Фалсафа ва равиши реализм (189)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (22)

Худои ҳастӣ ҳамаи камолоти ҳастиро дорад (2)

Аммо ишколи дуввум: ин ишкол марбут аст ба ҳудуди тавоноии ақл. Мо дар мақолоти гузаштаи “Усули фалсафа” мукаррар дар бораи ҳудуди тавоноии ақл баҳс кардаем, назариёти донишмандонеро, ки муддаӣ шудаанд тавоноии ақл маҳдуд аст ба таҷриду таъмим ва таҷзияву таркиб ва тасарруфу амал дар он чи аз тариқи ҳавосс ба даст меояду бас, интиқод карда ношӣ аз адами баррасии саҳеҳ ва адами наққодии комили дастгоҳи андеша донистаем. Аз назари мо, илми “вуҷудшиносӣ” (ё “фалсафаи уло”) илмест сад дар сад саҳеҳ ва дар дастраси ақл аст. Ақл, маъонии оммаро ба хубӣ мешиносад ва ба хубӣ метавонад дар бораи онҳо қазоват кунад. Тафаккур дар ҳамин маъонӣ кофӣ аст барои ин ки заминаи як илми бурҳонии қатъӣ фароҳам шавад.

Ошноии зеҳн бо мафоҳими омма ва аҳкоми вуҷуди омм, барои дарки масоили хосси риёзӣ ё табиӣ кофӣ нест, вале барои дарки масоили хосси илоҳӣ кофӣ аст, ва ин худ розе дорад, ки дар ҷои дигар бояд гуфта шавад.

Ин ки чӣ сифат аз сифоти камолия аст ва лоиқи зоти парвардигор аст, ва чӣ сифат инчунин нест, бо миқёси вуҷудшиносӣ комилан қобили таҳқиқ аст ва ақли тамринёфтаи фалсафӣ қодир аст дар ҳудуди хоссе таҳқиқ кунад.

Ва албатта ин ба он маънӣ нест, ки ақл қодир аст ба кунҳи сифоти парвардигор пай бибарад. Ҷуз улуми риёзӣ, ки вазъи хоссе доранд, ҳеч илме муддаӣ нест, ки ба кунҳи мавзӯъоти худ пай мебарад. Мо баъдан ба табаъи матн, дар бораи ин ҷиҳат баҳс хоҳем кард.

Аммо ишколи севвум: албатта дар оёт ва ривоёт аз танзеҳ зиёд сухан рафтааст, аммо оёт: аз қабили:

سُبْحَانَ رَبِّكَ رَبِّ الْعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ

Муназзаҳ (пок) аст парвардигори ту — парвардигори шукӯҳманд — аз он чи васф мекунанд.” (Сураи Соффот, ояти 180)

لاَّ تُدْرِكُهُ الأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الأَبْصَارَ

 “Чашмҳо ӯро дарнамеёбанд ва ӯст, ки дидагонро дармеёбад…” (Сураи Анъом, ояти 103)

Ояти ахир дар ривоёт (Кофӣ, Боби ибтолур-руъя) ба аъамм аз абсори ъуюн ва авҳоми қулуб тафсир шудааст.

Аммо ривоёт: дар китобҳои ҳадис махсусан “Кофӣ” таҳти унвони “Бобун-нисба” ва “Бобун-наҳй ъанил-кайфия” ва “Бобу ибтолир-руъя” ва “Бобун-наҳй ънис-сифа би ғайри мо васафа биҳи нафсаҳу ҷалла ва таъоло”, ривоёти зиёде омадааст, ки мумкин аст ишколи фавқ истинбот шавад. Махсусан боби ахир ривоёти зиёде дорад, ки марбут ба ин матлаб аст.

Барои ин ки матлаб комилан равшан шавад, муқаддиматан ду нукта бояд гуфта шавад: яке ин ки: сухан дар ин нест, ки оё башар қодир аст по аз таълимоти Қуръон ва авлиёи ваҳю илҳом фаротар бигузорад ё нагузорад? Маъозаллоҳ, фаротаре вуҷуд надорад, таълимоти Қуръон ва тавзеҳоте, ки дар заминаи ин таълимот аз тарафи авлиёи дин расидааст, охирин ҳадди суъуд ва камоли маорифи илоҳист, ки дасти башар метавонад ба онҳо бирасад.

Ва ҳамчунин сухан дар ин нест, ки оё бояд аз таълимоти Қуръон ва шогирдони мустақими Қуръон дар ин замина илҳом гирифт ва ё бояд онҳоро канор гузошт?

Бидуни шак, ҳамон тавр, ки қаблан ишора шуд, бузургтарин ва илҳомбахштарини ин ҳақоиқ, Қуръони Маҷид ва суханони шогирдон ва дастпарвардагони Қуръон аст. Сухан дар чизи дигаре аст, сухан дар истиқлоли қувваи фикр ва андешаи башар дар масоили илоҳист. Сухан дар ин аст, ки оё башар ҳақ дорад рӯи усулу мавозини илмӣ ва ақлӣ, дар ин масоил биандешад ва иҷтиҳоду истинбот намояд ва аз Қуръон ва ҳадис илҳом бигирад, ва ё бояд илзоман дар ин заминаҳо муқаллид ва мутаъаббид бошад ва ҳатто ҳаққи илҳом гирифтан ҳам надорад? Зеро илҳом гирифтан фаръ бар истиқлоли фикр аст, фаръ бар ин аст, ки инсон бихоҳад “маърифат” ҳосил намояд, ва чунонки қаблан ишора кардем, “тақлид” ва “маърифат” ду падидаи мутазодд мебошанд.

Нуктаи дигар ин ки: дар муҳит ва асре, ки ин ривоёт содир шудааст, афроде дар ҷомеаи исломӣ пайдо шуда буданд, ки бидуни ин ки салоҳияти илмӣ дошта бошанд ва бидуни он ки таваҷҷӯҳе ба таълимоти Қуръон дошта бошанд, суханоне дар бораи Худованд мегуфтанд, ки ҳам зидди мавозини ақлӣ ва илмӣ буд ва ҳам зидди Қуръон.

Маънии истиқлоли ақлу андеша ин нест, ки ҳар фарде бидуни он ки мавозини саҳеҳ ва ҳисобшуда ва муттакӣ ба бадеҳиёти аввалияро дар даст дошта бошад, ва бидуни он ки қудрати истифода ва истинбот аз онҳоро дошта бошад, ва бидуни он ки муқаддимоти лозимро тай карда бошад, ҳақ дорад дар ин масоил ғавру таъаммуқ кунад. Ҳамаи афрод фаразан бихоҳанд мавозини илмиро таҳсил кунанд ва бар тибқи усули саҳеҳ ин матолибро биёмӯзанд, он қареҳа ва истеъдоди лозимро надоранд.

Танҳо афроди бисёр маъдуде ҳастанд, ки қареҳа ва истеъдоди муносибе барои масоили ҳикмати мутаолия доранд ва Худованди Мутаъол завқу истеъдоди дарки мафоҳими бисёр олӣ ва латифи ин илмро ба онҳо додааст, ҳамчунон ки дар соири риштаҳо низ афроди мустаъидди дарки дақиқтарин масоили онҳо зиёд нестанд.

Ва чӣ зебо гуфта Бӯалӣ дар охири намати нӯҳуми “Ишорот” он ҷо, ки гуфтааст:

جلّ جناب الحق عن أن يكون شريعه لكل وارد أو يطلع عليه الا واحد بعد واحد، ولذلك فان ما يشتمل عليه هذا الفن ضحكه للمغفل عبرة للمحصل. فمن سمعه واشمأزّ عنه فليتهم نفسه، لعلها لا تناسبه وكل ميسر لما خلق له

Дар охири намати даҳум таҳти унвони “Хотиматун ва васия” мегӯяд:

أيها الأخ انى قد مخضت لك فى هذه الاشارات عن زبدة الحق، والقمتك ‏قفى الحكم فى لطائف الكلم فصنه عن الجاهلين والمبتذلين ومن لم ‏يرزق الفطنة الوقاده والدربة والعادة وكان صغاه مر الغاغة أو كان من‏ ملحدة هؤلاء الفلاسفة ومن همجهم. فان وجدت من تثق بنقاء سريرته واستقامة سيرته و بتوقفه عما يتسرع اليه الوسواس وبنظره الى الحق بعين الرضا والصدق، فاته ما يسئلك منه مدرجا مجزءا مفرقا، تستفرس مما تسلفه لما تستقبله وعاهده بالله و بايمان ‏لا مخارج لها ليجرى فى ما ياتيه مجراك، متأسيا بك، فان اذعت‏هذا العلم أو اضعته فالله بينى وبينك وكفى بالله وكيلا

Бӯалӣ аввалан, таъаммуқ дар масоили илоҳиро шаъни афроди бисёр барҷаста ва маъдуд ва ба истилоҳ, ягонаҳои ҳар аср медонад ва бо ишора ба ҳадиси набавӣ муддаӣ мешавад, ки “ҳар касеро баҳри коре сохтанд”.

Сониян, шарт дар мутаъаллими ҳикмати илоҳиро ҳуши саршор, ҷуръату шаҳомат, сафои нафс, ҳусни табиат, истиқомати салиқа, ва таслим дар баробари ҳақиқат медонад.

Солисан, барои муаллим лозим мешуморад, ки қадам ба қадам ва тадриҷан масоилро таълим кунад; зимни озмоиши масоили қаблӣ, омодагӣ ва адами омодагии мутаъаллим барои масоили ғомизтар дар назар гирифта шавад; танҳо дар сурати омодагӣ таълим дода шавад, ва агар на, аз таълими ӯ сарфи назар гардад.

Робеъан, бо шогирд аҳду паймон кунад ва бо савганд таъкид намояд, ки аз ишоъаи ин илм дар миёни умуми табақот, ки мусовӣ бо изоъаи (зойеъ кардани) он ва изоъаи афрод аст, худдорӣ кунад ва ҷуз ба аҳлаш таълим надиҳад.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки амсоли Бӯалӣ мӯътақиданд, ки ҷуз афроди маъдуди зисалоҳият, соири афрод лузуман бояд муқаллид ва мутаъаббид бошанд. Бадеҳӣ аст, ки агар бино бар таъаббуд ва тақлид бошад, на бар маърифат, он чизе, ки шоистаи тақлиду таъаббуд аст, Қуръони Карим ва гуфтори қатъии маъсумин аст, ки масун аз хатост.

Акнун, ки ин ду нукта равшан шуд, метавонем муфоди ривоётеро, ки дар ин замина расидааст, дарк кунем. Барои намуна як ривоят зикр мекунем:

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: