Перейти к содержимому

Оё демукросӣ-масеҳӣ метавонад Омрикоро аз Тромп наҷот бидиҳад?

Ба қалами Корлу Инвернизӣ (Carlo Invernizzi) дар нашрияи Guardian

Аз замони интихоб шудани Дунолд Тромп, ҷаноҳи чапи Омрико бо ин суоли сахт рӯ ба рӯст: чӣ тавр бояд ба зуҳури Тромп вокуниш нишон диҳад? Ҳамчунин ростиҳо ҳам ниёз ба гуфтугӯҳои ҷиддӣ бар сари ояндаи Омрико доранд. Дар системи демукротик бар асоси даст ба даст шудани қудрат, манфиати чапҳо дар мувоҷеҳа бо ин масъала аст, дар ҳоле, ки рости ифротӣ даргири популизм аст. Дар ин шароит он чи осеби бисёре мебинад, демукросӣ аст.

Аз ин манзар, раъйдиҳандагони масеҳӣ метавонанд нақши муҳимме дар эҷоди фосила миёни ростҳо дар алоқа ба Тромп дошта бошанд. Онҳо нақши муҳимме дар пирӯзии Тромп дар сандуқҳои раъй доранд, ҳарчанд асосу усули масеҳият бо он чи Тромп анҷом медиҳад тафовут дошта бошад. Ин нишон медиҳад, ки доманаи васеъе барои ҷунбиши муҳофизакоронаи мутафовите дар ин кишвар вуҷуд дорад.

Демукросӣ-масеҳӣ як идеулужии сиёсӣ аст, ки Онгело Меркел намоди он маҳсуб мешавад. Ин шева ба эҷоди демукросии пойдор дар Урупои пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум кӯмак кард. Иёлоти Муттаҳида ағлаб ҳомии чунин раванде буд, ҳарчанд ҳаргиз ҷунбиши мушобеҳро дар хонаи худ таҷриба накард. Ҳоло, ки бунёдҳои ин кишвар бо таҳдидоти ҷиддӣ мувоҷеҳ аст, шояд замони он бошад, ки аз чунин раванди тӯлонӣ дар хориҷ аз кишвар ёд бигирем.

Демукросӣ-масеҳӣ дақиқан дарбардорандаи ҳамон чизе аст, ки аз унвонаш бармеояд: “шакле аз демукросии сиёсии илҳомгирифта аз арзишҳои масеҳӣ”. Ба таври дақиқтар бояд гуфт, ки демукросӣ-масеҳӣ бар пояи се ҳастаи асосӣ бино ниҳода шудааст:

Ҳастаи аввали он баргирифта аз қонуни табиӣ аст, ки таъаҳҳуд ба идеяи каромати зотии инсонро шомил мешавад. Ин идея ба навбати худ таъаҳҳудоти ахлоқии бунёдии хоссеро ба вуҷуд меоварад ҳамчун тақаддуси зиндагии инсонӣ, аҳаммияти хонавода дар шакли суннатии он, ва ба таври куллӣ, роҳкорҳои ахлоқӣ барои ҳидояти рафтори инсонӣ.

Ҳастаи дуввум, нақди ахлоқии сармоядорӣ бар пояи ин фарз аст, ки масеҳият бо материализм носозгор буда ва масъулияте хайрхоҳона нисбат ба фуқаро ва ниёзмандон дорад. Бар хилофи тасаввури ғалат, ҳамин низом буд, ки бар пояи он, ҳукуматҳои мураффаҳ дар бештари кишварҳои урупоии пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум шакл гирифт. Ҷуз мисолҳои маҳдуд дар шимоли Урупо, ин демукрот-масеҳиён, ва на сусиёл-демукротҳо, буданд, ки қудратро дар қорраи Урупо шакл доданд.

Дар ниҳоят, асли асосии севвуми идеулужии демокротик-масеҳӣ, ба интерносиюнолизми қотеъ бозмегардад. Таъаҳҳуд ба ҳамкории байналмилалӣ миёни қудратҳо ва давлатҳо ва ҳамбастагӣ бо миллатҳо ва кишварҳое, ки шонси камтаре барои муваффақият доштаанд. Нақши аҳзоб ва намояндагони демукрот-масеҳӣ дар эҷоди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Урупо ва режими байналмилалии ҳуқуқи башар таъйинкунанда буд.

Далоили зиёде вуҷуд дорад, ки популизми миллии Тромп намояндаи арзишҳои сиёсии ҷомеа нест. Дар ибтидо ба назар мерасад, ки Тромп ба унвони қаҳрамони арзишҳои ҷомеаи муҳофизакор аст. Дар ҳоле, ки мудели рафторӣ ва ҳазинаҳое, ки ӯ барои идораи умураш анҷом медиҳад, як мудели шахсиятӣ ё рафтории масеҳӣ нест. Ба ҳамин тартиб, носиюнолизми инҳисории Тромп, дар тазодд бо ҷаҳонгароии зотии масеҳият аст.

Демукросӣ-масеҳӣ нишон медиҳад, ки муҳофизакории динӣ ниёзе ба популизми миллигароёна надорад. Мазҳабиҳои омрикоӣ метавонанд аз ин суннат ёд бигиранд ба ҷойи ин ки табдил ба пиёданизоми ростиҳои ифротӣ шаванд. Ҳамон тавр, ки Сомуел Мойн (Samuel Moyn), муаррихи урупоӣ, дар мақолае, иштибоҳи анҷомшуда дар Урупо дар даҳаи 1920 ва 1930-ро чунин нишон медиҳад: “Истибдодгароии секулор ба самти худашон баргашт ва онҳоро гирифтор кард ва шоҳиди зуҳури Ҳитлер ва Мусолинӣ шудем.”

Албатта намехоҳем ин баҳсро пеш бикашем, ки Тромп ҳамонанди Ҳитлер аст. Замона тағйир карда ва қудратҳои секулор шакли дигаре гирифтаанд. Аммо он чи ҷолиб аст ин аст, ки фошизм ва сусиёлизми миллӣ дар ниҳоят ҳама мағлуби як навъ аз муҳофизакории миёнарав ба номи демукросӣ-масеҳӣ шуданд.

Guardian

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: