Перейти к содержимому

Оё “мусули афлотунӣ” ҳамон “фараваҳри зартуштӣ” аст?

Чакида

Мафоҳими бунёдии “мусул” ва “фараваҳ(а)р” (паҳлавӣ: fravahr) дар фалсафаи Афлотун ва ойини зартуштӣ аз ҷойгоҳи вежа ва арзишманде бархӯрдоранд. Дар фалсафаи Афлотун, “назарияи мусул” ба баёни аслу маншаи суратҳои олами моддӣ пардохтааст; ва дар ҷаҳонбинии зартуштӣ низ офариниши суратҳои ин олам, тобеъи суратҳои руҳонӣ (фараваҳ(а)р)-и онҳо дониста шудааст.

Ба сабаби вуҷуди бархе шабоҳатҳо миёни ин ду мафҳуми калидӣ, бархе қоил ба улгубардории Афлотун аз таъолими Зартушт буда ва омӯзаи “мусул”-ро омӯзае зартуштӣ донистаанд.

Навиштори пеши рӯ бо ҳадафи ростиозмоии ин иддаъо, ба муқоисаи ин ду мафҳум пардохта ва вуҷуҳи ифтироқ ва иштироки ҳар якро дар хусуси вежагиҳо ва коркардҳо мавриди баррасӣ қарор додааст. Чунин ба назар мерасад, ки тафовутҳои ин ду, ҷиддитар аз он аст, ки назарияи улгубардорӣ ба осонӣ қобили пазириш бошад.

Нависандагон: Зайнаби Шариатниё, Нурисодот Шоҳингиён

Фаслномаи таърихи фалсафа — шумора 27

Барои мушоҳидаи комили мақола, рӯи фойли муқобил клик кунед:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: