Перейти к содержимому

“Соҳиби асосии ин дин, ҳамин фанатикҳоянд” — 1

Посухи чанд шубҳа дар бораи ойини Ислом

Бахши аввал

Дирӯз, яке аз азизон номае ба сойти “Кимиёи саодат” ирсол намуда ва чанд пурсише матраҳ карда, аз инҷониб хостааст, дар бораи ин масоил назари худро бинависам. Ибтидо, айни номаи ин азизамонро мегузорам, сипас, ба андозаи тавонам, ба онҳо посух менависам. Албатта посухҳо дар як мақола намегунҷанд, зеро андаке тӯлонӣ ҳастанд, аз ин рӯ дар ду се қисмат хоҳам навишт, ки феълан қисмати аввали мақола пешкаши хонанда мешавад, ва иншоаллоҳ агар умре боқӣ буд, саъй мекунам фардо ва пасфардо қисмати дуввум ва севввуми онро пешкаш намоям.

Инак, айни номаи он азиз:

* * *

Салом акаи Саидюнус… Хостам дар саҳифаи фейсбукатон фиристам аз фикрам гаштам.
Гап дар бораи он аст, ки вақтҳои охир ман нисбати ҳақиқат будани дини Ислом шак пайдо кардаам ва як чанд эроде дорам, мехоҳам онро пешкашатон намоям… Ман дар оилае ба воя расидаам, ки ҳама аҳли он аҳкоми Исломро ба ҷо меоранд ва худ низ, ки вақтҳои охир дигар ҳамаи инро зоҳиран анҷом медиҳам.

1) Замоне буд, ки видеоҳои мӯъчизаи Қуръонро тамошо мекардаму ашк аз чашмонам ҷорӣ мешуд, вале баъд аз баромадани гурӯҳои ҷадид, ки тафсирҳои навро инкор мекунанд, бештар ба омӯзиши ин дин машғул шудам ва дар охир итминон ҳосил кардам, ки ҳақ бар ҷониби онҳост, яъне соҳиби асосии ин дин ҳамин фанатикҳоянд. Ҳама он тафсирҳои имрӯза нодурустанд. Ба назари ман, Ислом на он гунае аст, ки мо мардуми мутамаддин мепиндорем, исломи асосӣ ҳамон доъишиҳост, ин исломи имрӯзаи мо ҳама тафсиру таъвили олимҳои баъдинаанд, ки дар дин тағиротҳо ворид кардаанд, барои фаҳмидани ин шарт нест, ки ҳама китобҳои диниро мутолиъа кунӣ агар чи дар бораи Ислом бисёр мутолиа кардаам, фақат ҳаминаш кофист, ки як тундрави оддиро бо як олиме, ки дини исломро дини сулҳу дӯстӣ муаррифӣ мекунад, якҷо кунӣ он вақт мебинӣ чи гуна ин олим дар муқобили ин тундрав мағлуб мешавад, дуруст аст, ки на ҳама вақт ғолибият дар баҳс маънои ҳақ буданро дорад, вале аз рӯи инсоф назар куни мебини чи гуна ин тундрав далелҳои қавӣ меорад, ки Исломи ҳақиқиро ӯ пайравӣ дорад.

Албатта ҳаст оятҳо ва ҳадисҳое, ки ба сулҳу салоҳ ва дӯстию меҳрубонӣ даъват мекунанд, ки шояд ҳамаи ин мувофиқи таъби (настроение) паёмбари Ислом содир мешуд, вале дар маҷмӯъ бингарем чандин оятҳо, ҳадисҳо ва ҳамчунин таърихи паёмбари Ислом даъват ба зӯроварӣ, бераҳмӣ ва қатлу ғорат мекунад, пас бояд пеш аз оне, ки Доъиш ва дигар гурӯҳҳои тундрав, ки сабаби марги кӯдакони бегуноҳ ҳаминҳоянд (давлатҳои абарқудрат аз тарси ин гурӯҳҳои ваҳшӣ, ки нияти дунёро гирифтан доранд, маҷбур мешаванд, ки бар зидди инҳо муборизаи шадид баранд) сарзаниш кунем, аввал ба худ савол диҳем, ки чаро ин динро интихоб кардаему онро дар рӯи замин паҳн карда истодаем?!

Эй касоне, ки имон овардаед, бо кофироне, ки наздики шумоянд, ҷанг кунед, то дар шумо шиддату дуруштӣ ёбанд ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст! (Тавба 123)

Бо онон набард (муқотала) кунед, то дигар фитнае набошад ва дини ҳама дини Худо гардад. Пас агар бозистоданд, Худо кирдорашонро мебинад. (Анфол 38)

Зиёда дар 12 ҷои Қуръон дар бораи даъват ба ҷиҳод омадааст ва дар ҳамаи он калимаи “муқотала” омадааст на он ҷиҳоди хурду бузурге, ки суфиёни мо мегӯянд. Дуруст аст, ки дар ҳолати ҷанг набояд ба душман раҳм кард, вале тибқи ҳадисҳои саҳеҳ, ки тафсир ва тавзеҳи Қуръон аст ва бе он дини Ислом комил нест (ин баҳси ҷудогона аст) мусалмон ҳамеша бояд дар ҷиҳод бошад, то он замоне ки ҳама дунё исломӣ нашавад. Ҳамаи ин ба табиати инсони комил, ки зӯровариро намеписандад, мувофиқ нест ва Худованд ҳам бо ин ҳама бузургиаш дини худро болои касе таҳмил намекунад, балки бо далел ва нишонаҳояш мардумро ба суи Худ мехонад.

2) Дуввумин шубҳаи ман ин аст, ки дар замони пеш аз Ислом Худованд ба мардум нишонаҳо ва мӯъҷизаҳо нишон медод дар Ислом бошад муъҷизааш ва ё нишонааш ин китоб яъне Қуръон аст, ки бо ин мувофиқам ва бояд чунин бошад, чун замони илму тараққиёт аст ва ҳама далел бояд аз нигоҳи илм бошад, аммо савол ин аст, ки оё дар ҳақиқат Қуръон бехато аст? Ба назари ман дар он хатогиҳои зиёде мавҷуд аст, ки агар ман хато фаҳмида бошам мехоҳам ислоҳам кунед, вале аввал як чиро бояд қайд кард, ки дар бисёр ҷои китоби насрониҳо Инҷил чунин ибораҳо омадааст: “Худо гуфт ба ину он, Худо гуфт чунину чунон” инҷо маълум аст, ки касе аз номи Худованд навишта истодааст, вале онҳо барои сафедкунии ин камбудиҳо мегӯянд, ки ҳамаи инро инсон навиштаасту Худованд дар дили онҳо инро ваҳй кардааст. Дар Ислом бошад чунин нест сухани Худованд бо сухани инсон ва ё паёмбар омехта нест, чуноне, ки дар бисёр ҷо мехонем: Эй хирадмандон, аз Ман битарсед, ин аст роҳи рости Ман ва ё бигӯ агар Худоро дуст доред, пас аз ман пайравӣ кунед ва ғайра, ки албатта ин яке аз бартарии Ислом нисбати дини насоро аст, аммо мутаассифона дар бисёр ҷойҳои дигари Қуръон муаллиф ба хатогиҳо роҳ дода ҳамаро омехта мекунад, ба гунаи мисол:

1) Ва онон, ки ба оёти Худо ва дидори Ӯ имон надоранд, аз раҳмати ман ноумеданд ва онҳорост азобе дардовар. (Анкабут 23) Аз аввал мегуяд оёти Худо ва дидори У дар давомаш раҳмати Ман, бояд чунин мебуд; ба оёти Худо ва дидори У имон надоранд, аз раҳматаш ноумеданд… ё ин, ки; ба оёт ва дидори Ман имон надоранд аз раҳматам ноумеданд.

2) «… ва Ӯ ( Ҷабраил) ба канораи баланди осмон буд, сипас наздик шуд ва бисёр наздик шуд, то ба қадри ду камон ё наздиктар.» ( Наҷм: 7,8,9) Гӯё ин ҷо сухани инсон аст, ки аниқ намедонад ду камон буд ва ё наздиктар аз он, ҳоло он Худованд аз ҳама чи огоҳ аст, агар ин сухани Худо мебуд, бояд чунин меомад: наздиктар аз ду камон.

3) Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед. (Зумар: 10) арабии ин оят » қулё ибодиллазина оману» аст, ки ба Паёмбари Ислом мегӯяд «БИГУ ЭЙ БАНДАГОНИ МАН» магар мусалмонон бандагони паёмбаранд? Албатта, ки не! Аммо инҷо гап дар бораи хатогӣ ва нодуруст ҷобаҷо гузоштани оятҳост, ки Худованд пок аст аз чунин нуқсон, агар калимаи «бигу» инҷо намебуд маънояш дуруст мешуд.

Шояд ҷавоби шумо чунин бошад, ки шарт инҷо ҳарф нест, балки маънои он аст, аммо уламои Ислом даъво мекунанд, ки Қуръон дар фасоҳату балоғат ҳамто надорад ва як ҳарфаш хато нест.

3) Савумин шубҳаи ман ин оятҳо дар бораи замину осмон ва кашфиётҳои замони муосир аст, ки Қуръон бо онҳо мухолифат мекунад, масалан дар бисёре аз оятҳо замин ҳамвор гуфта шудаааст (Раъд 3, Ҳиҷр 19, Зориёт 48) дар ин оятҳо ва чандин дигари ҷои Қуръон чунин калимаҳо омадааст: мадда, мададноҳо, фарашноҳо, бисото, сутиҳат ва тоҳоҳо — ҳамаи ин калимаҳо маънои ҳамвор буданро дорад, ҳадисҳо низ дар ин маврид бисёранд, ки тасдиқунандаи ин гуфтаҳост, инҷо намехоҳам суханро дароз кунам агар хоҳед дар гугл «смешные хадисы» занед.

Ислом ва Қуръонро бо ҳарфи калон навиштаам чун ки нисбати мусулмонҳо эҳтиром дорам ва Ислом тарафҳои хуб ҳам дорад, ки нодида гирифтани онҳо аз руи инсоф нест, аммо дине, ки аз ҷониби Худо аст, бояд комилу бенуқсон бошад. Ба Худо имон дорам, имон дорам, ки қувваи бузурге ҳаст, ки ин дунёро идора мекунад, аммо на дини Насоро ва на Ислом чи аҳли суннаташ, шиъааш ва ё аҳли Қуръонаш қонеъам карда наметавонад. Шояд зарае дар дилам имон бошад, чун баъзе вақт ба Ислом бармегардам, ҳамин ки ба омузишаш машғул шавам шубҳаҳо бисёр мешаванд.

Дар охир як хоҳиш дорам, ки номам агар бароятон ошкор шуд, фошаш накунед, чунки ҳама аз ман ру мегардонанд ва шуморо шахси амин меҳисобам.

* * *

Ба номи Худованди меҳрубон.

Ва алайкум салом бародари азиз.

Ба ҳавлу қувваи илоҳӣ, саъй мекунам, посухи пурсишҳои ҷаноби шуморо дар чанд матлаб хулоса кунам:

1) Фаҳми маорифи исломӣ (ба хусус Қуръони Карим), аз як ҷиҳат хеле саҳлу осон аст, ва аз ҷиҳати дигар аммо хеле душвор, ба наҳве, ки душвортар аз он қобили тасаввур нест. Ва иттифоқан, яке аз ҷанбаҳои эъҷози Қуръони Карим яъне мӯъҷиза будани ин китоб низ, ҳамин аст. Зеро, Қуръони Карим аз як тараф ҳатто барои як инсони комилан бесавод ва таҳсилнодида ҷаззобият дорад ва ӯ аз Қуръон барои худ чизҳое мефаҳмад, ва аз тарафи дигар, барои як файласуф ва касе, ки солҳо умри худро дар ҷустуҷӯи ҳақиқат гузаронида ва таҳсил кардааст низ ҷаззобият дорад ва ӯ аз ин китоб чизҳое дармеёбад ва кашф мекунад, ки зеҳни аҳаде аз башар ба тарҳи онҳо қодир набудааст. Ҳоло як мисол аз Қуръон бароятон биёварам: дар ояти 53 сураи Фуссилат омадааст:

سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ

Ба зудӣ, нишонаҳои худро дар уфуқҳо ва дар дилҳояшон бад-эшон нишон хоҳем дод, то барояшон равшан гардад, ки ӯ (Худо) худ ҳақ аст. Оё кофӣ нест, ки парвардигорат худ шоҳиди ҳар чизе аст?!

Дар нигоҳи аввал, ин ояти карима, ба монанди ҳамаи оятҳои қуръонӣ, фаҳмаш хеле саҳлу осон аст. Аввал мегӯяд, мо нишонаҳои худро дар уфуқҳо ба шумо нишон медиҳем, то бароятон равшан шавад, ки Худо ҳақ аст, яъне шумо ба дарахту кӯҳу наҳру хулоса ҳама чизе, ки пиромуни шуморо печонида вақте нигоҳ мекунед ва андаке таъаммул менамоед, ҳамаи инҳо бо забони ҳол мегӯянд, мо Худое дорем:

Барги дарахтони сабз дар назари ҳушёр,

Ҳар варақаш дафтарест маърифати Кирдгор.

Хуб, ин матлаб ҳатто барои як араби замони нузули Қуръон, ки на тамаддуне дида ва на китобе хонда ва сару кораш фақат бо шутуру биёбон буда низ қобили фаҳм будааст.

Баъд мегӯяд, ба иловаи инҳо, мо нишонаҳои худро дар даруни шумо ва дар дилҳоятон низ нишон медиҳем, то бароятон маълум гардад, ки Худо ҳақ аст:

Дар андаруни мани хастадил надонам кист,

Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост?

Ин матлаб низ барои ҳамагон қобили фаҳм аст. Яъне, одам агар аз фитрати солим бархӯрдор бошад (сарфи назар аз ин ки мусалмон аст ё ғайримусалмон, ҳар ки бошад) ӯ Худоро дар андаруни худ меёбад. Ин матлаб албатта баҳсаш тӯлонист, намехоҳам дар ин бора феълан баҳс кунам.

Дар идома, ин ояти карима мегӯяд: “Оё кофӣ нест, ки парвардигорат худ шоҳиди ҳар чизе аст?!” Яъне гуфтанист, шумо нишонаҳои Худоро дар уфуқҳо меёбед ва дар дили худ ҳам пайдо мекунед, аммо гузашта аз даруну беруни хеш, оё бароятон ҳамин кофӣ нест, ки Худованд худ “шоҳид” бар ҳама чиз аст?! Ин ҷояш хеле ҷолиб аст.

Шумо вақте тафсирҳои Қуръони Карим то даврони Ибни Синоро варақ мезанед, мебинед, муфассирон аз канори ин ҷумла аз оят роҳат рад шудаанд ва ҳарфи қобили таваҷҷӯҳе назадаанд, ва ин нишон медиҳад, хуб даркаш накардаанд. Барои аввалин бор ин Ибни Сино, файласуфи шаҳири исломӣ буд, ки парда аз рози ин ҷумла бардошт. Ҳоло каме инро бароятон тавзеҳ бидиҳам.

Бӯалӣ Сино дар китобҳояш (ба хусус дар “Ишорот”) он ҷо, ки дар бораи далелу бурҳонҳои ақлӣ ва фалсафии исботи вуҷуди Худо, ки то замони вай аз сӯи фалосифа мисли Афлотун ва Арасту ва ғайра матраҳ шудааст баҳс мекунад, ҳамаи он бурҳонҳоро як-як тарҳ ва сипас баррасӣ намуда ва бар так-таки онҳо ишколу эродҳои худро ворид мекунад. Ӯ, як бурҳони ақлӣ — ки худи вай мубтакири он аст – барои исботи вуҷуди Ҳақ Таъоло барпо кардааст, ки номашро “Бурҳони сиддиқин” номида.

Хулосаи он ин аст, ки: ӯ мегӯяд, тамоми бурҳонҳое, ки дигарон барпо кардаанд, ҳамаи инҳо Худоро бо “восита” исбот кардаанд, на бе “восита”. (Масалан, агар касе аз мо пурсад, ки далели шумо барои вуҷуди Худо кадом аст, мегӯем, “Барги дарахтони сабз дар назари ҳушёр // Ҳар варақаш дафтарест маърифати Кирдгор”, яъне дар ин ҷо мо барги дарахтро масалан “восита” қарор додаем барои ин ки бигӯем, Худо ҳаст.) Ибни Сино мегӯяд, барои исботи Худо аслан ба ҳеч “воситае” ниёз нест. Мегӯяд, агар мо худи “ҳастӣ” (вуҷуд)-ро – ки касе дар он тардид надорад — дар назар бигирем, мебинем “ҳастӣ” бидуни фарзи мавҷуде, ки вуҷудаш аз худаш аст яъне Худованд, як маҳоли ақлӣ аст, ақлан маҳол аст. (Хеле мухтасар ин бурҳонро баён кардам, вагарна баёнаш ба ин соддагӣ ҳам нест, феълан намехоҳам вориди ин баҳси печида шавам.)

Баъд ҷолиб ин ҷост: Бӯалӣ Сино мегӯяд, ин бурҳоне, ки ман кашф кардам — яъне “Бурҳони сиддиқон” — дақиқан ҳамон чизе аст, ки ҷумлаи ахири ояти 53 ба он ишора мекунад ва то кунун касе мутаваҷҷеҳи он набуда. Хуб, “Оё кофӣ нест, ки парвардигорат худ шоҳиди ҳар чизе аст?!” яъне чӣ? Шоҳид ба форсӣ яъне гувоҳ. Ояти 53 сураи Фуссилат, ки аввал ба нишонаҳое дар уфуқу даруни инсон ишора кардааст, ишорааш ба “восита” аст. Яъне он чи дар уфуқҳост ва дар даруни шумост, инҳо “восита” ва “гувоҳ”-анд барои вуҷуди Худованд. Ва дар идома мегӯяд, аммо оё ин миқдор бароятон кофӣ нест, ки Худованд худ “гувоҳ” аст бар ҳама чиз?! Яъне, на ин ки махлуқот “гувоҳ” бар Худо бошанд, балки Худо “гувоҳ” аст бар вуҷуди онҳо. Яъне комилан баръакс.

Бӯалӣ ба ин бурҳонаш хеле меболад, ва воқеан ҳам дар фалсафа як шоҳкор аст. Ҳоло айни суханони ӯро бароятон нақл кунам. Вай дар намати 4-уми “Ишорот”, пас аз баёни ин бурҳон, чунин ба худ меболад:

تأمّل كيف لم يحتج بياننا لثبوت الأول ووحدانيّته وبراءته من السمات إلى تأمّل لغير نفس الوجود، ولم يحتج إلى اعتبار من خلقه وفعله، وإن كان ذلك دليلاً عليه، لكن هذا الباب أوسع وأشرف، أي إذا اعتبرنا حال الوجود يشهد به الوجود من حيث هو وجود، وهو يشهد بعد ذلك على سائر ما بعده في الواجب، وإلى مثل هذا أشير في الكتاب الإلهي «سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ» أقول: إن هذا حكم لقوم. ثم يقول: «أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ» أقول: إنّ هذا حكم للصدّيقين الذين يستشهدون به لا عليه

Диққат кун ва бибин, ки чӣ гуна баёни мо дар исботи вуҷуди зоти Ҳақ ва ягонагиаш ва поку мубарро буданаш аз нақсҳо, ниёзманд ба чизе ҷуз таъаммул дар ҳақиқати “ҳастӣ” (вуҷуд) нест! Ҳеч лузуме надорад махлуқот ва афъоли зоти Бориро “восита” қарор диҳем, ҳарчанд он роҳ низ дуруст аст ва махлуқот далел бар вуҷуди Худованд мебошанд, аммо ин роҳ, ки мо рафтем, мутмаинтар ва олитар аст. Мо чун “ҳастӣ”-ро аз он ҷиҳат, ки “ҳастӣ” аст, мавриди назар қарор додем, худи “ҳастӣ” аз он ҷиҳат, ки “ҳастӣ” аст, гувоҳи зоти Ҳақ қарор гирифт ва зоти Ҳақ гувоҳи соири ашё воқеъ шуд.”

Сипас мегӯяд: “Ба ҳамин далелҳо дар китоби Худо ишора шудааст. Он ҷо, ки мефармояд: “Ба зудӣ, нишонаҳои худро дар уфуқҳо ва дар дилҳояшон бад-эшон нишон хоҳем дод, то барояшон равшан гардад, ки ӯ (Худо) худ ҳақ аст…” ин гуна ҳукм ва истидлол, махсуси як даста ва як табақа аст. (Яъне ҳамон, ки ашё “восита” ва “гувоҳ” қарор мегиранд барои шиносоии Худо) Сипас китоби Худо чунин мефармояд: “Оё кофӣ нест, ки парвардигорат худ шоҳиди ҳар чизе аст?!”, ин гуна ҳукм ва истидлол аз они сиддиқин аст, ки ба Худо истидлол мекунанд, на бар Худо.”

* * *

Манзур баёни ин матлаб аст, ки бидонем, фаҳми Қуръон ба ҳамон андоза, ки осон аст ва ҳама мефаҳманд, душвор ҳам ҳаст ва ҷуз афроди ангуштшумор ба розу асрори он пай намебаранд. Тамоми Қуръони Карим, аз аввал то ба охираш, чунин аст. Масалан, маънои сураи Ихлос яъне “Қул ҳуваллоҳу аҳад…”, ки дар бораи тавҳид аст, барои ҳамагон – аз бесаводу босавод – маълум аст, аз ин рӯ фикр мекунем маънои ин сура танҳо ҳамин аст, ки мо мефаҳмему бас. Аммо оё воқеан чунин аст? Яъне, маънои ин сура пеши як донишманд ҳамон аст, ки пеши як бесавод аст? Қатъан чунин нест. Аз Имом Зайнулобидин (а) яке дар бораи тавҳид пурсид, ҷавоб фармуд:

إنَّ اللهَ عزّوجلّ عَلِمَ أنـَّه يكونُ في آخر الزَّمان اَقوامٌ مُتَعمِّقون، فَأنْزَلَ اللهُ تعالى {قُلْ هُوَ اللهُ أَحَدٌ} و الآيـاتِ مِـن سُورةِ الحديد إلى قوله {عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ} فَمَن رامَ وَراءَ ذلك فَقَدْ هَلَكَ

Худои бузург медонист, ки мардумоне мутаъаммиқ (фурӯравандагон дар матолиб) дар охируззамон хоҳанд омад; ба ҳамин ҷиҳат, сураи Тавҳид ва оятҳое аз сураи Ҳадидро фурӯ фиристод, пас ҳар кас варои он қасд кунад, ҳалок мегардад.” (Тафсири Алмизон, ҷ.19, с.147)

Ба сухани дигар, маънои сураи Ихлос ва ё оятҳое аз сураи Ҳадид, танҳо ҳамон нест, ки масалан як одами оддӣ мефаҳмад, балки дорои маъное бас амиқтар аст, ки ҳарчи замон пеш биравад, донишмандон ба он бештар пай хоҳанд бурд.

Албатта, на танҳо фаҳми Қуръони Карим, балки ҳатто фаҳму дарки суханони гуҳарбори ҳазрати Расули Акрам (с) низ ҳамин ҳукмро доранд. Хеле аз аҳодис ҳаст, ки пасинҳо бештар аз пешинҳо фаҳму дарк намудаанд. Имом Аҳмад дар “Муснад”-и хеш ҳадиси ҷолиберо бо санад аз ҳазрати Паёмбар (с) ривоят кардааст. Расули Акрам (с) фармудаанд:

نَضَّرَ اللَّهُ امْرَأً سَمِعَ مِنَّا حَدِيثًا فَحَفِظَهُ حَتَّى يُبَلِّغَهُ غَيْرَهُ فَإِنَّهُ رُبَّ حَامِلِ فِقْهٍ لَيْسَ بِفَقِيهٍ وَرُبَّ حَامِلِ فِقْهٍ إِلَى مَنْ هُوَ أَفْقَهُ

Худо хуррам созад чеҳраи он бандаеро, ки аз мо ҳадисе бишнавад ва забт кунад, он гоҳ бирасонад ба касони дигар. Зеро, чи басо ҳомили фиқҳ, ки худ фақеҳ нест, ва чи басо ҳомили фиқҳ, ки онро ба фақеҳтар аз худ мунтақил мекунад.” (Муснади Аҳмад, ҷ.44, саҳ.75)

Яъне, як инсон аз забони ҳазрати Паёмбар (с) ҳадисе шунида, ки ё маънояшро нафаҳмида ва ё агар фаҳмида, вале ба умқи маънои он пай набурда. Расули Акрам мефармоянд, бисёранд афроде, ки як “маъное”-ро аз ман бармедоранд ва сипас онро ба касе мунтақил мекунанд, ки ӯ ин маъноро беҳтар аз бардорандагонаш дарку фаҳм мекунад.

* * *

Ҳоло ин ҳамаро чаро ба шумо нақл кардам? Ҳадаф ин аст, ки: бештари инсонҳо, ба хусус авом, вақте аз як ояти қуръонӣ ва ё як ривояти набавӣ маъное мефаҳманд, фикр мекунанд, ки маънои он ҳамин асту бас, он гоҳ вақте як донишманд ба ӯ бигӯяд, маънои ин оят ва ё он ривоят ин нест, ки ту мегӯӣ, он донишмандро муттаҳам ба ин мекунанд, ки ту дорӣ таъвил мекунӣ, ё ту дорӣ хилофи маъно назар медиҳӣ!

Ин як воқеияти бисёр талх дар асри мост, ки ба хусус дар байни ҷавононе шуюъ пайдо карда, ки чанд оят ва ривоятро хонда (ва ё аз забони як олимнамо шунида) он гоҳ дар баробари уламо ва донишмандон меистанд ва онҳоро ба нодонӣ ва аҳёнан тарсу будан муттаҳам мекунанд.

Ин ки шумо мегӯед, як “доъишӣ” ва ё як тундрав, ояту ривоятро ҳамон тавр фаҳмида, ки ба гумони шумо, воқеияти ислом ҳамонро мегӯяд, ин навъ қазоват ва доварии шумо, ношӣ аз ин аст, ки чун суханони “доъишиҳо” ва тундравҳо бисёр зоҳирписанд аст. Масалан, вақте баҳси “ҷиҳод” матраҳ шавад, чанд оят мехонад (бидуни ин ки ба фаҳми дурусти онҳо пай бурда бошад) ва он гоҳ ба рухи тараф мекашад, ки ин аст ҳарфи ман, ва ин ҳам ояти Қуръон, ҳол худат қазоват кун! Он вақт тараф ҳам, ки аз маорифи ислом бехабар аст, фикр мекунад, ин “доъишӣ” дорад дуруст мегӯяд. Зеро суханони як олим ва донишманд, дар баробари суханони як “доъишӣ”, бисёр печида аст, хуб, дар ин сурат тараф ҳақ дорад бигӯяд, ҳарфи “доъишӣ” бо он чи зоҳири Қуръон мегӯяд, бештар мечаспад.

Албатта, ҳарфи ман дар бораи “олимнамоҳое” нест, ки мехоҳанд исломро ба гумони худ “мудерн” кунанд, ки шӯрашро ҳам дароварданд! Ҳаргиз! Ин “мудренсозон” ба ҳамон андоза бесавод ҳастанд, ки як “доъишӣ” бесавод аст. Ҳар ду, аз ҷиҳате, зарба ба ислом ворид месозанд. Бо ҳам дар ин ҷиҳат фарқе ҳам надоранд. Балки ҳарфи ман роҷеъ ба олимони воқеии исломӣ ва муҷтаҳидон ва фуқаҳо ва афроде аст, ки илова бар ин ки тамоми умри худро сарфи фаҳми маорифи исломӣ кардаанд, аз назари ахлоқи исломӣ низ одамони воқеан худсохтае ҳастанд. (Баъдан, дар қисматҳои баъдӣ тавзеҳ хоҳам дод, ки худсозӣ чӣ қадр дар фаҳми ислом таъсиргузор аст.)

Феълан дар ин қисмат аз мақола ба ҳамин андоза иктифо мекунам, дар баҳсҳои оянда ба як-яки пурсишҳои шумо посух хоҳам дод, ба ҳамааш, аз шумо мехоҳам бо сабру ҳавсала матолибро дунбол кунед.

Идома дорад

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қисмати дуввуми мақола

Қисмати севвуми мақола

Қисмати чаҳоруми мақола

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: