Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (271)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (15)

* * *

Насиҳат кардани мард мар занро, ки дар фақирон ба хорӣ мангар ва дар кори Ҳақ ба гумони камол нигар ва таъна мазан дар фақру дар фақирон ба хаёлу гумони бенавоии хештан (3)

* * *

Фақр, фахре аз газоф асту маҷоз?

На, ҳазорон изз пинҳон асту ноз.

Агар Паёмбар (с) гуфт: фақр, мояи мубоҳоту нозиши ман аст, ин калом аз рӯи газофу маҷоз нест, балки бар асоси ҳаққу ҳақиқат аст. Зеро бо фаҳмидани маънии ҳақиқии фақр, хоҳӣ дид, ки ҳазорон иззату сарбаландӣ дар ин фақр нуҳуфта шудааст.

Аз ғазаб бар ман лақабҳо рондӣ,

Ёргиру моргирам хондӣ.

Аъробӣ афзуд: эй зан! Аз рӯи хашму ғазаб, лақабҳои норавое ба ман нисбат додӣ, маро муридпарвару моргир хондӣ. (Дар ҳоле, ки ман дарвеши ҳақиқӣ ҳастам, на дунёхоҳе, ки дар кисвати дарвешон аст.)

Гар бигирам мор, дандонаш канам,

То-ш аз сар кӯфтан эман кунам.

Ман агар мор бигирам, ҳатман дандонҳои неши заҳрогини ӯро меканам, то мардумро аз газанди ӯ дар амон созам.

Мор: ин ҷо бар молу сарват итлоқ шавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.710)

Нукта: Ин суханон ва суханони баъдӣ, зоҳиран аз забони он марди араб аст, вале дар воқеъ ҳарфи авлиёуллоҳ ва муршидони ҳақиқӣ аст, ки агар ба ҳасби зоҳир ва ҳифзи масолеҳ, рӯй ба дунё кунанд, неши қаттоли дунёро, ки ҳамоно ғафлату бехабарӣ аз ҳазрати парвардигор аст, бармекананд ва умури дунёро дар ҷиҳати сулуки роҳи Ҳақ ба кор мегиранд ва бо назари қудсии худ хокро кимиё мекунанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.710)

З-он ки он дандон адувви ҷони ӯст,

Ман адӯро мекунам з-ин илм дӯст.

Зеро ки он дандони мор душмани ҷонаш аст, ва ман бо ин кор душманро ба дӯст табдил мекунам.

Аз тамаъ ҳаргиз нахоҳам ман фусун,

Ин тамаъро кардаам ман сарнигун.

Ман ҳаргиз ба хотири тамаъи дунё афсун намехонам, зеро ки ман бинои ин тамаъро вожгун кардаам.

Ҳоша лиллаҳ, тамъи ман аз халқ нест,

Аз қаноат дар дили ман оламест.

Паноҳ бар Худо, ки ман ба мардум ҳеч тамаъе набастаам, балки аз қаноат дар қалби ман оламе паҳновар ҳосил шудааст.

Ҳоша лиллаҳ: ҷумлае аст, ки дар мавриди танзеҳ ба кор меравад.

Бар сари амрудбун бинӣ чунон,

З-он фуруд о, то намонад он гумон.

Аз болои дарахти гулобӣ (нок) маро ин гуна мебинӣ, инак аз он дарахт пойин ой, то гумони қаблиат иваз шавад.

Нукта: Амрудбун, навъе гулобӣ (нок) аст, вале ба сурати зарбулмасал даромадаааст, бад-ин мазмун, ки: “Эй фулонӣ! Аз дарахти амруд пойин биё, то дуруст бибинӣ!” (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.914) Шарҳи ин достон дар дафтари чаҳоруми Маснавӣ омадааст, ки хулосаи он чунин аст:

Зане мехост дар баробари чашмони шӯйи гӯлу аҳмақаш, бо марде табаҳкор зино кунад, аз ин рӯ ба шӯяш гуфт: ман бар фарози дарахт меравам, то мева чинам. Вақте бар дарахт рафт, гирякунон бар шӯяш фарёд зад: эй нобакор! Он лутӣ кист, ки бо ту ливота мекунад? Шӯйи гӯлу нодон гуфт: касе бо ман чунин намекунад, аслан касе ҷуз ману ту дар ин ҷо нест. Боз зани ҳавопараст аз рӯи шайтанат гуфт: пас он марде, ки кулоҳ бар сар ниҳода ва бо ту хобида кист? Шӯй гуфт: эй зан! Баландии дарахт сабаб шуда, ки сарат гиҷ равад ва чашмонат ба иштибоҳ чизҳое бинад. Биё пойину бингар, ки касе бо ман нест. Зан аз дарахт пойин омад ва он гоҳ мард болои дарахт рафт. Дар ин ҳангом, он зани бадкору нопок бо марде табоҳкор шурӯъ кард ба амали зино кардан. Шӯй аз болои дарахт ин саҳнаи нораворо дид ва бонг зад: эй зани бадкор! Он кист, ки бо ту даромехта? Зан гуфт: дар ин ҷо касе ҷуз ман нест, ёва магӯ, сарат дар баландии дарахт гиҷ хӯрдааст, биё пойин, то ҳақиқат маълум шавад. Вақте ки шӯй пойин омад, он марди табоҳкор лобалои бӯтаҳо махфӣ шуд, ва он вақт зан ба шӯяш гуфт: нагуфтам аз дарахти амрудбун биё пойин, то бидонӣ, ки гумонат бар хатост?!

Ин қазия зарбулмасале шуда дар бораи касе, ки ба иллати таъассуб бар амре, ҳақиқатро дарнамеёбад, пас ба ӯ мегӯянд: “Аз сари дарахти амруд биё пойин, то дуруст бинӣ!” (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.711)

Чун ту баргардиву саргашта шавӣ,

Хонаро гарданда бинӣ в-он тувӣ.

Ба унвони мисол, агар ту ба даври худат бигардӣ, сарат гиҷ меравад, ва он вақт хоҳӣ дид, ки хона ба даври сарат мечархад. Албатта ин туӣ, ки хонаро чархон мебинӣ, вагарна хона сари ҷойи худ истодааст. (Пас, инсон то аз ағроз пок нашавад, наметавонад ҳақиқатро мушоҳида кунад.)

Чун ғараз омад ҳунар пӯшида шуд,

Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: