан мунфаҷир мешавад.”

Фридман бо баёни ин ки ҳамлаи Омрико, Фаронса ва Бритониё ба Сурия, дуввумин рӯёрӯии хатарнок будааст, муддаӣ шуд, ки ҳамзамон бо афзоиши танишҳо дар Сурия Эрон ва Исроил ба самти рӯёрӯии ниҳоӣ дар Сурия пеш мераванд.

Фридман иддао кард, Эрон ва Исроил пештар бе сару садо бо якдигар муқобила мекарданд, аммо ин марҳила аз рӯёрӣ поён ёфт. Дар натиҷа, Эрон ва Исроил ба сӯи сатҳи дигаре аз рӯёрӯӣ пеш мераванд.

Ба гуфта Фридман, даври аввали даргирӣ байни Эрон ва Исроил дар 10 феврал иттифоқ афтод; замоне, ки як паҳпод (ҳавопаймои бидуни сарнишин) вориди Исроил ва сипас сарнагун шуд. Исроилиҳо аз ҳамон замон ин паҳподро эронӣ муаррифӣ карданд. Гузоришҳои аввалия ҳокӣ аз ин буд, ки паҳподи мазбур, сирфан як паҳподи шиносоӣ буд. Аммо дар ҷумъаи гузашта, женерол Рунен Монелис (Ronen Manelis), сухангӯи артиши Исроил, муддаӣ шуд, ки масири парвоз ва таҳлили қитъаҳои он тавассути иттилооти Исроил, нишон медиҳад, ки ин паҳпод ҳомили маводди мунфаҷира буда ва маъмурияти он тахрибӣ буд.

Як манбаъи баландпояи артиши Исроил зимни эронӣ хондани паҳподи сарнагуншуда, ба Фридман гуфт: “Ин аввалин бор аст, ки мо шоҳиди ин ҳастем, ки Эрон худаш ва на аз тариқи ниёбатӣ, коре алайҳи Исроил анҷом медиҳад.”

Пас аз он, Исроил ба пойгоҳи Т-4 Сурия ҳамла кард, ки дар он 7 эронӣ ҷонашонро аз даст доданд. Ба гуфтаи Фридман, ин метавонист хабари азиме бошад, аммо дар миёни вокуниши ҷаҳонӣ ба твиттҳои Тромп дар бораи Башшор Асад гум шуд.

Ин манбаъи исроилӣ ба Фридман дар бораи ҳамла ба Т-4 гуфт: “Ин аввалин бор буд, ки ба аҳдофи зиндаи эронӣ — ҳам ба таъсисот ва ҳам ба афрод — ҳамла кардем.”

Ба гуфтаи Фридман, Эрон аланан гуфта интиқоми ин ҳамларо хоҳад гирифт. Алиакбари Вилоятӣ, мушовири аршади раҳбари Эрон, тайи сафар ба Сурия гуфт: “Ин ҷиноят бидуни посух боқӣ нахоҳад монд.”

Аз он замон, мақомоти низомии аршади Исроил, аланан эълом кардаанд, ки агар Эрон дар вокуниш ба ҳамалоти Исроил, ба аҳдофи исроилӣ ҳамла кунад, Исроил мумкин аст аз фурсат истифода кунад ва ба тамоми зерсохтҳои низомии Эрон дар Сурия ҳамла кунад.

Ин мақомот ба Фридман гуфтаанд, ки Исроил иштибоҳеро, ки дар Лубнон муртакиб шуда дар Сурия муртакиб нахоҳад шуд. Яъне ба Эрон иҷоза нахоҳанд дод, таҳдиде мушакӣ дар Сурия монанди таҳдиди мушакии Ҳизбуллоҳ дар Лубнон эҷод кунад.

Фридман дар поён бо иддаои ин ки агар нерӯҳои Эрон аз Сурия ақибнишинӣ накунанд, вуқӯъи даргирӣ байни онҳо ва Исроил ҳатмӣ аст, навишт: “Камарбандҳоятонро бибандед.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: