Newsweek таърихи пинҳони терури донишмандони мушакии Олмон тавассути “Исроил”-ро фош кард

Пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, Исроил аз терур ва кушторҳои ҳадафманд беш аз ҳар давлати дигаре дар ҷаҳони ғарб ба баҳонаи “ҳифзи амният” истифода кард. Дар бисёре аз маворид раҳбарони ин режим таъкид доштаанд, ки кушторҳо ва аҳдофи ҳадафманд ва ҳифозат аз амнияти миллӣ, як “иқдоми ахлоқӣ ва қонунӣ” барои ҳифзи ҷони мардуми Исроил аст.

Маҷаллаи Newsweek дар гузорише навишт: “Ба гуфтаи онҳо, нобуд кардани ин ҳадафҳо ва ин афрод як “шарри ногузир” аст. Терурҳои исроилӣ ба унвони як абзори низомӣ ба таври иттифоқӣ анҷом нашудааст, балки реша дар ҷунбишҳои саҳюнистӣ ба баҳонаи Ҳулукост ва ин эҳсоси муштарак миёни раҳбарони исроилӣ дошта, ки давлаташон ба таври мудовим дар хатари нобудӣ ва маҳв шудан аст бидуни ин ки касе бихоҳад ба он кӯмак кунад.”

Исроил ҳамвора ба теруризм рӯ оварда ва саъй кардааст, ки бо тавсиъаи ниҳодҳои низомӣ ва ба таври хосс ҷомеаи иттилоотии худ, беҳтарин созмони ҷосусии ҷаҳонро эҷод кунад. Ин режим ҳамчунин беҳтарин ва қавитарин меконизми терур дар таърихро дорад. Он чи дар зер меояд бахше аз меконизми терур аст:

Дар соли 1962 замоне, ки Миср аз муваффақияти барномаи мушакии худ хабар дод, Исроил бо кобуси ҳавлноке рӯ ба рӯ шуд. Исроилиҳо медонистанд, ки рамзи муваффақияти ин барнома, бархе донишмандони нухбаи олмонӣ дар давраи Одулф Ҳитлер ҳастанд. Дар натиҷаи ин масъала, Мусод (созмони ҷосусии Исроил) барои дифоъ аз Исроил ва талош барои мумониъат аз тақвияти тавоноиҳои низомии Миср, дар ҳолати омодабош қарор гирифт.”

Ин маҷалла дар гузориши худ навишт: “Мусод августи 1962 паёмеро барои ҷосусҳояш дар Урупо фиристод. Муҳтавои ин паём ин буд: мо дунболи иттилооте ҳастем. Агар мушаххас шуд, ки Олмон чизе аз он медонад ва омодаи ҳамкорӣ нест, мо омодаи истифода аз зӯр ва маҷбур карданаш ба сӯҳбат ҳастем. Беҳтар аст ба ин масъала таваҷҷӯҳ дошта бошед, чаро ки мо бояд ба ҳар баҳое ба иттилооте даст ёбем.”

Дар идома омадааст: “Мусод ҳамлаи бераҳмонаеро ба роҳ андохт, ки шомили амалиёти ҳаросафканӣ ва таҳдиди донишмандони олмонӣ ва хонаводаҳояшон дар талош барои дастёбӣ ба ҳар гуна иттилооте дар бораи мушакҳои мисрӣ буд. Ҷосусони Мусод тавонистанд ба маҳалли истиқрори ҳайъатҳои диплумотик ва консулгариҳои Миср дар теъдоде аз пойтахтҳои урупоӣ нуфуз кунанд. Онҳо қодир буданд як корманди суисӣ (швейтсарияӣ)-ро, ки дар дафтари ҳавопаймоии Миср дар Сурих кор мекард, узвгирӣ кунанд.”

Дар ин гузориш омадааст: “Ин корманди суисӣ ба ҷосусони Мусод кӯмак кард, то шабона ва ду бор ба мукотиботи постӣ даст ёфта ва онро ба ҷои амне бибаранд баъд онро боз карда ва аз он акс мегирифтанд ва баъд ба воситаи коршиносон онро ба гунае мебастанд, ки гӯӣ боз нашудааст ва баъд онро ба дафтари ширкат бозмегардонданд. Баъд аз давраи кӯтоҳе Мусод тавонист ба иттилооти аввалияи тарҳи мушакҳои Миср даст ёбад. Исроил ҳамчунин ба ин масъала пай бурд, ки ду тан аз донишмандони маъруфи байналмилалӣ яъне Юҷин Сонгер (Eugen Sänger) ва Вулфгонг Пилз (Wolfgang Pilz), дар раъси гурӯҳи донишмандоне ҳастанд, ки барномаи мушакҳои Мисрро иртиқо мебахшанд.”

Ин маҷалла навиштааст: “Баъд аз ҷанг дар Олмон, шароит дар он замон алайҳи ин донишмандоне буд, ки дунболи ҷои дигаре барои кор мегаштанд. Онҳо бо мақомоти Миср тамос гирифта ва пешниҳоди раҳбарии бархе аз донишмандон барои иртиқои мушакҳои “Замин ба замин”-и дурбурдро доданд. Ҷамол Абдунносир, раисиҷумҳури вақти Миср, мувофиқат кард ва Асомуддин Маҳмуд Халил, яке аз наздиктарин мушовирони низомиашро барои ҳамоҳангии барнома таъйин кард.”

Newsweek навишт: “Ҷосусони Мусод яке аз донишмандони олмониро, ки дар барномаи мушакии Миср ширкат карда буд ва Ҳойнз Круг (Heinz Krug) ном дошт, рабуданд ва ба Исроил мунтақил карданд. Вай ба зиндони Мусод мунтақил шуд ва дар маърази шиканҷа қарор гирифт. Ӯ ибтидо сукут ихтиёр кард, аммо баъдан эътироф кард. Круг пешниҳод кард, ки ба Муних (Мюнхен) бозгардад ва ба унвони ҷосуси Мусод кор кунад. Баъд аз ин ки ин донишманд ҳар чиро, ки медонист ба Мусод гуфт, Мусод ба ин фикр афтод, ки чӣ бояд бикунад, чаро ки бозгашти вай ба Муних бисёр хатарнок буд ва ӯ метавонист ба Мусод хиёнат кунад ва ба пулис хабар бидиҳад.”

Newsweek дар идома навишт: “Барои ҳамин, Исер Ҳорил (Isser Harel), раиси вақти Мусод, осонтарин роҳро интихоб кард. Ӯ аз яке аз зердастонаш хост Кругро ба макони дурафтодае дар шимоли Телавив бибарад ва ба ӯ тирандозӣ кунад. Баъд аз терури ин донишманд як ҳавопаймои нерӯи ҳавоии Исроил ҷасадро дар дарё андохт.”

Реклама


Рубрики:Пароканда, Саҳюнизми ҷаҳонӣ, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: