Перейти к содержимому

Ҳамлаи мушакии «Исроил» ба Ҳимс ва Димишқ // Падофанди ҳавоии Сурия мушакҳоро соқит кард

Дар пайи шиллик шудани чанд мушак ба самти ду пойгоҳи ҳавоӣ дар Ҳимс ва Димишқ, падофанди ҳавоии Сурия фаъол шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, манобеъи маҳаллии Сурия аз фаъол шудани сомонаҳои падофанди ҳавоии артиш барои муқобила бо чанд мушак, ки ба самти Ҳимс шиллик шуда хабар медиҳанд.

Бомдоди сешанбе (17.04.2918) чанд мушак вориди ҳарими ҳавоии устони Ҳимс шуданд, ки сомонаҳои падофанд барои муқобила бо онҳо фаъол шуда ва онҳоро раҳгирӣ кард.

Бар асоси ин гузориш, ин мушакҳо ба самти фурудгоҳи Ашшаъирот дар устони Ҳимс шиллик шуда буданд, ки тавассути сомонаи падофанди ҳавоӣ раҳгирӣ шуданд.

Бархе расонаҳо низ ба нақл аз манобеъи майдонӣ эҳтимол доданд, ки ин мушакҳо тавассути ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ ба самти пойгоҳи ҳавоии Ашшаъирот шиллик шуда бошанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, худи ҳавопайпоҳои ҷангӣ низ тавассути сомонаҳои падофанд раҳгирӣ шудаанд.

Ҳамзамон гузоришҳои таъйиднашудае аз шунида шудани чанд садои инфиҷор дар шаҳри Димишқ низ мунташир шудааст.

Пентогун дақоиқе баъд бо судури баёнияе таъкид кард, ки ин ҳамла кори онҳо набуда ва дар ҳоли ҳозир ҳеч фаъолияти низомии омрикоӣ дар минтақа вуҷуд надорад.

Як мақоми низомии сурӣ бо таъйиди хабари садои инфиҷор дар Димишқ, гуфт, ки 3 фарванд мушак низ ба самти пойгоҳи ҳавоии Аззамир дар ин шаҳр шиллик шуда, ки пеш аз расидан ба замин тавассути сомонаҳои падофанд ҳадаф қарор дода шуданд.

Ин манбаъ ҳамчунин теъдоди мушакҳои шилликшуда ба самти пойгоҳи ҳавоии Ашшаъиротро 6 фарванд эълом кард. Тибқи гузориши ин манбаъ, тамоми мушакҳои шилликшуда ба самти Ашшаъирот тавассути сомонаҳои падофанд мунҳадим шуданд.

Ва ин дар ҳолест, ки рӯзномаҳои исроилӣ аз истиқрори густурда ва сангини низомиёни режими саҳюнистӣ дар баландиҳои Ҷулони ишғолӣ хабар дод. Манобеъи фаластинӣ низ аз парвози ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ бар фарози навори Ғазза ва эҳтимоли бозгашт аз амалиёт хабар медиҳанд.

Шабакаи Алмаёдин гузоришҳои мунташиршуда мабнӣ бар шиллики мушак ба манотиқи устони Ҳалабро такзиб кард.

Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи ҳавоии Аззамир дар ҳолест, ки пештар байни муъоризон ва давлати Сурия барои хуруҷи аносури мусаллаҳ аз минтақаи Аззамир тавофуқ ҳосил шуда буд.

Агар ин ҳамла аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ анҷом шуда бошад, ин дуввумин таҷовузи низомии Телавив ба хоки Сурия тайи як ҳафтаи ахир аст. Бомдоди рӯзи душанбеи гузашта буд, ки пойгоҳи ҳавоии Т-4 дар Сурия ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ ва исобати чандин мушак қарор гирифт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: