Терури донишманди фаластинӣ дар Молезӣ тавассути режими “Исроил” – тасовир

Як донишманди фаластинӣ ба зарби гулӯла дар Молезӣ терур шуд. Хонаводаи ӯ Мусодро омили терури вай муаррифӣ карданд. Телевизиюни режими “Исроил” ин донишмандро яке аз тавлидкунандагони ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин тавсиф кард.

Бомдоди шанбе (21 апрел) Фодӣ ал-Батш (35-сола) донишманди фаластинӣ дар Молезӣ терур шуд. Вай дар ҳоли хуруҷ аз манзил барои иқомаи намози субҳ буд, ки чандин гулӯла ба самти ӯ шиллик шуд.

Бар асоси гузориши хабаргузории “Само”, пулиси Молезӣ эълом кард, ду шахси мутурсавор дар соати 6 субҳ (ба вақти маҳаллӣ) беш аз 10 гулӯла ба самти Ал-Батш шиллик карданд, ки яке аз ин гулӯлаҳо ба сари вай исобат кард ва бар асари он фавран ҷони худро аз даст дод.

Ал-Батш, ки аз аҳолии Ҷаболиё воқеъ дар навори Ғазза буда, дуктурои муҳандисии барқ дошта ва дар яке аз донишгоҳҳои Молезӣ мударрис будааст. Ӯ, ки дорои се фарзанд аст, қабл аз сафар ба Молезӣ, корманди ширкати барқ дар навори Ғазза будааст.

Вай дар Молезӣ имоми Масҷидул-аббос низ буда, бо ҷамъиятҳои хайрия монанди Mycare, Алақсо, i4Syria кор мекардааст.

Холид ал-Батш, аз аъзои аршади “Ҷиҳоди исломӣ” хостори таҳқиқоти фаврии авомили ин терур қабл аз фирори онҳо шуд. Вай дар идома гуфт, Мусод дар ин иқдом дахил аст.

Гуфтанист, терури нухбагони фаластинӣ дар хориҷ аз Фаластин собиқа дорад. Ду сол пеш (соли 2016) низ яке аз нухбагони узви ҷунбиши Ҳамос дар Тунис терур шуда буд.

Муҳандис Муҳаммад Аззаворӣ рӯ ба рӯи манзилаш дар Тафоқиси Тунис терур шуд. Пас аз ин мавзӯъ, гурдонҳои “Алқассом”, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамоси Фаластин, дар барномаи Алҷазира бо унвони “Мо хафия аъзам” (Он чи махфӣ монда, бештар аст), аз нақши шаҳид Аззаворӣ дар сохти 30 паҳпод қабл аз ҷанги 2008 парда бардошт.

Чанде баъд, телевизиюни режими саҳюнистӣ, аз наҳваи терури Муҳаммад Аззаворӣ (муҳандиси созандаи паҳпод) ба дасти созмони ҷосусии хориҷии режими саҳюнистӣ “Мусод” парда бардошт. Яке аз занони узви Мусод, ки худро ба унвони хабарнигор муаррифӣ карда буд, бо Аззаворӣ дар мавриди фаъолиятҳои илмиаш мусоҳибаҳое анҷом дод ва муваффақ шуд аз ин тариқ эътимодашро ҷалб кунад.

Дар идомаи гузориши мазкур омада буд, ин зан гузарномаи хориҷӣ ва корти хабарнигорӣ дошт ва ҳангоме, ки мутмаин шуд Аззаворӣ ба ӯ эътимод кардааст, пеш аз анҷоми охирин мусоҳибааш бо вай, ду нафар аз аъзои тими терури Мусод маъруф ба “Кедун”-ро назди Аззаворӣ фиристод, то ӯро терур кунанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: