Перейти к содержимому

Далели раъйи адами эътимоди порлумон ба давлати Қирғизистон аз назари Александр Князев

Коршиноси сиёсии рус гуфт: “Тасмими намояндагони порлумони Қирғизистон мабнӣ бар раъйи адами эътимод ба кобинаи Сафар Исҳоқов, на танҳо як раъй алайҳи давлати феълӣ, балки раъйи мухолифат бо мероси Отамбоев мебошад.”

Александр Князев, коршиноси сиёсии рус дар ёддоште барои хабаргузории Форс, навиштааст:

Раъйи адами эътимоди намояндагони порлумони Қирғизистон ба кобинаи давлати Исҳоқов, қобили пешбинӣ буд.

Аз оғози маросими интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар моҳи октябри соли гузашта, равшан буд, ки дар барномаи Суронбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳури феълии Қирғизистон, барои афроди наздик ба Отамбоев ва ҳамчунин худи вай, ҷойгоҳе дар назар гирифта нашудааст.

Бекифоятии мутлақи Сафар Исҳоқов ва кобинаи вай дар ҳоли ҳозир фақат як заминаи муносибе буд, то мухолифатҳо бар алайҳи давлат ба авҷи худ бирасад. Аз тарафи дигар, тасмими намояндагони порлумони ин кишвар мабнӣ бар раъйи адами эътимод ба кобинаи вай на танҳо як раъй алайҳи давлати феълӣ, балки раъйи мухолифат бо мероси Отамбоев мебошад.

Як ҳафта қабл тақрибан ба ҳамин шакл Индира Ҷолдубоева, додситони кулли Қирғизистон барканор шуд.

Ба ин тартиб, Отамбоев ба суръат ба як чеҳраи ҳошияӣ дар сиёсати Қирғизистон табдил ва акнун аҳаммияти шахсияти вай бо ҷоҳталабиҳои нохушоянди худ маҳдуд мешавад.

Аммо Ҷеенбеков ҳеч эҳсосотеро ба намоиш намегузорад ва ба назар мерасад, ки нисбат ба Отамбоев амалгаротар аст.

Албатта ман дур аз ҳар гуна иттифоқе, эҳсоси хушбинӣ нисбат ба ин тағйиру таҳаввулот дорам, зеро давлати ҷадид, ки раисиҷумҳур Ҷеенбеков дар садади ташкили он аст, бидуни шак ба дунболи рафъи мушкилоти мардум хоҳад буд, то битавонад зиндагии ҳаддиақалле барои мардум эҷод кунад.

Дар симати нахуствазири ҷадиди Қирғизистон метавонад Исо Омурқулов мансуб шавад, зеро вай дорои мавқеияти қавӣ дар устони Чуй, минтақаи шимолии ин кишвар мебошад, агарчи даврони фаъолияти вай дар вазифаи шаҳрдори Бишкек бо муваффақиятҳои чашмгире муртабит набуд.

Омурқулов як шахсияти барҷастаи ҳизби сусиёл-демукрот мебошад ва интисоби вай ба ин симат метавонад нақши ин ҳизбро ба унвони як ҳизби мунҳасир ба фарди риёсати ҷумҳурӣ ва давлати ин кишвар таъйид кунад.

Муҳаммадқулӣ Абулғозиев, раиси ҷадиди дафтари риёсати ҷумҳурии Қирғизистон низ яке дигар аз номзадҳои муносиб барои нахуствазирӣ мебошад.

Ҳамчунин сару садоҳое дар хусуси эҳтимоли таъйини Торобой Зулфиқоров, намояндаи порлумони ин кишвар, ба ин вазифа ба гӯш мерасанд.

Дар ҳоли ҳозири Ҷеенбеков аз эътимоди мардум бархӯрдор аст, бинобар ин агар вай қасди нишастан дар курсии риёсати ҷумҳурӣ ба муддати тӯлониро дошта бошад, боисте ин эътимодро ба унвони як мудир ва раҳбари қавӣ тақвият бахшад.

Дар ин миён метавон мунтазири истеъфои Улон Исроилов, вазири кишвар, Толкунбек Абдигулов, раиси Бонки миллӣ, Албек Иброҳимов, шаҳрдори Бишкек ва интисоби кодрҳои ҷадид буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: