Перейти к содержимому

“Дар Қуръон хатогиҳои зиёде мавҷуд аст”

Посухи чанд шубҳа дар бораи ойини Ислом

Бахши севвум

Ин бахш аз мақола ихтисос дорад ба посухи ишколи шумо роҷеъ ба ҷанбаи адабии Қуръони Карим. Аввал, мисли гузашта, айни гуфтори ҷаноби шумо дар ин мавридро меоварам, сипас ба тафсил ба посухи онҳо мепардозам:

* * *

Дуввумин шубҳаи ман ин аст, ки дар замони пеш аз Ислом Худованд ба мардум нишонаҳо ва мӯъҷизаҳо нишон медод, дар Ислом бошад муъҷизааш ва ё нишонааш ин китоб яъне Қуръон аст, ки бо ин мувофиқам ва бояд чунин бошад, чун замони илму тараққиёт аст ва ҳама далел бояд аз нигоҳи илм бошад, аммо савол ин аст, ки оё дар ҳақиқат Қуръон бехато аст?

Ба назари ман, дар он хатогиҳои зиёде мавҷуд аст, ки агар ман хато фаҳмида бошам, мехоҳам ислоҳам кунед, вале аввал як чиро бояд қайд кард, ки дар бисёр ҷои китоби насрониҳо Инҷил чунин ибораҳо омадааст: “Худо гуфт ба ину он, Худо гуфт чунину чунон”. Инҷо маълум аст, ки касе аз номи Худованд навишта истодааст, вале онҳо барои сафедкунии ин камбудиҳо мегӯянд, ки ҳамаи инро инсон навиштаасту Худованд дар дили онҳо инро ваҳй кардааст.

Дар Ислом бошад чунин нест, сухани Худованд бо сухани инсон ва ё паёмбар омехта нест, чуноне, ки дар бисёр ҷо мехонем: Эй хирадмандон, аз Ман битарсед, ин аст роҳи рости Ман, ва ё бигӯ агар Худоро дӯст доред, пас, аз ман пайравӣ кунед ва ғайра, ки албатта ин яке аз бартарии Ислом нисбати дини насоро аст, аммо мутаассифона дар бисёр ҷойҳои дигари Қуръон муаллиф ба хатогиҳо роҳ дода ҳамаро омехта мекунад, ба гунаи мисол:

1) Ва онон, ки ба оёти Худо ва дидори Ӯ имон надоранд, аз раҳмати ман ноумеданд ва онҳорост азобе дардовар. ( Анкабут 23)

Аз аввал мегуяд оёти Худо ва дидори У, дар давомаш раҳмати Ман. Бояд чунин мебуд: ба оёти Худо ва дидори У имон надоранд, аз раҳматаш ноумеданд… ё ин ки: ба оёт ва дидори Ман имон надоранд аз раҳматам ноумеданд.

2) «… ва Ӯ ( Ҷабраил) ба канораи баланди осмон буд, сипас наздик шуд ва бисёр наздик шуд, то ба қадри ду камон ё наздиктар.» (Наҷм: 7,8,9)

Гӯё ин ҷо сухани инсон аст, ки аниқ намедонад ду камон буд ва ё наздиктар аз он, ҳоло он Худованд аз ҳама чи огоҳ аст, агар ин сухани Худо мебуд, бояд чунин меомад: наздиктар аз ду камон.

3) Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед. (Зумар: 10) Арабии ин оят “қул ё ибодиллазина оману» аст, ки ба Паёмбари Ислом мегӯяд «БИГУ ЭЙ БАНДАГОНИ МАН!» Магар мусалмонон бандагони паёмбаранд? Албатта, ки не! Аммо инҷо гап дар бораи хатогӣ ва нодуруст ҷобаҷо гузоштани оятҳост, ки Худованд пок аст аз чунин нуқсон, агар калимаи «бигу» инҷо намебуд, маънояш дуруст мешуд.

Шояд ҷавоби шумо чунин бошад, ки шарт инҷо ҳарф нест, балки маънои он аст, аммо уламои Ислом даъво мекунанд, ки Қуръон дар фасоҳату балоғат ҳамто надорад ва як ҳарфаш хато нест.”

* * *

Ин буд айни ишколҳо ва эродҳои шумо. Инак, ба посухи ин ишколҳо мепардозем. Посухи ин ишколот, бо таваҷҷӯҳ ба нуктаҳои зерин равшан хоҳад шуд, иншоаллоҳ!

* * *

1) Ин ки мефармоед: “Шояд ҷавоби шумо чунин бошад, ки шарт инҷо ҳарф нест, балки маънои он аст..”, иттифоқан, посухи мо чунин нест. Зеро Қуръони Карим дар авҷи фасоҳату балоғат қарор дорад, ва то кунун ҳеч адибе (адиби араб) натавониста кучактарин эроду ишколе — аз назари фасоҳат ва балоғат — ба Қуръони Карим ворид созад. Ва ин эродҳои шумо, ҳама бархоста аз адами огоҳии ҷаноби шумо ба фанни балоғат (ҳатто фасоҳату балоғати порсӣ) мебошад. Албатта, банда ба ҳеч ваҷҳ инро бароятон айб намегирам, ҳаргиз, зеро надонистан айб нест, балки напурсидан айб аст, дар ҳоле ки шумо пурсидаед.

Моҳасали ишколи шумо ин аст, ки: чаро гӯянда (Худо) ба ҷойи ин ки масалан бигӯяд: ман анҷом додам, мегӯяд: Худо анҷом дод? Ва ё ба ҷойи ин ки бигӯяд: раҳмати Худо, мегӯяд: раҳмати ман? Ва ин равишро ҷаноби шумо, ба гумони хеш, нодуруст пиндоштаед.

Ҳол, барои он ки матлаб бароятон равшан шавад, аввал ночорам андаке дар бораи “илми бадеъ” тавзеҳ бидиҳам. Бадеъ, “шохае аз улуми балоғат аст, ки дар бораи чигунагии “ороишҳои лафзӣ ва маънавии калом” пас аз риояти усули балоғат, гуфтугӯ мекунад.” (Саккокӣ, Мифтоҳул-улум, с.200) Орояҳои лафзӣ ва маънавӣ зиёданд, феълан мақом, мақоми баёни ҳамаи онҳо нест. Дар ин ҷо фақат дар бораи яке аз онҳо, ки “илтифот” аст, баҳс мекунам.

“Илтифот” дар луғат маънояш “рӯй баргардондан ба сӯи касе ё чизе” аст. Аммо дар истилоҳи илми бадеъ, тибқи таърифи Фарҳанги Амид, он аст, ки “мутакаллим (гӯянда) ё шоир, дар калом ё шеъри худ, аз такаллум ба хитоб, аз хитоб ба ғайбат, аз ғайбат ба хитоб, ё аз мухотаб ба мухотаби дигар бипардозад.”

Тавзеҳ ин ки: дар ҳар навиштае, нависанда ё аз худаш сухан мегӯяд ё аз фарди ғоиб ва ё аз фарде, ки ҳузур дорад (мухотаб). Риволи оддӣ ин аст, ки то поёни сухан яке аз ин се шеваро идома диҳад. Аммо гоҳе, бар хилофи интизор ва бино ба далоиле, аз мутакаллим ба ғоиб ё ба мухотаб, ва ё баръакс интиқол сурат мегирад. Ин интиқол, дар истилоҳи илми бадеъ, “илтифот” ном дорад. Ба сухани дигар, “илтифот” ин аст, ки мутакаллим ибтидо сиғаи такаллум (ман) ё хитоб (ту) ё ғайбат (вай)-ро ба кор бибарад, сипас ба гунаи пешбининашудае раванди суханро аз сиғае, ки ба кор бурда ба сиғаи дигар тағйир бидиҳад.

“Илтифот” таваҷҷӯҳбарангез аст ва хонанда ва ё шунавандаро такон медиҳад ва ҳушёр месозад ва мӯҷиби таваҷҷӯҳи бештари ӯ ба калом ва дар ниҳоят мӯҷиби завқи адабии вай мегардад.

Ҳоло, чанд намуна аз “Бӯстон”-и Саъдӣ бароятон биёварам:

(1)

Сар наёристӣ кашид аз дасти афғонам фалак,

Гар ба хидмат дасти Саъдӣ дар рикобат дидаме.

Дар ин байт, санъати “илтифот” аз замири мутакаллим (афғонам) ба ғоиб (Саъдӣ) сурат гирифтааст.

(2)

Бори ғамат мекашам в-аз ҳама олам хушам,

Гар накунад илтифот, ё накунад эҳтиром.

Дар ин байт, санъати “илтифот” аз мухотаб ба ғоиб ба кор рафтааст. Шоир дар ин ҷо ёреро, ки ғоиб аст, мухотаб қарор додааст.

(3)

Ғолиби гуфтори Саъдӣ тарабангез аст.

Дар ин ҷумла, Саъдӣ аз худ, ки мутакаллим аст, монанди шахси ғоиб сухан мегӯяд.

(4)

Зуннор агар бибандӣ, Саъдӣ, ҳазор бор,

Беҳ з-он, ки хирқа бар сари зуннор мекунам.

Дар ин байт, “илтифот” аз мухотаб (бибандӣ) ба мутакаллим (мекунам) сурат пазируфтааст.

(5)

Саъдиё, чора сабот асту мудорову таҳаммул,

Ман, ки мӯҳтоҷи ту бошам, бибарам бори гаронат.

Дар ин байт ҳам, санъати “илтифот” аз мухотаб (Саъдиё) дар мисроъи аввал, ба мутакаллим (ман) дар мисроъи дуввум риоят шудааст.

(6)

Саъдиё, софи васл агар надиҳанд,

Мову дурдикашони маҷлиси дард.

Дар ин байт низ, санъати “илтифот” аз мухотаб (Саъдиё) ба мутакаллим (мо) сурат гирифта.

Ғараз аз “илтифот” ин аст, ки ба ширинӣ ва зебоии калом меафзояд ва ҳолати якнавохтиро аз миён мебарад ва шунавандаро ҳушёр ва зеҳнашро ҳарчи бештар мутаваҷҷеҳи умқу зебоии калом месозад.

Инак, пас аз баёни чистии “илтифот”, ба баррасии оятҳое, ки ба гумони шумо, дар онҳо “хато” рафта будааст, мепардозем:

* * *

1) Ояти 23 сураи Анкабут:

وَالَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِ اللَّهِ وَلِقَائِهِ أُوْلَئِكَ يَئِسُوا مِن رَّحْمَتِي وَأُوْلَئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Ва касоне, ки оятҳои Худо ва дидори ӯро мункир шуданд, ононанд, ки аз раҳмати ман ноумеданд ва эшонро азобе пурдард хоҳад буд.”

Дар ин оят, “илтифот” аз ғоиб (оятҳои Худо) ба мутакаллим (раҳмати ман) сурат гирифта. Чаро? Имом Фахри Розӣ нуктаи ин “илтифот”-ро чунин баён медорад:

عند ذكر الرحمة أضافها إلى نفسه فقال رحمتي وعند العذاب لم يضفه لسبق رحمته وإعلاماً لعباده بعمومها لهم ولزومها له

Ҳангоми зикри раҳмат, Худованди Мутаъол онро ба худаш нисбат дода ва фармуда: “раҳмати ман”, аммо он ҷо, ки аз азоб сухан рафта (“…эшонро азобе пурдард хоҳад буд”) онро ба худ нисбат надода, ба ин ҷиҳат, ки раҳмати ӯ бар хашмаш сибқат (пешӣ) дорад, ва ҳам бад-ин хотир, ки то ба бандагонаш эълом бидорад, ки раҳмати ӯ фарогир аст…” (Тафсири Фахри Розӣ, 12/148)

2) Ояти 10 сураи Зумар:

قُلْ يَا عِبَادِ الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا رَبَّكُمْ

Бигӯ: эй бандагони ман, ки имон овардаед! Аз парвардигоратон парво бидоред (тақвои илоҳиро пеша намоед)…

Аввалан: дар ин ҷо ҳазрати паёмбар (с) ноқили амри илоҳӣ ба бандагони Худост, на ин ки ҷумлаи “эй бандагони ман!” аз забони худи паёмбар (с) бошад, то гуфта шавад, ки ”магар мусалмонон бандагони паёмбаранд”?! Дар илми балоғат, ба ин равиш “эҷоз” гуфта мешавад, яъне ихтисор кардан. Албатта, ин равиш, барои ошноён бо илми балоғату фасоҳат ба қадре равшан аст, ки ниёзе набуд зикр кунам, аммо чун шумо ба унвони шубҳа матраҳ фармудед, ёдовар шудам. Дар Қуръони Карим аз ин равиш фаровон истифода шуда.

“Эҷоз” (мухтасар будан) худаш як ҳунар аст дар адабиёт. Яке аз шартҳои балеғу фасеҳ будани калом ин аст, ки бояд “мухтасар ва муфид” бошад. Яъне, аз як тараф бояд хеле мухтасар ва кӯтоҳ, бидуни калимоту ҷумалоти изофӣ бошад, ва аз тарафи дигар, дар айни кӯтоҳ будан, дорои мазмуни зиёд ва ба истилоҳ, муфид бошад. Қуръони Карим дар ин замина, воқеан як мӯъҷиза аст, ки башар аз овардани монанди он (ҳамон тавр ки Қуръон мефармояд) оҷизу нотавон аст. Ба унвони мисол, агар ба арабӣ ошно бошед, медонед, ки сураи Юсуф (а) дар Қуръони Карим – ки дар бораи достони ҳазрати Юсуфи паёмбар (а) аст – ҳамааш ҳудуди 7 сафҳа аст. Ва нависандаҳо ва шоирон бар мабнои ин сура, достонҳо саройида ва ин охирҳо филмсозон филмҳое сохтаанд. Достони нависандаҳову шоирон ҳаҷмаш як китоби қатур ва дар мавориде дар чанд ҷилд китоб аст, ва филме ҳам, ки сохтаанд, ҳудуди 40 қисмати 45-дақиқаӣ аст. Шумо агар он филмро дида бошед, тамоми ҳаводиси он филмро дар ҳамин 7 сафҳаи Қуръон меёбед. Оё ин мӯъҷза нест?!

Сониян, дар ин ояти карима, “илтифот” аз мутакаллим (бандагони ман) ба ғоиб (парвардигор-атон) сурат гирифта. Ҳол, далелаш чист? Яъне, чаро вақте сухан аз бандагон аст, мефармояд: “бандагони ман”, аммо он ҷо, ки сухан аз парвардигор аст, илтифот аз мутакаллим ба ғоиб сурат мегирад ва мефармояд: “парвардигор-атон”. Ин илтифот, бисёр зариф аст. Дар Қуръони Карим аз ин “илтифот” фаровон дида мешавад. Ва далелаш ҳам, як навъ ташриф додан яъне қадру шаъну мақом додан ба бандагон аст. Зеро вақте мефармояд, “бандагони ман”, онҳоро ба худаш (бо замири мутакаллим) нисбат медиҳад; мегӯяд, шумо бандагони ман ҳастед, ба ман ихтисос доред. Ва ҳамчунин аст қазия дар “парвардигор-атон”, зеро парвардигор, парвардигори шумост. Олусӣ мегӯяд:

فيه إيذان بأنهم هم أي قل لهم قولي هذا بعينه وفيه تشريف لهم باضافتهم إلى ضمير الجلالة ومزيد اعتناء بشأن المأمور به فإن نقل عين أمر الله تعالى أدخل في إيجاب الامتثال به

Дар ин оят чунин эълом шудааст, ки: бигӯ ба бандагони ман эй Муҳаммад, ва бирасон айни суханони маро. Ва ҳамчунин, дар ин ояти карима, ташрифу шаъну мақом додан аст ба бандагон бо нисбат додани эшон ба замири ҷалола (ман), ва ҳамчунин дар ин оят мазиди таваҷҷӯҳ шудааст ба амре, ки бандагон маъмур ба он ҳастанд (яъне, аз парвардигоратон парво бидоред ва тақвои илоҳиро пеша созед)…” (Руҳул-маъонӣ, 17/436)

3) Оятҳои 7, 8 ва 9 сураи Наҷм:

وَهُوَ بِالْأُفُقِ الْأَعْلَى. ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّى. فَكَانَ قَابَ قَوْسَيْنِ أَوْ أَدْنَى

Дар ҳоле, ки ӯ (Ҷабраили амин (а)) дар уфуқи аъло буд. Сипас наздик омад ва наздиктар шуд, то фосилааш ба қадри тӯли ду интиҳои камон ё наздиктар шуд.”

Ҳол, эроди шумо ин аст, ки ин сухан сухани инсонро мемонад, чун агар сухани Худо мебуд, “бояд чунин меомад: наздиктар аз ду камон”, на ин ки байни ду мазмун мураддад мешуд, зеро Худо огоҳи мутлақ аст. Ишколи шумо ҳамин аст.

Албатта, ин ишкол ба лафзи Қуръон нест, яъне мисли ду ишколи пешин нест, ки ба фасоҳату балоғати Қуръон баргардад, балки эрод бар маънои Қуръон аст, ки чаро масалан бо тардид сухан гуфта?!

Ҳол, посухи ин шубҳа: бояд бидонем, мафоҳиме, ки дар Қуръон дар бораи зоту сифоти илоҳӣ ва ҳамчунин Аршу Қаламу Лавҳу ва низ дар бораи олами фариштагон ва ҳам аҳволи қиёмату биҳишту ҷаҳаннам ва низ ҷараёни Исро ва Меъроҷ (ки оятҳои сураи Наҷм, ки овардаед, марбут ба Исро ва Меъроҷи ҳазрати паёмбар (с) ҳастанд) омада, ҳеч як аз онҳо, барои мо, инсонҳо, ки дар олами моддӣ бузург шуда ва зиндагӣ мекунем, бо воқеияташон қобили дарк нестанд. Яъне, мо наметавонем онҳоро бо воқеияташон тасаввур намоем, маҳол аст.

Нисбати он оламҳо бо олами мо инсонҳо, мисли нисбати олами мо бо олами тифлҳо дар раҳим ва баччадони модар аст. (Албатта, ин ташбеҳ фақат барои наздиксозӣ ба зеҳн аст, вагарна ҳамин ташбеҳ ҳам аз як назар дуруст нест.) Фарз кунед, тифл дар раҳими модар, чизҳоеро метавонад тасаввур бикунад (бар фарз), хуб, дар ин сурат, он чи ӯ метавонад тасаввур кунад, чӣ чизҳост?! Оё ғайр аз он чи пиромуни ӯро печонида?! Оё ӯ – дар ҳоле, ки дар шиками модар аст — метавонад масалан дарахтро ё кӯҳро ва ё дарёҳои паҳноварро ба воқеияташон ва чунонки мо дар ин олам дарк мекунем, тасаввур намояд? Қатъан на. Зеро тасаввуроти инсон ва он чи дар зеҳнаш ҷо мегирад, фақат ҳамонҳое аст, ки мебинад ва ҳис мекунад. Инсон қодир нест, чизеро, ки аслан надида ва эҳсос накарда, тасаввур намояд, барояш қобили тасаввур нест. Фарз кунед (бар фарзи маҳол), ки як нафар маъмур шуда то биравад пеши тифл дар раҳими модар ва барои ӯ бифаҳмонад, ки дарахт чист?! Хуб, ин маъмур чӣ гуна метавонад ба он тифл воқеияти дарахтро бифаҳмонад?! Ӯ барои он ки бихоҳад бифаҳмонад, нигоҳе меандозад ба гирду атрофи он тифл, ки ӯ бо чӣ чизҳое ошно ва маънус аст. Он вақт масалан чизеро дар олами тифл пайдо мекунад, ки шабеҳи дарахт аст. Баъд ба ӯ мегӯяд, дарахт мисли ҳамин аст!

Ҳол, суол: он чи аз мафҳуми дарахт, ки дар ин ҳолат дар зеҳни тифл пайдо мешавад, оё метавонад ҳикоятгари воқеияти дарахт бошад?! (Таъаммул бифармоед!) Қатъан, на. Шояд тифл фикр кунад, ки фаҳмидааст, ки дарахт яъне чӣ? Вале ин пиндори ӯст.

Қуръони Карим, ки барои мо, инсонҳо биҳишту ҷаҳаннамро тавсиф кардааст, ки масалан дар биҳишт қаср аст ва боғҳое аст, ки аз зераш наҳр ҷорӣ мешавад ва ғайра, мо нодонҳо фикр мекунем, пас биҳишт ҳамин будааст! Яъне мисли қасру боғу наҳри дунё. Ва ё он ҷо, ки аз фариштаҳо сухан карда, ки болҳое доранд, ва ё он ҷо, ки ҷараёни Исро ва Меъроҷро бароямон нақл карда, мо гумон мекунем, ки пас ҳамин асту бас. Дар ҳоле, ки ҳамаи ин тавсифҳо, дар воқеъ як навъ наздик кардани воқеиятҳои он олам ба зеҳни мост, он ҳам тавассути ашёе, ки мо ба онҳо маънус ҳастем, мисли ҳамин ҷумлаи “фосилааш ба қадри тӯли ду интиҳои камон ё наздиктар шуд”, ки Худованд мехоҳад воқеияти он “наздик шудан”-ро ба зеҳнамон наздик созад. Мехоҳад бигӯяд, хеле наздик шуд.

Аз ин рӯ, Имом Фахри Розӣ дар тафсири “факона қоба қавсайни ав адно” (фосилааш ба қадри тӯли ду интиҳои камон ё наздиктар шуд) мегӯяд:

والمراد إفادة شدة القرب

Мурод, баёни шиддати қурб (наздикӣ) аст.” (Тафсири Фахри Розӣ, 19/482)

Дуруст мисли ин ки шумо вақте бихоҳед андозаи кучак будани як чизи бисёр резро (мисли зарраи атомро, ки аслан ба чашм қобили руъят нест) баён кунед, мегӯед, хеле рез аст, резтар аз ҳатто ҳуҷайраҳо. Ин баён, баёни кучак будан аст, на чизе дигар.

Боз ҳам дар тафсири ҳамон оят гуфтаанд:

Равшан аст, ки таъбироте монанди “факона қоба қавсайни ав адно”, ҳама ба сурати киноя ва баёни шиддати қурб аст, вагарна ӯ (Худованд) бо бандагонаш фосилаи маконӣ надорад, то бо “қавс” ва “зироъ” санҷида шавад, ва низ манзур аз “руъят” дар ин оёт руъяти бо чашм нест, балки ҳамон шуҳуди ботинӣ аст…” (Тафсири Намуна)

Қуръони Карим тасреҳ мекунад, ки мушоҳидоти ҳазрати паёмбар (с) дар он олам, на ба чашм, балки ба қалб буда, яъне ишора ба шуҳуди қалбӣ аст, ки ба маротиб аз шуҳуди ҳиссӣ болотар аст, аслан қобили қиёс нест. Дар ояти 11 ҳамин сура мефармояд:

مَا كَذَبَ الْفُؤَادُ مَا رَأَى

Он чиро дил дид, инкораш накард.”

* * *

Ва чун баҳси мо дар бораи фасоҳату балоғати Қуръон буд, дар поёни ин мақола, дӯст дорам ҳикоятеро, ки маъруф аст, бароятон нақл кунам ва ба ҳамин, ин қисмат аз мақоларо ба поён бирасонам. Албатта, дар қисмати баъдӣ, ки иншоаллоҳ охирин қисмат хоҳад буд, мобақии ишколи шуморо баррасӣ хоҳам намуд.

Ва аммо он достон:

Валид ибни Муғира, аз мушрикон ва бузургони Қурайш, ба назди ҳазрати паёмбар (с) омад ва паёмбар (с) барои ӯ Қуръон хонданд, гӯё таъсир пазируфт. Ин моҷаро ба гӯши Абӯҷаҳл расид. Абӯҷаҳл назди Валид ибни Муғира омад ва гуфт:

— Амуҷон! Бузургони Қурайш тасмим гирифтанд барои ту молу сарвате ҷамъ кунанд.

— Чаро?

— То ба ту бидиҳем, зеро ту назди Муҳаммад рафтӣ.

— Қурайш, ки медонад, ман сарватмандтарини онҳоям.

— Пас, алайҳи Муҳаммад сухане бигӯй, то ба гӯши Қурайш бирасад ва собит созад, ки ту мункири ӯ ҳастӣ ва аз ӯ хушат намеояд.

— Хуб, ман чӣ бигӯям?! Ба Худо қасам, шумо медонед, ки дар миёни шумо касе огоҳтар аз ман ба фунуни шеър ва фасоҳату балоғат, вуҷуд надорад. Ба Худо қасам, он чи Муҳаммад мегӯяд, ба ҳеч як аз ашъори арабу ашъори соҳирону коҳинон монанд нест…

Сипас гуфт:

والله إن لقوله الذي يقول حلاوة وإن عليه لطلاوة وإنه لمثمر أعلاه مغدق أسفله وإنه ليعلو وما يعلى، وإنه ليحطم ما تحته

Ба Худо қасам, гуфтори Муҳаммад (манзураш Қуръони Карим) боҳаловат аст, зебоии хоссе дорад, (мисли дарахте, ки) меваи он покиза ва некӯст ва аслу решааш муҳкам ва побарҷост, (гуфторе аст) баланду шомих, ки (ҳеч сухани дигар) наметавонад баландтар ва шомихтар аз он бошад, (гуфторе, ки) мотаҳти худро пора мекунад…

(Ривояти Ҳоким дар Мустадрак)

Идома дорад

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

* * *

Қисмати аввали мақола

Қисмати дуввуми мақола

Қисмати чаҳоруми мақола

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: