Абдулазиз Рантесӣ

Ба баҳонаи солгарди шаҳодати дуктур Абдулазиз Рантесӣ

An March 24,2004. file photo of Hamas leader Abdel Aziz al-Rantissi, listen to his bodyguard Akram Nassar (L) who was killed with him in an Israeli airstrike in Gaza, April 18,2004. Israel assassinated top Hamas leader Abdel-Aziz al-Rantissi, drawing a threat of 100 revenge attacks from the militant Palestinian group rocked by another major blow before a planned U.S.-backed pullout from Gaza. REUTERS/Suhaib Salem

Дуктур Абдулазиз Рантесӣ як рӯз қабл аз шаҳодаташ гуфт: «Қудрати душман наметавонад монеъ аз таҳаққуқи пирӯзӣ шавад. Чӣ бисёр кишварҳои ситамгаре, ки дар авҷи қудрат фурӯ пошидаанд мисли Олмони нозӣ ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ, ва аҷиб нахоҳад буд, ки режими саҳюнистӣ дар айни қудратмандӣ нобуд шавад

17 апрел солрӯзи шаҳодати абармарди Фаластин ва яке аз боризтарин фармондеҳони ин кишвар дар қарни 20-ум шаҳид дуктур Абдулазиз Рантесиро аст.

Рантесӣ касест, ки дасти нопоки режими ишғолгари Қудс пас аз се даҳа таъқибу гурез, дар 17 апрели соли 2004 ба ӯ расид ва ба ҳангоми хуруҷ аз манзилаш барои иқомаи намози мағриб, терур шуд. Фаластиниҳо ҳамчунон пас аз 14 сол, калимот ва ҷумалот ва мавозеъи вайро замзама мекунанд, хусусан пас аз он ки ваъдаи ӯ мабнӣ бар ҳадаф қарор додани шаҳри ишғолии Ҳифо тавассути мушакҳои гурдонҳои Алқсом ба таҳаққуқ пайваст.

Мисли тамоми фармондеҳони бузурги Фаластин Рантесӣ ҳам агарчи аз миёни фаластиниҳо рафт, аммо роҳ ва шеваи муборизааш дар байни ҷавонон боқӣ монд. Мисли тамоми раҳбарони муқовиме, ки бо хуни худ дарахти ҷавони фаластиниро обёрӣ кард, то насли ҷадиде зуҳур кунад.

Абдулазиз Алӣ Абдулҳафиз Рантесӣ дар шумори афродест, ки дар роҳи озодии Фаластин ва Қудс истоданд ва дар саффи муҷоҳидон ва размандагони ислом қарор гирифтанд. Авҷи фаъолиятҳои дуктур Рантесӣ бо ҳузураш дар таъсиси ҷунбиши Ҳамос ва раҳбарии он рақам хӯрд.

Абдулазиз Алӣ Абдулҳафиз Рантесӣ дар 23 октябри 1947 дар рустои Янбо (рустое байни Асқалон ва Ёфо) ба дунё омад. 6-моҳа буд, ки пас аз ҷанги соли 1948 хонаводааш ба навори Ғазза паноҳ бурданд ва дар урдугоҳи Хон Юнус сукно гузиданд. Абдулазиз дар миёни 9 бародар ва 3 хоҳар бузург шуд.

6-сола буд, ки таҳсилоти худро дар мадрасае вобаста ба созмони расидагӣ ба паноҳандагони фаластинӣ оғоз кард ва ба сабаби авзоъи сахти иқтисодии хонаводааш, маҷбур шуд ҳамзамон бо таҳсил, кор кунад.

Дар солҳои таҳсилӣ вазъияти мумтоз дошт. Соли 1965 дарсҳои дабиристонро ба поён бурд ва ба Искандарияи Миср сафар кард. Вай дар онҷо таҳсилоти донишгоҳии худро дар риштаи пизишкӣ оғоз кард ва дар соли 1971 аз донишгоҳи Искандария фориғуттаҳсил шуд.

Дуктур Рантесӣ ба қасди хидмат ба мардуми мазлуми Фаластин ба навори Ғазза баргашт ва дар бемористони «Носир» дар Хон Юнус ба кор машғул шуд. Аммо ба сабаби ин ки Идораи беҳдошт иҷозаи идомаи таҳсил ба коркунони худро намедод, бо иддае аз ҳамкоронаш эътироз ва эътисоб карданд ва саранҷом муваффақ шуд барои идомаи таҳсил ба Искандария бозгардад ва дар риштаи пизишкии атфол тахассус бигирад.

Дар соли 1981 ҷамъияти пизишкон дар эътироз ба молиёти газофе, ки ишғолгарони саҳюнист вазъ карда буданд, се ҳафта эътисоб карданд. Дар созмондиҳии ин эътисоб, Рантесӣ яке аз мӯҳраҳои аслӣ ба шумор мерафт. Дар ҳамон айём, мардуми Ғазза ҳам дар ҳимоят аз пизишкони мӯътариз қиём карданд. Муддате баъд дар соли 1982 Рантесӣ ба сабаби худдорӣ аз пардохти молиёт ба исроилиҳо дастгир ва боздошт шуд.

Дуктур Рантесӣ дар соли 1984 аз кор дар бемористон барканор шуд. Ҳангоми барканории вай афсари саҳюнисте, ки масъули парвандаи ӯ буд чунин навишт: «Ин фард ба ҳеч ваҷҳ иҷозаи бозгашти дубора ба бемористонро надорад, магар бо ҳукми катбии вазири дифоъи Исроил

Рантесӣ дар соли 1987 дар Донишгоҳи исломии Ғазза дар риштаҳои улуми поя, женетик ва ангалшиносӣ ба тадрис машғул шуд.

Пас аз ҳодисаи Ал-мақтура, ки дар он як саҳюнист амдан бо мошини худ ба худрави ҳомили коргарони фаластинӣ зад ва ҳамаи онҳоро ба шаҳодат расонд, Рантесӣ дар суханроние, ин ҳодисаро амдӣ ва ҳадаф аз онро куштори миллати Фаластин эълом кард, ки бо шӯълавар шудани оташи хашми мардум ҳамроҳ шуд. Ба дунболи ин ҳодиса ва роҳпаймоии густурда, аҳолии Ҷаболиё дар эътироз ба ин иқдоми теруристӣ, бо раҳбарони Ихвонул-муслимин дар Ғазза бо ташкили ҷаласае ба риёсати Абдулазиз Рантесӣ, тасмим гирифтанд, ки Интифозаро оғоз кунанд ва дар шаби 9-уми декабри 1987 аз ташкили ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) хабар доданд. Бо аввалин баёнияи ин ташкилот, муборизот аз масоҷид оғоз ва марҳилаи ҷадиде аз ҳаёти ҷиҳодӣ оғоз шуд.

Дуктур Рантесӣ дар 17 декабри соли 1992 ба ҳамроҳи 146 муборизи фаластинӣ аз ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) ва Ҷиҳоди Исломӣ, аз ҷумла поягузори ин ҷунбиш шаҳид Шайх Аҳмад Ёсин, ба ҷануби Лубнон табъид шуданд. Рантесӣ ба унвони сухангӯи табъидшудагон, бо талоши бисёр пас аз қариб як сол муваффақ шуд табъидшудагонро ба ватан бозгардонад. Аммо билофосила пас аз бозгашт ба Фаластин, дар як додгоҳи низомии «Исроил» ба се солу ним ҳабс маҳкум шуд.

Иқдомоти қотеъона ва шуҷоъонаи Рантесӣ дар ҷиҳати таҷдиди ҳаёти ҷунбиши Ҳамос, хушоянди давлати худгардони Фаластин воқеъ нашуд ва ин бор ба дастури ин давлат дастгир ва дар апрели соли 1998 равонаи зиндон шуд. Ин аввалин ва охирин боре набуд, ки давлати Арафот ӯро дастгир кард, ӯ дар маҷмӯъ 27 моҳ зиндон рафта буд.

Дуктур Рантесӣ дар баробари терури режими саҳюнистӣ чунин мегуфт: «Барои итминон ба шумо эълом мекунам, ки шаҳодати Рантесӣ, Аззаҳҳор, Ҳаниа, Низор Райён, Саъид Сиём ва дигарон, ҷуз бар ишқ ва ҳамбастагии мо намеафзояд; чаро ки мо дар ин дунё даст дар дасти ҳам бар идомаи муқовамат ва мубориза бо душман аҳд кардаем ва фардои қиёмат, он ҳангом ки дар баробари Худовандгори худ ҳозир мешавем, дар канори ҳамдигар хоҳем монд. Банда аз Шорун ва ҳамдастонаш мехоҳам, ки ин хаёли ботилро аз сар берун кунанд ва бидонанд, ки бо вуҷуди мушкилоти пеши рӯ, роҳи муқовимат ҳамчунон идома дорад ва шаҳодат танҳо роҳи мунтаҳӣ ба биҳишт аст, аз ҳамин рӯ сустӣ ва заъфро ба қалби мо роҳе нест

Ӯ ҳангоме ки ҳамроҳ бо шаҳид Шайх Аҳмад Ёсин дар соли 1990 дар зиндонҳои «Исроил» басар мебурд, Қуръони Каримро ҳифз карда буд. Ҳамсари Рантесӣ бо баёни ин ки Қуръон китобе буд, ки дар зиндагии шаҳид Рантесӣ нақши аслиро дошт, мегӯяд: «Саъй мекард аз вақташ барои мурури маҳфузоти қуръонии худ истифода кунад. Ҳарчи ҳам сараш шулуғ буд, Қуръонро раҳо намекард ва намегузошт он чиро ҳифз дошт, аз ёдаш биравад.»

Шаҳид Рантесӣ бар хилофи таблиғоти манфии дастгоҳҳои шойъеапарокан, зиндагии комилан содда ва маъмулӣ дошт. Муҳаммад, писараш мегӯяд: «Рӯзи шаҳодат вақте хост аз манзил хориҷ шавад, ба китоби ашъори исломӣ тафоъул зад ва шеъре бо ин мазмун омад: «Худоё! Ҳамаи орзуям шаҳодат аст!» Падарам рӯ ба модарам кард ва гуфт: «Ин беҳтарин ва волотарин шеъре аст, ки дар зиндагӣ дӯст дорам

Рантесӣ як рӯз қабл аз шаҳодаташ, дар мусоҳибаи матбуотӣ, бо ба тасвир кашидани ҷиноятҳои саҳюнистҳо гуфт, пирӯзӣ дар интизори миллати Фаластин аст. Вай бо ишора ба ин ки дар ин солҳо даҳҳо ҳазор фаластинӣ мутаҷовизона ва ноодилона қатли омм ва милюнҳо нафар аз хона ва кошонаи худ овора шудаанд, гуфт: «Қудрати душман наметавонад монеъ аз таҳаққуқи пирӯзӣ шавад. Чӣ бисёр кишварҳои ситамгаре, ки дар авҷи қудрат фурӯ пошидаанд мисли Олмони нозӣ ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ, ва аҷиб нахоҳад буд, ки режими саҳюнистӣ дар айни қудратмандӣ нобуд шавад. Фикр мекунам, иродаи ҷавонони фаластинӣ ҳазорон мартиба қавитар аз сарбозони саҳюнист аст

Абдулазиз Абдулҳафиз Рантесӣ пас аз солҳо муҷоҳидат ва мубориза дар ҳоле ки танҳо 26 рӯз аз шаҳодати шаҳид Шайх Аҳмад Ёсин гузашта ва Рантесӣ пас аз вай раҳбарии Ҳамосро бар ӯҳда дошт, дар шаби шанбеи 17 апрели соли 2004, бо мушаки болгардҳои Опочии артиши «Исроил» ба мошинаш дар шимоли Ғазза, ба ҳамроҳи 3 тан аз ҳамроҳонаш дар синни 57-солагӣ ба шаҳодат расид. Беш аз 114 шахсият ва созмонҳои байналмилалӣ терури ӯро маҳкум карданд.

Шаҳид Рантесӣ дар мусоҳибае, ки пас аз шаҳодати Шайх Аҳмад Ёсин доштааст, ҷумалоте ба забон овардааст, ки ҳаргиз аз ёди муборизони фаластинӣ нахоҳад рафт: «Оё мо аз марг метарсем? Мо ҳамагӣ рӯзе хоҳем мурд, чӣ бо қатл ва чӣ бо саратон… Мо ҳамагӣ мунтазири рӯзи поёнии зиндагиамон ҳастем, фарқе намекунад, чӣ бо Опочӣ ва чӣ бо сактаи қалбӣ… Ман Опочиро тарҷеҳ медиҳам

Реклама


Рубрики:Машоҳир

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: