Ихтитомияи 35-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Теҳрон – филм ва тасовир

Имрӯз дар Теҳрон 35-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим бо суханронии раҳбари Эрон ба поён расид ва қории ҳиндӣ дар риштаи ҳифз, молезӣ ва эронӣ дар риштаи қироат, баргузидагони рутбаи аввали ин мусобиқот буданд.

Ба гузориши сойти мусобиқоти қуръонӣ, дар поёни ин мусобиқот, раҳбари Эрон дар дидор бо ширкаткунандагони ин мусобиқот, бо таъкид бар ин ки бетаваҷҷӯҳӣ ва амал накардан ба Қуръон мӯҷиби зарбапазирӣ хоҳад шуд, гуфт: “Мутаассифона имрӯз кишварҳои исломӣ ба далели амал накардан ба Қуръон, гирифтори зарбаи ақибмондагӣ ва тасаллути зӯргӯён шудаанд.”

Вай, танҳо роҳи пешрафт ва саодати уммати исломиро амал ба Қуръон донист ва гуфт: “Амал ба Қуръон, дар воқеъ тамассук ба ҳаблуллоҳ аст ва мӯҷиб мешавад мусалмонон дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ, дучори суқут ва инҳироф ва зиллат нашаванд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин гуфт: “Кишварҳои исломӣ дар асари тамассук наҷустан ба Қуръон, дучор “бемории зиллат” шудаанд ва ин ки раисиҷумҳури Омрико бо камоли вақоҳат мегӯяд, “агар мо набошем, бархе кишварҳои арабӣ як ҳафта ҳам давом намеоваранд”, натиҷаи ҳамин беморӣ аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба оёти Қуръон, хотирнишон кард: “Қуръон ба мо мегӯяд, ки мӯъмин бояд дар муқобили зӯргуёни олам ҳамчун садди мустаҳкаме биистад, вагарна мубтало ба зиллат ва фасод ва ақибмондагӣ хоҳад шуд.”

Вай бо таъкид бар ин ки амал ба Қуръон мӯҷиби иззат хоҳад шуд, афзуд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон 40 сол аст, ки дар муқобили зӯргӯиҳои истикбор истода ва ба кӯрии чашми душманоне, ки мехостанд ин низомро нобуд кунанд, пешрафт ва тавоноӣ ва қудрати ӯ рӯзафзун шудааст.”

Раҳбари Эрон, ҳифз ва тиловати Қуръонро муқаддимаи фаҳм ва амал кардан ба он донист ва бо тавсияи ҷавонон ба иттихози чунин нигоҳе ба Қуръон, хотирнишон кард: “Агар тиловат ва ҳифзи Қуръон, муқаддимаи амал ба он бошад, қатъан фардои дунёи ислом аз имрӯзи он беҳтар хоҳад буд ва дигар Омрико нахоҳад тавонист барои кишварҳо ва уммати исломӣ хатту нишон бикашад ва онҳоро таҳдид кунад.”

Гуфтанист, дар ин мусобиқот, аз 84 кишвари дунё 370 ҳофиз, қорӣ, довар ва муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони қуръонӣ ширкат карданд.

Филм ва тасовире аз ин маросим:

Реклама


Рубрики:Пароканда, Қуръони Карим

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: