Перейти к содержимому

“Ислом дине зӯроварӣ, бераҳмӣ ва қатлу ғорат аст”

Посухи чанд шубҳа дар бораи ойини Ислом

Бахши дуввум

Дар ин қисмат аз мақола, ба посухи ишколи шумо мабнӣ бар ин ки ислом дине будааст, ки “даъват ба зӯроварӣ, бераҳмӣ ва қатлу ғорат мекунад” мепардозам. Аввал, барои он ки зеҳни хонанда бо ин бахш аз ишколи шумо хуб ошно бишавад, боре дигар айни гуфторатонро меоварам:

Албатта ҳаст оятҳо ва ҳадисҳое, ки ба сулҳу салоҳ ва дӯстию меҳрубонӣ даъват мекунанд, ки шояд ҳамаи ин мувофиқи таъби (настроение) паёмбари Ислом содир мешуд, вале дар маҷмӯъ бингарем чандин оятҳо, ҳадисҳо ва ҳамчунин таърихи паёмбари Ислом даъват ба зӯроварӣ, бераҳмӣ ва қатлу ғорат мекунад, пас бояд пеш аз оне, ки Доъиш ва дигар гурӯҳҳои тундрав, ки сабаби марги кӯдакони бегуноҳ ҳаминҳоянд (давлатҳои абарқудрат аз тарси ин гурӯҳҳои ваҳшӣ, ки нияти дунёро гирифтан доранд, маҷбур мешаванд, ки бар зидди инҳо муборизаи шадид баранд) сарзаниш кунем, аввал ба худ савол диҳем, ки чаро ин динро интихоб кардаему онро дар рӯи замин паҳн карда истодаем?!

Эй касоне, ки имон овардаед, бо кофироне, ки наздики шумоянд, ҷанг кунед, то дар шумо шиддату дуруштӣ ёбанд ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст! (Тавба 123)

Бо онон набард (муқотала) кунед, то дигар фитнае набошад ва дини ҳама дини Худо гардад. Пас агар бозистоданд, Худо кирдорашонро мебинад. (Анфол 38)

Зиёда дар 12 ҷои Қуръон дар бораи даъват ба ҷиҳод омадааст ва дар ҳамаи он калимаи “муқотала” омадааст на он ҷиҳоди хурду бузурге, ки суфиёни мо мегӯянд. Дуруст аст, ки дар ҳолати ҷанг набояд ба душман раҳм кард, вале тибқи ҳадисҳои саҳеҳ, ки тафсир ва тавзеҳи Қуръон аст ва бе он дини Ислом комил нест (ин баҳси ҷудогона аст) мусалмон ҳамеша бояд дар ҷиҳод бошад, то он замоне ки ҳама дунё исломӣ нашавад. Ҳамаи ин ба табиати инсони комил, ки зӯровариро намеписандад, мувофиқ нест ва Худованд ҳам бо ин ҳама бузургиаш дини худро болои касе таҳмил намекунад, балки бо далел ва нишонаҳояш мардумро ба суи Худ мехонад.”

* * *

Посухи ин шубҳа, бо таваҷҷӯҳ ба нуктаҳое, ки ба тартиб зикр мекунам, равшан хоҳад шуд:

1) Нуктаи аввал ин ки: тамоми шариатҳои осмонӣ — аз шариати Нуҳу Иброҳим бигир то шариати Мӯсову Исо ва охиринаш яъне шариати ҳазрати Муҳаммад (с) – чун шариатҳои фурӯфиристодашуда аз ҷониби Худованд ҳастанд, маҳол аст, ки дини раҳмат набошанд. Яъне, ҳар дини осмонӣ, дини раҳмат аст ва наметавонад ғайр аз ин бошад. Чаро? Чун Худованд, зоташ зоти раҳмат аст:

قُل لِّمَن مَّا فِي السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ قُل لِلّهِ كَتَبَ عَلَى نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ

Бигӯ: он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они кист? Бигӯ: аз они Худост, ки “раҳмат”-ро бар хештан муқаррар гардонида…” (Сураи Анъом, ояти 12)

وَإِذَا جَاءكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِآيَاتِنَا فَقُلْ سَلاَمٌ عَلَيْكُمْ كَتَبَ رَبُّكُمْ عَلَى نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ أَنَّهُ مَن عَمِلَ مِنكُمْ سُوءًا بِجَهَالَةٍ ثُمَّ تَابَ مِن بَعْدِهِ وَأَصْلَحَ فَأَنَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Ва чун касоне, ки ба оятҳои мо имон доранд назди ту оянд, бигӯ: дуруд бар шумо, парвардигоратон “раҳмат”-ро бар худ муқаррар карда, ки ҳар касе аз шумо аз рӯи нодонӣ кори баде кунад ва он гоҳ ба тавба ва салоҳ ояд, пас вай (Худо) омурзанда ва меҳрубон аст.” (Сураи Анъом, ояти 54)

وَرَحْمَتِي وَسِعَتْ كُلَّ شَيْءٍ

Ва “раҳмат”-и ман ҳама чизро фаро гирифта…” (Сураи Аъроф, ояти 156)

Ва чун Худованд зоти раҳмат аст, шариаташ ҳам шариати раҳмат аст, фиристодаҳояш ҳам саросар раҳматанд:

ثُمَّ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ تَمَامًا عَلَى الَّذِيَ أَحْسَنَ وَتَفْصِيلًا لِّكُلِّ شَيْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً لَّعَلَّهُم بِلِقَاء رَبِّهِمْ يُؤْمِنُونَ

Он гоҳ ба Мӯсо китоб додем барои ин ки (неъмати Худоро) бар касоне, ки некӣ кардааст тамом кунем ва барои ин ки ҳар чизеро баён намоем ва ҳидоят ва “раҳмате” бошад; умед, ки ба лиқои парвардигорашон имон биёваранд.” (Сураи Анъом, ояти 154)

Бибинед, Паёмбари ислом (с)-ро дар Қуръон чӣ гуна тавсиф мекунад:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِّلْعَالَمِينَ

Ва туро (эй Муҳаммад!) нафиристодем, магар “раҳмате” барои ҷаҳониён.” (Сураи Анбиё, ояти 107)

فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ

Пас, ба баракати “раҳмати илоҳӣ”, бо онон нармхӯ ва пурмеҳр шудӣ. Ва агар тундхӯ ва сахтдил будӣ, қатъан аз пиромуни ту пароканда мешуданд. Пас, аз онон даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ…” (Сураи Оли Имрон, ояти 159)

Асосан, иллати густариши ислом дар як муддати бисёр кӯтоҳ, ва бо он ҳама душманиҳо, ҳамин ҷанбаи он аст, яъне ҷанбаи раҳмат ва пурмеҳрии ислом.

Бинобар ин, ин ки мефароед: “Албатта ҳаст оятҳо ва ҳадисҳое, ки ба сулҳу салоҳ ва дӯстию меҳрубонӣ даъват мекунанд, ки шояд ҳамаи ин мувофиқи таъби (настроение) паёмбари Ислом содир мешуд…” як ҳарфи беасос аст. (Баъдан бештар тавзеҳ хоҳам дод.)

Аслан, оё метавон динеро, ки шиораш “Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим” аст, дине раҳмат надонист? Ҳар мусалмоне ҳар коре, ки мехоҳад анҷом бидиҳад, воҷиб аст бо ин шиор шурӯъ кунад: “Ба номи Худованди Раҳмону Раҳим”. Раҳмону Раҳим ҳар ду реша дар “раҳмат” доранд.

Мепурсед, агар чунин аст, пас ин ҳама оятҳои “ҷиҳод” дар Қуръони Карим ва он ҳама ҷангҳоеро, ки ҳазрати Паёмбар (с) намудаанд, чӣ гуна бифаҳмем?

Посухи ин пурсишро дар нуктаи дувввум баён медорам.

* * *

2) Яке аз шойеътарини шубҳаҳо, ки дар бораи ислом матраҳ карда ва мекунанд, иттифоқан ҳамин шубҳа аст; баъзеҳо аз рӯи адоват ва душманӣ бо ислом, ва баъзеҳо низ на ин ки ғаразу маразе дошта бошанд, балки аз рӯи адами огоҳӣ.

Дар ин ҷо мехоҳам андаке ба тафсил дар ин мавзӯъ баҳс бикунам. Албатта, коре ба кори касоне, ки аз рӯи душманӣ ин шубҳаро мепарокананд надорам, барои онҳо садҳо ва ҳазорон далел ҳам биёваред, фоида надорад, зеро бинояшон бар душманӣ бо ислом аст. Мухотаби ман касоне ҳастанд, ки ин шубҳа барояшон эҷод шуда ва посухи дурусте наёфтаанд.

Тамоми оятҳои қуръонӣ, ки дар онҳо сухан аз “ҷанг” рафтааст, ҳамаи онҳо — бидуни истино — ба истилоҳ “характери дифоъӣ” доранд. Ба зудӣ, бо далел ин муддаъоро собит хоҳам кард, феълан як муқаддимаи кӯтоҳ ҳаст, ки бояд бароятон баён бидорам.

Бибинед дӯсти азизам, ислом — ки дини Худост — як дини воқеънигар (реалист) аст, на шиорпардоз. Сару кори ислом бо инсон ва зиндагии воқеии ӯ дар рӯи замин аст, на зиндагии хаёлии вай ва дар зеҳнаш. Ин ки дар Қуръон мефармояд, дини ислом дини фитрат аст, аз як назар, ишора ба ҳамин матлаб аст:

فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

Пас, рӯи худро бо гароиши тамом ба ҳақ, ба сӯи ин дин кун; ин “фитрати илоҳӣ” аст, ки мардумонро бар вифқи он офаридааст. Дар офариниши илоҳӣ тағйире роҳ надорад. Ин аст дини устувор, вале бештари мардум намедонанд.” (Сураи Рум, ояти 30)

Ҳол, нигоҳе биандозед ба мавҷудоти зиндаи рӯи замин, хоҳ инсон бошад, хоҳ ҳайвон ва ё ҳатто набот. Мебинед, дастгоҳи офариниш онҳоро бо “ғаризаи боздорандагӣ ва дифоъӣ” муҷаҳҳаз кардааст. Як ҳашара, вақте дар маърази ҳуҷум қарор мегирад, аз худ дифоъ менамояд. Албата, ин ғариза худаш реша дар “ғаризаи ҳубби зот” дорад, ки феълан баҳси мо ин нест. Пас, дифоъ аз худ (ва ҳамчунин дифоъ аз ҷомеае, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад) на танҳо маъқул ва раво, балки ҳатто як амри фитрӣ ва ғаризӣ будааст.

Ҳол, фарз кунед, шумо аз як дине пайравӣ мекунед, ки шуморо ба куллӣ аз ҳар навъ “ҷанге” (ҳатто ҷанг барои дифоъ аз худ) манъ кардааст ва ба шумо мегӯяд, вақте касе ба тарафи рости рӯи ту зад, ту тарафи чапи онро ба ӯ нигоҳ дор ва бигӯ, лутф кун ва ба инаш ҳам яке бизан! Фарз кунед, якчунин дине ҳаст ва шумо ҳам пайрави он ҳастед.

Аз тарафи дигар, ҷаҳони мо, ки ҷаҳони фариштаҳо нест, балки ҷаҳони одамҳост. Дар ин ҷаҳон, агар одами хуб ҳаст, одами бад ҳам ҳаст, ва балки одамони бад ба маротиб бештар аз одамони нексириштанд. Ҳол, фарз кунед, шумо дар манзили худ ҳамроҳ бо зану фарзандони худ нишастаед ва дар ин мавқеъ як ё чанд одами бадсиришт вориди хонаи шумо шуданд ва шурӯъ карданд ба задан ва таҷовуз ба шумо ва аҳли хонаводаатон. Ва ё ин ки мутаҷовизоне мисли Чингизу Ҳитлер, ба кишвари шумо ҳамла карданд. Шумо ҳам, тибқи дастури динатон, аслан иҷоза надоред бо он бадсириштҳо биҷангед, динатон шуморо аз ин кор манъ карда.

Ин ҷо таклифатон чист? Оё ба он таҷовузкорон, ки гӯши шунавое надоранд, мехоҳед бифаҳмонед, ки дини шумо дини “раҳмат” аст ва дини “хушунат” нест ва шумо ҳам иҷоза надоред даст ба онҳо баланд кунед?! Ё хоҳед гуфт, нанг бар ин дине, ки маро ҳатто аз “ҷанги дифоъӣ” манъ кардааст?!

Дақиқан ёдам нест, аз Моркс хонда будам ё Энгелс (агар ёфтам дар қисматҳои баъдии ин мақола айни он гуфторро меоварам), ки вақте ойини масеҳиятро ба боди интиқод мекашад, яке аз интиқодҳояш дақиқан ҳамин аст, ки мегӯяд, ин чӣ дини зиллатбор аст, ки инсонро аз муқобила бо зӯргӯён манъ кардааст?! Мегӯяд, ин динро бояд дур рехт. Мегӯяд, вақте мутаҷовиз ба тарафи рости рӯи ман зад, ман на ин ки тарафи чапи рӯямро ба ӯ нигоҳ бидорам, балки ӯро сари ҷояш хоҳам нишонд!

Баъд аз ин муқаддима, ҳоло навбати баёни оятҳои ба истилоҳ “ҷанг” дар Қуръони Карим аст, ки бибинем, ин оятҳо ба чӣ навъ “ҷанге” ишора доранд:

* * *

3) Аввалин ояте, ки дар боби ҷиҳод (ҷиҳод ба маънои ҷанг, на ба маънои омми ҷиҳод, ки дар забони арабӣ ба ҳар “кӯшишу талоше” ҷиҳод гуфта мешавад) нозил шудааст, ояти зерин аст:

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَإِنَّ اللَّهَ عَلَى نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ

Ба касоне, ки ҷанг бар онон таҳмил шуд, рухсати ҷангидан дода шуд, чаро ки мавриди зулм қарор гирифтаанд. Ва албатта, Худо бар пирӯзии онон тавоност.” (Сураи Ҳаҷ, ояти 39)

Ин оят, аввалин оят дар мавриди ҷиҳод ба маънои ҷанг аст. Ҳол, худатон қазоват кунед, ин оят чӣ мегӯяд! Мусалмонон дар Макка мавриди саркӯби шадид буданд фақат ба хотири ин ки даъвати Расули Худо (с)-ро иҷобат намуда ва аз ширку бутпарастӣ рӯй бартофта буданд ва ҳар рӯз ҷамъе аз онон сару дасту пойшикаста ба маҳзари Расули Худо (с) расида ва иҷозаи муқобила ва дифоъ металабиданд ва танҳо баъд аз ҳиҷрат ба Мадина буд, ки бо нузули ин оят, барои аввалин бор иҷозаи дифоъ ба онҳо дода шуд. Оё ин оқилона ва одилона аст ё золимона?!

На танҳо ин ояти карима, балки тамоми оятҳое, ки дар онҳо сухан аз ҷанг рафтааст, ҳамин “характер”-ро доранд, яъне “характери дифоъӣ”, ҳатто он оятҳое, ки дар онҳо даъват ба куштани мушрикон шудааст. Мепурсед, ин иддаъо далелаш чист? Далелаш, “асбоби нузул” аст. Яъне, ҳамон тавре, ки медонед, бештари оятҳои қуръонӣ, ба як муносибат нозил шудаанд, ки дар истилоҳ, он муносибатро “сабаби нузул” мегӯянд. Яъне, як ҳодиса рух медод, он вақт мусалмонон мехостанд таклифашон дар баробари он ҳодиса равшан шавад, ки оят нозил мешуд ва таклифи онҳоро равшан мекард.

Ғаразварзон ва низ баъзе аз ноогоҳон мисли доъишиҳо, ки фаҳми дурусту ҳисобӣ аз маорифи қуръонӣ надоранд, ба як оят — бидуни таваҷҷӯҳ ба сабаби нузули он — чанг мезананд ва бо дастак кардани он, ҷору ҷанҷол роҳ меандозанд, ки тибқи ин оят ва ё он оят, мо бояд ҳамаи кофирону мушриконро решакан кунем ва бикушемашон!

Ҳол, ҳамин ду се оятеро, ки шумо ба унвони намуна зикр кардаед, баррасӣ мекунем. Албатта, дар навиштаи шумо, баъзе аз онҳо дуруст тарҷума нашудаанд, ки банда тарҷумаи дақиқи онҳоро меоварам:

а) Ояти 123 сураи Тавба:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ قَاتِلُواْ الَّذِينَ يَلُونَكُم مِّنَ الْكُفَّارِ وَلْيَجِدُواْ فِيكُمْ غِلْظَةً وَاعْلَمُواْ أَنَّ اللّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ

Эй касоне, ки имон овардаед! Бо кофироне, ки муҷовири шумо ҳастанд, биҷангед ва онон бояд дар шумо ғилзат (дуруштӣ) биёбанд ва бидонед, ки Худо бо тақвопешагон аст.”

Инак, суол ин аст, ки манзур аз “кофирон” дар ин оят чӣ касоне ҳастанд? Оё шомили ҳар кофире мешавад? Яъне, оё тамоми кофирон дар рӯи замин дар ҳар замону ҳар маконеро шомил мешавад, ё ин ки ишора ба як гурӯҳи хосс аз кофирон дар он замон аст?

Худи оят тасреҳ мекунад, “кофироне, ки муҷовири шумо ҳастанд”, яъне ишора ба як гурӯҳи хосс дорад, на ин ки ҳамаи кофиронро шомил шавад. Ҳол инон чӣ касоне буданд?

Абдуллоҳ ибни Аббос (р) зайли ин оят мегӯяд:

من بني قريظة والنضير وفدك وخيبر

(Мурод аз кофирон дар ин оят) Банӣ Қурайза, Назир, Фадак ва Хайбар ҳастанд.” (Тафсири Ибни Аббос, 1/168)

Табарӣ зайли ояти мазкур аз Ҳасан нақл мекунад, ки: мурод, кофирони Дайлам ҳастанд. (Тафсири Табарӣ, 14/575)

Пас, ин кофиронро чӣ яҳуди Банӣ Қурайза, Банӣ Назир, Фадак ва Хайбар бидонем, чунонки Ибни Аббос мегӯяд, ва чӣ кофирони Дайлам, чунонки Имом Табарӣ мегӯяд, дар ҳар ду сурат, ишора ба як гурӯҳи хосс аз кофирон аст, ки дар садри ислом алайҳи мусалмонон шамшери душманӣ аз рӯ баста буданд, на ин ки оят гуфта бошад, бисмиллоҳ, ҳар кофире, ки мебинед, сар аз танаш ҷудо кунед!

Ва аммо барои ин ки бидонед, чаро мусалмонон дар он замон маъмур ба ҷангидан бо яҳуди Банӣ Қурайза ё Банӣ Назир ва ё Фадак ва ғайра, ки муфассирон ба онҳо ишора кардаанд шудаанд, лутф кунед ва китобҳои таърихиро варақ бизанед ва бибинед, ин ишорарафтаҳо чӣ балоҳое ба сари мусалмонони садри ислом оварда буданд?! Ва чӣ тавтиъаҳое намечиданд?! Ин мақола гунҷоиши инро надорад, ки ба нақли так-таки он ҳаводис бипардозам.

Вагарна, ислом таклифи мусалмонон дар баробари кофирон ва мушриконе, ки сари ҷанг бо мусалмонон надоранд-ро бисёр возеҳ ва равшан баён кардааст:

لَا يَنْهَاكُمُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُم مِّن دِيَارِكُمْ أَن تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ

Худо шуморо (эй мӯъминон!) аз касоне, ки дар дин бо шумо наҷангида ва шуморо аз диёратон берун накардаанд, бознамедорад, ки бо онон некӣ кунед ва бо эшон адолат варзед, зеро Худо адолатпешагонро дӯст медорад.” (Сураи Мумтаҳина, ояти 8)

Оё ба ояте сарҳетар ва равшантар аз ин ояти карима дар мавриди таъомул бо кофироне, ки сари ҷанг бо мусалмонон надоранд, ниёз ҳаст, то бароятон собит шавад, ки бардошти баъзеҳо, бардошти бисёр норавост?!

Ва аммо ин ки оят мегӯяд, кофироне, ки бо шумо меҷанганд, “бояд дар шумо ғилзат (дуруштӣ) биёбанд”, ин як дастур барои майдони ҷанг аст. Вақте касе бо шумо сари ҷанг дорад ва дар майдон дар рӯ дар рӯи шумо қарор дорад, оё шумо бо ӯ “таъоруфбозӣ” мекунед?! Майдони ҷанг, майдони ҷанг аст, майдони хушу беш нест. Яке аз роҳҳои пирӯзӣ бар душман дар майдони ҷанг, ин шикастани душман ба лиҳози равонӣ ва руҳист. Вақте душман дар шумо салобат ва ғилзат мебинад, пеш аз он ки даст ба шамшер бибарад, руҳан мешиканад.

б) Ояти 39 сураи Анфол:

وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّى لاَ تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ كُلُّهُ لِلّه فَإِنِ انتَهَوْاْ فَإِنَّ اللّهَ بِمَا يَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Бо онон биҷангед, то фитнае бар ҷой намонад ва дин яксара аз они Худо гардад. Пас, агар аз куфр бозистанд, қатъан Худо ба он чи анҷом медиҳанд, биност.” (Сураи Анфол, ояти 39)

Инак, тафсири ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) аз ин оят, ки дар он, ишора ба сабаби нузул ҳам шудааст:

قُل يا محمد { لِلَّذِينَ كفروا } أبي سفيان وأصحابه { إِن يَنتَهُواْ } عن الكفر والشرك وعبادة الأوثان وقتال محمد صلى الله عليه وسلم { يُغَفَرْ لَهُمْ مَّا قَدْ سَلَفَ } من الكفر والشرك وعبادة الأوثان وقتال محمد صلى الله عليه وسلم { وَإِنْ يَعُودُواْ } إلى قتال محمد صلى الله عليه وسلم { فَقَدْ مَضَتْ سُنَّةُ الأَوَّلِينِ } خلت سيرة الأولين بالنصرة لأوليائه على أعدائه مثل يوم بدر { وَقَاتِلُوهُمْ } يعني كفار أهل مكة { حتى لاَ تَكُونَ فِتْنَةٌ } الكفر والشرك وعبادة الأوثان وقتال محمد عليه الصلاة والسلام في الحرم { وَيَكُونَ الدِّينُ } في الحرم والعبادة { كُلُّهُ لله } حتى لا يبقى إلا دين الإسلام { فَإِنِ انْتَهَوْاْ } عن الكفر والشرك وعبادة الأوثان وقتال محمد صلى الله عليه وسلم { فَإِنَّ اللَّهَ بِمَا يَعْمَلُونَ } من الخير والشر { بَصِيرٌ

Бигӯ эй Муҳаммад ба касоне, ки куфр варзидаанд, яъне Абӯсуфён ва ёронаш, ки: агар даст бардоштанд, аз куфру ширку бутпарастиву ҷангидан бо ҳазрати Муҳаммад (с), он чи гузашта аст аз душманиҳояшон, барояшон омурзида мешавад. Вале агар бозгарданд ба ҷанги ҳазрати Муҳаммад (с), ба яқин суннати Худо дар мавриди пешиниён гузашт, яъне суннати Худо дар мавриди пешиниён, ки ёрии мӯъминон бар душманонашон аст мисли ҷанги Бадр. Бо онон яъне кофирони Макка биҷангед, то фитнае, яъне куфру ширку бутпарастиву ҷангидан бо ҳазрати Муҳаммад (с) дар Ҳарам, бар ҷой намонад ва дин дар Ҳарам ва ҳамчунин ибодат, яксара аз они Худо гардад, то ба ҷуз дини ислом боқӣ намонад. Пас, агар аз куфру ширку бутпарастиву ҷангидан бо ҳазрати Муҳаммад (с) бозистанд, қатъан Худо ба он чи анҷом медиҳанд, аз кори хайру шарр, биност.” (Тафсири Ибни Аббос, 1/191)

Таваҷҷӯҳ доред, ки дар ин оят, манзур мушрикони Макка ба саркардагии Абӯсуфён ва ёронаш ҳастанд, ки корашон ҳамеша “фитна” ва ҷанг бо мусалмонон буд. “Фитна” яъне “бозгардондан аз чизе”. Мушрикони Макка корашон мудом ба зӯр бозгардондани мардум аз дини ислом ва ҷанг бо мусалмонон буд. Ояти карима мегӯяд, эй Муҳаммад! Бо ин ҷамоат, яъне Абӯсуфён ва ёронаш, ки корашон ҳамеша “фитна” ва ҷанг бо шумост, биҷангед. Агар даст аз ин кори ношоист ва ҷангидан бо ту бардоштанд, Худованд гузаштаи онҳоро барояшон мебахшад, вале агар бозгарданд ба ҷанги бо ту, бояд бидонанд, ки Худованд ҳамеша мӯъминонро бар душманонашон ёрӣ кардааст.

Барои боз ҳам беҳтар фаҳмидани мазмуни ин оят, аз шумо хоҳиш мешавад таърихи ислом ва замонеро, ки мушрикони Макка монъеи мардум аз гаравидан ба ислом мешуданд ва ҳамчунин ҷангҳоеро, ки Абӯсуфён ва ёронаш бо мусалмонон мекарданд, мутолеа бифармоед.

Вагарна, дини ислом, агар сари роҳаш ҳеч монеъе вуҷуд надошта бошад, ниёз ба ҳеч ҷанге надорад. Зеро касе, ки мантиқу бурҳону истидлол барои ҳарфу даъваташ дошта бошад ва даъваташ мутобиқ бо фитрат ва хости табиии инсонҳо бошад, лузуме намебинад барои тарвиҷи даъваташ ба зӯру шамшер ва таҳмилу саркӯб мутавассил шавад. Мантиқи ҳазрати Паёмбар (с) дар баробари мухолифонаш ин буд:

قُلْ هَاتُواْ بُرْهَانَكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ

Бигӯ: агар рост мегӯед, далелу бурҳони худро биёваред…” (Сураи Бақара, ояти 111)

Равиши тарвиҷи ислом, бар асоси ояти сареҳи қуръонӣ, маҳдуд ба се шева аст: ҳикмат, панди некӯ ва гуфтугӯ ба некӯтарин равиш:

ادْعُ إِلِى سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ وَجَادِلْهُم بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ

Бо “ҳикмат” ва “андарзи некӯ” ба роҳи парвардигорат даъват кун ва бо онон ба шевае, ки некӯтар аст муҷодила намой…” (Сураи Наҳл, ояти 125)

Аммо вақте касе монъеи ин кор шавад, яъне монеъи даъвати ба ҳикмат ва панди некӯ ва баҳсу гуфтугӯи мантиқӣ шавад ва алайҳи даъваткунанда шамшер бикашад, табиист ту бояд аз худ ва аз динат ва аз киёнат дифоъ намоӣ. Зеро дар ғайри ин сурат, нобуд хоҳӣ шуд.

* * *

4) Паёмбар (с) ҳаргиз, ибтидо ба сокин, бо касе ҷанг шурӯъ накардаанд. Ҳатто замоне, ки хостанд мардуми дунёро ба ислом даъват намоянд (чун фиристодаи Худо ба сӯи ҳамаи ҷаҳониён буданд, на танҳо араб), ба подшоҳони кишварҳо, мисли Эрону Руму Мисру ғайра, нома мефиристоданд, ки ислом биёваред! Бигузоред, паёми ислом ба гӯши мардумонатон бирасад. Баъзе аз подшоҳон мувофиқат мекарданд ва он гоҳ ҳазрати Муҳаммад (с) саҳобаро ба диёри онҳо мефиристод, то барои онҳо паёми исломро бирасонанд, мисли коре, ки подшоҳи Баҳрайн анҷом дод. Баҳрайн, таърихи аҷибе дорад. Ин кишвар дар садри ислом аслан ҷанге надида. Подшоҳи он, пас аз номаи ҳазрати Паёмбар (с), ҳам худаш мусалмон шуд ва ҳам иҷоза дод, саҳоба ба тарвиҷи ойини ҷадид дар кишвараш бипардозанд. Аммо подшоҳоне ҳам буданд, ки ба даъвати ҳазрати Паёмбар (с) эътино намекарданд, мисли шоҳи Эрон дар он даврон.

Аммо ҷангҳое, ки дар замони хилофати умавиён ва ё аббосиҳо иттифоқ афтод ва дар он даврон гоҳе ба бебандубориҳо роҳ дода мешуд (мисли он чи Қутайба ибни Муслим муртакиб шудааст), ин, дигар рабте ба асли омӯзаҳои қуръонӣ ва исломӣ надорад. Хонадони умавӣ қабл аз ин ки муртакиби ҷиноёте дар Эрон ва ё Фарорӯд шуда бошанд, дастонашон ба хуни фарзандони ҳазрати Паёмбар (с) олуда буд ва ба бадтарин ваҷҳ онҳоро ба қатл расонда буданд.

* * *

5) Матлаби дигар роҷеъ ба иддаои шумо дар хусуси ҷиҳоди акбару асғар аст, ки мегӯед, онро “суфиён” бофтаанд. Ва ин дуруст нест бародари азиз!

Аввалан, вожаи “ҷиҳод” дар арабӣ ба маънои “кӯшиш” аст, аз ин рӯ “ҷиҳод дар роҳи Худо” фақат ҷанг дар роҳи Худо нест, балки ҳар навъ кӯшише, ки аз барои Худо анҷом шуда бошад-ро шомил мешавад.

Имом Сарахсӣ дар “Мабсут” ин ривоятро аз Паёмбари Акрам (с) нақл карда, ки:

الجهاد عشرة أجزاء تسعة منها في طلب الحلال للإنفاق على العيال

Чиҳод аз даҳ ҷузъ иборат мебошад, ки нӯҳ ҷузъи он дар талаби ҳалол нуҳуфтааст, ба ҷиҳати таъмини нафақаи аҳлу иёл.”

Ва аммо ин ки ҷиҳод, ба акбару асғар (бузургу кучак) тақсим мешавад, ин аз бофтаҳои “сӯфиён” нест бародари азиз, балки гуфтори худи ҳазрати Паёмбар (с) аст. Байҳақӣ бо санад аз Ҷобир (р) ривоят мекунад, ки гӯяд:

قَدِمَ عَلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَوْمٌ غُزَاةٌ، فَقَالَ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: قَدِمْتُمْ خَيْرَ مَقْدَمٍ مِنَ الْجِهَادِ الْأَصْغَرِ إِلَى الْجِهَادِ الْأَكْبَرِ. قَالُوا: وَمَا الْجِهَادُ الْأَكْبَرُ؟ قَالَ: مُجَاهَدَةُ الْعَبْدِ هَوَاهُ

Гурӯҳе ғозӣ ба маҳзари ҳазрати Расули Худо (с) расиданд, Паёмбар (с) ба эшон фармуд: хушомад мегӯям ба гурӯҳе, ки аз “ҷиҳоди асғар” (кучактар) пой ба “ҷиҳоди акбар” (бузургтар) ниҳоданд! Пурсиданд: ҷиҳоди акбар кадом аст? Фармуд: пайкори банда бо ҳавои нафсаш.” (Китоби зуҳд, с.165, ҳ.373)

Ва бо ин ки бархе аз ҳадиспажӯҳон ин ҳадисро заъиф донистаанд, аммо ин ки гуфта шавад, аз бофтаҳои сӯфиён аст, ҳарфи бепояву асос аст.

* * *

6) Нуктаи ахир ва поёнӣ дар ин қисмат аз мақола ин аст, ки: дар ду қарни ахир (20 ва 21), як ҳаҷмаи бисёр густурда алайҳи ислом ба роҳ андохта шуда, ки бесобиқа аст. Бештари шубаҳоти инчунинӣ, аз сӯи душманони қасамхӯрдаи ислом пароканда шуда ва мешавад. (Манзурам шумо нестед бародари азиз!) Вагарна, агар воқеан омӯзаҳои исломӣ ва сираи амалии мусалмонон дар садри ислом ва чигунагии густариши ислом дар дунё бидуни ҳеч ғаразу маразе арзёбӣ бишавад, шумо назире барои он пайдо намекунед.

Аз шумо хоҳиш мекунам, агар аҳли мутолеа ҳастед, як бор таърихи ҷангҳо дар ҳазор соли ахирро мавриди мутолеаи дақиқ қарор бидиҳед, ки бештар тавассути чӣ афроде ва чӣ давлатҳое сурат гирифта.

Сафаҳоти таърихи ислом, бо ин ки аз ҷанг холӣ нест, вале бо қиёс ба таърихи дигар миллатҳо, ҷанг дар он бисёр андак аст, аслан дида намешавад. Дар Андалус замоне, ки мусалмонон ҳукумат мекарданд, дар хилоли қариб ба 700 сол, шумо ба нудрат мебинед, ки ҷанге шуда бошад. Дар соири нуқоти исломӣ низ қазия аз ҳамин қарор будааст. Аммо бештарин ва бадтарини ҷангҳои таърих тавассути ҳамонҳое сурат гирифта, ки иддао доранд, динашон дини раҳмат аст, яъне масеҳият. Ҷангҳои салибӣ яке аз ториктарин сафаҳоти таърихи онҳост.

Дур намеравем, нигоҳе ба қарни 20 ва 21 кофист, яъне 100 соли ахир. Ду ҷанги ҷаҳонии аввалу дуввум, ки ҷони милюнҳо одамро гирифт, тавассути ҳамонҳо анҷом шуд. Дар 40 соли ахир, бадтарин ҷангҳо тавассути Омрико роҳ андохта шуд: ҷанги Ветном, ҷанги Афғонистон, ҷанги Ироқ, ҷанги Либӣ ва ғайра. Ҳамаи инҳо дар зарфи 40 соли ахир.

Мутаассифона, чашми мо инҳоро намебинад, зеро расона корашро анҷом дода ва медиҳад. Ғулҳои расонаӣ корашон фақат сиёҳ кардани чеҳраи ислом ва мусалмонон аст. Мо бояд ба таърих ва воқеиятҳои пиромуни худ, бо айнаке дигар, ғайр аз айнаке, ки ғулҳои расонаӣ ба чашмамон гузоштаанд, нигоҳ кунем.

Феълан ва дар ин қисмат, ба ҳамин андоза иктифо мекунам, иншоаллоҳ агар умре боқӣ буд, фардо низ ба посухи бақияи шубаҳоти шумо мепардозам.

Идома дорад

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қисмати аввали мақола

Қисмати севвуми мақола

Қисмати чаҳоруми мақола

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: