Перейти к содержимому

ДОЪИШ ҳаммоми хун дар Кобул ба роҳ андохт – тасовир

Бар асари инфиҷори маҳиб дар як маркази сабти номи интихобот дар ғарби Кобул, пойтахти Афғонистон, ки субҳи имрӯз (22.04.2018) рух дод, ҳудуди 50 нафар кушта ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти пулис, як дастгоҳи инфиҷорӣ тавассути бомбгузори интиҳорӣ мунфаҷир шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон, омили интиҳорӣ дар вурудии як маркази тавзеъи шиноснома худро мунфаҷир кардааст. Дар замони инфиҷор шумори зиёде аз муроҷиакунандагон барои гирифтани шиноснома дар берун аз сохтмон саф истода буданд.

Намояндаи пулиси Кобул гуфт: “Пизишкон ва пулис дар маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд.”

Наҷиб Дониш, сухангӯи Вазорати кишвари Афғонистон гуфт, ки ин ҳамла тавассути як шахс дар маркази тавзеъи шиноснома анҷом шудааст.

Илова бар муроҷиакунандагон, ки дар маҳал ҳузур доштанд, шумори зиёде аз кӯдакони мадрасаӣ низ дар ин замон аз маҳал дар ҳоли убур буданд.

Шоҳидон гуфтаанд, ки кушташудагон афроди ғайринизомӣ ва ба хусус кӯдакон ва занон буданд.

ДОЪИШ масъулияти ин инфиҷорро пазируфтааст.

Тасовири ин ҳодисаи дилхарош:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: