Чаро Башшор Асад ҳанӯз дар қудрат аст?

Таҳлиле дар шабакаи Алҷазира

Шабакаи Алҷазира дар таҳлиле, чаҳор омилро ба унвони омилҳои бақои Башшор Асад дар қудрат дониста аз ҷумла менависад, алорағми мухолифати бархе аз мардум бо Асад, аммо ӯ аз ҳимояти чашмгире дар миёни мардуми дохили Сурия бархӯрдор аст. Ин ҳимоят, фаротар аз ҷомеаи алавиён аст ва шомили ҷомеаи аҳли суннати ин кишвар ҳам мешавад.

Алҷазира дар ин таҳлил, бо ишора ба ин ки “далоили мутаъаддиде дар истимрори бақои Башшор Асад ба унвони раисиҷумҳур нақш доштаанд” менависад:

“Башшор Асад, дар баробари ҳафт сол ҷанги вайронгар ва низ фишори шадиди байналмилалӣ барои канор задани ӯ, муқовимат кардааст. Имрӯз агарчи таваҷҷӯҳи нозирон ба ҳамалоти низомии ғарб ба Сурия равона аст, аммо дигар ин масъала матраҳ нест, ки ин ҳамалот бо ҳадафи поён додан ба риёсати ҷумҳурии ӯ буда бошад.

Пас аз пешравиҳои сареъи шӯришиён дар солҳои оғозини бӯҳрони Сурия, барканории Асад аз қудрат, як имкони воқеӣ буд. Аммо имрӯза, ин шӯришиёнанд, ки дар ҳоли ақибнишинӣ ҳастанд ва пойгоҳҳои калидиашон дар Димишқ ва Ҳалабро аз даст додаанд. Ҳатто диплумотҳои аршади кишварҳои мухолифи давлати Асад ҳам эътироф кардаанд, ки ӯ метавонад дар мансаби худ боқӣ бимонад.”

Алҷазира сипас навиштааст:

“Далоили боқӣ мондани Башшор Асад ба шарҳи зер аст:

1) Ҳимояти хориҷӣ:

Дар соли 2012, шӯришиён дасти болоро доштаанд ва фикр мекарданд пирӯзӣ наздик аст. Дар ҳамин замон буд, ки Эрон ба кӯмаки низоми Сурия шитофт. Нерӯҳои “Дифои миллӣ”-и Сурия, ки бо кӯмаки Эрон таъсис шуданд, нақши муҳимме дар тағйири масири ҷанг доштаанд.

Дар ҳоле, ки кӯмаки Эрон дар қолаби нерӯи заминӣ буд, русҳо кӯмаки ҳавоӣ карданд. Маскав аз сентябри 2015, ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи мухолифони давлатро оғоз кард.

2) Тафриқа дар миёни шӯришиён:

Нерӯҳои мухолифи давлати Сурия, мутаъаддид ва гуногун ҳастанд. Яке аз ин гурӯҳҳо ба “Артиши озод” машҳур аст, ки дар солҳои ахир ба гурӯҳҳои рақиб таҷзия шуд ва гурӯҳҳои тундрав дар хатти муқаддами мухолифат бо давлат қарор гирифтанд. Аз ҷумлаи ин гурӯҳҳо, ДОЪИШ буд, ки тавонист бисёре аз шаҳрҳо, монанди Риққаро тасарруф кунад.

Ба таври куллӣ, шӯришиёни Сурия ба далоиле ҳамчун вобастагии минтақаӣ, ҳувияти қавмӣ, мавзеъи сиёсӣ ва вобастагии мазҳабӣ, ба гурӯҳҳои мутаъаддиде тақсим шуданд.

3) Мавзеъи байналмилалӣ:

Бо вуҷуди ин ки кишварҳои ғарбӣ ва минтақаӣ — монанди Арабистон ва Туркия – ба шиддат мухолифи Асад буданд, аз мудохилаи низомӣ ба шакли мудохила дар Либӣ худдорӣ карданд. Ҳамзамон бо тӯлонӣ шудани ҷанг, теъдоди фазояндае аз мақомоти ғарбӣ, ҳазфи Асад аз қудратро аз авлавиятҳои худ хориҷ карданд. Дар марти 2017, Ники Ҳилӣ, намояндаи Омрико дар Созмони Милал, гуфт, барканории Асад дигар тамаркузи аслии сиёсати хориҷии Омрико нест. Ду моҳ қаблтар аз он, Бурис Ҷонсун, вазири хориҷаи Бритониё, гуфта буд, Асад метавонад бахше аз тавофуқи сулҳ бошад.

4) Ҳимояти дохилӣ:

Алорағми мухолифати бархе аз мардум бо Асад, аммо ӯ аз ҳимояти чашмгире дар миёни мардуми дохили Сурия бархӯрдор аст. Ин ҳимоят, фаротар аз ҷомеаи алавиён аст ва шомили ҷомеаи аҳли суннати ин кишвар ҳам мешавад.”

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: