Перейти к содержимому

“Агар ба андешаҳои Саъдӣ дар “Гулистон” амал шавад, ҷаҳон ба биҳишт табдил хоҳад шуд”

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Саъдӣ

Гуфторе аз файласуф Иброҳими Динонӣ

Бар асоси мадорики мавҷуд, Саъдӣ фориғуттаҳсили Низомияи Бағдод будааст ва аз он ҷо, ки дар ин навъ донишгоҳҳо меҳварҳои таълиму тарбият дар ду бахши калом ва фиқҳ хулоса мешуда, ин шоири форсӣ ба ҳар ду бахши мазкур иҳотаи комил дорад.

Ҳамчунин, ба рағми ин ки дар Низомия ағлаб ба фарҳанги бостонии Эрон таваҷҷӯҳ намешуд, аммо Саъдӣ дар осори худ таваҷҷӯҳи вежае ба фарҳанги бостони Эронзамин доштааст. Саъдӣ бо ҳунармандии мунҳасир ба фарде дар осори худ воқеъбиниро бо ормонгароӣ ва назмро ба наср наздик мекунад.

Ҳашт боби “Гулистон”-и Саъдӣ ба ҳашт биҳишт маъруф аст ва агар дар ҷомеа ба андешаҳои Саъдӣ дар “Гулистон” амал шавад, ҷаҳон ба биҳишт табдил хоҳад шуд.

* * *

Ба дурустӣ, ки забони форсӣ мадюни талоши бедареғи шайхи аҷалл, Саъдӣ Шерозӣ аст.

Агар Фирдавсӣ набуд, мо имрӯз ба забони форсӣ сухан намегуфтем, ва чунончи агар Саъдӣ дар таърихи мо намедурахшид, ба ин зебоӣ сӯҳбат намекардем.

Мавзӯи сухани ман дар ҳикмати Саъдӣ ва перомуни ин байт аз ашъори ӯст:

“Ва мо убарриу нафсӣ ва ло узаккиҳо”

Ки ҳар чӣ нақл кунанд аз башар дар имкон аст.

* * *

Сухани Саъдӣ ҳамон ҳикмати ӯст. Барои ҳунарманд — ки Саъдӣ яке аз бузургтарини ҳунармандон аст — шабонарӯз 24 соат, ҳафта 7 рӯз ва моҳ 30 рӯз нест. Манзурам ин нест, ки ҳунарманд хориҷ аз таърих аст. Хайр! Ҳунарманд даруни таърих аст, аммо лаҳзаҳои зиндагии ӯ бо мардум тафовут дорад.

Асосан, ҳар инсон бо инсони дигар мутафовит аст. Дар воқеъ замон яъне нисбати инсон бо ҳастӣ. Замон дар олами интизоъ амре якнавохт аст. Ҳар инсоне нисбате бо таърих ва лаҳза дорад. Аммо агар замон як ҳақиқати яксон аст, пас тафовутҳои таърихӣ, қавмӣ, миллӣ, инсонӣ ва дигар тафовутҳо аз куҷост?! Тафовутҳо ба ду вежагии ақлу ирода дар инсон бармегардад.

* * *

Саъдӣ бо ҳикмати амалии худ, як мураббии бузург аст; ба гунае, ки сухани Саъдӣ ба мо дастури ахлоқӣ ва тарбият медиҳад ва низ моро дар амал тавҷеҳ мекунад.

Тарбияте, ки Саъдӣ ироа мекунад, иборат аст аз халлоқият; ба тавре, ки агар дар тарбият халлоқият набошад, тарбият нест.

Ба ақидаи ман, инсон дубор мутаваллид мешавад. Як таваллуди табиӣ, ки ҳамон зоиш аз модар аст, ва таваллуди дигар бо тарбияти ахлоқӣ ҳосил мешавад. Одамӣ худ ба худ инсон намешавад. Инсони тарбиятнашуда ҳайвоне беш нест.

Аз халлоқият ба унвони маънои тарбият сухан гуфтам, ҳол ба маънои халлоқият мепардозам.

* * *

Ҳамаи баҳсҳо, бар сари вожаҳост. Вожагон дар айни ин ки ҳидояткунандаанд, гумроҳкунанда ҳам ҳастанд. Имрӯз халлоқият, дар текнулужӣ хулоса мешавад.

Нишастан дар баробари панҷараи роёна ва дарёфти иттилоот ва ахбори лоятаноҳӣ (бепоён) аз авзоъи ҷаҳон! Ва китоби “Гулистон”-и Саъдӣ низ панҷараи дигаре аст, ки ҷаҳони дигарро пеш рӯйи мо қарор медиҳад. Ҳар ду ҷаҳон боаҳаммият ҳастанд.

Дар ин ҷо қасди ман интиқод ба ҳеч кадом аз ин ду ҷаҳони падидор дар муқобили мо нест. Текнулужӣ бештар ба пешрафт, инкишоф ва тавсиъа меандешад. Диди текникӣ ба инсон бад нест, аммо набояд иштибоҳан гумон кунем, ки инсон худ мавҷуде текникӣ аст.

Ба қавли адибе: касе, ки як чаккуш (болға) дорад, дӯст дорад ҳамаи ҷаҳон мех бошад. Зеро танҳо коре медонад чаккуш аст. Аз он ҷо, ки чаккуш ба унвони абзоре дар ихтиёри ӯст, бинобар ин нигоҳи ӯро ба ҷаҳон низ абзорӣ карда.

Абзор дар хидмати инсон қарор дорад. Худованд фармуда:

Ҳама чизро барои инсон офарида ва инсонро барои худ.”

Оё мешавад инсонро нашинохт ва фақат абзорро шинохт, ё фақат инсонро дар ҳадди эҳсосот, бадан ва сохтори биюлужик фаҳмид?

Рӯзе духтари Корл Моркс аз падараш пурсид: ман салиқаи шуморо дар либосу ғизо медонам, аммо ҷумлае низ мутобиқ бо салиқаи худ бигӯед. Моркс дар ҷавоб гуфт:

Ҳакими Румӣ гуфтааст:Ман инсонам ва он чи инсонӣ аст, бо инсон бегона нест.”

Khabaronline

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: