“Қуръон кураи заминро мусаттаҳ медонад, на куравишакл”

Посухи чанд шубҳа дар бораи ойини Ислом

Бахши чаҳорум (поёнӣ)

Аз се ишколе, ки матраҳ фармуда будед, танҳо як ишкол боқӣ мондааст, ки дар ин қисмат аз мақола, ба посухи он мепардозам. Ибтидо, он ишколро айнан меоварам.

* * *

Савумин шубҳаи ман ин оятҳо дар бораи замину осмон ва кашфиётҳои замони муосир аст, ки Қуръон бо онҳо мухолифат мекунад, масалан дар бисёре аз оятҳо замин ҳамвор гуфта шудаааст (Раъд 3, Ҳиҷр 19, Зориёт 48) дар ин оятҳо ва чандин дигари ҷои Қуръон чунин калимаҳо омадааст: мадда, мададноҳо, фарашноҳо, бисото, сутиҳат ва тоҳоҳо. Ҳамаи ин калимаҳо маънои ҳамвор буданро дорад, ҳадисҳо низ дар ин маврид бисёранд, ки тасдиқунандаи ин гуфтаҳост, инҷо намехоҳам суханро дароз кунам агар хоҳед дар гугл «смешные хадисы» занед…

* * *

Посухи ин шубҳаро зимни баёни чанд нукта баён медорам:

1) Аввалан: ҳеч як аз оятҳое, ки ба онҳо ишора кардаед (ва дар “смешные хадисы” оварда шудааст), ба маъное, ки шумо бардошт намудаед — мабнӣ бар ин ки гӯё ишора ба “мусаттаҳ будан”-и кураи замин будааст – далолат намекунанд. Зеро ин оятҳо асосан дар мақоми баёни кайфияти вазъи кураи замин, аз назари мусаттаҳ ва ё куравишакл будан, нестанд, ки чунин бардоштҳое шавад; балки дар мақоми баёни комилан чизе дигар ҳастанд, ки ба зудӣ ба ин матлаб ишора хоҳад шуд.

Бинобар ҳамин аст, ки аз садри ислом то ба имрӯз, шумо ҳатто як муфассирро – бале, ҳатто як муфассирро — пайдо намекунед, ки бардошт ва тафсираш аз ин оятҳо ин бошад, ки ишора ба “мусаттаҳ будан”-и кураи замин доштаанд. Ба гунае, ки агар бар фарз як нафар муфассири Қуръон, ба далоиле, назараш ин бошад, ки замин мусаттаҳ будааст на куравишакл, ҳатто ҳам ӯ низ аз ин оятҳо бардошти “мусаттаҳ будан”-и заминро намекунад. Чаро? Чун мақом дар ин оятҳо, мақоми баёни ин матлаб нест.

Барои он ки нукта дар “мақоми баён” бароятон равшан шавад, ҳоло бо як мисол тавзеҳ медиҳам:

Фарз кунед, як нафар устоди динӣ дар ҳоли суханронӣ аст ва барои мардум аз Худованд ва неъматҳои ӯ мегӯяд ва ин ки мардум набояд ҳеч лаҳза Худоро фаромӯш кунанд, ва дар зимни суханони худ, мегӯяд:

Эй мардум! Худоро фаромӯш накунед! Худое, ки заминро бароятон густаронид ва ҳамвор сохт, ба гунае, ки метавонед дар он роҳат зиндагӣ бикунед ва киштукор намоед!..

Дар ҳамин асно, аз васати маҷлис, яке баланд шавад ва бигӯяд: устод! Шумо мӯътақид ба “мусаттаҳ будан”-и кураи замин ҳастед, зеро ки мегӯед: “Худо бароятон заминро густаронид”. (Густаронид дар арабӣ ҳамон “мадда”, “мададно”, “фарашно” аст).

Хуб, ин устод, ба назари шумо, дар ҷавоби ӯ чӣ хоҳад гуфт?

Оё ҷавоби устод ба вай, ҷуз ин хоҳад буд, ки:

Аввалан, ман дар ин маҷлис (мақом), дар садади баёни масоили астрономӣ ва кайфияти вазъи кураи замин — ки оё “мусаттаҳ аст” ё “куравишакл” — нестам, то ин эродро бароям бигирӣ. Балки ман дар мақоми баёни неъматҳо ва нишонаҳои Худованд дар рӯи заминам. Яъне, мавзӯи баҳси ман, аслан чизе дигар аст ва ту фикрат дар ҷойи дигар. (Дуруст мисли ин ки дар дарси адабиёт, муаллим дар мақоми баёни матолиби адабӣ бошад, вале як шогирд пиндораш ин аст, ки дар дарси илми физик нишастааст ва гумон мекунад, муаллим барои вай дар ҳоли баёни масъалаҳои физикӣ аст.)

Пас, барои фаҳми муроди гӯянда, аввал бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки гӯянда дар мақоми баёни чӣ чизе аст. “Мақоми баён” ҳамин аст. Ин аввалан.

Ва сониян, гирем, ман (он устод) дар садади баёни кайфияти кураи замин бошам (ки нестам), дар ин сурат, оё таъбири “Худо заминро густаронид”, хилофи воқеъ аст? Куравишакл донистани кураи замин, оё бо ин таъбир дар бораи замин, ки “мисли фарш зери пойи мо ҳамвор аст ва густурда аст”, мунофот дорад? Яъне, касе, ки мӯътақид аст кураи замин куравишакл аст, оё наметавонад бигӯяд: “Замине, ки рӯи он роҳ меравам ва зиндагӣ мекунам, бароям ҳамвор ва густарда аст, роҳ рафтан дар он осон аст, на ин ки ҳамааш кӯҳу баландиву каҷӣ бошад”?

* * *

Пас, бинобар ин, асоситарин мушкили афроде, ки чунин шубҳаҳоеро матраҳ мекунанд ин аст, ки аввалан, мутаваҷҷеҳи “мақоми баён” нестанд (ва шояд асосан намехоҳанд бошанд), ва сониян, бо корбурди вожаҳо ва лафзҳо дар муҳовираҳо ва гуфтугӯҳо ошно нестанд.

Ҳоло, банда он ду се оятеро, ки дар пурсиши худ ишора фармудаед, айнан ҳамроҳ бо тарҷумаи дақиқашон бароятон меоварам, то худатон қазоват ва доварӣ намоед, ки ин оятҳо дар мақоми баёни чӣ чизе ҳастанд:

а) Ояти 3 сураи Раъд:

وَهُوَ الَّذِي مَدَّ الأَرْضَ وَجَعَلَ فِيهَا رَوَاسِيَ وَأَنْهَارًا وَمِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ جَعَلَ فِيهَا زَوْجَيْنِ اثْنَيْنِ يُغْشِي اللَّيْلَ النَّهَارَ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

Ва ӯст (Худост) зоте, ки заминро густаронид ва дар он кӯҳҳо ва рӯдҳо ниҳод ва аз ҳар гуна мевае дар он ҷуфт-ҷуфт қарор дод, рӯзро ба шаб мепӯшонад. Қатъан дар ин (умур), барои мардуме, ки тафаккур мекунанд, оятҳое (нишонаҳое) вуҷуд дорад.”

Оят яъне нишона. Нишона ба сӯи Худо. Яъне, вақте шумо, эй инсонҳо дар ин умур тафаккур мекунед, ки чӣ гуна барои тасҳили зиндагӣ бароятон омода шудаанд, ин умур қатъан шуморо мутаваҷҷеҳи падидоварандаи онҳо, ки Худованди Мутаъол аст, хоҳанд намуд.

Хуб, худатон доварӣ бифармоед, ин оят дар мақоми баёни чист? Оё дар садади баёни масоили астрономӣ ва ё физикӣ аст, ё ин ки дар садади баёни неъматҳои илоҳӣ аст, то аз тариқи онҳо ва бо тафаккур дар онҳо, мутаваҷҷеҳи зоти Худовандӣ бишавем?

б) Ояти 19 сураи Ҳиҷр:

وَالأَرْضَ مَدَدْنَاهَا وَأَلْقَيْنَا فِيهَا رَوَاسِيَ وَأَنبَتْنَا فِيهَا مِن كُلِّ شَيْءٍ مَّوْزُونٍ

Ва заминро густаронидем ва дар он кӯҳҳои устуворе афкандем ва аз ҳар чизи (гиёҳи) мавзун (андозакардашуда) дар он рӯёнидем.”

Ин ояти карима низ дар мақоми баёни ҳамон матлабе аст, ки дар боло ёдоварӣ намудам, на ин ки дар мақоми шарҳу тавзеҳи масоили атрономӣ ва ё физикӣ ё зистшиносӣ бошад. Асосан, як қоъидаи куллиро бароятон баён бидорам, то пешатон бошад:

Бидонед бародари азизам, ки дар Қуръони Карим ҳар ҷо сухан аз осмонҳову замин, пайи ҳам омадани шабу рӯз, борон, кӯҳҳо ва рӯдхонаҳо, гиёҳону ҳайвонот ва ғайра рафтааст, ҳадаф аз зикри онҳо “таваҷҷӯҳ додан ба зоти Худованд” аст. Зеро, дар поёни ҳамаи онҳо ё таъбири “инҳо ҳама оятҳое (нишонаҳое) ҳастанд барои мардуме, ки тафаккур мекунанд, таъаққул мекунанд, таъаммул мекунанд” ва шабеҳи он омада. Яъне ин умур ба унвони “оятҳо” (нишонаҳо) ба сӯи Худованди Мутаъол зикр шудаанд. (Дар нуктаи дуввум, сирри ин матлабро бештар тавзеҳ хоҳам дод.)

в) Ояти 48 сураи Зориёт:

وَالْأَرْضَ فَرَشْنَاهَا فَنِعْمَ الْمَاهِدُونَ

Ва заминро густаронидем ва чӣ некӯ густаронидем!

Ин оят низ, чунонки пайдост, дар мақоми баёни ҳамон матлаб аст, ки арз шуд. Бибинед, дар тафсири ин ояти шарифа муфассирон чӣ гуфтаанд:

Аммо дар мавриди хилқати замин ва таъбир ба “моҳидун”, таъбири латифе аст, ки нишон медиҳад Худованд заминро бо тамоми васоили истироҳат барои зиндагии инсонҳо мумаҳҳад (омода) сохтааст. Зеро “моҳид” аз моддаи “маҳд” ба маънии гоҳвора ва ё ҳар маҳалле аст, ки барои истироҳат омода мекунанд. Чунин маҳалле бояд ором, мутмаин, маҳфуз ва гарму нарм бошад ва тамоми ин шароит дар кураи замин ҳосил аст. Ба фармони илоҳӣ, аз як сӯ сангҳо нарм ва табдил ба хок шуда, ва аз сӯи дигар салобати кӯҳҳо ва пӯстаи сахти замин онро дар баробари фишори ҷазру мадд муқовим сохта, аз сӯи севвум қишри ҳавое, ки гирдо гирди онро фаро гирифта, ҳам ҳарорати хуршедро дар худ нигаҳ медорад ва ҳамчун лиҳофи бузурге бар ин бистари густурда афтода, ва ҳам сипари нерӯманде аст дар баробари ҳуҷуми сангҳои осмонӣ, ки онҳоро ба маҳзи вуруд ба қаламрави замин оташ зада, хокистар мекунад. Ва ба ин тартиб, тамоми шароити осоиш аз сӯи Худованд барои пазироӣ аз инсон, ки меҳмони Худо дар ин кураи хокӣ аст фароҳам шудааст.” (Намуна, зайли ояти 48 сураи Зориёт)

* * *

2) Ва аммо нуктаи дуввум ва муҳим: барои он ки ба ин матлаб дуруст пай бибарем, ки: Қуръони Карим — аз сураи Ҳамдаш то сураи Нос — дар “мақоми баён”-и чӣ чизе аст, лозим аст бидонем, асосан Қуръон чӣ китобе аст?

Посух он ки: Қуръони Карим, на китоби фалсафа аст, на физик аст, на китоби шимӣ аст, на китоби риёзӣ ва на китоби зистшиносӣ ва ғайра аст, то рисолаташ парвариши файласуф ё физик ё шимист ва ё зистшинос ё риёзидон бошад. Балки Қуръон (ва ҳамчунин суннат), дар як калом, китоби “роҳнамо” аст; роҳнамо ба сӯи ҳар он чи мояи саодати башар дар дунё ва охирати ӯст. Ва ба сухани дигар, Қуръони Карим китоби “инсонсозӣ” аст, ва рисолаташ “сохтани” инсон аст:

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِيَ أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِّنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ

Моҳи Рамазон, ки дар он Қуръон фурӯ фиристода шуда, ки “роҳнамое” барои мардум ва нишонаҳое рӯшан аз раҳнамунӣ (ба роҳи рост) ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст…” (Сураи Бақара, ояти 185)

ذَلِكَ الْكِتَابُ لاَ رَيْبَ فِيهِ هُدًى لِّلْمُتَّقِينَ

Ин китоб, ҳеч шакке дар он нест, “роҳнамои” парҳезгорон аст.” (Сураи Бақара, ояти 2)

إِنَّ هَذَا الْقُرْآنَ يِهْدِي لِلَّتِي هِيَ أَقْوَمُ

Ҳамоно ин Қуръон ба ойине дурусттар ва устувортар “роҳ” менумояд…” (Сураи Исро, ояти 9)

Бинобар ин, ҳам он мусалмоне иштибоҳ кардааст, ки кораш фақат татбиқсозии оятҳои қуръонӣ бо ёфтаҳои илмии рӯз аст (коре, ки амсоли Ҳорун Яҳёҳо ба дунболи он ҳастанд) ва ҳам он шубҳаафкане сахт дар иштибоҳ аст, ки таваққӯъ дорад китоби Худо барои вай баёнгари масоили илмӣ бошад. Ҳар ду даста ба иштибоҳ рафтаанд.

Ин ду даста, ба “ҳадафи Қуръон” огоҳ нестанд. Мутаваҷҷеҳ нестанд, ки Қуръон омадааст, то “инсон” бисозад, на “мутахассис” дар соҳае аз соҳаҳаи дониш. Мутаваҷҷеҳ нестанд, ки одам, барои “мутахассис” шудан дар як соҳаи дониш — масалан барои физик шудан — ниёзе ба китоби осмонӣ надорад, балки Худованди Мутаъол ба ӯ ақлу фаҳм дода, ки агар хуб онро ба кор бандад, ҳам метавонад физик шавад, ҳам метавонад шимист бишавад, ҳам риёзидон бишавад, ҳам зистшинос бишавад ва ҳоказо… Далелаш ҳам вуҷуди амсоли Арастуҳо, Ибни Синоҳо, Беруниҳо, Нютонҳо, Эйнштейнҳо ва ғайраанд. Агар Нютон қонуни ҷозибаро кашф кардааст, онро аз “китоби осмонӣ” кашф накарда, ва агар Эйнштейн қонуни нисбиятро кашф кардааст, аз китоби Таврот ва ё Инҷил ё Қуръони Карим онро барнагирифта, балки ақлашонро хуб ба кор бастаанд ва он гоҳ муваффақ ба кашфи ин қонунҳо шудаанд.

Аммо ҳамин инсон, барои “худаш”-ро шинохтан ва бо мабдаъ ва оғози хеш ва низ ба маъод ва анҷоми худ ошно шуданаш ва ҳамчунин барои “инсон” шуданаш, ниёз ба “роҳнамо” дорад. Зеро инсон ба танҳоӣ ҳаргиз наметавонад муваффақ ба кашфи ин маориф шавад. Инсон худаш ба танҳоӣ ҳаргиз наметавонад бифаҳмад, он чи мояи саодати ӯ дар дунё (то чӣ расад дар охират) аст, кадом аст.

Ин ҷост, ки ниёз дорад офаридгори ӯ ба ӯ роҳро аз чоҳ нишон бидиҳад; роҳи саодати ӯ дар дунё ва охиратро аз чоҳи шақоват ва бадбахтӣ нишон бидиҳад. Агар дар Қуръон дар бораи Худованд ва сифоти ӯ бисёр сухан рафтааст (масоиле, ки инсон ба танҳоӣ абадан муваффақ ба кашфи онҳо нест), ба ин хотир аст, ки чун саодати инсон дар дунё ва охират, бастагӣ ба маърифати Худованд дорад. Агар дар бораи қиёмат ва аҳволи он сухан гуфтааст, ба ин ҷиҳат аст, ки то бидонад, поёни кори ӯ чист. Агар дар Қуръон ба як силсила аҳком – аз қабили намозу рӯзаву ҳаҷҷу закоту ғайра – сухан рафтааст, бад-ин хотир аст, ки чун бо анҷоми ин ибодатҳост, ки саодати ӯ дар дунё ва охират таъмин мешавад. Агар дар Қуръон аз як силсила аъмол наҳй шудааст – мисли зинову ғорату дуздиву ғайбату бӯҳтону ғайра — ба ин далел аст, ки чун саодати инсон дар дунё ва охират ва тақарруб ба Худо, ҷуз бо тарки ин аъмол, муяссар нест.

Дар заминаи улум, Қуръони Карим дар айни он ки як китоби илмӣ нест, вале инсонро ба сӯи фарогирии дониш фаро мехонад; чаро ки як китоби роҳнамост; роҳнамоӣ ба сӯи ҳар он чи мояи саодати инсон дар дунё ва охират аст, чунонки баён гардид. Ва фарогирии улум низ, саодатро барои одамӣ дар дунё ва охирати ӯ фароҳам месозад.

Ба ҳамин хотир аст, ки ислом аз забони паёмбараш ба инсон дастур медиҳад, ки “илмандӯзӣ фарз аст”, “аз гаҳвора то гӯр илм биёмӯз”, аммо ин ки интизор дошта бошем, Қуръон кораш назарияпардозӣ бошад, ва ба иборати дигар, аз Қуръон интизор дошта бошем “оши тайёр”-ро дар ихтиёри мо бигузорад, ин ба он маъност, ки ислом як дини танбалпарвар будааст; намехоҳад худи мо ба монанди дигарон талош кунем, балки “оши тайёр” дар ихтиёри мо таҳвил бидиҳад.

Ислом мегӯяд, дониш биёмӯз ва худат заҳмат бикаш, ва чунонки дигарон заҳмат кашиданд ва бо донишандӯзӣ то Миррих рафтанд, ту ҳам заҳмат бикаш, на ин ки биншинем ва аз ислом интизор дошта бошем, худаш бароямон назарияҳо ва фарзияҳои улумро баён бидорад.

Хулоса, Қуръон дар заминаи улум, кораш фақат роҳнамоӣ аст, ки илм биёмӯз, на ин ки назарияпардозӣ бошад ва аз мусалмонон муште одамони танбал ба бор оварад.

Ҳол, бармегардем ба асли мавзӯъ.

* * *

3) Нуктаи ахир он ки: иддаъои шумо мабнӣ бар ин ки оятҳои овардаатон гӯё ишора ба “мусаттаҳ будан”-и кураи замин будааст, дар сурате қобили қабул аст, ки дар тӯли таърихи 1400-солаи ислом, дар миёни муфассирони Қуръон, лоақал яке ду нафар муфассир пайдо бишаванд, ки ҳамин ҳарфро зада бошанд. Дар ҳоле, ки муфассирон ва фуқаҳои исломӣ (на ҷадид, балки қадим; аз муфассирони саҳоба бигир то ба баъд) назарашон ин аст, ки Қуръон ва суннат бар куравишакл будани замин тасреҳ доранд.

Ибни Таймия рисолае дорад мавсум ба “Рисолатун фил-ҳилол”. Ӯ дар ин рисола ба тафсил роҷеъ ба ин мавзӯъ баҳс кардааст, аз ҷумла мегӯяд:

وَقَدْ ثَبَتَ بِالْكِتَابِ وَالسُّنَّةِ وَإِجْمَاعِ عُلَمَاءِ الْأُمَّةِ أَنَّ الْأَفْلَاكَ مُسْتَدِيرَةٌ… وَقَالَ: { وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ كُلٌّ فِي فَلَكٍ يَسْبَحُونَ } وَقَالَ تَعَالَى: { لَا الشَّمْسُ يَنْبَغِي لَهَا أَنْ تُدْرِكَ الْقَمَرَ وَلَا اللَّيْلُ سَابِقُ النَّهَارِ وَكُلٌّ فِي فَلَكٍ يَسْبَحُونَ } قَالَ ابْنِ عَبَّاسٍ : فِي فَلْكَةٍ مِثْلِ فَلْكَةِ الْمِغْزَلِ… قَالَ تَعَالَى: { يُكَوِّرُ اللَّيْلَ عَلَى النَّهَارِ وَيُكَوِّرُ النَّهَارَ عَلَى اللَّيْلِ } وَالتَّكْوِيرُ هُوَ التَّدْوِيرُ. وَمِنْهُ قِيلَ: كَارَ الْعِمَامَةَ وَكَوَّرَهَا إذَا أَدَارَهَا. وَمِنْهُ قِيلَ: لِلْكُرَةِ كُرَةٌ وَهِيَ الْجِسْمُ الْمُسْتَدِيرُ وَلِهَذَا يُقَالُ لِلْأَفْلَاكِ كُرَوِيَّةُ الشَّكْلِ

Ба таҳқиқ, ба китоб (Қуръони Карим) ва суннат ва иҷмоъи (иттифоқи назари) уламои уммат собит шудааст, ки афлок (сайёраҳо) куравишакл ҳастанд… Худованди Мутаъол мефармояд: “Худо зотест, ки шабу рӯз ва хуршеду моҳро падид овард; ҳар кадом дар фалаке муайян шиноваранд.” (Сураи Анбиё, ояти 33) Ва низ фармояд: “На хуршедро сазад, ки ба моҳ расад ва на шаб бар рӯз пешӣ ҷӯяд, ва ҳар кадом дар фалаке муайян шиноваранд.” (Сураи Ёсин, ояти 40) Ибни Аббос (р) гӯяд: “(Фалка) чизест, ки доираӣ бошад, мисли “фалкаи миғзал” (бодреса)”… Ва ҳамчунин Худованди Мутаъол фармуда: “(Худованд) шабро ба рӯз таквир мекунад, ва рӯзро ба шаб таквир менамояд…” (Сураи Зумар, ояти 5). “Таквир” яъне “тадвир” (мудаввар кардан). Аз ҳамин ҷост, ки мегӯянд: “Амомаро таквир кард” вақте онро ба сурати мудаввар бипечонанд. Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ба тӯп мегӯянд, “кура”, ки чизе доираӣ аст. Бар ҳамин асос, ба афлок (сайёраҳо) мегӯянд, куравишакл ҳастанд…” (Рисолатун фил-ҳилол, 1/30, Ашшомила)

Ғараз аз нақли сухани Ибни Таймия ин нест, ки иддаъо кунем, Қуръони Карим рисолаташ баёни ин масаъала будааст, ҳаргиз! Балки ҳамон тавре ки дар боло ёдоварӣ шуд, рисолати Қуръон ин нест. Ҳадаф аз нақли ин қавл он аст, ки бидонем, Қуръони Карим дар айни ин ки кораш назарияпардозии улум нест, вале, ҳаргиз ҳарферо дар он пайдо намекунед, ки хилофи мусалламоти улум бошад. Ва пурравшан аст, ки хилофи мусалламоти улум ҳарф назадан як матлаб аст, ва назарияпардозӣ як матлаби дигар. Ба сухани дигар, Қуръони Карим ҳаргиз хилофи воқеъ ҳарф намезанад, яъне дурӯғ намегӯяд.

Хуб, баҳсамро дигар ба поён мерасонам, ба назарам посухи тамоми ишколҳо ва эродҳои ҷаноби шумо, дар ин чаҳор қисмат дода шуданд. Агар қобили қабул буданд, ки чӣ хуб, вагарна бизоъати мо ҳамин буд, ба андозаи дониши андакамон посух навиштем.

Аттавфиқу миналлоҳи ъазза ва ҷалла

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

* * *

Қисмати аввали мақола

Қисмати дуввуми мақола

Қисмати севвуми мақола

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: