Перейти к содержимому

Чаро мусолиҳа миёни Эрон ва Арабистон рӯз ба рӯз сахттар мешавад?

Таҳлиле дар пойгоҳи интернетии шабакаи Алҷазира

Дар декабри 1991, Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури вақти Эрон, дар ҳошияи Иҷлоси сарони Конфронси исломӣ дар Докор, пойтахти Сенегол, бо шоҳзода Абдуллоҳ, валиаҳди вақти Саудӣ дидор кард. Дар як қимори диплумотики бесобиқа, ду тараф тавофуқ карданд барои эҳёи равобити ду кишвар, ки дар натиҷаи ҷанги Эрону Ироқ ва ҳамчунин куштори ҳоҷиёни эронӣ дар соли 1987 қатъ шуда буд, музокира кунанд.

Ҳошимии Рафсанҷонӣ Сайидҳусайни Мӯсавиён, сафири Эрон дар Олмонро маъмури гуфтугӯ бо шоҳзодаи Саудӣ кард, ки муддате баъд, дар шароити бемории Малик Фаҳд, зимоми умур дар Арабистонро дар даст дошт ва бо марги Фаҳд ба подшоҳӣ расид. Баъд аз як дидори аввалия дар Козоблонко дар Мағриб (Марокаш), Мӯсавиён ба Арабистон рафт ва чандин давр музокира дар иқоматгоҳи шахсии Абдуллоҳ баргузор шуд.

Се шаби музокираи ҷиддӣ, ки мавзӯъҳои мухталифи равобити дуҷониба ва масоили амниятиро дарбар мегирифт, роҳро барои танишзудоӣ дар равобити ду кишвар боз кард. Ин раванд аз ҳимояти олитарин сатҳҳои сиёсӣ дар ҳар ду кишвар бархӯрдор буд.

Мӯсавиён бо мурури дидораш бо Малик Фаҳд дар соли 1996, ба шабакаи Алҷазира мегӯяд, подшоҳи Саудӣ аз оромиш дар равобити ду кишвар хушҳол буд, вале аз ин ки дар равобити ду кишвар ҷое барои ҳамкорӣ бо Ироқ дар назар нагирифта шуда буд, норозӣ ба назар мерасид.

Дар соли 1997, барои сафари шоҳзода Абдуллоҳ ба Теҳрон фарши қирмиз паҳн шуд. Соли баъд, Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба унвони олитарин мақоми эронӣ, ки то он замон ба Арабистон сафар карда буд, тавфиқи ҳузур дар Фадакро ба даст овард. Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури феълии Эрон, дар ин сафар Ҳошимии Рафсанҷониро ҳамроҳӣ мекард. Ин сафар, роҳро барои беҳбуди бештари равобити ду кишвар ҳамвор кард, ки қарордоди амниятии соли 2001 миёни ду кишвар дар хусуси мубориза бо теруризм ва қочоқи маводди мухаддир, аз ҷумлаи самараҳои он буд. Гуфта мешавад, ки Ҳошимии Рафсанҷонӣ то замони даргузашташ дар соли 2017, ҳамин нигоҳи мусбат ба зарурати равобити беҳтар бо Арабистонро ҳифз кард.

Ҳудуди се даҳа баъд аз дидори Ҳошимӣ ва Абдуллоҳ дар Сенегол, Эрон ва Арабистон худро дар ду сӯи мухолиф мебинанд, ки минтақаро — аз Ироқу Баҳрайн гирифта то Яман ва идомаи даргириҳо дар Сурия — дарбар гирифтааст.

Бардошти таҳлилгарон ин аст, ки ҷанги лафзӣ миёни ду кишвар, хусуматро ташдид ва феълан шонси ёфтани як роҳи ҳалли диплумотикро камтар кардааст. Як моҳ пеш, Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Саудӣ, мақомоти аршади Эронро бо Ҳитлер муқоиса ва дар муқобил, эрониҳо вайро мутаваҳҳим, ноболиғ ва кундзеҳн тавсиф карданд.

Дар иҷлоси ҳафтаи ҷории сарони Иттиҳодияи Араб дар Риёз, Салмон, подшоҳи Саудӣ, раҳбарии маҳкумияти Эрон ба баҳонаи дахолати ошкор дар умури кишварҳои арабиро дар даст дошт.

* * *

Нақши Омрико дар равобити Эрон ва Арабистон

Мӯсавиён, ки акнун ба унвони пажӯҳишгар дар Донишгоҳи Принстон машғул ба кор аст, бар ин бовар аст, ки равобити Эрон ва Арабистон аз замоне ба сардӣ гароид, ки эътилоф ба раҳбарии Омрико дар соли 2003 ба Ироқ ҳамла кард. Абдуллоҳ, подшоҳи Саудӣ мӯътақид буд, ки тасмими Ҷурҷ Буш барои ҳамла ба Ироқ, ба афзоиши қудрати шиъаёни ин кишвар ва дар натиҷа ба ҳам хӯрдани тавозуни қувваҳо дар минтақа ба нафъи Эрон мунҷар хоҳад шуд. Иттифоқан пешбинии Абдуллоҳ дуруст аз об даромад.

Бо вуҷуди ин, Абдуллоҳ равобит бо Эронро ҳифз кард ва дар соли 2007 мизбони Аҳмадинажод, раисиҷумҳури ҷадиди Эрон буд. Ҳатто алорағми бурузи нооромӣ миёни аксарияти шиъа ва ақаллияти суннии ҳоким бар Баҳрайн дар соли 2011, Аҳмадинажод як бори дигар ва дар соли 2012, ба Риёз сафар кард.

Дар соли 2015, Абдуллоҳ аз дунё рафт ва Арабистон шоҳиди интиқоли қудрат ба Салмон бен Абдулазиз нобародарии подшоҳи пешин буд, ки ба ташдиди тақобул миёни Эрон ва Арабистон кӯмак кард. Дар ҳамин сол, Эрон ва кишварҳои ғарбӣ бар сари роҳи ҳалле барои бӯҳрони ҳастаӣ ба тавофуқ расиданд.

Маҳҷуб Звейрӣ, устоди масоили Эрон дар донишгоҳе дар Қатар, мӯътақид аст, ки имзои тавофуқ бо Эрон аз сӯи Борок Убомо, раисиҷумҳури собиқи Омрико сабаб шуд, ки арабистониҳо эҳсос кунанд ба ҳошия ронда шудаанд. Хабари хуб барои саудиҳо, поёни давраи Убомо ва ба қудрат расидани Дунолд Тромп аст, ки мухолифони сарсахти Эронро дар кобинаи худ ба кор гирифта ва ваъда дода, ки тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро аз байн хоҳад бурд. Ба ақидаи Звейрӣ, саудиҳо умедвор ҳастанд, ки дар давраи Тромп шоҳиди шикасти Эрон бошанд. Онҳо мехоҳанд нишон диҳанд, ки Эрон, мунзавӣ, ба ҳошия рондашуда ва таҳти фишор аст. Бо ин вуҷуд онҳо намехоҳанд, ки Эрон комилан аз бозии минтақаӣ берун ронда шавад, зеро душманӣ бо Эрон ба абзоре барои касби машрӯият барои ҳуккоми ҷадиди Саудӣ табдил шудааст. Онҳо дӯст доранд, ки баҳонае бошад, то иддао кунанд, ки таҳдидоте, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар вуҷуд дорад.

Роми ал-Хурӣ, устоди донишгоҳи омрикоӣ, бар ин бовар аст, ки бахше аз мушкил аз ин ношӣ мешавад, ки иқдомоти Эрон бо изҳороти онҳо дар хусуси зарурати ҳалли мусолиматомези ихтилофот, ҳамоҳангӣ надорад. Бисёре аз кишварҳои арабӣ аз худ мепурсанд, дар шароите, ки мақомоти эронӣ ваъдаи танишзудоиро медиҳанд, чаро нерӯҳои низомӣ, пул, силоҳ, нерӯҳои ниёбатӣ ва фанноварии эронӣ дар кишварҳои арабӣ дар ҳоли пахш шудан аст?

* * *

Чашмандози тираи равобит

Мудохилаи низомии Арабистони Саудӣ дар Яман ба унвони раҳбари эътилофе аз кишварҳои арабӣ, ҷон бохтани садҳо зоири эронӣ дар ҷараёни ҳаҷ дар соли 2015 ва эъдоми Шайх ан-Намир, руҳонии арабистонӣ дар соли 2016, монеъаҳои бештаре дар равобити ду кишвар эҷод кард. Пас аз эъдоми Ан-Намир, иддае дар Теҳрон ба сафорати Саудӣ ҳамла карданд ва шикоф дар равобити ду кишварро ташдид карданд.

Ба бовари коршиносон, таниш дар равобити Эрон ва Саудӣ ба марҳилае расида, ки дар шароити феълӣ ҳатто чашмандози равшане барои гуфтугӯ миёни тарафайн вуҷуд надорад, чӣ расад ба ин ки гуфтугӯҳо ба натиҷа бирасад. Изҳороти тунди мақомоти Саудӣ аз ҷумла Муҳаммад бен Салмон ва Одил ал-Ҷубайр, нишон медиҳад, ки онҳо равобит бо Эронро як бозӣ бо ҳосили ҷамъ сифр медонанд.

Ҳар дуи онҳо Эронро омили аслии бурузи таниш дар минтақа ва давлати ҳомии теруризм медонанд, ки Арабистон охирин монеъ дар масири ғалабаи он бар минтақа аст. Бинобар ин, ба бовари онҳо, ҳар гуна гуфтугӯ бо Эрон, ба маънои гардан ниҳодан ба бартарии Эрон дар минтақа аст.

Талошҳои Руҳонӣ ва Зариф барои кушоиш дар равобити ду кишвар то кунун аз сӯи саудиҳо рад шудааст. Руҳонӣ дар соли 2013 мавзӯи гуфтугӯ бо Арабистонро матраҳ кард ва Зариф низ дар мақолае дар “Отлонтик” дар соли гузашта хостори роҳи ҳалли бурд–бурд барои ояндаи равобити ду кишвар шуд. Вазири хориҷаи Эрон дар январи соли ҷорӣ, пешниҳоди як қарордоди амниятии ҷадид барои минтақаро тарҳ кардааст.

Дар ҳоле, ки натиҷаи интихоботи риёсати ҷумҳурии Эрон ҳамчунон аз маҳбубияти рӯйкарди сиёсати хориҷии давлати Руҳонӣ дар Эрон ҳикоят дорад, Маҳҷуб Звейрӣ мӯътақид аст, ки афкори умумии кишварҳои арабӣ нигоҳи дӯстонае ба Эрон надорад.

* * *

Монеъи аслии кушоиши диплумотик миёни Эрон ва Арабистон чист?

Исфандиёр Ботмонқилич, коршиноси диплумосии тиҷорӣ, мӯътақид аст, ки саудиҳо дар ҷанги лафзӣ бо Эрон дасти бартарро доранд. Ба бовари вай, сафари ахири валиаҳди Саудӣ ба Омрико, дастрасии васеъи онҳо ба мақомоти давлатӣ ва чеҳраҳои пурнуфуз, расонаҳо ва фазои сиёсии Омрикоро нишон дод.

Масъалаи муҳим ин аст, ки то замоне, ки эҷоду ташдиди даргирӣ бо Эрон, ба афзоиши маҳбубияти Бен Салмон дар афкори умумии Арабистон кӯмак кунад, вай тамоюли чандоне ба дар пеш гирифтани роҳи диплумосӣ бо Эрон нахоҳад дошт.

Ҳамин рафтори саудиҳо сабаб хоҳад шуд, ки тасмими эҳтимолии Руҳонӣ барои коҳиши таниш бо Арабистон низ бо мухолифатҳои дохилии ҷиддӣ дар Эрон мувоҷеҳ шавад. Дар чунин шароите, равшан нест, чӣ касе метавонад байни ин ду кишвар миёнҷигарӣ кунад. Тромп, ки душмании амиқе бо Эрон дорад, чеҳраи муносибе барои ором кардани саудиҳо нест ва Уммон, ки ҳамвора нақши як миёнҷӣ дар ихтилофоти минтақаиро бозӣ мекарда, шонси каме барои муваффақияти худ қоил аст.

Хуруҷи Омрико аз “Барҷом” (тавофуқи ҳастаӣ) омили муҳимми дигаре аст, ки метавонад дар оянда ба кам шудани бахти рафъи таниш дар равобити Эрону Арабистон мунҷар шавад ба вежа, ки чунин иқдоме боиси мухолифати бештари Эрон бо иқдомоти Омрико дар минтақа хоҳад шуд.

Aljazeera

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: