Қатар санадҳои вобастагии бунёнгузори ҳукумати Саудӣ ба Ангилисро мунташир кард

Китобхонаи миллии Қатар, ки ба тозагӣ аз сӯи Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири ин кишвар ифтитоҳ шудааст, дар пойгоҳи интернетии худ аснодеро мунташир кард, ки вобастагии Абдулазиз Оли Сауд, бунёнгузори ҳукумати Арабистони Саудӣ ба истеъмори Ангилисро фош мекунад.

Ин аснод, ки аз китобхонаи Ангилис дарёфт шуда ва бештари онҳо ба забони ангилисӣ аст, номанигориҳо, гузоришҳои идорӣ, тафоҳумномаҳо ва дастнавиштаҳои мутаъаллиқ ба поягузори ҳукумати Саудиро шомил мешавад.

Бар асоси ин гузориш, асноди мазкур ҳамчунин шомили номанигориҳои Оли Сауд бо намояндагиҳои сиёсии Ангилис дар Баҳрайн, Кувайт, Ҷидда, Ҳинд ва Вазорати умури хориҷаи Ангилис аст ва теъдоди зиёде аз онҳо аз сӯи дафтари Бритониё дар Ҳинд барои Малик Абдулазиз ирсол шудааст.

Яке аз ин аснод нишон медиҳад, ки давлати Ангилис маблағҳоеро ба Малик Абдулазиз пардохт карда, то ӯ ваъда диҳад сарзаминҳои камтаре дар минтақаро ба тасарруфи худ дароварад.

Дар санади дигаре низ мушаххас мешавад, ки Малик Абдулазиз дар ҷараёни ҳамлаи низомии худ барои аз байн бурдани ҳукумати Оли Рашид, аз ҳимояти мустақими истеъмори Ангилис бархӯрдор будааст.

Яке аз ин аснод, ки ҷузъи “асноди маҳрамона” аст, тавассути Эвелин Шокбург (Evelyn Shuckburgh), масъули бахши сиёсии дафтари Ҳинд дар 22 сентябри 1918 танзим шудааст. Дар ин санад омадааст: “Давлати Бритониё тамоюл дорад аз Малик Абдулазиз дар бораи равобиташ бо Малик Ҳусайн бен Алӣ ал-Ҳошимӣ, амири Ҳиҷоз ва Бен Рашид тавзеҳ бихоҳад.”

Дарбори подшоҳии Арабистони Саудӣ дар сафҳаи расмии худ дар Твиттер ба Абдуллоҳ ал-Азба, сардабири рӯзномаи қатарии Алараб, ки ин аснодро мунташир кардааст, посух дода ва сиҳҳати ин аснодро таъйид кард, аммо иддао кардааст, ин маболиғ ришва набуда ва танҳо пардохтҳое барои ҷилавгирии Малик Абдулазиз аз тавсиъаи нуфузи худ дар манотиқи таҳти сайтараи Ангилис аз ҷумла Қатар ва ин мавзӯъ дар робитаи кишварҳо амре марсум будааст.

Малик Абдулазиз аз соли 1902 пас аз кудетои хунин, ҳукумат бар Риёзро ба даст овард ва аз 1922 бар тамоми минтақаи Наҷд (маркази Арабистон) мусаллат шуд ва аз 1925 Ҳиҷозро ба қаламрави худ афзуд. Ӯ дар соли 1932 кишвари ҷадидеро бо номи Арабистони Саудӣ бунён гузошт.

Малик Абдулазиз 9 ноябри 1953 дар 77-солагӣ даргузашт. Вай фарзандони бисёр зиёде дошт ва тамоми подшоҳони баъдии Арабистон (Сауд, Файсал, Холид, Фаҳд, Абдуллоҳ ва Салмон) то кунун фарзандони вай будаанд.

Даврони салтанати ӯ бо кашфи нафт дар Арабистон дар соли 1938 ва баҳрабардории густурда аз манобеи нафтии ин сарзамин ҳамроҳ буд.

Реклама


Рубрики:Пароканда, Торих, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: