Гуфторе аз Ҳаким Илоҳии Қумшаӣ дар бораи Саъдӣ

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Саъдӣ

Саъдӣ аз шоирони маҳбуби ҷаҳон аст ва тарҷумаҳои мутаъадид аз “Гулистон” ва “Бӯстон”-и ӯ аз замони рунесонс ба баъд ба забонҳои мухталифи урупоӣ ва осиёӣ арза шуда ва низ ғазалиёт ва қасоиди ӯ ба маҳофили адаби Мағрибу Машриқ роҳ ёфтааст.

Вақте аввалин бор “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ ба забони лотин тарҷума шуд, яке аз кашишони масеҳӣ пас аз мутолеаи китоб чунин тасаввур карда буд, ки ин китоб мутаъаллиқ ба яке аз паёмбарони Бани Исроил аст, ки асараш тоза пайдо шудааст. Осори Саъдӣ дар Ғарб дар маҷмӯаи кутуби муқаддас ба табъ расида ва пайваста мавриди ситойиш ва манбаи илҳоми бузургони Мағрибзамин будааст.

Ҳенри Дэвид Суру, шоир ва нависандаи бузурги омрикоӣ низ аз ситойишгарони Саъдӣ буда ва ӯро дар канори Шекспир ва Донте ва Ҳумер ва дар шумори шоироне қарор додааст, ки суханонаш пайваста тоза ва бо тароват аст.

Ин қазоватҳо нишони дурусте аст аз ин ки аҳаммияти Саъдӣ чунон ки баъзе аз муҳаққиқони муосир гумон бурдаанд, танҳо ба забони фасеҳ ва сеҳри каломи ӯ нест, балки чунон ки худи Саъдӣ ишора карда, он забони ҷовидонӣ танҳо ниқобе аст бар чеҳраи шоҳиди зеборӯйе, ки мақсуд ва маҳбуби ӯст.

На суратест музахраф сурудаи Саъдӣ

Чунон ки бар дари гармоба мекунад наққош

Ки бурқаъе мурассаъ ба лаълу марворид

Фурӯ гузошта бар рӯйи шоҳиди ҷаммош

(Баргирифта аз китоби “365 рӯз бо Саъдӣ” ба қалами Ҳусайни Илоҳии Қумшаӣ)

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Машоҳир, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: