Фалсафа ва равиши реализм (190)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (23)

Худои ҳастӣ ҳамаи камолоти ҳастиро дорад (3)

Дар “Кофӣ” “ Бобун-наҳй ъанис-сифати би ғайри мо васафа биҳи нафсаҳу” суолу ҷавобе катбӣ, ки миёни Абдурраҳим Қасир ва Имом Содиқ алайҳис-салом ба василаи Абдулмалик ибни Аъйан мубодила шудааст, нақл шудааст. Муфоди суол ин аст:

Мардуме дар Ироқ пайдо шудаанд, ки Худовандро бо таҷассум ва хутути чеҳра тавсиф мекунанд. Истидъо дорам маро роҳнамоӣ бифармоед.”

Имом дар ҷавоб менависад:

Дар бораи мавзӯе, ки пурсиш кардаӣ: Худованд мутаъолӣ (бартар) аст аз ин нисбатҳо, ӯро монанд намебошад, ӯ шунаво ва биност, ӯ муназзаҳ аст аз тавсифи васфкунандагон, ки ӯро ба махлуқоташ ташбеҳ мекунанд ва ба ӯ ифтиро мебанданд. Мазҳаби саҳеҳ ҳамон аст, ки дар Қуръон дар бораи сифоти илоҳӣ омадааст. Пас, аз Худо, ҳам нафю бутлон (таътил аз сифот)-ро манфӣ бидон ва ҳам ташбеҳро. Ӯст Худои собити мавҷуд, бартар аст аз он чи васфкунандагон ӯро тавсиф мекунанд. Ҳаргиз аз Қуръон таҷовуз накунед, ки дар ин сурат бо он ки роҳнамоӣ шудаед гумроҳ шудаед.”

Бадеҳӣ аст, ки муфоди ин ҷавоб ин нест, ки ҳеч кас ҳақ надорад Худовандро ба ҳеч ваҷҳ тавсиф кунад. Аз ин ҷавоб истифода мешавад, ки ба табаъи Қуръон бояд роҳе байни нафю таътил аз як тараф, ва ташбеҳ аз тарафи дигар, интихоб кард ва афроди новорид баҳс накунанд.

Далели қотеъ бар ин ки мақсуд ин нест, ки пайравӣ аз Қуръон лузуман бояд ба сурати тақлид ва таъаббуд бошад, на ба сурати илҳомгирӣ, ин аст, ки дар матни ҳадис Худованд бо ду исм ва ду сифат ёд шудааст, ки дар Қуръон номе аз ин ду исм нест. Он ду иборат аст аз: “собит” ва “мавҷуд”.

Пас, маълум мешавад, мақсуд адами инҳироф аз усули таълимоти Қуръон аст, на тақлид ва таъаббуд ба алфоз ва мамнӯъ будани тафаккур ва маърифат.

Тарзи баён ва таълиму таъаллуми Қуръон ва ҳамчунин баёноти пешвоёни дин махсусан “Наҳҷул-балоға” мерасонад, ки ҳадаф мутаъаббид кардани мардум ба ин масоил нест, ҳадаф роҳнамоӣ ва таҳрики уқул аст, ки масоилро ба ҳақиқат дарк кунанд ва маърифат ҳосил намоянд.

Истидлолҳое, ки дар мутуни исломӣ, яъне дар Қуръон ва аҳодис ва дуоҳои маъсураи исломӣ, дар заминаи илми Худованд, қудрати Худованд, басотати Худованд, нафйи сифоти зоид бар зот, ва соири масоили илоҳӣ шудааст, аз навъи истидлоли мантиқӣ ва таҷзия ва таҳлили фикрӣ аст. Бархе аз он истидлолҳоро дар боби ваҳдати воҷибулвуҷуд нақл кардем. Ва агар умуми мардум мукаллафанд, ки муқаллид ва мутаъаббид бошанд, пас ин истидлолҳо ва таҷзия ва таҳлилҳои дақиқи ақлӣ барои чист ва барои кист? Аз оёте назири ояти:

وَلِلّهِ الأَسْمَاء الْحُسْنَى فَادْعُوهُ بِهَا وَذَرُواْ الَّذِينَ يُلْحِدُونَ فِي أَسْمَآئِهِ سَيُجْزَوْنَ مَا كَانُواْ يَعْمَلُونَ

Ва номҳои некӯ ба Худо ихтисос дорад, пас ӯро бо онҳо бихонед ва касонеро, ки дар мавриди номҳои ӯ ба кажӣ мегароянд, раҳо кунед. Зудо, ки ба сазои он чи анҷом медоданд, кайфар хоҳанд ёфт. (Сураи Аъроф, ояти 180) бо таваҷҷӯҳ ба ин ки алифу лом дар “ал-асмо” (номҳо) истиғроқ аст, на аҳд, истинбот мешавад, ки Худовандро бо ҳар васфе, ки ҳокӣ аз ҳусну камол бошад ва дар ҳадди аълои ҳусну камол бошад ва ҳеч ҷиҳати нақс ва адам дар ӯ набошад, метавон тавсиф кард.

Масъалаи тавқифӣ будан ва ё набудани асмоуллоҳ, ҳарчанд далели тамоме надорад, фаразан мавриди қабул воқеъ шавад, масъалаи ҷудогонае аст. Чизеро номи Худо донистан ва ӯро таҳти он ном, ном бурдан, метавонад шаръан қонуни хоссе дошта бошад, зеро фарқ аст миёни “тасмия” ва миёни “тавсиф”. Он чи баҳс кардем, дар бораи тавсиф буд, на тасмия.

Акнун бибинем, бо чӣ миқёсе метавонем сифоти Худовандро бишносем. Дар ин мақола ду роҳ барои исботи ин муддаъо баён шудааст. Дар яке аз ин ду роҳ, худи зот далел бар сифот қарор гирифтааст, ва дар роҳи дигар махлуқот ойина ва миръоти сифоти Ҳақ қарор гирифтаанд, ва албатта роҳи дуввум ба навбаи худ муншаъиб ба ду роҳи дигар мешавад ва мо ба ҳар се тариқ ишора мекунем.

Аммо ин ки худи зот, бурҳон бар сифот қарор гирад, ҳамон роҳе аст, ки мабнои бурҳони сиддиқин бар исботи воҷиб ва ваҳдати воҷиб қарор гирифт.

Вақте, ки собит шуд асолат аз они вуҷуд аст, ва собит шуд, ки Ҳақ Таъоло вуҷуди маҳз ва воқеияти маҳз аст ва адам ва моҳият дар ӯ роҳ надорад, ва собит шуд, ки камол мусовии вуҷуд аст, ва адам ва моҳият маншаи нақс мебошанд, пас зоти Ҳақ камоли воқеиро дорост, зеро камоли воқеӣ он аст, ки ба вуҷуд ва воқеият баргардад ва аз аҳком ва лавозим вуҷуд ва воқеият буда бошад, ва чун зоти Ҳақ вуҷуди маҳз аст, пас камоли маҳз аст.

Дар ҷои худ собит шудааст, ки аҳком ва лавозим ва авориз бар ду қисм аст: бархе аҳком ва лавозим аз шуъуни “вуҷуд бимо ҳува вуҷуд” (ҳастӣ аз он назар, ки ҳастӣ аст) аст ва доир мадори вуҷуд аст, назири ваҳдат, мабдаият осор, зуҳуру нурият, илм, ҳаёт, қудрат ва ғайра. Ва бархе аз аҳком аз они ҷиҳати оризи мавҷуд мешавад, ки таъайюн ва таҳаддуди хоссе пайдо кардааст.

Ва чун зоти аҳадият вуҷуди маҳз аст ва ҳеч гуна таъайюн ва таҳаддуде надорад, таъайюни ӯ итлоқ ва лоҳаддии ӯст, пас ҷамиъи шуъуни вуҷуд ва камолоти вуҷуд ба наҳви аъло дар зоти ӯ сидқ мекунад.

Бадеҳӣ аст, ки ин бурҳон фаръ бар асолати вуҷуд аст, ҳамчунон ки бурҳони сиддиқин ва бурҳони хоссе, ки барои ваҳдати воҷиб зикр кардем низ мабнӣ бар ин асли асосӣ аст. Ва агар касе он асли асосиро комилан ҷазбу ҳазм карда бошад, ин бурҳонҳоро ба хубӣ дарк мекунад, ва агар на, на.

Аммо роҳи дуввум, ки махлуқот ойинаи сифот қарор гирифтаанд, ба ду ваҷҳ қобили тақрир аст:

а) Аз роҳи хосси фалсафӣ. Дар мақолаи “Иллату маълул” исбот шуд, ки “диҳандаи як камол маҳол аст, ки фоқиди он камол бошад” ва чун як силсила камолот аз қабили илм, қудрат, ҳаёт ва ирода дар махлуқот дида мешавад, нишонаи он аст, ки мабдаъ ва маншаи аслии мавҷудот, воҷиди он камолот аст.

б) Роҳи каломӣ, ва он ин ки: ташкилот ва низомоти дақиқ ва ҳайратангезе, ки дар махлуқот мушоҳида мешавад, нишон медиҳад, ки аз рӯи тасодуф набудааст, илму ирода ва тадбире дар кор аст. Ва чун илму ирода дар фоил ҳаст, пас қудрат ҳам ҳаст, зеро қудрат ҷуз ин нест, ки фоил ҳар гоҳ бихоҳад, феъли худро анҷом медиҳад. Ва ба ҳамин далел дорои ҳаёт ҳам ҳаст, зеро ҳаёт низ ҷуз ин ки мавҷуд дарроки фаъол бошад нест.

Ин роҳ ҳамон аст, ки қаблан — он ҷо, ки роҳҳои исботи Худовандро зикр мекардем — гуфтем, ки бар пояи ҳисоби эҳтимолот қарор дорад.

Нақсе, ки дар ин ду роҳ нисбат ба роҳи аввал ҳаст ин аст, ки ин ду роҳ ҳаддиаксар далолат доранд, ки холиқ камолотеро, ки ба махлуқот ифоза кардааст, худ — ва албатта ба ваҷҳи акмал — дорад, аммо далолат надорад бар ин ки зоти Ҳақ камоли мутлақ аст ва ҳеч гуна нақсе дар зоти ӯ роҳ надорад. Ба иборати дигар, ин ду далел фақат далолат доранд бар ин ки Худованд бар он чи офарида олим аст ва қодир аст, вале ҳаргиз далолат намекунанд, ки —

ان الله بكل شيء عليم

ва

ان الله على كل شيء قدير

— (ба наҳв қазияи ҳақиқия) далолат намекунанд, ки ӯ алими мутлақ ва қадири мутлақ ва муриди мутлақ ва ҳайи (зиндаи) мутлақ аст.

Ҳукамои машшоъ мисли Бӯалӣ ба наҳви дигар аз зот бар сифот истидлол кардаанд. Роҳе, ки ин ҷо барои истидлол аз зот бар сифот зикр шуд, роҳи махсуси Садрулмутааллиҳин аст, ки аз “асолати вуҷуд” истинтоҷ мешавад, вале роҳи Бӯалӣ мубтанӣ бар асолати вуҷуд нест. Мо дар ин ҷо танҳо баёни ӯро дар боби илми Борӣ Таъоло ба махлуқот зикр мекунем.

Ӯ дар ин бора аз роҳи қоъидаи маъруфи:

كل مجرد عاقل وكل عاقل مجرد

— илми Ҳақро ба зоти худаш исбот мекунад, ва он гоҳ мавзӯи иллияти Борӣ Таъолоро барои ҳамаи махлуқот тарҳ мекунад ва мегӯяд: “Илм ба иллат, мусталзими илм ба маълул аст” ва натиҷа мегирад, ки зоти Ҳақ чун илм ба зоти худ дорад ва зоташ иллати томмаи ҳамаи мавҷудот аст, пас ба ҳамаи мавҷудот илм дорад.

Албатта дар баёни Бӯалӣ ва ҳамчунин дар баёноте, ки аз роҳи ойина қарор гирифтани махлуқот истидлол шудааст, ба ҳеч ваҷҳ тавзеҳ дода намешавад, ки бо вуҷуди ин ки зоти Ҳақ басит аст, чӣ гуна мумкин аст дар мартибаи зоти худ ба ҳама чиз олим бошад, он ҳам ба илми тафсили? Балки Бӯалӣ тасреҳ мекунад, ки илм дар мартибаи зот, илми басити иҷмолӣ аст назири илми басити иҷмолӣ дар инсон.

Тавзеҳ ин ки: илми инсон ба ашё ба ду наҳв аст: яке, ба наҳви тафсилӣ, монанди ин ки дар ҳоли ҳозир масъалае аз масоилро дар назар мегирад ва ба мӯҷиби бурҳоне, ки бар он қоим аст, онро тасдиқ мекунад ва масъалае дигарро ба ҳамин наҳв.

Навъи дигар, илми басити иҷмолӣ аст, ва он дар сурате аст, ки инсон усул ва қоъидаҳои куллии як илм, масалан ҳисоб, ҳандаса ё фиқҳро бидонад, бо донистан онҳо метавонад ҳар масъалаи риёзӣ — дар ҳудуди он чи ӯ ба усул ва қоъидаҳои он ошност — ва ё ҳар масъалаи фиқҳӣ — дар ҳудуди он чи куллиёташро аз фиқҳ омӯхтааст — ки бар ӯ арза гардад, бо таваҷҷӯҳ ба он усул ва куллиёт посухи онҳоро аз макнуни зеҳни худ бидиҳад.

Албатта мумкин аст масоиле бар ин шахс арза гардад, ки то кунун худи он масъала бо ин мушаххасот ҳаргиз бар ӯ арза нашудааст, ва чун то кунун ҳатто тасаввури чунин масъалаеро намекардааст ва ҳеч вақт сурати ин масъала дар зеҳнаш нақш набаста то дар борааш ҳукм кунад, пас ба ин масъала олим набудааст. Аммо аз тарафи дигар, усул ва куллиёте, ва ба иборати дигар, як малакаи росихи истинботу истинтоҷе, ки ношӣ аз илм ба усул ва куллиёт ва муморисат дар татбиқи он усул ва куллиёт бар масоили ҷузъӣ аст дар нафси ӯ вуҷуд дорад, ки муштамил бар ҳамаи масоили ҷузъӣ аст. Ҳамаи масоили ҷузъӣ ба сурати ваҳдат ва басотат ва бидуни такассур ва таъаддуд ва минҳои мушаххасот дар он малакаи росиха мунтавӣ аст. Пас, ба эътибори дигаре ҳамон масъалае, ки ҳаргиз дар зеҳнаш нақш набаста будааст, қаблан барояш маълум ва мусаллам будааст, ва аз ин рӯ дар ин гуна маворид, ки чунин масоиле пеш меояд, ҳама кас қабл аз арза шудан ба касе, ки чунон малакаи росихае дорад, мегӯяд “ӯ инҳоро медонад”.

Дар ҳақиқат суратҳои тафсилии масоили арзашуда бар чунон зеҳне, чизе ҷуз таҷаллӣ ва зуҳури ҳамон малакаи росиха нест; дар ҳукми нуре аст, ки ба панҷараҳои шишаӣ метобад, ки дар марҳилаи қабл аз расидан ба панҷара ҳолате ваҳдонӣ ва басит ва якнавохт дорад ва ба воситаи панҷара такассур ва таъаддуд пайдо мекунад, бо ин тафовут, ки дар мисоли нур нақлу интиқол дар кор аст, вале зеҳн дар ҳоле, ки малакаи росиха дар мақоми худ побарҷост, дар мартибаи дигар бо касрат ва тафсил мутаҷаллӣ мешавад.

Аз назари Бӯалӣ илми зотии Ҳақ басит ва иҷмолӣ аст, ва илми тафсилии Ҳақ суратҳои тафсилии ҳамаи ашёст, ки ба наҳве қоим ба зоти Ҳақ аст ва зоид бар зоти ӯст. Пас, дар мартибаи зоти Ҳақ ашё ба наҳви тафсил мункашиф намебошанд, инкишофи тафсилӣ дар мартибаи суратҳои илмияи қоим ба зоти Ҳақ аст, ҳамчунон ки дар инсон низ чунин аст.

Вале Садрулмутааллиҳин бар мабнои “асолати вуҷуд” роҳи дигаре рафтааст, ки натиҷааш ин аст: ашё дар мартибаи зоти Ҳақ инкишофи тафсилӣ доранд ва ин инкишофи тафсилӣ ҳеч гуна мунофоте бо басотати зоти Ҳақ надорад. Аз ин рӯ, аз назари мутааххирони ҳукамои исломӣ мушкили илми Борӣ бо сари ангушти нерӯманди андешаи ин марди бузург ба наҳви аҳсан ҳал шудааст.

Тавзеҳи кофии баёни мушорун илайҳ ниёзманд ба шарҳу басти зиёдтаре аст.

Хоҷа (Насируддини Тӯсӣ) дар “Таҷрид” ба далели мутакаллимин ва далели ҳукамои машшоъ дар боби илм ишора мекунад он ҷо, ки мегӯяд:

والاِحكام والتجرد واستناد كل شيء اليه دلائل العلم

Итқону истеҳкоми маснуъот, ва ҳам таҷарруди зоти Ҳақ, ва ҳам маълул будани ҳамаи ашё, ва ҳамаи камолот нисбат ба ӯ, далели илми Борӣ аст.”

Аммо ишколи ин ки агар диҳандаи камол фоқиди камол нест, пас лозим меояд зоти Ҳақ ҳамаи сифоти махлуқоти худро дошта бошад ва аз ҷумла ҷисмияту лавну таъму ғайра, дар матн бо ҷавобаш зикр шудааст ва шояд ниёзе ба тавзеҳ надошта бошад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: