Адли илоҳӣ (45)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (7)

Имон ба Худо ва охират

Нисбати дунё ва охират, нисбати бадану руҳ, яъне нисбати зоҳир ба ботин аст. Дунё ва охират, ду ҷаҳони комилан муҷаззо ва мунфасил аз якдигар нестанд. Олами дунё ва охират ва ё ба таъбири дигар, мулку малакут, маҷмӯан як воҳид аст ҳамчун варақи китоб, ки дорои ду сафҳа аст, ва ё ҳамчун сиккае, ки ду тараф дорад. Замине, ки дар дунё ҳаст, ҳамин замин бо чеҳраи малакутияш дар охират пайдо мешавад. Ҷамодоту набототи дунё бо виҷҳаи (чеҳраи) малакутиашон дар охират зоҳир мешаванд. Асосан, охират виҷҳаи малакутии дунёст.

Шарти ин ки як амал, виҷҳаи малакутии хуб ва “ъиллийинӣ” пайдо кунад ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба Худо ва барои суъуд ба малакути Худо анҷом бигирад. Агар касе мӯътақид ба қиёмат набошад ва таваҷҷӯҳ ба Худо надошта бошад, амали ӯ виҷҳаи малакутӣ нахоҳад дошт, ва ба таъбири дигар, суъуд ба ъиллийин нахоҳад кард. Виҷҳаи малакутии амал, виҷҳаи болост, ва виҷҳаи мулкии он, виҷҳаи пойин аст. То амале аз роҳи ният ва аз роҳи ақида ва имон, нуроният ва сафо пайдо накунад, ба малакути ъулё намерасад. Амале ба малакути ъулё мерасад, ки руҳ дошта бошад. Руҳи амал, ҳамон баҳраи ухравӣ ва малакутии он аст. Қуръони Карим чӣ зебо мефармояд:

إِلَيْهِ يَصْعَدُ الْكَلِمُ الطَّيِّبُ وَالْعَمَلُ الصَّالِحُ يَرْفَعُهُ

Ба сӯи ӯ (Худо) сухани пок боло меравад ва кирдори шоиста боло мебарадаш.” (Сураи Фотир, ояти 10)

Ин оят ба ду гуна қобили тафсир аст, ва ҳар ду гуна дар кутуби тафсир зикр шудааст:

Яке ин ки: сухани пок ва эътиқоди покро кирдори шоиста боло мебарад. Дигар ин ки: сухани пок ва эътиқоди пок, кирдори шоистаро боло мебарад ва малакутӣ месозад. Ду тафсир — ки ҳар ду саҳеҳ аст ва монеъе надорад, ки ҳар ду мақсуд бошад — маҷмӯан ин аслро баён мекунанд, ки имон дар мақбулияти амал ва боло рафтани амал ба сӯи боло, таъсир дорад ва амал, дар сероб шудани имон ва боло рафтани дараҷаи имон. Ин асл дар маорифи исломӣ асли мусалламе аст.

Истишҳоди мо ба ин оят бино бар тафсири дуввум аст, гӯ ин ки — ҳамчунон ки ишора кардем — аз назари мо монеъе надорад, ки ояти карима дар они воҳид нозир ба ҳар ду маънӣ бошад.

Ба ҳар ҳол, иштибоҳ аст агар бипиндорем аъмоли касоне, ки имон ба Худо ва қиёмат надоранд, ба сӯи Худо суъуд менамояд ва виҷҳаи “ъиллийинӣ” пайдо мекунад.

Агар ба мо бигӯянд, ки фалон кас аз ҷоддаи шимоли Теҳрон хориҷ шуд ва дар ҷиҳати шимол чанд рӯз ба сафари худ идома дод, ҳаргиз таваққӯъ надорем, ки чунин касе ба Қуму Исфаҳону Шероз бирасад. Агар касе чунин эҳтимоле бидиҳад, ба ӯ механдем ва мегӯем, агар ӯ мехост ба Қуму Исфаҳону Шероз биравад, бояд аз ҷоддаи ҷануби Теҳрон хориҷ шавад ва идома диҳад.

Маҳол аст, ки касе ба сӯи Туркистон биравад ва ба Каъба бирасад.

Биҳишту ҷаҳаннам, ду ғояти сайри маънавии инсон аст. Дар он ҷаҳон ҳар касе худро дар ғояти масири худ мебинад, яке болост ва дигаре пойин, яке аъло ъиллийин аст ва дигаре асфали софилин:

إِنَّ كِتَابَ الْأَبْرَارِ لَفِي عِلِّيِّينَ

Корномаи некон дар ъиллийин аст.” (Сураи Мутаффифин, ояти 18)

إِنَّ كِتَابَ الفُجَّارِ لَفِي سِجِّينٍ

Корномаи бадкорон дар сиҷҷин аст.” (Сураи Мутаффифин, ояти 7)

Чӣ гуна мумкин аст касе ба сӯи мақсаде ҳаракат накунад ва ё ба сӯи мақсаде зидди он мақсад ҳаракат кунад ва он гоҳ ба он мақсад бирасад?! Ҳаракат ба сӯи ъиллийин, фаръи оҳангу иродаи расидан ба он аст, ва оҳангу ирода, фаръи маърифату эътиқод аз як тараф, ва тамкину таслим аз тарафи дигар аст. Аз он ки ба чунин мақсаде эътиқод надорад ё тамкину таслим надорад ва билохира рағбате ба он надорад ва ба ангезаи расидан ба он ҷо кучактарин гоме барнамедорад, чӣ гуна метавон таваққӯъ дошт, ки сар аз он ҷо дарбиёварад? Бешак ҳар роҳе ба мақсади худаш мунтаҳӣ мегардад. То мақсад Худо набошад, ба Худо мунтаҳӣ намегардад. Қуръони Карим мефармояд:

مَّن كَانَ يُرِيدُ الْعَاجِلَةَ عَجَّلْنَا لَهُ فِيهَا مَا نَشَاء لِمَن نُّرِيدُ ثُمَّ جَعَلْنَا لَهُ جَهَنَّمَ يَصْلاهَا مَذْمُومًا مَّدْحُورًا. وَمَنْ أَرَادَ الآخِرَةَ وَسَعَى لَهَا سَعْيَهَا وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُولَئِكَ كَانَ سَعْيُهُم مَّشْكُورًا

Ҳар кас (фақат) толиби дунёи нақд бошад, он миқдор, ки бихоҳем, ба онон, ки бихоҳем медиҳем, сипас барои вай ҷаҳаннамро қарор додаем, ки накӯҳида ва рондашуда вориди он мегардад. Ва ҳар кас хоҳони охират бошад ва кӯшиши шоистаи онро анҷом диҳад, пас кӯшиши онон мавриди қадрдонӣ қарор хоҳад гирифт.” (Сураи Исро, оятҳои 18-19)

Яъне агар касе сатҳи фикраш аз дунё болотар набошад ва ҳадафи олитар аз дунё надошта бошад, маҳол аст, ки ба ҳадафи олии ухравӣ ноил гардад, вале лутфу карами мо ва худоии мо эҷоб мекунад, ки аз ҳамон ҳадафи дунёӣ, ки хоҳони он аст, ба ӯ баҳрае бидиҳем.

Дар ин ҷо нуктае ҳаст: ҷаҳони дунё, ҷаҳони табиат ва модда аст, ҷаҳони иллатҳо ва асбоб аст, иллатҳо ва асбоби дунявӣ бо ҳам дар тазоҳуму ҷанганд… Ба ҳамин хотир, касе, ки ҳадафаш дунё бошад, тазмине надорад, ки сад дар сад ба мақсуд бирасад. Таъбире, ки Қуръони Карим барои тафҳими ин нукта интихоб фармуда ин аст:

Ҳар қадр бихоҳем, ба ҳар кас бихоҳем медиҳем.”

Вале он кас, ки дар низоми руҳии худаш ҳадафи олитаре дорад ва дил ба ҳадафҳои кучаки нақд надодааст ва ба сӯи ҳадафи илоҳӣ гом бармедорад ва бо имон ҷилав меравад, албатта вай ба ҳадаф хоҳад расид, зеро Худованд арҷгузор аст, кори некеро, ки тақдими ӯ гардад, мепазирад ва музд медиҳад.

Дар ин ҷо саъю кӯшиш ҳам шарт шудааст, зеро маҳол аст, ки касе бе гом бардоштан, роҳпаймоӣ кунад ва ба ҳадаф бирасад.

Сипас дар ояти баъд мефармояд:

كُلاًّ نُّمِدُّ هَؤُلاء وَهَؤُلاء مِنْ عَطَاء رَبِّكَ وَمَا كَانَ عَطَاء رَبِّكَ مَحْظُورًا

Мо ҳамаро, ҳам ин гурӯҳро ва ҳам он гурӯҳро, аз файзи парвардигорат мадад мекунем; файзи парвардигори ту аз касе дареғ нашудааст.” (Сураи Исро, ояти 20)

Яъне мо файёзи мутлақем ва ҷаҳонро мустаъидди фаъолият сохтаем; ҳар касе ҳар тухме, ки бипошад, онро ба самар мерасонем; ҳар кас, ки ба сӯи ҳадафе раҳсипор аст, ӯро ба ҳадафаш мерасонем.

Ҳукамои илоҳӣ мегӯянд: воҷибулвуҷуди биззот воҷиб мин ҷамиъил-ҷиҳот вал-ҳайсиёт аст; ба ҳамин хотир, воҷибулфайёзия аст. Аз ин рӯ ҳар кас толиби ҳар чӣ бошад, Худо ӯро мадад мекунад. Чунин нест, ки агар касе толиби дунё бошад, Худо бифармояд ту гумроҳ ҳастӣ ва бар хилофи иршоду ҳидояти мо амал кардаӣ, пас мо туро таъйид намекунем. На, чунин нест. Дунёталаб ҳам дар дунёталабии хеш дар ҳудуде, ки ин сарои асбобу иллатҳо ва тамонуъу тазоҳум имкон медиҳад, мавриди таъйид ва ҳимояти илоҳӣ аст ва аз базлу бахшиш бедареғи ӯ баҳраманд мегардад.

Ба иборати дигар: ҷаҳон, сарзамини мустаъид ва муносибе аст барои коштану рӯидану рушд кардану дарав кардан, бастагӣ дорад ба ин ки инсон чӣ базре барои рушду парвариш интихоб кунад ва чӣ маҳсуле бихоҳад ба даст оварад; ҳар базре интихоб кунад, ҳамон базр айнан дар мазраъаи мустаъид ва муносиби ин ҷаҳон рушд дода мешавад.

Бале, як ҳимояти махсус аз барои аҳли ҳақиқат ҳаст, ки “раҳмати раҳимия” номида мешавад. Дунёталабон аз ин раҳмат маҳруманд, зеро хоҳони он нестанд. Вале раҳмати раҳмонияи Худо дар тамоми мардум ва дар тамоми масирҳо ба сурати баробар ҷараён дорад. Ба қавли Саъдӣ:

Адими замин суфраи омми ӯст,

Бар ин хони яғмо чӣ душман чӣ дӯст.

Аз он чи дар ин баҳс гуфта шуд, қисмате аз масоили мавриди баҳс ҳал мегардад.

Равшан сохтем, ки ҳусни феълӣ барои подоши ухравии амал кофӣ нест, ҳусни фоилӣ ҳам лозим аст. Ҳусни феълӣ ба манзилаи тан ва ҳусни фоилӣ ба манзилаи руҳу ҳаёт аст. Ва баён кардем, ки имон ба Худо ва рӯзи растохез, шарти асосӣ ва лозими ҳусни фоилӣ аст, ва ин шартият як шартияти қарордодӣ нест, як шартияти зотӣ ва таквинӣ аст монанди шартият ҳар роҳи муайян барои мақсади муайян.

Дар ин ҷо фақат ишора ба як нукта лозим аст, ва он ин ки: мумкин аст касе бигӯяд, барои ҳусни фоилӣ зарурат надорад, ки ҳатман қасди тақарруб ба Худованд дар кор бошад; агар касе амали хайреро ба ангезаи виҷдон ва ба хотири утуфату раҳмате, ки бар қалбаш муставлӣ аст анҷом диҳад, кофист, ки амали ӯ ҳусни фоилӣ пайдо кунад. Ба иборати дигар, ангезаи инсондӯстӣ барои ҳусни фоилӣ кофист; ҳамин, ки ангезаи инсон “худ” набошад, ҳусни фоилӣ пайдо мекунад, аъамм аз ин ки ангеза “Худо” бошад ё “инсоният”.

Ин нукта қобили таъаммул аст. Дар айни ин ки мо матлаби болоро таъйид намекунем, ки фарқе нест миёни ин ки ангеза Худо бошад ё инсоният, ва акнун наметавонем вориди ин баҳси амиқ бишавем, дар айни ҳол, ҷиддан мӯътақидем ҳар гоҳ амале ба манзури эҳсон ва хидмат ба халқ ва ба хотири инсоният анҷом гирад, дар радифи амале, ки ангезааш фақат “барои худ” аст, нест. Албатта Худованд чунин касонеро беаҷр намегузорад. Дар бархе аҳодис ворид шудааст, ки мушриконе назири Ҳотами Той бо ин ки мушриканд, ба хотири корҳои хайре, ки дар дунё кардаанд муъаззаб нахоҳанд буд ва ё тахфифе дар азоби онҳо дода мешавад.

Аз ривоятҳои зиёде, ки дар даст дорем, комилан метавон ин матлабро истифода кард:

1) Маҷлисӣ (р) аз “Савоб ул-аъмол”-и Шайх Садуқ аз Алӣ ибни Яқтин аз ҳазрати Имом Мӯсои Козим (алайҳис салом) нақл мекунад, ки он ҳазрат фармуд:

Дар Банӣ Исроил марде мӯъмин ҳамсояи кофире дошт. Он марди кофир нисбат ба ҳамсояи мӯъмини худ ҳамвора некӣ ва некрафторӣ мекард. Вақте, ки мурд, Худованд барои ӯ хонае аз навъе гил бино кард, ки монеъи ӯ аз гармои оташ буд ва рӯзии ӯ аз хориҷи муҳит ӯ, ки муҳити оташ буд, ба ӯ мерасид. Ба ӯ гуфта шуд: ин ба сабаби некӣ ва некрафтории ту нисбат ба ҳамсояи мӯъминат мебошад.” (Биҳор, 3/377)

Марҳуми Маҷлисӣ пас аз нақли ин ривоят мегӯяд: ин ривоят ва амсоли он далел аст, ки азоби бархе аз ҷаҳаннамиён аз куффор ба хотири аъмоли некашон бардошта мешавад ва оёте, ки дар бораи куффор ворид шуда, ки тахфифе дар азобашон дода намешавад, дар мавриде аст, ки чунин аъмоли хайре аз онҳо содир нашуда бошад.

2) Ҳамчунин аз ҳазрати Имом Муҳаммади Боқир (алайҳис салом) ривоят мекунад, ки фармуд:

Марди мӯъмине дар кишвари подшоҳи ситамгаре мезист. Он ситамгар оҳанги он мӯъмин кард ва ӯ фирор кард ва ба бархе аз билоди ғайриисломӣ рафт ва бар марде мушрик фуруд омад. Он марди мушрик ӯро дар паҳлӯи худ ҷой дод ва пазироӣ намуд. Ҳамин, ки он мушрик мурд, ба ӯ хитоб расид: савганд ба иззату ҷалоли худам, ки агар дар биҳишт ҷойе барои мушрик буд, туро дар он он ҷо медодам, аммо эй оташ ӯро битарсон, вале осеб нарасон.”

Имом он гоҳ фармуд: ва ҳар субҳу шом барои ӯ аз хориҷи он муҳит рӯзӣ оварда мешавад. Аз Имом суол шуд: аз биҳишт? Фармуд: аз ҷойе, ки Худо худаш мехоҳад. (Биҳор, 3/382)

3) Расули Акрам (с) дар бораи Абдуллоҳ ибни Ҷудъон, ки яке аз куффори маъруфи ҷоҳилият ва аз сарони Қурайш аст, фармуд:

“Сабуказобтарини аҳли дӯзах Ибни Ҷудъон аст. Арз шуд: ё расулаллоҳ, чаро? Фармуд:

انه كان يطعم الطعام

Ӯ ба мардум таъом медод.” (Биҳор, 3/382)

4) Ва ҳам он ҳазрат дар борае чанд тан аз аҳли ҷоҳилият фармуд:

Соҳиби қаборо, ва соҳиби асоро, ки ҳоҷиёнро меронад, ва ҳам он зан, ки гурбае дошт, ки панҷа мезад ва ӯ он гурбаро баста буд на хӯрок медод ва на раҳо месохт то чизе худ ба чанг оварад, дар оташ дидам. Ва дохили биҳишт шудам ва дар он ҷо он мард, ки сагеро аз ташнагӣ наҷот дода ва сероб карда буд, мушоҳида кардам.” (Биҳор, 3/382)

Афроде инчунин, ки албатта дар ҳамаи замонҳо кам ё беш пайдо мешаванд, ҳаддиақал ин аст, ки дар азоби онҳо тахфиф дода мешавад ва ё азоб аз онҳо ба куллӣ бардошта мешавад.

Ба назари ман, агар афроде ёфт шаванд, ки некӣ ба инсонҳои дигар ва ҳатто некӣ ба як ҷондор, аъамм аз инсон ё ҳайвонро – зеро:

لكلِّ كَبِد حَرَّى أجْرٌ

— бидуни ҳеч чашминтизоре анҷом диҳанд, ва ҳатто дар умқи виҷдони худ аз он ҷиҳат хидмат накунанд, ки чеҳраи худро дар ойинаи вуҷуди маҳрумин мебинанд, яъне тарс аз ин ки рӯзе чунин сарнавиште дошта бошанд, омили муҳаррики онҳо набошад, балки тавре ангезаи эҳсону хидмат дар онҳо қавӣ бошад, ки агар бидонанд ҳеч гуна суде оиди онҳо намешавад ва ҳатто як нафар ҳам аз кори онҳо огоҳ намегардад ва аҳаде ба онҳо як “боракаллоҳ” ҳам нахоҳад гуфт, боз ҳам он кори хайрро анҷом медиҳанд, ва таҳти таъсири одат ва амсоли он ҳам набошанд, бояд гуфт: дар умқи замири ин инсонҳо нуре аз маърифати Худованд ҳаст, ва ба фарзи ин ки ба забон инкор кунанд, дар умқи замир иқрор доранд. Инкорашон дар воқеъ инкори як мавҳуме аст, ки онро ба ҷойи Худо тасаввур кардаанд ва ё инкори як мавҳуми дигаре аст, ки онро ба ҷойи бозгашт ба Худо ва қиёмат тасаввур кардаанд, на инкори Худо ва маъоди воқеӣ.

Алоқа ба хайру адлу эҳсон аз он ҷиҳат, ки хайру адлу эҳсон аст, бидуни ҳеч шоибаи чизи дигар, нишонае аст аз алоқа ва муҳаббати зоти ҷамили мутлақ; бинобар ин баъид нест, ки ин гуна касон воқеан ва амалан дар зумраи аҳли куфр маҳшур нигарданд, ҳарчанд лисонан мункир шумурда мешаванд. Валлоҳу аълам!

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

2 replies

  1. Барой Алоқаро ёфтан чи бояд кард ,ба нигоҳи шумо
    Ва дуюм савол ин аст ки ,ҷиҳодчий асосий агар ҷиҳода бе мардум ,бо малойкаҳҳо ,элон карда бошад ,ва мардум бар у бовар накунанд ун мардум гум роҳ мешаванд .ё инки аз тарси худ ё аз тарси оқиибат ,чигуна аз ин кунҷи бояд бромад ..ин саволҳо ҷиддий нависта шудааст ,

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: