Тирандозӣ дар қасри валиаҳди Саудӣ; ҳарос аз кудето ё паҳподи асбоббозӣ?

Нимашаби гузашта буд, ки тирандозӣ дар кохи валиаҳди Саудӣ дар маҳаллаи Алхузомӣ дар Риёз, пойтахти Арабистон, ба доғтарин ахбори ҷаҳон табдил шуд. Ҷараён чӣ буд?

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алҷазира, фаъолон дар фазои маҷозӣ тасвирҳоеро мунташир карданд, ки тирандозӣ дар атрофи кохи Алхузомиро дар Риёз, пойтахти Арабистон нишон медиҳад.

Пас аз интишори ин хабар, хабаргузориҳои арабӣ аз ҷумла Алаҳд, хабар аз тарҳи терури Муҳаммад бен Салмон доданд. Дар ахборе дигар низ гуфта шуд, валиаҳди Саудӣ бо чанд муҳофиз кохро ба мақсади номаълуме тарк кардааст. Дар ин миён низ шойеъот то ҷое пеш рафт, ки гуфта шуд, дасти Малик Салмон, подшоҳи Саудӣ мавриди исобати гулӯла қарор гирифтааст ва ба бемористон мунтақил шудааст. Назарияи доғи кудето ҳам дар ин миён матраҳ шуд; шойеъоте, ки сиҳҳату суқми он аз сӯи манобеъ ва расонаҳои расмӣ таъйид нашудааст.

* * *

Хабар чӣ буд? Ва пулис чӣ гуфт?

Фаъолони Саудӣ дар Твиттер бо роҳ андохтани ҳаштаги “Тирандозӣ дар маҳаллаи Алхузомӣ” дар шаҳри Риёз, филмҳое мунташир кардаанд, ки бино бар иддаои онҳо, ҳодисаи тирандозӣ дар наздикии кохи Малик Салмонро нишон медиҳад. Ин корбарон бо интишори видеоҳое, ки дар он садои тирандозии тӯлонӣ ба гӯш мерасад, аз идомаи тирандозиҳо хабар медиҳанд.

Шойеъот дар Твиттер корро ба ҷое бурд, ки сухангӯи расмии пулиси Риёз маҷбур шуд эълом кунад, ки талоше барои кудето дар Риёз иттифоқ науфтодааст. Як паҳподи асбоббозӣ ба кохи подшоҳӣ наздик шуда, ки соқит шудааст. Вай гуфт: “Пулис соати 19:50 рӯзи шанбе ба вақти маҳаллӣ ба парвоз даромадани як ҳавопаймои кучаки бесими тафреҳиро дар маҳаллаи Алхузомии Риёз расад кардааст. Маҳалли бархостани ин паҳпод мушаххас нест.”

Вай идома дод: “Ин ҳавопаймои бидуни сарнишини тафреҳӣ бидуни муҷаввиз дар ин минтақа дар ҳоли парвоз буда ва нерӯҳои амниятӣ мутобиқ бо дастуроте, ки гирифтаанд, дар ин замина иқдом кардаанд.

Бар асоси гузориши хабаргузори расмии Арабистон, мақомҳои саудӣ дар ҳоли анҷоми баррасиҳои лозим дар бораи вазъияти бавуҷудомада ҳастанд.

Хабаргузории Reuters низ ба нақл аз як мақоми Саудӣ гузориш дод, нерӯҳои амниятӣ ба самти ин паҳподи тафреҳӣ дар наздикии кохи салтанатӣ дар маҳаллаи Алхузомӣ дар Риёз тирандозӣ карданд.

Ин мақоми Саудӣ афзуд: “Малик Салмон, подшоҳи Арабистон дар замони соқит кардан ин паҳпод, дар кох ҳузур надошт.”

Дар ин бора хабаргузории Associated Press низ гузориш додааст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки “Муҷтаҳид”, веблогнависи машҳури арабистонӣ, иттилооте ҷадид ва мутафовит дар бораи ҳамла ба кохи Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ дар минтақаи Алхузомӣ дар пойтахти Арабистон мунташир кард.

“Муҷтаҳид”, ки ба интишори иттилоот дар бораи умури дохилии ҳукумати Арабистон машҳур аст, дар Твиттер навишт: “Иттилооте, ки дар бораи тирандозӣ дар минтақаи Алхузомӣ то кунун дар дастрас қарор дорад, ҳикоят аз он аст, ки ҳамла бо истифода аз худравҳои ҳомили тӯпи 50 милиметрӣ сурат гирифтааст ва посух ба ин ҳамла низ беҳадаф ва кӯр-кӯрона будааст. То кунун ҳувияти муҳоҷимон, ки махфӣ шуданд ва низ ҳадаф аз ин ҳамла мушаххас нест. Теъдод талафоти ин ҳамла низ мушаххас нест.”

“Муҷтаҳид” дар идома навишт: “Достони паҳпод афсонае будааст, ки барои аз байн бурдани нигаронӣ ва дардисаре, ки ба вуҷуд омад, бофта шуд.”

Видеоҳое, ки корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин ҳодиса мунташир кардаанд:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: