Ким Ҷунг Ин: “Намехоҳам Саддом ё Қаззофии дуввум бошам!”

Ким Ҷунг Ин, раҳбари Куреи шимолӣ, дар тамоси телефонӣ бо Мун Ҷе Ин, раисиҷумҳури Куреи ҷанубӣ, гуфтааст, ба манзури дурӣ аз сарнавишти “фоҷеаборе”, ки ду раҳбари араб яъне Саддом, диктотури собиқи Ироқ ва Муаммар Қаззофӣ, диктотури сарнагуншудаи Либӣ ба он дучор шуданд, даст аз барномаи ҳастаӣ кашидааст.

Ба гузориши рӯзномаи Раъюл-явм, вай афзудааст, тасмими ахираш дар заминаи таваққуфи озмоиши мушакҳои болистик ва озмоишҳои ҳастаиро дар исботи ин масъала иттихоз кардааст.

Пештар расонаҳои расмӣ эълом карда буданд, Куреи шимолӣ дар талош барои рушди иқтисодии ин кишвар ва барқарории сулҳ, ҳар гуна озмоиши ҳастаӣ ва мушакии худро аз рӯзи гузашта (шанбе) таълиқ мекунад ва маркази анҷоми озмоишҳои ҳастаии худро хоҳад баст.

Ин тасмими ғайримунтазираи раҳбари Куреи шимолӣ пеш аз нишасти ояндаи раҳбарони ду Куре ва низ нишасти пеши рӯи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ва Ким Ҷунг Ин гирифта шуд.

Хабаргузории расмии Куреи шимолӣ ба нақл аз Ин гузориш дода буд, кишвараш дигар ниёзе ба анҷоми озмоишҳои ҳастаӣ ё партоби мушакҳои болистики қоррапаймо надорад, зеро ки ҳадафи тавсиъаи силоҳҳои ҳастаии худро муҳаққақ кардааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: