Баҳсе дар бораи “исболи изор”

Пурсиш: Ман барномаи Мессенҷер надорам, барои ҳамин, ҳамин ҷо саволамро менависам: ҳадисе аз Абӯҳурайра аст, бароям шарҳ диҳед: Паёмбар (с) гуфтаанд, ки ҳар касе, ки шалвораш аз буҷулаки пояш поин аст дар оташи ҷаҳаннам аст!

Аҳмад Муҳаммад

* * *

Ба номи Худованд

Бале, ҳадисҳои саҳеҳе дар китобҳои ривоӣ ҳаст ба ин мазмун, ки касе, ки изори ӯ поинтар аз буҷулаки пояш бошад, Худованд ӯро аз назари лутфи худ маҳрум сохта ва барояш дар охират азоби дардноке хоҳад буд. Хуб, ин ҳадисҳо ба кадом маъност?

Беҳтарин роҳи фаҳми дурусти аҳодиси мазкур, аввалан: диққат дар вожаҳое аст, ки дар ин ҳадисҳо ба кор рафта, ва сониян: таваҷҷӯҳ ба шарҳу тавзеҳи муҷтаҳидҳо ва низ фуқаҳои исломӣ аст.

Ҳол, аввал айни лафзи аҳодисро аз манобеъи мӯътабар бароятон меоварам, сипас дидгоҳи фуқаҳо ва муҷтаҳидон дар бораи онро пешкашатон мекунам.

Инак, айни ҳадис:

1) Бухорӣ бо санад аз Абӯҳурайра (р) ва ӯ аз ҳазрати Паёмбар (с) ривоят кардааст, ки ҳазраташ фармояд:

مَا أَسْفَلَ مِنَ الْكَعْبَيْنِ مِنَ الإِزَارِ فَفِى النَّارِ

Ҳар кас изораш поинтар аз ду каъбаш (яъне ду буҷулаки пояш) бошад, дар оташи ҷаҳаннам аст.” (Саҳеҳи Бухорӣ, 19/260, Ашшомила)

2) Ва ҳам ӯ бо санад аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз падараш (р) ва ӯ аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ривоят карда, ки ҷанобаш фармояд:

مَنْ جَرَّ ثَوْبَهُ خُيَلاَءَ لَمْ يَنْظُرِ اللَّهُ إِلَيْهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ. قَالَ أَبُو بَكْرٍ يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّ أَحَدَ شِقَّىْ إِزَارِى يَسْتَرْخِى، إِلاَّ أَنْ أَتَعَاهَدَ ذَلِكَ مِنْهُ. فَقَالَ النَّبِىُّ صلى الله عليه وسلم: لَسْتَ مِمَّنْ يَصْنَعُهُ خُيَلاَءَ

Ҳар кас аз рӯи такаббур либосашро бар замин бикашонад, Худованд рӯзи қиёмат ба ӯ нигоҳ нахоҳад кард. Абӯбакр (р) гуфт: як тарафи либосам поин меафтад, магар ин ки мувозиби он бошам. Расули Худо (с) фармуд: ту ин корро аз рӯи такаббур анҷом намедиҳӣ (яъне эроде надорад барои ту).” (Саҳеҳи Бухорӣ, 12/425, Ашшомила)

3) Муслим бо санад аз Абӯзар (р) ва ӯ аз ҳазрати Паёмбар (с) ривоят кардааст, ки ҳазраташ фармояд:

ثَلاَثَةٌ لاَ يُكَلِّمُهُمُ اللَّهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَلاَ يَنْظُرُ إِلَيْهِمْ وَلاَ يُزَكِّيهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ… الْمُسْبِلُ وَالْمَنَّانُ وَالْمُنَفِّقُ سِلْعَتَهُ بِالْحَلِفِ الْكَاذِبِ

Се гурӯҳ ҳастанд, ки Худо дар рӯзи қиёмат бо онҳо сухан намегӯяд ва ба сӯяшон назар нахоҳад афканд ва покашон ҳам нахоҳад сохт ва барои онҳо азоби дардноке (дар оташи ҷаҳаннам) хоҳад буд… (Ва ин се гурӯҳ иборатанд аз:) як, касе, ки изорашро поин кунад (яъне поинтар аз буҷулаки по раҳояш созад), ва дуввум, касе, ки бисёр миннат кунад, ва севвум, касе, ки борашро (дар бозор) бо қасами дурӯғ тарвиҷ карда ба фурӯш бирасонад.” (Саҳеҳи Муслим, 1/276, Ашшомила)

* * *

Ҳол, пеш аз нақли дидгоҳи шореҳон ва фуқаҳо дар бораи ин аҳодис, лозим аст ин нуктаро ёдоварӣ намоям, ки дар қадим — чӣ дар шибҳиҷазира ва ё дар манотиқи дигари ҷаҳон – яке аз нишонаҳои такаббур, ин изору пироҳанҳои баланду дарозу раҳо будааст ба ҳадде, ки миқдоре аз он ҳатто дар рӯи замин қарор мегирифта, ки ғуломону бардаҳояшон онро бармедоштаанд. Ва ойини муқаддаси ислом куллан бо ҳар чи аломат ва нишонаи кибру ғуруру такаббур бошад, мухолиф аст.

Инак, дидгоҳи шореҳони аҳодис ва фуқаҳо дар бораи ин аҳодис:

1) Ибни Ҳаҷар дар “Фатҳул-борӣ” (шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ) зайли ривояти аввали Бухорӣ пас аз нақли тамоми аҳодиси мушобеҳ ва баррасии онҳо, мегӯяд:

 وفي هذه الأحاديث أن إسبال الإزار للخيلاء كبيرة وأما الإسبال لغير الخيلاء فظاهر الأحاديث تحريمه أيضا لكن استدل بالتقييد في هذه الأحاديث بالخيلاء على أن الإطلاق في الزجر الوارد في ذم الإسبال محمول على المقيد هنا فلا يحرم الجر والاسبال إذا سلم من الخيلاء قال بن عبد البر مفهومه أن الجر لغير الخيلاء لا يلحقه الوعيد إلا أن جر القميص وغيره من الثياب مذموم على كل حال

Дар ин ҳадисҳо омадааст, “исболи изор” (раҳо кардани он поинтар аз буҷулаки пой) аз рӯи такаббур, як гуноҳи кабира аст, ва аммо агар такаббуре дар миён набошад, бо ин ки зоҳири аҳодис таҳрими онро мерасонад, вале бо таваҷҷӯҳ ба қайди “такаббур” дар ин аҳодис (яъне ҳар ҷо аз “исбол” манъ шудааст, аз “исбол аз рӯи такаббур” манъ шуда) – ва дар ҷое ҳам, ки ба сурати мутлақ омада бошад, мо онро ҳамл бар муқайяд мекунем (яъне ҳадисҳое, ки “исбол” дар онҳо бидуни қайди “такаббур” омадаастро низ ҳамл бар “исбол аз рӯи такаббур” мекунем) – пас, бинобар ин, исбол ва раҳо кардани изор агар аз такаббур холӣ бошад, ҳаром нест. Аз ин рӯ, Ибни Абдулбарр мегӯяд: мафҳуми ин ҳадис (дар муқобили мантуқаш) он аст, ки ваъид (ваъдаи оташи ҷаҳаннам) шомил намешавад он ҳолатеро, ки раҳо кардани изор (ба поинтар аз буҷулакҳо), аз такаббур холӣ бошад; мунтаҳо (ин миқдор мусаллам аст, ки) раҳо кардани ҳар навъ либосу пироҳан (ва баланду дароз намудани онҳо) мазмум (нописанд) аст…” (Фатҳул-борӣ, 10/257, Ашшомила)

2) Имом Нававӣ дар “Шарҳи Саҳеҳи Муслим” зайли ривояте, ки аз Муслим овардем, мегӯяд:

وأما قوله صلى الله عليه و سلم المسبل ازاره فمعناه المرخى له الجار طرفه خيلاء كما جاء مفسرا فى الحديث الآخر لا ينظر الله إلى من يجر ثوبه خيلاء… وهذا التقييد بالجر خيلاء يخصص عموم المسبل ازاره ويدل على أن المراد بالوعيد من جره خيلاء وقد رخص النبى صلى الله عليه و سلم فى ذلك لابى بكر الصديق رضى الله عنه وقال لست منهم اذ كان جره لغير الخيلاء وقال الامام أبو جعفر محمد بن جرير الطبرى وغيره وذكر اسبال الازار وحده لأنه كان عامة لباسهم وحكم غيره من القميص وغيره حكمه قلت وقد جاء ذلك مبينا منصوصا عليه من كلام رسول الله صلى الله عليه و سلم من رواية سالم بن عبد الله عن أبيه رضى الله عنهم عن النبى صلى الله عليه و سلم قال الاسبال فى الازار والقميص والعمامة من جر شيئا خيلاء لم ينظر الله تعالى إليه يوم القيامة رواه أبو داود والنسائى وبن ماجه باسناد حسن والله أعلم

Ва аммо ин ки ҳазрати Паёмбар (с) фармуда: “алмусбил изораҳу”, манзур касе аст, ки изорашро аз рӯи такаббур раҳо карда ва канори онро (бар замин) кашонида, ҳамон тавре ки дар ҳадисе дигар ин матлабро чунин тафсир намуда, ки: “Худованд ба касе, ки либосашро аз рӯи такаббур бар замин мекашонад, нигоҳ нахоҳад кард… Ва муқайяд кардани кашонидан ба такаббур, “алмусбил изораҳу”-ро, ки ба сурати омм (ва бидуни қайд омадааст)-ро тахсис мезанад ва далолат бар ин матлаб мекунад, ки: ваъид (ваъдаи оташи ҷаҳаннам) танҳо махсуси касе аст, ки аз рӯи такаббур изорашро (ба поинтар аз буҷулакҳояш) раҳо карда. Зеро ҳазрати Паёмбар (с) ба Абӯбакри Сиддиқ (р) ин корро (яъне раҳо сохтани изоррро) иҷоза дода ва фармуда: ту аз мутакаббирон нестӣ (яъне агар ту изоратро раҳо мекунӣ, ин аз рӯи такаббур нест).”

Имом Нававӣ дар идома ба нақл аз Имом Табарӣ ва ғайри ӯ мегӯяд: “Зикри “исболи изор” ба танҳоӣ (на ин ки масалан соири либосҳо ва пӯшишҳоро низ зикр намуда бошад), бад-ин ҷиҳат аст, ки изор, либоси оммаи мардуми он замон буда (на ин ки хусусияте дошта бошад), аз ин рӯ ҳукми ғайри изор аз пироҳану ғайри он низ, ҳукми изорро дорад.” Ман (Нававӣ) гӯям: (ин нуктае, ки Имом Табарӣ ва ғайри ӯ ишора намудаанд)-ро насси каломи ҳазрати Паёмбар (с) дар ривояте, ки Солим ибни Абдуллоҳ аз падараш аз ҳазрати Расули Худо (с) нақл кардааст таъйид мекунад, он ҷо, ки дар мавриди исболи (раҳо кардани) изору пироҳану амома (салла) ҳазраташ (с) фармуда: касе, ки чизеро аз рӯи такаббур раҳо ва бикашонад, Худованди Мутаъол дар рӯзи қиёмат ба ӯ нигоҳ нахоҳад кард. Ин ривоятро Абӯдовуд, Нисоӣ ва Ибни Моҷа бо санади ҳасан (некӯ) нақл кардаанд. Ва Худованд худ донотар аст!” (Шарҳи Саҳеҳи Муслим, 2/116, Ашшомила)

* * *

Таваҷҷӯҳ доред, ки раҳо кардани шалвор ба поинтар аз буҷулакҳо, ба худии худ, ҳеч хусусияте надорад, ва ба истилоҳ, ҳеч “мавзӯияте” надорад, балки агар ҳазрати Паёмбар (с) аз он манъ кардаанд, ба ин далел манъ кардаанд, ки чун дар он замон, якчунин чизе, нишона ва аломати такаббур ба шумор меомада. Агар бар фарз, дар он замон, акси ҳамин ҳолат нишонаи такаббур мебуд, яъне кӯтоҳ кардани шалвор ба болотар аз буҷулакҳо – дуруст акси ҳамин ҳолат – агар аломати такаббур мебуд, дар он сурат, ҳазрати Паёмбар (с) мефармуданд, ҳар касе, ки изорашро ба болотар аз буҷулакҳояш кӯтоҳ намоянд, Худованд ӯро аз назари лутфи худ маҳрум хоҳад намуд. Зеро он чи мавзӯият ва хусусият дорад, нишонаи такаббур аст.

Ин нигоҳ, на танҳо дар аҳодиси набавӣ ҷорӣ аст, балки дар оятҳои қуръонӣ низ ҷараён дорад. Азизоне, ки бо усули фиқҳ ошноӣ доранд, мефаҳманд чӣ мегӯям. Масалан, дар “Усули Шошӣ” дар робита бо ояте, ки дар он аз “уф гуфтан” ба падару модар наҳй шудааст, аз фақеҳи барҷастаи ислом Имом Қозӣ Абӯзайд (р) сухани ҷолибе нақл мекунад. Оят ин аст:

 وَقَضَى رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلاَهُمَا فَلاَ تَقُل لَّهُمَآ أُفٍّ وَلاَ تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا

Ва парвардигори ту муқаррар кард, ки ҷуз ӯро мапарастед ва ба падару модари худ некӣ кунед: агар яке аз он ду (падар ё модар) ё ҳар ду, дар канори ту ба солхӯрдагӣ расиданд, ба онҳо ҳатто “уф” магӯ ва ба онон пархош ва беэҳтиромӣ макун ва бо онҳо сухане шоиста ва гиромӣ бигӯй.” (Сураи Исро, ояти 23)

Дар “Усули Шошӣ” мегӯяд:

قال الإمام القاضي أبو زيد لو أن قوما يعدون التأفيف كرامة لا يحرم عليهم تأفيف الأبوين

Имом Қозӣ Абӯзайд гӯяд: агар як қавм таъфифро (яъне ҳамон “уф гуфтан”-ро) нишонаи эҳтиром шуморанд, дар ин сурат, уф гуфтан ба падару модар барои онҳо дигар ҳаром нест.” (Усули Шошӣ, 1/108, Ашшомила)

Мехоҳад бигӯяд, агар дар ин оят аз “уф гуфтан” ба волидайн манъ шудааст, ба ин далел аст, ки чун “уф гуфтан” аломат ва нишонаи беэҳтиромӣ ба падару модар дар назди арабҳо (ва дар назди бисёре аз миллатҳо низ) маҳсуб мешавад, на ин ки “уф гуфтан”, ба худии худ, хусусият дошта бошад. Ҳоло як қавме пайдо бишаванд, ки дар онҳо “уф гуфтан” аломати эҳтиром аст, агар мусалмон ҳастанд, оё тибқи ин оят, бояд дигар “уф” нагӯянд, ки дар наздашон нишонаи эҳтироми падару модар аст?! Имом Абӯзайд мегӯяд, агар пеши дигар ақвом беҳурматӣ аст ва аз ин рӯ ҳаром аст, аммо назди он қавм дигар ҳаром нест.

Асосан, аломат ва нишонаи такаббур ё эҳтиром ва ин қабил умур, дар пеши миллатҳо ва қавмҳо яксон нест, балки мухталиф аст. Масалан, арабҳое ҳастанд, ки ҳангоми дидор ва хушу беш, бини якдигарро ба ҳам мерасонанд; одате, ки пеши мо тоҷикҳо аҷибу ғариб намоён мешавад.

* * *

Хулоса, тибқи он аҳодис, дар замони мо, аз ҳар он чи нишонаи такаббуру кибру ғурур аст, бояд дурӣ ҷуст. Инро урф ташхис медиҳад. Ҳар чи урфи имрӯз онро “аломат ва нишонаи такаббур” ташхис бидиҳад, бидонед, ки машмули ҳадисҳои болост. Масалан, шишаи мошинҳоро сиёҳ карда ва бо табахтур мошин рондан ва аз ин қабил умури бемаънӣ. Аз ин умур бояд парҳез кард, ки одам аз чашми Худо меафтад ва барои ӯ оташи ҷаҳаннам ваъда шуда. Бинобар ин, агар дар замони мо, «исболи изор» аломати такаббур бошад, қатъан бояд аз он дурӣ намуд. Ва ҳамчунин агар акси он (кӯтоҳ кардани изор ба болотар аз буҷулакҳо)-ро урф нишонаи такаббур бидонад, аз ин ҳам бояд иҷтиноб варзид. Хулоса, аз ҳар он чи аломати кибру ғуруру такаббур аст, бояд дурӣ ҷуст. Фикр накунам, урф имрӯз «исболи изор»-ро нишонаи такаббур шуморад. Ба ҳар ҳол, ташхиси он бо урф аст.

Умедворам, матлабро гирифта бошед!

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Салафият, Фиқҳи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: