Перейти к содержимому

Карен Карапетян нахуствазири муваққати Арманистон шуд

Пас аз истеъфои Саргсян ба дунболи роҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Арманистон, Карен Карапетян нахуствазири муваққати ин кишвар шуд.

Ба гузориши Вести, пас аз истеъфои Серж Саргсян ба дунболи идомаи роҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Арманистон, Карен Карапетян нахуствазири муваққати ин кишвар шуд.

Маркази расонаии нахуствазири Арманистон дар баёнияе эълом кард: “Серж Саргсян нахуствазир аз симати худ истеъфо додааст.”

Серж Саргсян раисиҷумҳури собиқ ва нахуствазири ин кишвар дар баёнияе дар ишора ба истеъфои худ эълом кард: “Никол Пашинян (раҳбари мухолифон дар эътирозоти ахир дар Арманистон) дуруст мегуфт. Ман иштибоҳ кардам. Дар чунин авзоъе чандин роҳи ҳал вуҷуд дорад, аммо намехоҳам аз онҳо истифода кунам. Ба ҳамин далел, аз риёсати давлат истеъфо медиҳам.”

Ин дар ҳоле аст, ки садҳо нафар аз сарбозон имрӯз бо либоси низомӣ ба роҳпаймоиҳои эътирозомез дар Арманистон пайваста буданд.

Асри дирӯз Никол Пашинян, раҳбари мухолифон дар эътирозоти ахир дар Арманистон, боздошт шуда буд. Раҳбари мухолифони давлати Арманистон субҳи рӯзи гузашта дар посух ба дархости музокираи нахуствазири ин кишвар эълом карда буд, омодаи гуфтугӯ бо мақомоти давлатӣ аст, аммо ин музокирот фақат дар бораи канорагирии нахуствазир хоҳад буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: