Перейти к содержимому

Вокуниши Муфтиёти Миср ба дархости кинатӯзонаи Филип Вол

Дорул-ифтои Миср зимни маҳкум кардани иқдоми рӯзномаи фаронсавӣ дар интишори матлабе, ки хостори ҳазфи бархе аз сураҳо ва оятҳои Қуръон шудааст, онро мухолиф бо озодии ақида ва иқдоме нажодпарастона хонд.

Дорул-ифтои Миср дирӯз (сешанбе) дар баёнияе, фарохони Филип Вол, нависандаи ин мақола ва мудири собиқи маҷаллаи Charlie Hebdo-ро маҳкум ва онро даъват ба “нажодпарастии кинатӯзона” хонд.

Ин нависандаи фаронсавӣ дар мақолаи худ муғризона бо истинод ба бархе оятҳо ва сураҳои қуръонӣ, хостори ҳазфи он даста аз оятҳое шудааст, ки ба иддаои вай, “хостори куштори яҳудиён ва насрониҳо” аст.

Дорул-ифтои Миср зимни интиқод аз мақолаи мазкур, эълом кард, ки ин гуна фарохонҳо эҳтимол дорад мунҷар ба ҳамла ва душманӣ бо мусалмонон шавад ва аз ин дидгоҳ бархе аз афрод, ки мегӯянд: “Ислом дар Фаронса ҷое надорад”, ҳимоят кунанд.

Дорул-ифто дар баёнияаш овардааст: “Фарохонҳои инчунинӣ падидаи исломҳаросиро аз як сӯ тағзия мекунад, ва аз сӯе ин эҳсосро дар назди ақаллиятҳои мусалмон, ки ба ҳошия ронда шуда ва мавриди табъиз қарор гирифтаанд, тақвият мекунад ва боиси рушди падидаи ифротгароӣ ва теруризм мешавад”.

Дорул-ифтои Миср ҷомеаи Фаронсаро бар зарурати иҷрои қонуне фаро хонда, ки хостори эҳтиром ба ҳуқуқи динӣ дар ин кишвар буда ва бар озодии ақида таъкид дорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: