Ситораи Ҳоливуд дар эътироз ба куштори мардуми Ғазза, аз ширкат дар маросими “Нубели яҳудӣ” худдорӣ кард

Бозигари омрикоӣ-исроилии Ҳоливуд дар вокуниш ба ҳаводиси ахир дар Фаластини ишғолӣ ва иқдомоти саркӯбгаронаи режими саҳюнистӣ гуфтааст, ҳозир ба ширкат дар маросими дарёфти ҷоизаи “Нубели яҳудӣ” нест.

Муассисаи Genesis Prize, ки сарпарасти эътои ин ҷоиза аст, имрӯз (ҷумъа, 20.04.2018) эълом кард, ки хонум Нотоли Пуртман (Natalie Portman) қасд дорад аз ширкат дар маросими дарёфти ҷоизаи “Нубели яҳудӣ”, ки қарор аст дар Фаластини ишғолӣ баргузор шавад, худдорӣ кунад.

Муассисаи мазкур ба нақл аз мудири барномаҳои ин бозигари омрикоӣ-исроилӣ эълом кардааст, ки ӯ (мудири барномаҳои хонум Пуртман) гуфтааст, ки “ҳаводиси ахири Исроил ба шиддат ӯро озурдахотир карда ва аз мушорикат дар ҳар рӯйдоде дар Исроил эҳсоси роҳатӣ намекунад”.

Ба навиштаи рӯзномаи саҳюнистии Ҳоаретз, ин бозигари синамоии Ҳоливуд ҳамчунин гуфтааст, ки “наметавонад дар ин маросим ширкат кунад”.

Муассисаи Genesis Prize дар баёнияе, ки дар вокуниш ба ин иқдоми хонум Пуртман мунташир карда, эълом кардааст: “Танзимкунандагони ин маросим бими он доранд, ки тасмими Пуртман мунҷар ба сиёсӣ кардани иқдоми хайрхоҳонаи онҳо шавад.”

Як манбаъ дар ин муассиса ба рӯзномаи Ҳоаретз гуфтааст, хонум Пуртман қасд надорад ҷоизаи нақдии як милюн дулории ин муассисаро бозгардонад ва тасмим гирифтааст, онро барои кори хайре дар назар бигирад.

Ҷоизаи як милюн дулории муассисаи Genesis Prize, ки аз он ба унвони “Нубели яҳудӣ” ёд мешавад, ҳарсола ба яҳудиҳое эъто мешавад, ки дар ҳавзаи фаъолияти худ дастовардҳои муҳимме дошта бошанд.

Ахиран режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба роҳпаймоиҳои бузурги “Бозгашт”, ки аз сӯи фаластиниёни сокини минтақаи Ғазза бо ҳадафи таъкид ба сарзаминҳои ишғолии худ тартиб дода шуда, иқдом ба шиллик алайҳи онҳо кардааст.

Низомиёни саҳюнист бо шиллик ба мӯътаризони фаластинӣ тайи наздик ба 3 ҳафта, 35 нафарро шаҳид карда ва беш аз 5 ҳазор нафарро захмӣ кардаанд.

Эътирозоти фаластиниҳо баъд аз он ки давлати Омрико шаҳри Қудсро пойтахти режими ишғолгари саҳюнистӣ муаррифӣ кард шиддат ёфтааст.

Реклама


Рубрики:Пароканда, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: