Перейти к содержимому

Иддаои аҷибу ғариби Тромп

Раисиҷумҳури Омрико дар мусоҳибае муддаӣ шуд: “Онҳо (эрониҳо) одат доштанд, ки фарёди “Марг бар Омрико!” сар диҳанд. Онҳо алъон ин шиорро сар намедиҳанд. Онҳо алайҳи ӯ (Убомо) ин фарёдро сар медоданд, аммо на алайҳи ман.”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар мусоҳиба бо барномаи Fox & Friends, муддаӣ шуд, ки давлати вай Эронро “таҳти контрол”-и худ даровардааст, дар ҳоле ки (ба иддаои Тромп) Убомо натавониста буд ин корро анҷом диҳад.

Тромп дар бораи сафари ахири Мокрун, раисиҷумҳури Фаронса ба Омрико гуфт: “Мӯътақидам, ки нигоҳи ӯ (Мокрун) ба Эрон бисёр мутафовиттар аз қабл аз омаданаш ба Кохи сафед аст. Ман фикр мекунам, ки ин муҳим аст. Ӯ дарк мекунад, ки дидгоҳи ман дар бораи Эрон аз куҷо нашъат мегирад. Эрон мушкили ҷиддӣ барои ин кишвар аст.”

Раисиҷумҳури Омрико дар идома гуфт: “Раисиҷумҳур — манзурам раисиҷумҳури қаблӣ аст — ба тавофуқи ваҳшатноке даст ёфт ва 150 милёрд дулор ба онҳо (эрониҳо) дод ва як милёрду 800 милюн дулор пули нақд ба онҳо дод. Бо ҳавопаймо ва дар ҷаъба, ин пулҳои нақдро ба онҳо дод.”

Вай дар идома иддао кард: “Онҳо (эрониҳо) одат доштанд, ки фарёди “Марг бар Омрико!” сар диҳанд. Онҳо алъон ин шиорро сар намедиҳанд. Онҳо алайҳи ӯ (Убомо) ин фарёдро сар медоданд, аммо на алайҳи ман.”

Тромп идома дод: “Мо ахиран надидаем, ки қоиқҳои кучаки онҳо даври киштиҳои мо дар уқёнус бигарданд, чун медонанд, ки агар чунин коре кунанд, наметавонанд барои муддатм тӯлонӣ он ҷо бошанд.”

Дунолд Тромп таҳдид кардааст, ки аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ хоҳад шуд. Ин масъала мӯҷиби нигаронии мақомоти урупоӣ ва мақомоти Кунграи Омрико шудааст ва ҳатто намояндагонеро, ки бо ин тавофуқнома мухолиф ҳастанд, нисбат ба паёмадҳои ҷиддии хуруҷ аз Барҷом, ба шиддат нигарон кардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: