Ҳавопаймоҳои Саудӣ маросими арӯсӣ дар Яманро ба хоку хун кашиданд – видео

Ҳамлаи ҳавоии эътилофи Саудӣ ба маросими арӯсӣ дар устони Ҳиҷҷаи Яман, то кунун ҳудуди 60 кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст ва ин омор ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст. Дар хабаре дигар, дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои Саудӣ ба Яман, Солеҳ Ассаммод, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман, ба шаҳодат расидааст.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ дар ду ҳамлаи паёпай ба рустои Алроқа воқеъ дар устони Ҳиҷҷа дар ғарби Яман, як маросими арӯсиро ҳадаф қарор дода ва 15 танро кушта ва ҳудуди 40 тани дигарро маҷрӯҳ карданд.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти устони Ҳиҷҷа гуфтааст: “Парвози ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ дар минтақа ҳамчунон идома дорад ва ин иқдом монеъи расидани худравҳои ёрирасон ва афзоиши шумори қурбониён шудааст.”

Муовини мудири бемористони устони Ҳиҷҷа ҳам гуфта: “То кунун ҳудуди 40 захмӣ ба ин бемористон мунтақил шуда ва ин омор ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.”

Гуфтанист, аз оғози ҷанги Яман дар марти 2015 то кунун, ҳавопаймоҳои ҷангии эътилоф ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ва ҳимояти мустақими Омрико, ҳамалоти паёпае ба маросимҳои азо ва арӯсӣ дар Яман доштаанд.

Солеҳ Ассаммод, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман

Дар хабаре дигар, шабакаи Алмасира аз шаҳодати Солеҳ Ассаммод, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман хабар дод.

Бар пояи ин гузориш, Шӯрои олии сиёсии Яман дар баёнияе эълом кард, ки Солеҳ Ассаммод дар ҳамлаи ҳавоии эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар устони Алҳадида ба шаҳодат расидааст.

Шӯрои олии сиёсии Яман дар баёнияи худ эълом кард: “Мо ба қудратҳои мутаҷовиз собит хоҳем кард, ки раҳбарӣ, давлат, ниҳодҳо ва миллати мо уммати муҳкам ҳастанд, ки сари таъзим фуруд нахоҳанд овард.”

Шӯрои олии сиёсии Яман таъкид кардааст: “Ҷинояти терури Ассаммод бепосух нахоҳад монд ва посухе дарднок ба он дода хоҳад шуд.”

Дар ҳамин ҳол, шабакаи Sky News гузориш дод, Ансоруллоҳи Яман пас аз кушта шудани Солеҳ Ассаммод, Маҳдӣ Муҳаммад Ҳусайн Алмашшотро ба унвони раиси ҷадиди Шӯрои олии сиёсии Яман таъйин кардааст.

* * *

Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман: “Шаҳодати Солеҳ Ассаммодро бидуни посух нахоҳем гузошт”

Дар ҳамин росто, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳ дар суханронии худ ба муносибати шаҳодати Солеҳ Ассаммод, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман дар ҳамлаи ҳавоии Арабистон, гуфт: “Ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ худрави Солеҳ Ассаммодро тайи се навбат ҳадаф қарор доданд, ки ба шаҳодати ӯ мунҷар шуд. Кишварҳои мутахосим ва дар раъси он Арабистон ва Омрико бояд масъулияти ин ҷиноятро бар ӯҳда бигиранд. Ин ҷиноят бидуни посух нахоҳад буд.”

Сайид Абдулмалик ал-Ҳусӣ тасреҳ кард: “Арабистони Саудӣ Солеҳ Ассаммодро дар садри листи терури худ қарор дода буд. Ин гуна иқдомоти ҷиноятомези Арабистон, миллати моро таслим нахоҳад кард.”

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: